Соли ҷорӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли талошҳо баҳри ободонии бештари диёри азизамон аст, зеро мо дар арафаи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва барои ба таври шоиста пешвоз гирифтани ин ҷашни фархунда саҳмгузор бошем. Дар ин замина, мардуми хирадпешаи шаҳри Ваҳдат соли 2020-ро бо дастовардҳои назаррас паси сар кардаву кӯшиш доранд, ки соли 2021-ро низ бо натиҷаҳои лоиқи ситоиш ҷамъбаст кунанд.

Соли 2020 мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баҳри таъмини ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, волоияти қонун, суботу оромии кишвар, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон, ваҳдату сарҷамъии миллат, корҳои ободонию созандагӣ ва муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда барои мардум тамоми воситаю имконият ва захираҳои мавҷударо ҷалбу сафарбар намудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баҳри ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон ва дигар асноди мақомоти болоию маҳаллӣ чораҷӯӣ намудааст. Дар соли гузашта ба Дастгоҳи раиси шаҳр 10411 адад аснод ворид гардидааст, ки аз он 6965 ададашро (67%) муроҷиатҳои хаттӣ ва 1197 ададашро (11%) муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ташкил медиҳад. Дар баробари ин, дар рӯзҳои қабул аз ҷониби раиси шаҳр 1197 нафар шаҳрванд қабул карда шуда, арзу шикояти онҳо баррасӣ гардидааст.

Бо мақсади таҳлили вазъи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии соҳаҳо, андешидани чораҳои фаврӣ ва қабули қарорҳои дахлдор дар давоми сол зиёда аз 72 маротиба маҷлиси назоратии раиси шаҳр бо масъулини сохтору мақомоти марбута ва роҳбарону фаъолони соҳаҳои гуногун баргузор гардидааст. Ҳамзамон, дар ин давра аз ҷониби раис ва муовинони раиси шаҳр, гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони шаҳру деҳот вохӯрию мулоқотҳои зиёди судманд ба анҷом расонида шудааст, ки дар баланд шудани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва маърифатнокии аҳолӣ саҳми муносиб мегузорад. Дар маҷлисҳои назоратӣ ва мулоқоту вохӯриҳо таваҷҷуҳи бештар ба соҳаи иқтисодиёти шаҳр, аз он ҷумла иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, бунёди корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақаи нафақагирон ва корҳои ободонию созандагӣ равона гардидааст.

Дар соли 2020 нисбати соли 2019 ҳаҷми умумии истеҳcоли маҳсулоти саноатӣ 21 фоиз, маҳсулоти умумии кишоварзӣ 6,4 фоиз, ҳаҷми гардиши чаканаи мол 0,5 фоиз, ҳаҷми боркашонӣ 3,3 ва истеҳсоли моҳӣ 70 фоиз афзоиш ёфтааст.

Кишоварзони шаҳр соли 2020 дар майдони 17234 гектар кишти асосӣ ва дар майдони 7683 гектар кишти такрории зироатҳоро ба роҳ монда, дар маҷмуъ 47414 тонна ғалла, 86004 тонна сабзавот, 16395 тонна картошка, 336 тонна пахта, 15660 тонна мева, 10223 тонна ангур, 2832 тонна зироатҳои равғандор, 3581 тонна полезӣ ва 93167 тонна хӯроки чорво истеҳсол намудаанд.

Чорводорон дар ин давра саршумори чорвои калони шохдорро ба 80023 сар, моли майдаи шохдорро ба 157250 сар, парандаро ба 845254 ҳазор сар, аспро ба 1215 сар ва занбӯри асалро ба 15625 оила расонида, дар маҷмуъ, 12646 тонна гӯшт (бо вазни зинда), 33751 тонна шир, 102 млн 451 ҳазор дона тухм, 74 тонна пашм, 255 тонна асал ва 95 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол кардаанд. Дар маҷмуъ, соли 2020 нишондиҳандаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ғайр аз истеҳсоли пилла дар қиёс нисбати соли 2019 аз 0,2 то 68 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2020 ҷамъи даромадҳои давлатӣ 242 млн 254 ҳазор сомонӣ буда, дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 22 млн 569 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 105 фоизро ташкил додааст. Дар ин давра даромадҳои буҷети маҳаллии шаҳр бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105% ва даромадҳои буҷетии ҷумҳуриявӣ 116 фоиз иҷро гардида, нисбат ба соли 2019 мутаносибан 11,4 ва 6,7 фоиз зиёд аст.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард соли 2020 дар масоҳати 1572 метри мураббаъ чуқуриҳо бо мумқири гарм, 450 метри мураббаъ болопӯши роҳҳо бо мумқир, 39740 метри мураббаъ бари роҳ ҳамвор, 14 адад аломати роҳ иваз карда ва 30 км хатҳои уфуқии роҳ кашида шудаанд.

Дар доираи нақшаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давоми солҳои 2019-2020 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳудуди шаҳр 21 адад корхонаю коргоҳи саноатӣ, 36 иншооти тандурустӣ, 48 иншооти маориф, 35 иншооти варзишӣ, 9 иншооти фарҳангию истироҳатӣ, 43 иншооти хизматрасонӣ, 67 иншооти савдо ва хӯроки умумӣ, 38 роҳу пул, 19 бинои истиқоматӣ, 3 бинои маъмурӣ ва 106 дигар иншооти таъйиноти гуногундошта сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар натиҷа 598 нафар соҳиби ҷойи кор гардидаанд. Айни замон дар ҳудуди шаҳр дар 179 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.

Соли 2020 аз ҷониби шаҳрвандон дар ҳудуди шаҳр 173 адад хонаи истиқоматӣ бо масоҳати 46034 метри мураббаъ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, ки дар таъмини аҳолӣ бо манзили зист нақши муҳим мегузорад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳpу деҳот 31540 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шудааст. Дар баробари ин, дар соли 2020 хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ-инфиродӣ дар майдони 48,1 гектар боғу токзор бунёд намудаанд, ки нисбат ба соли 2019-ум 38,1 гектар боғу токзор зиёд мебошад. Дар ин давра дар майдони 6 гектар боғу токзор аз нав барқарор карда шудааст.

Дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 330 нафар шахсони ниёзманду маъюб таҳти сарпарастӣ қарор дода шуда, бо хизматрасониҳои иҷтимоии доимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра 280 нафар иштирокчиёни ҶБВ, оилаҳои бесаробонмонда, ятимони кулл, оилаҳои камбизоат ва барҷомонда бо маводи хӯрока, 21 нафар бо асобағал, 15 нафар бо асо, 22 нафар бо аробачаҳои маъюбӣ ва 49 ҷуфт пояфзоли ортопедӣ таъмин карда шудаанд. Ба 32 кӯдаки то синни 16-сола, ки бемории масунияти одам доранд, ба маблағи 146706 сомонӣ кумакпулӣ дода шудааст. Ба 1945 нафар оилаҳои камбизоат ҷиҳати пешгирӣ аз таъсири бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар ҳаҷми 400 сомонӣ кумаки яквақта ва ба 492 нафар кӯдакони то синни 3-соладори камбизоат ба маблағи 500 сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шудааст.

Ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2007, №244 ва аз 1-уми майи соли 2009, №379 ба 5258 оилаҳои камбизоат ба маблағи 1 млн 132 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ, ба маблағи 519,6 ҳазор сомонӣ ҷубронпулии давлатӣ барои иштирокчиёни бартарфкунии садамаи Чернобил пардохт карда шудааст.

Дар ин давра дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 14729 нафар корманд кору фаъолият кардаанд, ки музди миёнаи моҳонаи онҳо 1498 сомониро ташкил дода, ин нишондод нисбати соли 2019-ум 231 сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади беҳ кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таъмини бемамонияти кишоварзон бо оби полезӣ соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизматрасонии об ҳолати мелиоративии 40 гектар замин беҳ гардида, ба миқдори 41 ҳазор метри мукааб шабакаҳои обёрӣ ва бо маблағи 36 ҳазор сомонӣ заҳкашу заҳбурҳо тоза карда шуда, 5 адад иншооти гидротехникӣ, 5 адад нуқтаҳои обченкунӣ ва 2 адад пойгоҳҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шудаанд.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти пурсамари МИҲД-и шаҳри Ваҳдат пешрафти назарраси соҳаи маориф ба шумор меравад. Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи мудири маорифи шаҳри Ваҳдат муҳтарам Азиза Эшонова, дар соли таҳсили 2019-2020 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат ба 153 адад расида, аз ин теъдод 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 15 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 126 муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба таълиму тарбия 83682 нафар хонандагон машғул мебошанд, ки аз онҳо 39763 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ба ин миқдор хонандагон 3886 нафар омӯзгор, аз онҳо 2102 нафар зан таълиму тарбия медиҳанд.

Дар қиёс ба солҳои пешин маълумотнокии омӯзгорон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Боиси қайд аст, ки дар соли таҳсили 2019-2020-ум 37 нафар омӯзгори бо маълумоти миёнаи махсус барои гирифтани маълумоти олӣ ба Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Инчунин, баҳри тақвияти ихтисоси омӯзгорон аз соли 2015 ин ҷониб омӯзгорони ғайриихтисос барои гирифтани маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор ба шуъбаи ғоибона дохил шудаанд, ки дар муддати 5 сол танҳо дар гуруҳи мақсадноки шаҳри Ваҳдат буда 369 нафар омӯзгор аз рӯи ихтисосҳои таърих, таҳсилоти ибтидоӣ, математика, таҳсилоти томактабӣ, биология, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ таҳсил мекунанд. Соли 2019 аз ин шумора 168 нафар омӯзгор коллеҷро хатм намудаанд. Айни ҳол дар бахши 4-ум 131 нафар омӯзгор таҳсил доранд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 бо дастгирии МИҲД ва саҳми АВО то саршавии соли хониш дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №25 (2 адад синфхона), №33 (4 адад), №35 (1 адад), №54 (4 адад), №55 (4 адад), №100 (2 адад), №109 (2 адад), №147 (2 адад) ҷамъ 21 синфхона сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин, дар маҳаллаи 14-уми шаҳр аз ҳисоби ширкати “ТВЕА-и” Ҷумҳурии мардумии Чин сохтмони як муассисаи таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст ва бо дастгирии соҳибкор дар ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев, деҳаи Меҳргон сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст, ҳамзамон, бо дастгирии Дирексияи сохтмони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ромит сохтмони МТМУ№15 барои 600 ҷойи нишаст оғоз гардидааст.

Дар давоми соли 2020 шумораи 2696 нафар хатмкунандагони синфҳои 11-ум худро ҳамчун довталаб дар нуқтаҳои бақайдгирии ММТба қайд гирифта буданд, ки 765 нафарро духтарон ташкил медоданд. Аз шумораи 2696 нафар шумораи 2642 нафар дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок намуда, дар озмуни тақсимоти довталабон 1879 нафар соҳиби унвони донишҷӯ гардидаанд.

Тибқи маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида доир ба иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017, №544 “Дар бораи барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 6 озмоишгоҳ дар МТМУ №№3 ва 58 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузориҳои Лоиҳа таҷҳизоти лабораторӣ ва таълимӣ барои кабинетҳои физика, химия ва биология дастрас карда шуда, шумораи кабинетҳо ташкил карда шуда, то ин давра ба 19 кабинет расонида шудааст.

Давраи аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар давоми моҳи апрел баргузор гардид. Аз 13.04.2020 то 05.05.2020 дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ даври аввали озмуни мазкур баргузор гардида, дар озмун зиёда аз 500 нафар хонанда фаъолона иштирок карда, аз байни онҳо 260 нафар беҳтаринҳо буданд ва барои давраҳои минбаъдаи озмун роҳхат гирифтанд. Аз 11.09.2020 то 14.09.2020 даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида шуд, ки дар ин озмун аз 255 нафар иштирокчӣ 14 нафар ба даври минтақавии озмун роҳхат гирифтанд. Инчунин, дар даври минтақавии озмун аз 14 нафар иштирокчӣ 6 нафар хонанда ғолиби озмун гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Хонандаи синфи 5-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №141 Мутриба Қурбонова, ки дар номинатсияи хондан ва азёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик иштирок дошт, ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гашт.

Мувофиқи ҳисоботҳои омории пешниҳоднамудаи муассисаҳои таълимии шаҳр, дар давоми моли 2020 шумораи компютерҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 1834 адад, принтерҳо 371 адад, тахтаҳои электронӣ 33 адад ва видеопроекторҳо ба 46 адад ва 10 адад экран расонида шудааст. Дар асоси нақшаи пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таълимии шаҳр аз моҳи январи соли 2020-ум 6 адад ноутбук, 8 адад компютер, 7 адад принтер, 3 адад праектор ва 2 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст. Мувофиқи ҳисоботҳои омории кадрӣ, дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат 134 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ фаъолият мекунанд. Ҷиҳати ташкил ва ҷиҳозонидани кабинетҳои технологияи иттилоотӣ, гуфтан бамаврид аст, ки то имрӯз 27 кабинети технологияи иттилоотӣ ва 106 синф-кабинетҳои технологияи иттилоотӣ фаъолият мекунанд ва ҳар кадоми онҳо вобаста ба шароиту имкониятҳо ҷиҳозонида шудаанд.

Дар давоми соли 2020 тибқи мактуби муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии соҳаи маориф озмуни минтақавии “Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2020” гузаронида шудааст, ки дар ин озмун омӯзгори фанни географияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 Ҳамроев Исмоил фаъолона иштирок намуда, сазовори ифтихорнома гардидааст. Инчунин, тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2020, №2221 озмуни минтақавии “Мураббии сол — 2020” аз таърихи 26 — 28-уми ноябри соли 2020 баргузор гардида, дар ин озмун мураббии кӯдакистони №14 Эргашова Тахмина фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Инчунин, омӯзгори Литсейи хонандагони соҳибистеъдоди ба номи Т. Собир Соҳибзода Ҳабиба бошад, бо унвони баланди Корманди шоиста қадрдонӣ карда шудааст.

Айни замон дар ҳудуди шаҳр 20 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки аз инҳо се адад кӯдакистони хусусӣ мебошанд. Дар соли 2020-ум 2345 нафар кӯдак ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҷалб карда шудаанд. Дар ин самт дар доираи талаботи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабӣ дар соли таҳсили 2019-2020 дар назди 38 муассисаи таҳсилоти умумӣ Марказҳои инкишофи кӯдак (бо шумораи 43 гуруҳ) ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 890 нафар кӯдакони синни 5- 6-сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Боиси қайд аст, ки дар ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов соҳибкор Гулчеҳра Қурбонова ва дар ҷамоати деҳоти Б. Бурунов соҳибкор Шамсулло Саъдуллоев тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду муассисаи томактабӣ сохта ба истифода диҳанд.

— Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил кардани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро боз ҳам беҳтар намуда, ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёр ва Ватани азизамон Тоҷикистон сарҷамъона заҳмат кашида, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат саъю кӯшиш менамоем, — мегӯяд Азиза Эшонова.

Зимнан, кормандони соҳаи тандурустии шаҳр баҳри сиҳатии омма ва паст кардани сатҳи бемориҳои мухталиф пайваста корбарӣ намуда, сол ба сол сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда, корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба танзими оила дар байни аҳолӣ тақвият бахшидаанд. Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 2020 дар муқоиса нисбати соли 2019 муриши умумӣ 5,6 фоиз, фавти кӯдакони то 5-сола 0,3 фоиз кам гардида, таваллуд дар таваллудхона 0,5 фоиз зиёд гардид.

Дар соли 2020 баҳри пурра намудани фазои фарҳангии ҷомеа ва густариши ҷаҳони маънавии шаҳрвандон дар ҳудуди шаҳр 410 маротиба вохӯрию мулоқот, конфронсу шабҳои адабӣ, озмуну викторинаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ гузаронида шудаанд.

Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 148 адад медали тилло, 188 медали нуқра ва 202 медали биринҷӣ гардидаанд.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир, “соли 2020 барои мардуми тоҷик соли бедории сиёсӣ буд, ки ду маъракаи муҳими сиёсиро аз сар гузарониданд. Аввалан, интихоботи вакилони халқ, баъдан, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Интихоботи президентӣ собит сохт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти хос миёни мардум бархӯрдоранд, ки воқеан пирӯзии воқеиро ба даст оварданд. Муждаи неки дигар он буд, ки шаҳри Душанбе бо қарори Шӯрои ИДМ дар соли 2021 пойтахти фарҳангии кишварҳои ИДМ эълон гардид. Инчунин, дар таърихи 8-уми октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд, ки барои сокинони шаҳри Ваҳдат соли хотирмон буд”.

— Дар соли 2021 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерӯи созандаи шаҳри Ваҳдатро баҳри амалӣ гаштани Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ, Стратегия, Консепсияҳои соҳавӣ ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалбу сафарбар менамояд. Умедворам, ки соли 2021 барои мардуми шарафманди Тоҷикистон соли мондагор хоҳад буд, зеро 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил хоҳем кард. Месазад, ки барои тақвияти фарҳанги миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ саъю талоши бештаре дошта бошем,- афзуд ӯ.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here