Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Сангворз сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Сангвор дар нимсолаи соли соли 2020 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад.

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз гардидаанд, масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, вакилон, фаъолон ва аҳолии ноҳия мавриди татбиқ қарор додаанд. Ҷиҳати иҷрои бандҳои паём нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия гашта, он бо қарори раиси ноҳия аз 27-уми январи соли 2020 таҳти №25 тасдиқ карда шудааст ва мунтазам дар ин самт кор бурда мешавад.

Иҷрои андозҳо ва буҷети ноҳия

Қисми даромади буҷети ноҳия дар шаш моҳи соли 2020 ба ҷои 2 миллиону 323 ҳазору 952 сомонии дар нақша пешбинишуда 2 миллиону 602 ҳазору 693 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 112 дарсади нақша баробар мебошад.

Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 2 миллиону 906 ҳазору 882 сомонӣ, ё ин ки 114 дарсад иҷро шудааст. Маблағҳои ворид кардашуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 46 ҳазору 695 сомонӣ зиёд мебошанд.

Қисми хароҷоти буҷет дар шаш моҳи соли 2020 ба ҷои 12 миллиону 201 ҳазору 898 сомонии дар нақша пешбинишуда 10 миллиону 101 ҳазору 137 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 81,8 дарсади қисми хароҷот баробар аст.

Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1-уми июни соли 2020-ум 236 ҳазору 256 сомониро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 56 ҳазору 26 сомонӣ бақияпулӣ кам гардидааст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар шаш моҳи соли 2020 тариқи “Равзанаи ягона” дар ҳудуди ноҳия 106 субъекти соҳибкории инфиродии фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 36 адад зиёд гардидааст.

Аз ҳисоби 27 соҳибкорони инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома фаъолият доранд, ба буҷети ноҳия 67,6 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки 104 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият доранд, 58 нафар буда, дар ин муддат 38,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид намудаанд.

Аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ бошад, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 83,6 ҳазор сомонӣ андози даромад аз шахсони воқеӣ, 95,7 ҳазор сомонӣ андози соддакардашуда ва 157,6 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба буҷет ворид гардидааст. Ҷамъ аз ҳама намуди андозҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон пардохт гардидаанд, 442,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

Рушди соҳаи кишоварзӣ

Кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Кишоварзони ноҳия бо истифода аз обу ҳавои мусоиди баҳори соли ҷорӣ тибқи нақшаи дурнамо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия кишти зироатҳоро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Кишоварзон имсол тибқи нақшаи дурнамо дар майдони 1537 га ғалладона, 1117 га картошка, 211 га сабзавот, 48 га зағир, 4 га полезӣ, 14 га хӯроки чорво гузаронида, 18 га боғи нав бунёд намудаанд. Зироатҳо соли равон дар муқоиса ба соли 2019 картошка 306 га, сабзавот 3 га, ва зағир 10 га зиёд кишт карда шудааст.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 ба 12,6 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 202 ҳазору 600 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 616 тонна гӯшт, 1504 тонна шир ва 721 ҳазор дона тухм истеҳсол гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 мутаносибан 9 тонна гӯшт, 10 тонна шир, 9 ҳазор тухм зиёд мебошад.

Беҳдошти замин ва обёрӣ

Дар тавозуни Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 11 шабакаи обёрӣ мавҷуд буда, онҳо ба дарозии 46,2 км ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия барои бо оби полезӣ таъмин намудани 850 га замин шартнома ба имзо расонидааст, ки он 100 фоизи нақшаро дар бар гирифта, ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2019-ум 100 га зиёд мебошад. Дар шаш моҳи сипаригашта барои истифодаи оби полезӣ аз ҳисоби истифодабарандагон 16600 сомонӣ пешпардохт гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шабакаҳои обёрии Пағула, Сабзихарф ва Дараи Себаки ҷамоати деҳоти Сангвор корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба анҷом дода шудаанд.

Сохтмон ва меъморӣ

Сохтмон барои ноҳияи Сангвор соҳаи муҳим ба шумор рафта, дар бунёду барқарорсозии ноҳия мавқеи хосаро ишғол менамояд. Соли ҷорӣ барои сохтмони асосии ноҳия дар буҷети маҳаллӣ 800 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин маблағ мувофиқи нақша барои сохтмони бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Тавилдара, сохтмони бинои шуъбаи беморхонаи сироятӣ ва азнавсозии боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар маркази ноҳия пешбинӣ гардидааст.

Тибқи нақша дар соли 2020 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12, 14, 31, 5 ва 6-и ноҳия, 4 майдончаи варзишии замонавӣ дар марказҳои ҷамоатҳои деҳот, инчунин пули пиёдагузар дар деҳаи Лайрони болои ҷамоати деҳоти Сангвор бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии ноҳия сохта ба истифода дода мешаванд. Маркази савдо ва толори варзишӣ дар ҷамоати деҳоти Сангвор дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, сохтмони бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳия, сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ, сохтмони бинои шуъбаи маориф дар маркази ноҳия, сохтмони хати баландшиддати 35 кВт Шугнов-Тавилдара, сохтмони толори варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Хури ҷамоати деҳоти Вахиё, сохтмони паноҳгоҳ дар деҳаи Шаҳринав (аз ҳисоби шарикони рушд) дар ҷамоати деҳоти Тавилдара, сохтмони сехи қаннодӣ дар маркази ноҳия, сохтмони маркази савдо дар деҳаи Шаҳринав, азнавсозии 1 маркази савдо дар маркази ноҳия, соҳтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Ёзғанд (аз тарафи соҳибкор) идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ба шахсони воқеӣ 96 адад иҷозати сохтмон дода шудааст.

Корхонаи фаръии “Лоиҳакаш” дар ин муддат 29 адад лоиҳаи хонаҳои истиқоматӣ ва 3 адад бинои ҷамъиятиро ба анҷом расонидааст. Аз ин ҳисоб ба суратҳисоби махсуси корхона ба маблағи 22 ҳазору 352 сомонӣ ворид карда шудааст.

Рушди маориф

Дар ноҳия ҷиҳати таъмин намудани пешрафти соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, барои рушди ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ, дар соли таҳсили 2020 дар ноҳия 59 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 19 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 10 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳурявӣ барои кӯдакони ятим ва интернати наздимактабӣ фаъолият доранд. Дар ҳама намуди муассисаҳои таълимӣ 5047 нафар хонандагон, аз ҷумла 2378 нафар духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба таълиму тарбияи насли наврас 537 нафар омӯзгор (184 нафар зан) машғуланд. Аз ин шумора 276 нафар (68 нафар зан) таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 66 нафар (13 нафар зан) таҳсилоти олии ғайриомӯзгорӣ, 43 нафар (21 нафар зан) таҳсилоти олии нопурра, 75 нафар (42 нафар зан) таҳсилоти миёнаи омӯзгорӣ, 65 нафар (31 нафар зан) таҳсилоти миёнаи махсус ва 12 нафар (9 нафар зан) таҳсилоти миёнаи умумӣ доранд.

Хатмкунандагон ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ тибқи ММТ омодагӣ мебинанд. Даври ниҳоии суҳбат бо довталабони квотаи Президентӣ 20-уми июн дар маркази ноҳия гузаронида шуда, 20 нафар сазовори номи донишҷӯ гардидаанд.

Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ гардида, айни ҳол дар назди 22 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия маркази инкишофи кӯдакон ташкил гардидааст, ки ба онҳо зиёда аз 300 нафар кӯдакон ҷалб карда шудаанд. Шароити кӯдакистони маркази ноҳия ва маркази ҷамоати деҳоти Сангвор ва Чилдара низ хуб ба роҳ монда шуда, бо фарогирии 100 нафар кӯдакон фаъолият намуда истодаанд.

Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия айни ҳол 112 нафар хонанда, аз ҷумла 30 нафар духтарон аз синфи 1 то 11 ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Барои пешбурди таълиму тарбия 21 нафар омӯзгор ва 7 нафар мураббӣ машғуланд.

Соҳаи фарҳанг

Саҳми кормандони бахши фарҳанги ноҳия дар ҷашнҳои Соли нави мелодӣ, ҷашни Сада, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, иди байналмилалии Наврӯз ва иди Ваҳдат хеле назаррас буд. Ғайр аз ин бахши фарҳанги ноҳия дар ҳама ҷашнҳо дар қисми низомии 02011-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сангвор барномаҳои фарҳангӣ нишон медиҳад. Дар таҷлили ҷашнҳои “Рӯзи Модар, иди байналмилалии Наврӯз”ҳунармандони касбӣ аз шаҳри Душанбе даъват гардида, чорабинии фарҳангӣ шаҳомати хоса гирифт.

Қасри фарҳанги ноҳия яке аз калонтарин қасрҳои фарҳанг дар ҷумҳурӣ буда, ба мардум хизмат мерасонад. Дар бахши фарҳанги ноҳия 13 муассисаи фарҳангӣ, 7 китобхона, 1 театри халқӣ фаъолият намуда, 51 нафар мутахассисон кор ва фаъолият менамоянд. Дар 7 китобхонаҳои бахши фарҳанги ноҳия 21ҳазору 285 нусха китобҳои гуногун буда, 20 ҳазору 358 нусхаи он бо забони тоҷикӣ ва 927 нусхаи он бо забони русӣ мебошанд. Шумораи хонандагон ба 711 нафар расидааст ва фонди гардиши китобҳои китобхона бошад, ба 3230 адад баробар аст.

Ҷавонон ва варзиш

Шумораи умумии ҷавонон дар ноҳия 7472 нафар буда, аз ин шумора 4001 нафар писарон ва 3471 нафарашон духтарон мебошанд. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар нимсолаи якуми соли 2020-ум 12 чорабиниҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор намуд. Аз ҷумла дар самти пешгирӣ аз бемории сирояти коронавирус COVID-19 корҳои таблиғотиро бештар намудаанд. Дар ин давра ду аксияи тақсимоти маводҳои таблиғотӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, як аксияи “Оши ҳамдилӣ” бо иштироки варзишгарони ноҳия ба табибону беморони беморхонаи маркази ноҳия ва ҷамоати деҳоти Сангвор баргузор карда шудааст. Бахши мазкур дар семоҳаи дуюми соли 2020-ум 17 чорабиниҳои варзишии оммавиро ташкил ва баргузор намудааст, ки 620 нафар варзишгарон ширкат варзидаанд. Аз шумораи иштироккунандагон 102 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои варзишии давидан ба масофаи 3 км ва гӯштини миллӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот баргузор гардидааст.

Дар ноҳия 1 муассисаи давлатии мактаби варзишӣ бо теъдоди 16 гуруҳ аз рӯи 4 намуди варзиш тамрин менамоянд. Дар муассисаи мазкур 9 нафар мураббӣ, 5 нафар бо таҳсилоти олӣ ва 4 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус ба варзишгарон таълим медиҳанд.

Тандурустӣ ва пешгирии COVID-19

Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст. Ба аҳолии ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи  минтақавӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази эмтаъминкунӣ, ҳуҷраи мубориза бар зидди бемориҳои сил, ҳуҷраи ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳуҷраи солимии репродуктивӣ ва танзими оила ва ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

Аз рӯзҳои нахустини сар задани пандемияи ҷаҳонии коронавирус мақомоти дахлдори ноҳиявӣ корҳои омодагиву пешгириро дар ноҳия барои муолиҷаи беморон ва ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ карда истодаанд. Аз ҷумла, дар кӯтоҳтарин фурсат тайёр намудани шуъбаҳои муваққатӣ барои қабули беморон аз зумраи чунин тадбирҳо мебошад. Дар ҳудуди ноҳия барои беморони гумонбар ба COVID-19 278 кат омода гардидааст. Тибқи амри раиси ноҳия аз 31-уми марти соли 2020 , №47 ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст. Ситоди ноҳиявӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳию пешгирикунандаро дар ҳудуди ноҳия анҷом дода истодааст. Ба муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, соҳибкорон, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ маводҳои ғизоӣ ва доруворӣ кумак расонида шудааст.

Хизматрасонии коммуналӣ

Ҳайати кормандони корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия барои ободонии маркази ноҳия, рӯбучин, бо равшанӣ таъмин намудан ва оро додани кӯчаҳо, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ ва муассисаҳо, баровардани партовҳо масъул буда, дар ҷашнҳои таҷлилгардида фаъолона ширкат варзидаанд. Корхонаи мазкур дар давраи ҳисоботӣ барои дар ҳолати санитарӣ нигоҳ доштани маркази ноҳия ва ороиши кӯчаҳо ба ташкилоту муассисаҳо 302 шартнома ба имзо расонидааст.

Дар шаш моҳи соли 2020 ба суратҳисоби корхона аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 197 ҳазору 406 сомонӣ ва аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналӣ аз аҳолӣ, 27 ҳазору 848 сомонӣ, ҷамъ 225 ҳазору 254 сомонӣ ворид гардидааст. Барои иҷрои корҳои ободонию созандагӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии маркази ноҳия дар ин муддат корхонаи мазкур 18 ҳазору 46 сомонӣ харҷ кардааст.

Заминсозӣ

Кумитаи идораи замини ноҳия бо мақсади пурраю оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Ноҳияи Сангвор дорои 597 384 ҳазор гектар замин мебошад, ки аз ин 2825 га корам (2039 га обӣ, 786 га лалмӣ), 821 га боғ, 96 га алафзор, 42 га заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, 170824 га чарогоҳ, 1 ҳазору 522 га заминҳои наздиҳавлигӣ, 19738 га ҷангалу бешазор, 4 га ботлоқҳо ва буттазор, 6702 га заминҳои зери об, 419 га роҳҳои чорвогузар, 187 га зери иморатҳо ва 392870 га дигар заминҳоро ташкил медиҳанд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шашмоҳаи соли 2020-ум 91 адад парвандаи заминсозӣ барои гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин тайёр кардааст. Ин муассиса 73 адад шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин, 12 шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, 6 адад иқтибос ба шаҳрвандон дастрас намудааст.

Роҳсозӣ

Барои ноҳияи Сангвор роҳи мошингард воситаи асосӣ буда, тавассути он робитаи дохилӣ ва берунӣ рушд менамояд. Дар хизматрасонии нақлиётии ноҳия нақши муҳимро роҳи аҳамияти байналмилалидоштаи Сангвор-Нуробод-Дарвоз мебозад, ки талаботро дар кашонидани маҳсулот байни ноҳияҳо ва пойтахт таъмин менамояд.

Муассисаи роҳсозии ноҳия 101,4 км роҳро ба уҳда дошта, барои нигоҳдории роҳҳо дар шаш моҳи соли 2020 корҳои таъмирию нигоҳдориро ба маблағи 42 ҳазору 568 сомонӣ иҷро намудааст, ки он сад дар сади нақшаро ташкил медиҳад.

Дар тавозуни муассисаи роҳдории ноҳия 17 техникаи махсус мавҷуд буда, 11 адади он дар ҳолати корӣ қарор доранд. Муассисаи роҳсозии ноҳия ҷиҳати таъмиру барқарорсозии роҳҳои ноҳия фаъолияти доимиро ба роҳ мондааст.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани 102 иншооти хурду миёна, аз ҷумла якчанд меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ (кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳоҷатхонаҳои замонавии сарироҳӣ), синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, иншооти тиббӣ ва биноҳои маъмурӣ ба нақша гирифта шудааст. То айни ҳол аз шумораи иншооти ҷашнӣ 51 ададаш мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Баррасии муроҷиатҳо

Дар нимсолаи якуми соли 2020 дастгоҳи раиси ноҳия бо мақсади мавриди амал қарор додани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, амру фармон, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра чорабиниҳоро ба сомон расонидааст. Ба дастгоҳи раиси ноҳия 591 адад аснод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва 284 адад ариза аз ҷониби шаҳрвандон ворид гардида, дар муҳлатҳои муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Муроҷиатҳо тибқи қонунгузорӣ ҳаллу фасл гардида, талаботи шаҳрвандон ба қадри имкон қонеъ гардонида шудаанд. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ 340 адад мактубҳо ирсол гардидаанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе то имрӯз беш аз 93 нафар шаҳрвандон тариқи шифоҳӣ оид ба ҳалли мушкилоти рӯзгору маишати хеш муроҷиат намудаанд, ки иҷрои онҳо зери назорати қатъии роҳбарияти ноҳия карор дорад.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Сангвор муҳтарам Давлатзода Маҳмадшо Ғайрат, “ҳар миллат барои худ қаҳрамонҳо ва доҳиёну пешоҳангон дорад. Ноҳияи Сангвор (Тавилдара), ки пеш дар ҳайати Комсомолобод (Нуробод) буд, бо қарори Шӯрои Олии вақт соли 1992 ҳамчун субекти нави хоҷагидор бо номи Тавилдара дар харитаи сиёсии кишвар пайдо гардид”.

— Агар пеш дар ҳудудҳои собиқ Тавилдара ҳамагӣ 3 мактаб ва ду бунгоҳи тиббӣ мавҷуд буд, имрӯз ноҳия дорои 59 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 5047 хонанда ва 30 муассисаи тандурустӣ аст. Ноҳия ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини кишвар дорои 597 ҳазору 384 га замин буда, аз он 2825 га замини корам (2039 га обии корам ва 786 га корами лалмӣ), 821 га боғот, 96 га алафзор, 42 га заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, 170 ҳазору 824 га чарогоҳ, 1 ҳазору 522 га заминҳои наздиҳавлигӣ ва боқиро ҷангалзору заминҳои зери роҳ ва ғайра ташкил менамоянд. Баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби МИҲД-и ноҳияи Сангвор нақша-чорабинӣ оид ба бунёди 102 иншооти ҷашнӣ, ки аз он 51 иншоот мавриди истифода қарор доранд, тартиб дода шуд. Дар умум, кулли мардуми шарафманди ноҳияи Сангвор барои ободкориҳои беназир ва амнияти кулли минтақа ва ҷумҳурӣ аз фарзонафарзанди миллат, Пешвои муаззам, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдору шукргузор буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here