Аз он замоне, ки инсон соҳиби ақлу идрок ва тафаккур гардид, ба оила, авлод, қабила, ҷамъият ва давлат роҳбар (сарвар, пешво, доҳӣ) интихоб (таъин) мекард. Дар ин гузориш мо сухан аз боби сарвари давлат, ном, мақом, нақш, мавқеъ ва тарзу тартиби таъину интихоби он ҳарф заданием.

Вобаста ба анъана, урфу одат, шароити таърихӣ, тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ — сиёсӣ ва дигар омилҳо сардори давлат номҳои гуногунро, аз қабили фиръавн, подшоҳ, шоҳ, шоҳаншоҳ, император, султон, амир, хон, малик ва дигарҳо гирифта буд.
Дар бисёр давлатҳо руҳониёни тамаллуқдор ӯро сояи Худо дар рӯи замин васф мекарданд. То пайдо шудани ғояи таҷзияи ҳокимият ё ба тарзи илмӣ гӯем аввалин парлумонҳо роҳбари давлат иҷрои ҳар се рукни ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ медошт.
Айни ҳол, дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ сардори давлат мақоми аввалро касб намояд ҳам, аммо нақши он дар бисёр мавридҳо ба ҳолати вокеии он мутобиқ нест. Сардори давлат тамоми дастгоҳи давлатиро роҳбарӣ карда, мутобиқи талаботи Конститутсия салоҳияти бешумор дошта, аз лаҳзаи ба сари қудрат омаданаш хусусиятҳои ғайримасъулӣ (ҳисоботнадиҳанда), ивазнашавандагӣ ва бетарафиро дорост. Дар асоси талаботи Қонуни асосии давлат сарвари кишвар мамлакатро роҳбарӣ менамояд ва дар муносибатҳои байналмилалӣ халқу давлаташро муаррифӣ мекунад.
Одатан, сардори давлат фарди танҳо мебошад. Аммо дар раванди таърих ҳолатҳое вомехӯранд, ки салоҳияти сардори давлатро мақомоти дастаҷамъӣ (коллегиалӣ) ба иҷро мерасонад. Масалан, дар Конфедератсияи Швейтсария салоҳияти роҳбари давлат ва ҳукуматро Шӯрои федералӣ, ки аз 7 нафаранд ва онҳоро Маҷлиси федералӣ (парлумон) ба муҳлати 4 сол интихоб менамояд, иҷро менамояд. Дар Шӯрои федератсия нақши асосиро Президенти федератсия, ки он аз ҷониби Маҷлиси федератсия аз узви Шӯрои федератсия ба муҳлати як сол интихоб мекунад, мебозад. Салоҳияти анъанавии роҳбарии давлатро ҳам Шӯрои федератсия ва ҳам Президент, якҷоя Ҳукумати Иттифоқ ба иҷро мерасонанд.
Дар шакли дастаҷамъона (коллегиалӣ) сардорӣ кардани давлат дар таърихи инсоният аҳён ва муваққатӣ рух додааст. Одатан он дар шакли Шӯрои ноибуссултона (регенство) зуҳур ёфтааст, ки инро мо бештар дар шоҳигарии парламентӣ дар ҳолати холӣ (вакант) будани мансаб ва ё то ба синни балоғат расидани валиаҳд таъин карда мешавад. Яке аз чунин давлатҳои шакли идоракунии ҷумҳурӣ, ки усули дастаҷамъонаи роҳбарии давлатро ба зимма гирифта буд Ироқ ба шумор мерафт. Шӯрои давлатӣ (мақомоти дастаҷамъона, ки аз се нафар иборат буданд, аз соли 1958 то соли 1963, яъне то қабули Конститутсия роҳбарии давлатро бар уҳда дошт.
Бояд тазаккур дод, ки дар кулли мамлакатҳои дунё одатан роҳбарии давлатро танҳо як шахс ба зимма дорад, ки вазъи ҳуқуқии ӯ аз шакли идоракунии давлат вобаста аст. Дар мамлакатҳое, ки шакли идоракунии шоҳигарӣ доранд, чун қоида сарвари давлат шоҳ мебошад. Айни ҳол, дар тамоми олам 42 давлати шоҳигарӣ (дар Аврупо — 10 — то, дар қитъаи Амрико — 10 — то, дар минтақаи Австралия ва Уқёнуси Ором — 6 — то, дар қораи Осиё — 13 — то ва дар сарзамини Африқо — 3 — то) мавҷуданд. Аз шумораи умумии ин давлатҳо 3 — тояшон (Арабистони Саудӣ, Уммон ва Қатар) шоҳигарии мутлақ мебошанд. Ҳамчун қоида ва анъана дар кишварҳои шоҳигарӣ мансаби шоҳ меросӣ буда, он ба се низом ба тартиб дароварда шудааст.
Якум, низоми салигӣ мебошад, ки дар он тахти шоҳигарӣ танҳо насиби ҷинси мард мегардад. Ин низом бештар ба мамлакатҳои арабӣ мансуб мебошад. Занон аз доираи меросгирии тахт берун мемонанд. Чунин низомро кишварҳои Белгия ва Норвегия низ қабул кардаанд.
Дуюм, низоми кастилиягӣ ба ҳисоб меравад ва он занонро аз доираи меросгирони тахти шоҳӣ маҳрум намекунад. Вале дар ин низом таваҷҷуҳ бештар ба ҷинси мард дода мешавад. Ҳатто бародари хурдӣ аз хоҳарбузург бартарӣ дорад. Ин шакли низом дар Британияи Кабир ва Испания маъмул аст.
Сеюм, низоми утришӣ (австриягӣ) қабул шудааст. Ин низом занонро аз меросгирии тахт маҳрум намекунад. Аммо дар ин низом ҳам бартариро дар ҳама самтҳо ва дараҷаҳо ба ҷинси мард медиҳанд. Занон танҳо пас аз хотима ёфтани авлоди мардӣ ҳуқуқи идоракунии давлатро ба даст меоранд. Ин низом пас аз соли 1797 дар Русия низ ҷорӣ карда шуд, ки тибқи он минбаъд ба роҳбарии давлат занон роҳ дода нашуданд.
Тартиби меросгирии авлодии давлатҳои араб хусусияти фарқкунанда дорад. Чун анъана писари калонӣ меросгири асосии тахт ба шумор меравад. Вале ин анъана на ҳамеша риоя карда мешавад. Масалан, дар Кувайт шоҳ метавонад дилхоҳ фарзандашро валиаҳд таъин кунад. Дар Қатар бошад ин ҳуқуқро дилхоҳ фарзанди хешу табор ба даст дароварда метавонад. Баъзан пешниҳоди шоҳ оид ба таъини валиаҳдро Маҷлиси халқӣ бояд дастгирӣ намояд.
Услуби меросӣ барои ҳамаи давлатҳои шоҳигарӣ асосӣ ва ҳатмӣ ба шумор равад ҳам дар таърих ҳолатҳое вомехӯранд, ки шоҳонро интихоб кардаанд. Дар замони ҳозира чунин услуб дар Федератсияи Малайзия вуҷуд дорад. Шоҳигарии интихоботӣ дар худ унсурҳои ҷумҳуриявӣ ва шоҳигариро таҷассум менамояд. Аммо таҷриба нишон дода истодааст, ки унсурҳои шоҳигарӣ нисбат ба унсурҳои ҷумҳуриявӣ дар ин кишварҳо бартарӣ доранд.
Дар ҳолатҳои холӣ (вакант) будани мансаб, хурдсолии валиаҳд, беморӣ ва ғайби дарозмуддати шоҳ институти ноибуссултонӣ (регенство) ҷорӣ карда мешавад, ки он ба ҷойи шоҳ давлатро идора менамояд. Ноибуссултон метавонад як шахс ва ё дастаҷамъӣ — Шӯрои ноибуссултонон бошад. Таҷриба исбот намудааст, ки институти ноибуссултонӣ қоидаи фавкулодда ва чандир мебошад. Ин қоида аз ҷониби дарбориён ва ашрофони манфиатдор борҳо ҳамчун аслиҳаи табаддулот барои аз салтанат барканор кардани шоҳони номақбул истифода бурда шудааст.
Дар замони ҳозира институти ноибуссултон (регенство) дар идоракунии давлат чандин маротиба истифода бурда шуд. Дар моҳи июли соли 1952 дар сурати хурдсол будани валиаҳд Фаррух — шоҳи ояндаи Миср ин қоида ҷорӣ карда шуд. Дар моҳи августи соли 1952 парлумон шоҳи Урдун Талалро бемории руҳӣ эълон карда, ҳокимиятро ба Шӯрои ноибуссултон супорид. Шӯрои ноибуссултон аз соли 1947 Испанияро, яъне пас аз барқарор кардани шоҳигарӣ ба дасти генералиссимус Ф. Франко супурд, ки ӯ то тирамоҳи соли 1975 давлатро идора кард. Тирамоҳи соли 1975 шоҳ Хуан Карлоси 1 аз сулолаи Бурбонҳои испанӣ, пас аз фавти Ф.Франко ба тахт нишаст.
Маъзул кардани шоҳ аз мансаб бо роҳи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Вале дар таърих ҳолатҳое рух додаанд, ки гуруҳи манфиатдор борҳо шоҳро маҷбур кардаанд, ки аз тахт даст кашад ё ӯро сарнагун кардаанд ва ё дар охир ҷисман нобуд намудаанд.
Қонунан шахсияти шоҳ дахлнопазир ва муқаддас маҳсуб меёбад. Шоҳ як қатор ҳуқуқҳои фахрӣ ва имтиёзӣ дорад, ки дар байни онҳо тоҷ, либоси махсус, тахт, кураи тиллоӣ, унвон ва дигарҳо ҷойи махсусро мегиранд.
Дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ сарвари давлат Президент мебошад ва ҳамчун шахси мансабдори олии давлатӣ интихоб карда мешавад. Дар баъзе мавридҳо мансаби президентиро бо роҳи табаддулоти давлатӣ низ ба даст меоранд.
Айни ҳол бо назардошти шакли идораи ҷумҳуриявӣ ва муқаррароти конститутсия се низоми интихоботӣ барои соҳиб шудан ба мансаби президентӣ роиҷ мебошад.
Интихоботи бевоситаи президентӣ қариб дар ҳамаи ҷумҳуриҳои президентӣ баргузор мегардад ва президентҳо мансаби худро бе дахолати парлумон (Мексика, Бразилия, Венесуэла, Панама, Парагвай, Перу, Колумбия, Коста — Рика, Кореяи Ҷанубӣ ва инчунин Тоҷикистон) ба даст меоранд. Аз соли 1994 инҷониб дар Тоҷикистон барои интихоби президент усули интихоботи бевосита истифода бурда мешавад.
Интихоботи бавоситаи президентӣ асосан дар ҷумҳуриҳои президентӣ (ИМА) ба роҳ монда мешавад. Дар интихоботи бавосита интихобкунандагон сараввал коллегияи интихоботӣ интихоб мекунанд, ки баъдан он президентро интихоб менамояд.
Дар ҷумҳуриҳои парлумонӣ ба ғайр аз (Утриш — Австрия, Ирландия, Исландия — дар ин ҷумҳуриҳо интихоботи бевосита гузаронида мешавад) президентро ба тариқи бисёрзинагӣ интихоб менамоянд. Дар ин низом се намуди интихоботро мушоҳида кардан мумкин аст.
1.Президентро танҳо парлумон интихоб мекунад, ки ба тарафдории он танҳо вакилон овоз медиҳанд. Чунин тартиб дар Ҷумҳуриҳои Исроил, Туркия ва Лубнон ба ҳукми қонун даромадааст. Бо ҳамин усул соли 1991 Маҳкамов Қ.М. президенти Тоҷикистон интихоб шуда буд.
2. Барои интихоби президент коллегияи интихоботӣ аз ҳисоби вакилони парлумон ва намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии воҳидҳои бузурги марзӣ — маъмурӣ ташкил карда мешавад. Ин низом бештар дар интихоботи президенти Италия ба назар мерасад.
3. Дар баъзе ҷумҳуриҳои федеративӣ барои интихоби президент коллегияи махсус аз ҳисоби вакилони парлумони иттифоқ ва намояндагони субъектҳои федератсия ташкил карда мешавад. Масалан, президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмонро тибқи талаботи Конститутсия ва Қонун дар бораи интихоботи Президент аз соли 1959 аз тарафи вакилони Бундестаг (палати поёнӣ) ва намояндагони заминҳои федератсия интихоб мекунанд. Чунин тартиб дар Конститутсияи Ҳиндустон аз соли 1950 низ ҷорӣ карда шудааст.
Дар ин ҳолатҳо президент ваколати роҳбарии давлатро аз ҷониби парлумон ба даст меоварад.
Дар замони ҳозира таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми интихоботи сарвари давлат дар кишварҳои сохти идоракунии ҷумҳуриявӣ қонунияти зеринро мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳар қадаре, ки парлумон аз интихоботи президент дур карда шавад ҳамон қадар мавқеи президент дар идоракунии давлат ва ҷомеа меафзояд.
Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳои илмӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҷумҳуриҳои сохти идоракунии президентӣ мавқеи сарвазир ҳамчун роҳбари ҳукумат торафт аз байн рафта, салоҳияти онро президентҳо ба даст дароварда истодаанд. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мутобиқи конститутсия мансаби сарвазирӣ вуҷуд надорад. Ноиби презитент вазифаи сарвазириро иҷро намуда, ба фаъолияти ҳукумат роҳбарӣ мекунад.

Зариф ҒУЛОМ, ҳуқуқшинос

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here