Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Темурмалик сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Темурмалик дар соли 2019 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар соли 2019 тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри иҷрои фармону қарорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Иҷроиши буҷет

Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз, нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар соли 2019 ба андозаи 104 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ҳолати нақшаи солона 12 миллиону 493,8 ҳазор сомонӣ будан, дар асл 12 миллиону 982,4 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмуъ 102 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106 фоизро ташкил додааст.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 20 миллиону 802,2 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 2 миллиону 290,0 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 96 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи солона 37231,7 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 35627,6 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 96 фоиз, маориф 95 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 99 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 93 фоиз, хоҷагии манзилию  коммуналӣ 90 фоиз, фарҳанг 98 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 88 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.

Ба ҳолати 1-уми декабри соли 2019 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардоштани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 8 миллиону 543,4 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба аввали сол ба маблағи 438,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Давоми соли 2019 аз тарафи нозироти андоз 377 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 102 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 796,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Дар ин давра 153 адад субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 73 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 80 соҳибкор тибқи патент, нав ба қайд гирифта шудаанд.

Дар баробари ин, соҳибкорон дар рушди хоҷагии халқи ноҳия саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Бо кӯмаку дастгирии онҳо дар ин давра дар ҳудуди ноҳия дар масофаи 42,1 км ба маблағи 611,9 ҳазор сомонӣ сангфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ба анҷом расида, дар баробари он 11,1 км роҳ ба маблағи 6 миллиону 80 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шудааст. Инчунин, аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорони ватанӣ бунёди корхонаи мебелбарорӣ, сохтмони бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ бо болохонааш, ду иншооти баландошёнаи марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳо идома дорад.

Ҳамзамон, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 8 иншоот, аз ҷумла, меҳмонхона барои 15 ҷойи хоб, пули мошингузар, иншооти меҳмонхонаву тарабхона бо ҷои бозии кӯдакона, баъди пурра азнавсозӣ намудан беморхонаи қитъавии №2, хати оби нӯшокӣ ба масофаи 1,2 км, осиёби барқӣ, китобхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва дар арафаи ҷашни 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ 7 иншооти дигар — ду нуқтаи фурӯши маводҳои сӯзишворӣ, Маркази хизматрасонӣ иборат аз кошонаи ҳусн, мағозаи тиҷоратӣ ва нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, иншооти кошонаи ҳусн ва сартарошхона, ду иншооти марказҳои хизматрасонӣ ва бинои дорухона сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия иншооти зерин, аз ҷумла пурра азнавсозӣ намудани боғчаи кӯдакон барои 160 кӯдак, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва майдончаи варзишӣ дар ҷамоати шаҳраки Совет, Маркази хизматрасонӣ бо фарогирии ошхона, ҳаммом, кошонаи ҳусн, сартарошхона, сехҳои дӯзандагӣ ва кулолгарӣ, майдончаи варзишӣ, баъди таъмиру азнавсозӣ муассисаҳои таълимии №3 ва №39 дар ҷамоати деҳоти Танобчӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Айни ҳол дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла, “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”, “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ”, “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”, “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4”, “Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал” ва “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ” амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 2 миллиону 484 ҳазору 670 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Рушди саноат ва энергетика

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 14 миллиону 000,1 ҳазор сомонӣ расидааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18,4 фоиз афзоиш ёфта, 2 миллиону 180,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли 2018 истеҳсоли орд 271,1 тонна бо афзоиши 4,1 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 14,4 тонна бо афзоиши 2,6 фоиз, равғани растанӣ 3,3 тонна бо афзоиши 7,8 фоиз, гӯшт 8 тонна бо афзоиши 4,7 фоиз, хишти сементӣ 30,8 ҳазор дона бо афзоиши 19,2 фоиз, симтур 7 метри мураббаъ бо афзоиши 1 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ба маблағи 161 ҳазор сомонӣ бо афзоиши 45,9 фоиз зиёд гардидаанд.

Дар ин давра як корхонаи нави саноатӣ — ҶДММ “Ширкати миллии сайёҳӣ” мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ нигаронида шудааст ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона аз рӯзи ба фаъолият шуруъ карданаш ба 661,2 ҳазор сомонӣ расидааст.

Дар ин давра ба ноҳия 38 миллиону 390 ҳазор кВт соат қувваи барқ интиқол гардидааст. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 32 миллиону 710 ҳазор кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 5 млн 981 ҳазору 530 сомонӣ дода шудааст. Дар самти чароғонкунии кӯчаҳо низ корҳо ҷараёни тоза касб намуда, 7 кӯча чароғон гардида, корҳои чароғонкунии 2 кӯчаи дигар идома дорад. Ҳамзамон, кашидани хатҳои нави барқ ба масофаи 2,4 км ба анҷом расида, дар масофаи 4 км корҳо рафта истодааст. Инчунин, дар ин давра барои самаранок истифода намудан ва ба танзим даровардани истифодаи нерӯи барқ 7 адад трансформаторҳо дар деҳаҳои навбунёд шинонида шудаанд.

Сохтмон ва меъморӣ

Давоми соли 2019 маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо дар ҳаҷми 45 миллиону 191,6 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 65,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 43 миллиону 817,0 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба 163,5 фоиз баробар мебошад. Корҳои пудратӣ ба маблағи 54 миллиону 844,9 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 9,3 баробар зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар ин давра ба маблағи 37 миллиону 135,9 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, 6228 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

Нақлиёт ва алоқа

Дарозии роҳҳои ноҳия 206,7 километрро ташкил медиҳад, ки аз он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ 48,8 километр ва аҳамияти маҳаллӣ 157,9 километр мебошанд. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо давоми соли сипаригардида 175 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои зимистонгузаронӣ 27,4 ҳазор сомонӣ, кабудизоркунӣ 1,7 ҳазор сомонӣ, барои таъмири ҷории роҳҳо 74,0 ҳазор сомонӣ ва барои таъмири кӯпрукҳо 10,7 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.

Аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра масофаи 42,1 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи 611,9 ҳазор сомонӣ сангфарш карда шуда, масофаи 11,1 км роҳ ба маблағи 6 миллиону 80 ҳазор сомонӣ мумфарш гардида, корҳо дар ин самт идома дорад.

Ҳаҷми боркашонӣ 173,4 ҳазор сомонӣ ва мусофиркашонӣ 650,2 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ҳаҷми боркашонӣ ба 100,1 фоиз ва мусофиркашонӣ ба 127,4 фоиз баробар мебошад.

Рушди соҳаи кишоварзӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 289737,6 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 10 миллиону 726,5 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 103,8 фоизро ташкил медиҳад.

Хоҷагиҳои кишоварзӣ новобаста аз шакли моликият дар майдони 15905 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки аз он 13691 гектарашро зироатҳои ғалладонагӣ, 955 гектарашро зироатҳои техникӣ, 170 гектарашро картошка, 269 гектарашро сабзавот ва 470 гектарашро полезиҳо ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 34672,4 тонна, сабзавот ба 6701,3 тонна, картошка ба 2446 тонна, полезиҳо ба 8018 тонна, мевагиҳо ба 2005 тонна ва ангур ба 2715 тонна расонида шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли 2018 аз 100 то 123-фоизӣ зиёд мебошанд.

Ҳамзамон, дар ин давра ба миқдори 985 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки ба 100,5 фоизи иҷроиши дурнамо баробар аст.

Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 34351 сар, аз он ҷумла, модаговҳо ба 12984 сар, гӯсфанду буз ба 101796 сар, аспҳо ба 3722 сар, паранда ба 43443 сар ва занбӯри асал ба 2017 оила расонида шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли 2018 саршумори чорвои калони шохдор 1725 сар, аз ҷумла, модаговҳо 359 сар, саршумори гӯсфанду буз 2955 сар, асп 4 сар, паранда 349 сар ва занбӯри асал 7 оила зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли 2018 истеҳсоли гӯшт 210,3 тонна бо афзоиши 5,8 фоиз, шир 162,3 тонна бо афзоиши 2,3 фоиз, тухм 39,5 ҳазор дона бо афзоиши 1,9 фоиз, пашм 8 тонна бо афзоиши 2,5 фоиз зиёд гардидааст.

Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 26,2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудааст, ки ин нишондиҳанда иҷрои 2,6 баробари нақшаи тасдиқшударо дар бар мегирад. Ҳамзамон, барои мустаҳкам намудани базаи хӯрокаи кирмаки пилла 31 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шудааст. Тибқи дурнамо дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 88 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 14 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шудаанд.

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дар ин давра ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1926 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз шумораи 1920 нафари ба қайд гирифташуда 559 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Давоми соли ҷамъбастӣ 265 нафар бекорон аз ҳисоби Барнома ба касбомӯзӣ бо касбу ихтисосҳои фарогир, аз ҷумла қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, адрасбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, омӯзиши касбҳои муҳосибӣ, қаннодӣ ва асосҳои компютерӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра 337 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, 11 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шудааст.

Давоми соли 2019 бо 92 корхонаву муассисаҳои ноҳиявӣ новобаста аз шакли моликият созишномаҳои меҳнатӣ баста шудааст. Инчунин, тавассути тавсияномаҳои шуъбаи Агентӣ 1156 нафар шаҳрвандони бекор, аз ҷумла 559 нафар занон бо ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ дар ташкилоту муассисаҳо таъмин карда шудаанд.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 5573 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3273 нафар аз рӯи нафақаи меҳнатӣ, аз ҷумла 2004 нафар аз рӯи синну сол, 803 нафар аз рӯи намуди маъюбӣ, 431 нафар аз ҳисоби бесаробонмонда, 21 нафар барои хизматҳои дарозмуддат, 14 нафар нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ва 1066 нафар аз рӯи нафақаи иҷтимоӣ доштаро ташкил медиҳанд.

Ба ҳисоби миёна ба 1 нафақахӯр дар як моҳ 316,55 сомонӣ рост омада, нафақаи соли сипаригардида 21 миллиону 169 ҳазору 484 сомониро ташкил медиҳад, ки пурра пардохт карда шудааст.

Рушди маориф ва илм

Дар 51 муассисаи таълимии ноҳия 14 ҳазору 55 хонанда (6718 нафар духтарон) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 983 нафар омӯзгорон, аз ҷумла аз ин шумора 341 нафарро занон ташкил дода, ба онҳо таълим медиҳанд. Аз ин шумора 696 нафарашон бо маълумоти олӣ, 15 нафарашон бо маълумоти олии нопурра, 272 нафарашон бо маълумоти миёнаи омузгорӣ фаъолият менамоянд.

Дар 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 207 кӯдак дар 11 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар 36 марказҳои инкишофи кӯдакон 45 гуруҳ ташкил карда шуда, 876 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар ин давра аз Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ аз шумораи умумии 927 нафар хатмкунандагон 793 нафар, аз ҷумла, 451 нафар писарон ва 342 нафар духтарон, ки аз онҳо 7 нафар ятими кулл ва 56 нафар нимятим гузаштаанд, ки дар маҷмуъ 85,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ аз 927 нафар хатмкунандагон 856 нафар дохил шудаанд, ки 92,3 фоизи шумораи умумии хатмкунандагон буда, 71 нафар (7,7 фоиз) дар истеҳсолот мондаанд.

Иҷрои барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии ноҳия ба 146 фоиз расонида шудааст. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 598 компютер, 177 принтер, 4 сканер, 10 тахтаи электронӣ, 1 тахтаи электронии сайёр, 16 видеопроектор мавҷуд буда, 7977 нафар хонандагони синфҳои 5-11-ро ба таълим фаро гирифтаанд. Ҳамзамон, 38 синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ, 205 адад мизу курсии махсус барои кабинетҳо мавҷуд буда, 50 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ба таълиму тарбия машғул мебошанд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳо иштирок намуда, дар маҷмуъ соҳиби 26 медал, аз он 3 медали тилло, 11 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ гардидаанд, ки аз ин шумора 1 медал аз рӯи олимпиадаи анъанавӣ ва 6 медал аз рӯи олимпиадаи фосилавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.

Тандурустӣ ва кор бо занон

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 48 духтур, аз ин шумора 8 нафар бо категорияи олӣ, 6 нафар бо категорияи якум ва 11 нафар бо категорияи дуюм ва 390 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 36 нафар дар беморхонаи марказӣ, 12 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ ва муассисаҳои дигари тиббии деҳот фаъолият карда истодаанд.

Беморхонаи марказӣ аз 7 шуъбаи бистарикунонӣ, 5 шуъбаи ёрирасон ва 4 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад. Дар ин давра ҳамагӣ 4139 бемор бистарӣ карда шудааст, ки аз ин шумора 4133 бемор баъди табобат гирифтан ҷавоб дода шудаанд.

Давоми сол ҳамагӣ 1955 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки аз он дар таваллудхона 1942 нафар (99,3 фоиз) ва дар хона 13 нафар (0,6 фоиз) ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 34977 нафарро ташкил дода, аз онҳо 77 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 6 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 18 нафар хизматчии давлатӣ буда, 341 нафар дар соҳаи маориф, 368 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 65 нафар дар соҳаи фарҳанг, 558 нафар дар соҳаи кишоварзӣ, 7 нафар дар соҳаи хифзи ҳуқуқ ва 100 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Рушди соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 39 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 13 муассисаҳои клубӣ (аз ҷумла 1 Қасри фарҳанг, 2 хонаи фарҳанги деҳотӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 9 клуби деҳотӣ), 23 китобхонаҳо (аз ҷумла, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 21 китобхонаи оммавӣ-филиалҳо), 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, 1 мактаби санъати бачагона ва 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.

Дар ноҳия 23 китобхонаҳои оммавӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 80 ҳазору 43 нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 43 ҳазору 917 нусха китобҳо бо забони давлатӣ, 27 ҳазору 579 нусха китобҳо бо забонҳои русӣ ва 8 ҳазору 547 нусха китобҳо бо дигар забонҳо мебошанд. Дар ин давра шумораи хонандагон 8363 нафарро ташкил дода, ташриф ба китобхонаҳо 13786 нафар ва миқдори китобдиҳӣ 25577 нусхаро дар бар гирифтааст.

Давоми соли ҷамъбастӣ як бинои китобхона аз ҳисоби шахсони саховатманд сохта ба истифода дода шуд.

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 20908 нафарро ташкил намуда, аз он 12877 нафар хонандагон мебошанд. Дар ноҳия 75 чорабинии варзишиву фарҳангӣ, 42 мулоқоту вохӯриҳо, 63 мулоқоти фардӣ  гузаронида шудааст.

Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ 32-то ва толорҳои варзишӣ 6-торо ташкил медиҳанд. Дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду майдончаи варзишӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд. Ду муассисаи варзишии ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 11 намуди варзиш ба роҳ мондаанд, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 800 кӯдаку наврасон ва ҷавонони ноҳия ба тамрини гуногуни варзишӣ ҷалб карда шудаанд.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар маҷмуъ соҳиби 67 медал, аз он 23 медали тилло, 23 медали нуқра ва 21 медали биринҷӣ гардидаанд.

Дар ноҳия 2 шифохонаи табобатию истироҳатӣ фаъолият менамоянд. Дар ин давра 1848 нафар сайёҳи дохилӣ ба ноҳия ворид гардида, табобат гирифтаанд.

Муроҷиати шаҳрвандон ва коргузорӣ

Давоми соли равон ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 3134 шаҳрванд, аз ин 2204 нафар тариқи хаттӣ ва 930 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намудаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 6-то ба воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 14-то ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ воридгардида 612 адад ба тобеият ирсол карда шуда, 1109 адад қаноатбахш, 400 адад фаҳмонида шуда, 83 адад дар истеҳсолот қарор доранд.

Аз шумораи умумии 930 адад муроҷиати шифоҳӣ 125 нафар қаноатбахш гардонида шуда, 805 нафари дигар фаҳмонида шудаанд.

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 270 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1-уми январи соли 2020 дар маҷмуъ 110 иншоот ё 40,7 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шуда, дар 130 иншоот ё 48,2 фоизи онҳо корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 30 иншооти дигар ё 11,1 фоизи онҳо корҳои лоиҳакашию ҷудо кардани қитъаҳои замин ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, вақтҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд. Муҳлати баистифодадиҳии ин иншоот солҳои 2020-2021 пешбинӣ гардидааст.

Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик Аминзода Фотеҳи Файзулло, “ноҳияи Темурмалик яке аз ноҳияҳои калонтарини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон буда, аз қадимулайём макони зисти родмардону паҳлавонон мебошад. Тӯли таърихи ноҳия ва миллати тоҷик касе барои ободиву пешрафти он хизмати Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро накардааст ва нахоҳад кард. Зеро, чун ноҳияи мо дар бунбасти нақлиётӣ қарор дорад, дар гузашта аз омадурафти роҳбарони давлат касе ёд надорад, вале қариб ҳар сол Пешвои муаззами миллат аз ноҳияи Темурмалик дидан менамоянд ва баҳри пешрафту ободкориҳо саҳми беназири худро мегузоранд. Маҳз хизматҳои арзандаи Пешвои муаззам буд, ки аз Данғара то ҷамоати деҳоти Кангурт ва аз он ҷо то Балҷувону Ховалинг роҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ сохта шуданд. Бо дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат баҳри ба таври шоиста пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ 270 иншооти гуногун дар тамоми деҳоту шаҳракҳои ноҳия сохта мешаванд ва мо Темурмалики бостониро, ки мулки орифону бузургони миллат мебошад, ба гулистони сабзу хуррам табдил хоҳем дод. Гузашта аз ин, маҳз Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи хеш ба парлумон гуфтанд, ки роҳи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ то шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик дар давоми ду соли оянда сохта мешавад, ки ин такони ҷиддие барои тараққиёти ноҳия хоҳад буд. Ба истифода додани ду агрегати НБО-и “Роғун” ва ҳадафи чоруми стратегӣ қарор додани саноатикунонии кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар таҳаввулоти бузурге дар самти ободкориҳову зиндагии шоистаи сокинон буда, мардум аз Пешвои муаззам зиёд шукргузору миннатдоранд”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here