Ҳамасола 14-уми июл кулли мардуми Фаронса дар майдонҳо ҷамъ меоянд, то аз рӯзи ваҳдати миллиашон ботантана ҷашн гиранд. Рӯзи Ваҳдати миллии Фаронса, иди федератсия ба 14-уми июли соли 1790 рост меояд, ки аз он 228 сол сипарӣ мегардад.

Ваҳдати миллии Фаронса аз инкилоби халқӣ ва фатҳи қалъаи Бастилия сарчашма мегирад, ки он соли 1789 ба вуқуъ пайвастааст.

Ба ин муносибат бо ташаббуси сафири Фаронса хонум Ясмин Гуедар дар бинои сафорат шоми 14-уми июл чорабинии муҳташаме ташкил карда шуд, ки намояндагони тамоми корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва мақомоти баландпояи кишвар ҳузур доштанд.

229 сол қабл мардуми озодихоҳи Фаронса, ки аз буҳрони амиқи сиёсӣ хеле норозӣ ва ташнаи ислоҳот буданд, ба муқобили ҳокимияти шоҳӣ инқилоб карданд. Барои гузаронидани амалиётҳои ҳарбии инқилобчиён яроқ зарур буд. Яроқу аслиҳа бошад, дар қалъаи Бастилия, таҳти назорати шадид нигоҳ дошта мешуд. Бинобар ҳамин, мардум ба сӯи қалъа ҳаракат карданд.

Мусаллам аст, ки аслиҳаро дар қалъа ба шӯришгарон таслим накарданд ва ин ғазаби ҷамъомадагонро бештар намуд. Аммо баъдан ба инқилобчиён муяссар гашт, то Қалъаи Бастилияро бе яроқу аслиҳа забт намуда, ҳама лавозимоти ҷангии онро соҳиб шаванд.

Фатҳи қалъаи Бастилия ва озод намудани маҳбусон аз маҳбасхонаҳо дар таърихи 14-уми июли соли 1789 аз муваффақияти аввалини инқилобчиён буд. Махсусан дар ин рӯз Фаронса ҷумҳурии озод ва баробарҳуқуқ эълон гардид, ки минбаъд шаҳрвандонаш зери шиори Озодӣ, Баробарӣ ва Бародарӣ зиндагӣ хоҳанд кард.

Ин аст, ки ба муносибати ин санаи бузург — Истиқлолияти миллии Фаронса аз ҷониби сафири ин кишвар дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар дар Душанбе шоми 14-уми июли соли равон ҷашни бошукуҳе таҷлил карда шуд. Дар ин чорабинӣ сафирони корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар Душанбе, шоирону нависандагони саршинос, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, ДМТ ва дигар идораҳои давлатӣ, хабарнигорони ватаниву хориҷӣ ширкат доштанд.

 

Дар муқаддимаи сухан хонум Ясмин Гуедар меҳмонону ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ширкати онҳо дар ин гуна чорабиниҳои сатҳи баландро гувоҳи пойдории сулҳу суботи комил дар кишвари офтобии Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Хонум сафир ҳамчунин аз муносиботи судманди дуҷониба миёни Тоҷикистону Фаронса ёдовар шуда, иброз намуд, ки ҳамкориҳо дар самти беҳбудсозии сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва кадрҳои он, ҳамчунин, корҳои зиёд оид ба мустаҳкамсозии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон хеле хуб ба роҳ монда шудааст: «Ин барномаҳо бо ҳамкорӣ миёни ташхисгарони фаронсавӣ, сафорати Фаронса дар Кобул ва сохторҳои марбута роҳандозӣ шуда истодаанд».

— Дар самти иқтисод як қатор лоиҳаҳо самарабахш тарҳрезӣ гардидаву аллакай мавриди амал қарор дода шудаанд. Хишти аввали манораи назоратӣ дар фурудгоҳи Душанбе гузошта шудааст ва сохтмони он бояд моҳи январи соли 2019 ба анҷом расонида шавад. Ҳамин тавр, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе инфрасохтори пешрафтаи танзими ҳавоии тайёраҳо рӯи кор хоҳад омад. Гуруҳи ширкати “Шивер Ашан” бошад, маблағгузориро дар самти кушодани силсиламағозаҳои калони намуди “Би 1” идома хоҳад дод, ки мақсад таъмини маҳсулоти арзони ватанию хориҷии аз ҷиҳати экологӣ ҷавобгӯ ба талаботи стандартӣ мебошад,- бо самимият иброз дошт хонум Ясмин Гуедар.

Дар идома хонум сафир аз фаронсавиҳое, ки хоксорона барои мустаҳкам намудани муносибатҳо бо дӯстони тоҷик мусоидат менамоянд ва бахусус, онҳое, ки дар сохтмони бузурги аср — НБО “Роғун” маблағгузорӣ кардаанд, изҳори сипос намуд.

— Аз фурсати муносиб истифода бурда, расман аз баргузории намоишгоҳи Тоҷикистон дар музейи Гиме, дар маркази шаҳри Париж, ки моҳи ноябри соли оянда дар назар дошта шудааст, иттилоъ медиҳам. Ин намоишгоҳ, ки аз ҷониби Осорхонаи бостоншиносӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда мешавад, имкон медиҳад, то ҷаҳониён бо дастовардҳову боигариҳои бостоншиносии кишвар ва таърихи қадима доштани Тоҷикистони дӯсту ҷавони мо ошно гарданд. Ин аз имкониятҳоест танҳо барои Тоҷикистон ва дигар ягон давлат барои муаррифии таъриху фарҳанги худ ба он шарафёб нагардидааст. Итминони комил дорам, ки баргузории ин чорабинӣ дар Осорхонаи Гиме сабаби вохӯриҳои судманд миёни президентҳои ҳарду кишвар — ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаноби Эммануэл Макрон хоҳад гашт,-иброз дошт сафир.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни сухани самимии табрикотияш аз муносиботи Тоҷикистону Фаронса дар ҳама самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши бештари ҳамкориҳоро бо як давлати пешрафтаи демократӣ, ба монанди Фаронса боиси ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон донист.

Дар идома ҳозирин аз шиносоӣ ва суҳбату вохӯриҳои судманд бархӯрдор гардида, хоҳони баргузории бештари чунин чорабиниҳои фарҳангӣ миёни сафоратҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон гардиданд, зеро, ба гуфти эшон, чунин маъракаҳо сабаб мешаванд, то иштирокдорон бо ҳам муносибати дӯстона барқарор намуда, аз ҳаёту зиндагӣ ва фарҳанги мардуми ҳамдигар огоҳии бештар пайдо намоянд.

 

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here