Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии беназири он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Рӯдакӣ дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар шаш моҳи соли 2020 корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Рушди иқтисодӣ ва иҷрои буҷет

Ҳаҷми маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ маблағи 393 млн 596 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,9 фоиз афзоиш ёфтаст. Дар навбати худ, дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти ноҳия ҳиссаи бахши саноат 45,1 фоиз, самти кишоварзӣ 52,3 фоиз, дигар соҳаҳо 2,6 фоизро дар бар мегирад.

Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия дар маҷмуи истеҳсолии ноҳия 19,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи иҷроиши қисми таркибии андозҳо нисбати ҳаҷми умумии даромади буҷет чунин мебошад: андоз аз даромад 25 фоиз, андоз аз фоида 17,0 фоиз, андози арзиши иловашуда 24,2 фоиз, андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, 13,0 фоиз ва дигар намудҳои андоз 20,8 фоиз.

Андозҳои маҳаллӣ, аз он ҷумла андозҳои молу мулки ғайриманқул ва андоз аз воситаҳои нақлиёт дар шаш моҳи соли 2020 аз рӯи нақша 5 млн сомонӣ, иҷроиш 5 млн 733 ҳазор сомонӣ ё 114,6,0 фоиз аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 542 ҳазор сомонӣ ё 10,4 фоиз зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 32 млн 274 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба андозаи 26 млн 195 ҳазор сомонӣ ё ин ки 81 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби корхонаҳои буҷетӣ 64,0 фоиз ва корхонаву ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 100,0 фоиз иҷро гардидааст.

Соҳаи саноат

Ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати милоӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси корхонаҳои гуногунсамти истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, кам гаштани маҳсулоти воридотӣ аз хориҷ ва дар умум ба некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат намуда, пояи молиявии давлату миллатро устувор мегардонад. Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гаштааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар 6 моҳи соли ҷорӣ 101 млн 784,9 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 40,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан 2,9 фоиз, саноати коркард 64,5 фоиз, тақсими қувваи барқ, газ ва об 32,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар саноати истихроҷи маъдан дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 2 млн 979,3 ҳазор сомонӣ, ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард 65 млн 687,5 ҳазор сомонӣ ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об 33 млн 118,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғулбуда ба маблағи 47 млн 658,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол намудаанд. Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ ба андозаи 1755,8 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 539,3 тонна равғани растанӣ, 113,5 тонна маҳсулоти макаронӣ, 54,1 тонна маҳсулоти коркарди помидорӣ (кетчуп), 2882 дикалитр истеҳсоли маҳсулоти спиртӣ, 2000 дикалитр спирти этилии хом, 401,4 ҳазор метри мураббаъ қолин ва маснуот аз қолин, 38 ҳазору 163 метри мукааб қум, 56 ҳазору 615 метри мукааб регу сангмайда, 112,7 тонна сӯзишвории дизелӣ, 729,9 ҳазор дона хишти бинокорӣ, 1617,6 ҳазор дона хишти сементӣ, 49 ҳазор метри мураббаъ хишти роҳрав, 10 ҳазору 43 метри мукааб газаблок, 197 метри мукааб оҳану бетони васлшуда, 1870 тонна оҳаки бинокорӣ, 189,9 тонна арматураи сохтмонӣ, 120 тонна маҳсулоти симӣ ва ба маблағи 1 млн 408,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти доруворӣ истеҳсол намудаанд.

Давоми 6 моҳи соли 2020 дар ҳудуди ноҳия 1 корхонаи саноатии истеҳсолӣ ҶДММ “Самарқанд М” дар самти истеҳсоли қолин ва маснуот аз қолин ба фаъолият шуруъ намудааст.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободониву зебонигорӣ ҷараёни мунтазам гирифта, симои меъмориву зоҳирии маҳаллаҳои аҳолинишин рӯз то рӯз хубтару зеботар гардида истодааст.

Дар ҷамъ дар соҳаи сохтмон дар давраи ҳисоботӣ 236 адад қарорҳои дахлдори раиси ноҳия вобаста ба соҳа ва 39 қарори раиси ноҳия оид ба қабули иншооти сохтмонаш баанҷомрасидаи субъектҳои соҳибкорӣ қабул гардидааст. Дар ин давра ба 125 нафар иҷозатнома оид ба пешбурди корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла ба 78 нафар барои лоиҳакашии биноҳои истиқоматӣ ва 28 адад барои таҳияи лоиҳаҳои субъектҳои соҳибкорӣ, истеҳсолӣ ва маъмурӣ дода шудааст.

Дар раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ давоми 6 моҳи соли 2020 дар ҳудуди ноҳия 2 корхонаи истеҳсолӣ, 1 таҷдиду азнавсозии корхонаи истеҳсолӣ, 2 шабакаи обтаъминкунӣ, таъмиру азнавсозии маркази саломатии деҳоти Сарикиштӣ барои ҷойгир намудани 100 нафар гирифтори бемории нави коронавирус COVID-19, бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти Россия ва маркази ёрии таъҷилӣ дар деҳоти Чортеппа, 1 бинои баландошёна, 1 майдончаи варзишӣ, 3 нуқтаи савдои сӯзишворӣ, 9 мағозаи молҳои ниёзи мардум ва 7 нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ ва савдо мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 бинои нави таълимӣ аз ҳисоби соҳибкори машҳури ватанӣ Машрабов Нуршед барои 540 ҷои нишаст дар ду баст ба маблағи умумии 2 млн 978 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Инчунин, дар назди муассисаи таълимии №116 сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ ва 1 утоқи кории омӯзгорон барои 240 ҷойи нишаст дар ду баст аз тарафи шарикони рушд — ташкилоти ғайридавлатии «Добрососедство» ба маблағи умумии 723 ҳазору 527 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Ҷиҳати бо корҳои созандагиву бунёдкорӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 22-юми июни соли 2018, №2392 “Дар бораи тасдиқи ҳайати гуруҳи корӣ ва нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ” ба тасвиб расида, бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ аз 6-уми августи соли 2018, №121 тасдиқ шудааст. Нақшаи мазкур аз 2 замима ва 448 банд иборат буда, 34 банди он ба баргузории тадбирандешиҳои сиёсӣ, корҳои таблиғотӣ, ташвиқотӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва маърифатӣ нигаронида шуда, боқимонда 414 банд ё 92 фоиз ба корҳои бунёдкорӣ ва ободонию созандагӣ тариқи сохта ба истифода додани иншооти мухталиф, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона шудааст.

Дар нақшаи чорабиниҳо 76 банд ба соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди мактаб, биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ, марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ, марказҳои забономӯзӣ, 72 банд ба бунёд ва таъсиси сартарошхонаҳо, 45 банд ба бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, ташхисгоҳи замонавии тиббӣ, коргоҳҳои дорубарорӣ ва дорухонаҳо, 3 банд бунёди китобхонаҳо, 35 банд ба бунёди иншооти варзишӣ, 9 банд ба бунёди растаҳои ҳунармандӣ, 9 банд ба бунёд ва таъсиси марказҳои зебопарастии “кошонаҳои ҳусн”, 5 банд ба сохтмони ҳаммомҳо, 4 банд ба таъсису бунёди марказҳои дилхушкунанда, 8 банд ба гулгашт ва гулзоркунии минтақаҳои алоҳида, 10 банд ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, 15 банд ба масъалаҳои кӯпрук ва роҳсозӣ, 68 банд ба бунёди марказҳои савдо ва мағозаю дӯконҳо ва ташкили марказҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин беш аз 17 банд ба бунёд ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ нигаронида шудааст.

Иҷрои нақшаи чорабиниҳои болозикр ҳар моҳ як маротиба дар ҷаласаҳои корӣ бо иштироки роҳбари гуруҳи корӣ — раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Ф. М., аъзои гуруҳи корӣ ва шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, ҳисоботи масъулин шунида мешавад.

Дар маҷмуъ, аз 414 иншооти ба нақша гирифташуда ба ҳолати 25-уми июли соли ҷорӣ 272 иншоот ё 65,7 фоизи нақша, аз ҷумла 54 иншоот давоми соли 2018-ум, 160 иншоот давоми соли 2019 ва 58 иншоот давоми соли ҷорӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

Давоми моҳи июли соли ҷорӣ 10 иншоот, аз ҷумла иншооти дахлдор ба бандҳои 44, 66, 81, 142, 144, 148, 203, 216, 227 ва 257 мавриди истифода қарор дода шудааст. Аз 272 иншооти ба истифода додашуда 44 банд ба соҳаи маориф, 24 банд ба соҳаи тандурустӣ, 16 банд ба соҳаи варзиш, 38 банд ба бунёди сартарошхона, 4 банд ба кошонаи ҳусн, 52 банд ба маркази савдо ва хизматрасонӣ, 2 банд ба сехи дӯзандагӣ, 13 банд ба кашидани хати оби нӯшокӣ, 5 банд ба сохтмон ва таъмири пулҳо, 11 банд ба таъмиру мумфаршсозии роҳҳои дохилӣ, 2 банд ба сохтмони ҳаммом, 1 банд ба равшаникунонии кӯчаҳо, 6 банд ба сохтмони биноҳои баландошёна, 2 банд ба фермаи парвариши мол ва паранда, 6 банд ба бунёд ва азнавсозии биноҳҳои маъмурӣ, 11 банд ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, 3 банд ба маркази забономӯзӣ, 1 банд ба кашидани хати барқӣ, 1 банд ба растаи ҳунармандон, 4 банд ба гулгашт ва 21 банд ба иншооти гуногуни хизматрасонӣ рост меояд.

Таъмиру азнавсозии роҳҳо

Марбут ба таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгарди ноҳия бояд қайд кард, ки баҳри таъмин намудани ҳаракати бехатарии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия корҳои тоза намудани роҳҳо аз сангу хок, таъмири чуқуричаҳои роҳ бо қуму шағал, гузоштан ва барқарор намудани  аломатҳои роҳ, тоза намудани роҳҳои автомобилгард аз барф ва пошидани омехтаи қуму намакро амалӣ намудааст.

Муассиса дар 96 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум корҳои таъмири ҷорӣ, яъне таъмири чуқуричаҳо, таъмири яклухти болопӯши роҳҳо гузаронидааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба миқдори 2494 тонна мумқири гарм харидорӣ гардида, ба воситаи муассиса дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллӣ доштаи деҳоти Чимтеппа дар масоҳати 21,000 метри мураббаъ корҳои таъмири яклухти болопӯши роҳҳоро ба анҷом расонидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ муассиса дар баробари корҳои нақшавӣ бо соҳибкорону шахсони инфиродӣ ҳамкорӣ намуда, бо маблағи 50000 сомонӣ корҳои барқароркунии роҳҳоро ба анҷом расонида, дар ҷамоати деҳоти Султонобод 2 км роҳи байнидеҳавиро шағалпӯш намудааст.

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ

Дар шаш моҳи соли 2020 сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 95 млн 711 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 фоиз зиёд буда, аз рӯи моликияташон чунин мебошанд: бахши давлатӣ 2,4 фоиз ё худ 2 млн 263 ҳазор сомонӣ, бахши хориҷӣ 38,2 фоиз ё худ 36 млн 544 ҳазор сомонӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 59,4 фоиз ё худ 56 млн 905 ҳазор сомонӣ.

Дар ин давра ҳамчунин аз ҷониби корхонаҳои сохтмони пудратии ноҳия ба маблағи 41 млн 243 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию пудратиро бо қувваи худӣ иҷро кардаанд.

Дар ноҳия ба ҳолати 1-уми июли соли 2020-ум 9130 адад субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст. Аз онҳо 3297 нафар бо патент ва 5833 нафар бо шаҳодатнома, 4789 хоҷагиҳои деҳқонӣ бо шаҳодатнома ва 1309 соҳибкори инфиродӣ фаъолият доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ шуъбаи №13 «Амонатбонк», 5 бонки тиҷоратӣ ва 4 фондҳои қарздиҳии хурд фаъолият намуда, бо соҳибкорон оид ба ҷудо намудани маблағҳои хурди қарзӣ, хусусан ба соҳаҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, коркарди маҳсулот, хизматрасонӣ ва тиҷорат кор бурда истодаанд. Дар ин давра аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба 3750  нафар ба маблағи 81 млн 140 ҳазор сомонӣ қарзҳо ҷудо карда шудааст. Аз он ҷумла, барои рушди соҳибкорӣ ба 2970 нафар соҳибкор ба маблағи 70 млн 550 ҳазор сомонӣ ва дар соҳаи кишоварзӣ ба 780 нафар ба маблағи 10 млн 590  ҳазор сомониро ташкил додааст.

Рушди кишоварзӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 206 млн 24 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн 120 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 102,0 фоизро ташкил менамояд, ки 25,2 фоизи маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии халқи ноҳия буда, ба соҳаи растанипарварӣ 114 млн 254 ҳазор сомонӣ ва чорводорӣ 91 млн 770 ҳазор сомонӣ рост меояд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2015, №793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар ноҳия ҳамасола бояд дар майдони 46-гектарӣ, ҷамъ дар панҷ сол 230 гектар боғу токзор бунёд карда шавад. То ин давра хоҷагидорон дар майдони 14,5 гектар боғу токзор бунёд намудаанд ва иҷроиши дурнамо соли ҷорӣ 31,5 фоизро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар панҷ соли пешин дар ноҳия 501 гектар боғу токзор бунёд гардида, иҷроиши барнома то соли 2020 қариб 1,8 баробар зиёд мебошад.

Ҷиҳати сари вақт гузаронидани корҳои саҳроӣ ва таъмин будани хоҷагидорон бо техникаҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 681 адад тракторҳои гуногунтамға, 27 адад комбайни ғалладаравӣ, 177 адад ядакҳои тракторӣ, 31 адад тухмипошакҳо, аз ҷумла 20 адад тухмипошаки пахта, 406 адад испорҳо ва дигар мошинолотҳо мавҷуд аст, ки тайёрии онҳо то 98 фоизро ташкил медиҳад.

Саршумори чорвои калони шохдор 73902 сар, бузу гӯсфанд 114213 сар, асп 1875 сар, паранда 247862 сар ва оилаи занбӯри асал 3074 ададро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбати соли гузашта ҳайвони калони шохдор 147 сар, гӯсфанду буз 4277 сар, асп 39 сар, паранда 24536 сар, оилаи занбӯри асал 109 оила зиёд мебошад.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия гӯшт 2912 тонна, шир 9913 тонна ва тухм 10 млн 736 ҳазор дона, пашм 83 тонна, пилла 6,5 тонна, сайди моҳӣ 0,6 тонна, асал 18 тонна истеҳсол гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 134 тонна гӯшт, 138 тонна шир ва 2 млн 190 ҳазор дона тухм, 1 тонна пашм, 1 тонна асал зиёд аст.

Нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар соли 2020 истеҳсоли 6480 кг пилла ба нақша гирифта шудааст. То ин давра хоҷагидорон 6489 кг пилла истеҳсол намуда, иҷроиши дурнаморо 100,2 фоиз таъмин намудаанд.

Соҳаи маориф

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 162 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 123 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз он 4 гимназия, 1 литсей, 1 мактаби дорои парваришгоҳ, 2 мактаби дорои кӯдакистон, 35 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, аз он 2 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ бо фарогирии шумораи зиёда аз 129375 нафар хонандагон (62239 духтарон), ки нисбати соли гузашта 6200 нафар зиёд мебошад ва зиёда аз 5551 нафар омӯзгорону мураббиён (3650 зан) фаъолият намуда, дар пешрафти ноҳия, хусусан баргузории чорабиниҳои сиёсию оммавӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Дар баробари ин, 194 нафар кӯдакон, ки имконияти ба муассиса рафтан надоранд, ба таҳсили инфиродӣ фаро гирифта шудаанд.

Аз шумораи умумӣ дар 119 муассиса таҳсил бо забони тоҷикӣ, дар 22 муассиса таълим бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ, дар 5 муассиса таълим бо забонҳои тоҷикию русӣ ва дар 15 муассиса таълим бо забони ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 23 муассисаи таълимии ноҳия таълим аз рӯи равияи ҷамъиятию гуманитарӣ ва дар 25 таълимгоҳ аз рӯи равияи табиӣ — риёзӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳия 3 мактаб-интернат фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 2086 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Аз онҳо 323 нафар дар мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявӣ барои бачагони кар, 218 нафар дар мактаб-интернати махсуси бачагони деркаршуда ва шунавоиашон суст ва 1545 нафар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и дорои парваришгоҳ таҳсил менамоянд.

Дар нимсолаи аввали соли 2020-ум 396 нафар омӯзгорон, 9 нафар директорони таълимгоҳҳо, 25 нафар муовинони директорони таълимгоҳҳо, 8 нафар корманди раёсати маорифи ноҳия, 5 нафар мудирони кӯдакистонҳо, 5 нафар мудирони китобхонаҳо ва 5 нафар роҳбарони созмони хонандагони таълимгоҳҳо аз курси такмили ихтисос гузаштаанд. Дар ин давра 180 нафар омӯзгорон аз курси хониши босалоҳият гузаштаанд.

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо компютер, бо ҷалби маблағҳои буҷаи ноҳия, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба таълимгоҳҳои ноҳия 2692 адад компютер ва 579 адад принтер дастрас гардидааст. Инчунин, дар таълимгоҳҳои ноҳия 45 адад тахтаи электронӣ, 66 дона видеопроектор, 85 адад сканер мавҷуд буда, 153 муассиса ба шабакаи Интернет пайваст карда шудааст. Ҳоло ба хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия 182 нафар омӯзгорон аз фанни технологияи иттилоотӣ дарс медиҳанд.

Айни замон дар ноҳия 13 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки 9 адади он дар тобеияти раёсати маориф, 1 адад дар тобеияти ҷамъияти саҳомии “Ӯлҷабой” ва 3 адади дигараш хусусӣ мебошад. Дар 13 муассисаи томактабӣ 1836 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Соҳаи фарҳанг

Дар бахши фарҳанги ноҳия 30 адад муассисаҳои клубӣ, 37 адад китобхонаи оммавӣ-давлатӣ, мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафӣ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абдукарими Қурбон ва театри халқӣ фаъолият намуда, 129 нафар мутахассисонро ба кору фаъолият фаро гирифтаанд.

Дар китобхонаҳои оммавӣ-давлатӣ захираи китобҳо зиёда аз 200 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад, ки ҳар сол зиёда аз 23689 нафар хонандагони доимӣ аз онҳо истифода мебаранд.

Дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ зиёда аз 1000 номгӯи маводҳои гуногун: асбобҳои рӯзгор ва кишоварзӣ, ҳунарҳои дастии мардумӣ, боигариҳои табиии кишвар, мусаввараҳо ва ғайра гирд оварда шудаанд.

Пешгирии COVID-19

Амри раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 17-уми апрели соли 2020, №40 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ, баҳри ба мардум дуруст ва воқеъбинона шарҳ додани вазъияти баамаломада вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон» қабул гардида, ҷиҳати ташкили корҳо 4 гуруҳи кории ноҳиявӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонону занон, фаъолони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳли зиё ва вакилон бо роҳбарии муовинони раиси ноҳия таъсис дода шуда, то имрӯз фаъолияти пурсамар доранд.

Бо мақсади ба мардум дуруст ва воқеъбинона шарҳ додани вазъияти баамаломада инчунин дар шаҳраку деҳот 144 зергуруҳҳо таъсис дода шуда, бо иштироки 1281 нафар фаъолон ва намояндагони самту соҳаҳо дар 190 деҳа ва 90 кӯчаю танкӯчаҳои ҳудуди ноҳия мунтазам, хусусан рӯзҳои истироҳатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Аз рӯзи ба тасвиб расидани Амри раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 17-уми апрели соли 2020, №40 дар бораи таъсис додани Ситод оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи усули хона ба хона барои пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) то имрӯз байни 91500 хоҷагии шахсии аҳолӣ 4 марҳилаи корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Илова бар ин, аз 25-уми июн то имрӯз аз ҷониби аъзои гуруҳи корӣ бо усули гардиши хона ба хона дар 16 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ба 37 254  хоҷагии шахсии аҳолӣ ва бо 235 983 нафар шаҳрвандон вохӯриҳо гузаронида шудааст.

Дар доираи корҳои пешгирӣ ва профилактикӣ 30 адад марказҳои саломатии деҳот, 81 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 57 адад ошхонаҳо, 88 адад мағозаҳо, 4 адад бозори фурӯши чорво, 1 адад бозори фурӯши маҳсулоти хӯрока, 44 адад дорухонаҳо, 2 адад хатсайри мусофиркашӣ, 16 адад сартарошхона, 5 адад корхонаи саноатӣ, 24 адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 8 адад боғча, 12 нуқтаҳои партовгоҳҳо дар масоҳати 18800 метри мураббаъ, 16 ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, 245 масҷидҳо, 159 муассисаҳои таълимӣ, 9 муассисаҳои таълимии томактабӣ ва шумораи зиёди дигар ташкилоту муассисаҳо бо корҳои безараргардонӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар ноҳия 409 нафар табиб ва 1146 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамояд, ки ба ҳар 10 000 аҳолӣ 6,9 табиб ва 19,4 нафар корманди миёнаи тиб рост меояд. Аз он ҷумла, дар беморхонаи марказии ноҳия 112 нафар табиб ва 259 нафар ҳамшираҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Муроҷиати шаҳрвандон

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар давраи ҳисоботӣ ба дастгоҳи раиси ноҳия 5835 аризаҳои хаттӣ оид ба масъалаҳои гуногун, аз қабили ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлгӣ 739 адад, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ 210 адад, расонидани кӯмак ва ёрии моддӣ 230 адад, барасмиятдарории хонаи истиқоматӣ ва ба қайди давлатӣ гирифтан 2329 адад, дигар масъалаҳо 2327 адад ворид гардида, дар давраи ҳисоботӣ 4618 ариза баррасӣ гардида, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 133 ариза ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ворид гардидааст. Барои ҳалли масоили номбурда 2303 қарор ва 74 Амри раиси ноҳия ба тасвиб расидааст.

Дар давраи ҳисоботии нимсолаи якуми соли 2020 аз тарафи раиси ноҳия 106 нафар шаҳрвандон қабул карда шуда, муроҷиат ва масъалаҳои пешниҳодгардида ҳаллу фасл карда шудаанд.

Ба гуфтаи муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолзода, “тӯли таърихи мавҷудияти одамият мумкин зиёд мушкилоту вазниниҳо пеш омада бошанд, аз ҷумла ҷангу ҷанҷолҳои дохиливу берунӣ ва офатҳои табиӣ, вале яку якбора тамоми ҷаҳонро фаро гирифтани Ковид-19 барои одамият як санҷиши басо ҷиддӣ буд. Маҳз қарорҳои дахлдори Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар бораи таъсиси Ситоди ҷумҳуриявӣ ва навоҳиву шаҳрӣ ва сафарбар намудани молиёти зарурӣ барои харидории доруву даво ва омода намудани шароити зарурӣ барои гирифторони ин беморӣ буд, ки имкон дод, то пеши роҳи ин офати сатҳи ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи овозадори Рӯдакӣ то як андоза гирифта шавад. Ҳамин аст, ки имрӯз дар беморхонаи ноҳия ҳамагӣ як бемор дорем. Худи раиси ноҳия аз захираи оилавиашон барои омода намудани Маркази саломатии “Сарикиштӣ” маблағи 100 000 сомонӣ барои мубориза бо Ковид-19 пардохт намуданд, ки ин барои мо зертобеон мояи ифтихор буд. Мо як маоши кории худро ба ин фонд супоридем. Гузашта аз ин, ҳамаи хароҷоти беморонро МИҲД-и ноҳия ба зиммаи худ гирифта, ба ҳар табиб 500 сомонӣ маоши иловагӣ пардохт намуд. МИҲД-и ноҳия ва соҳибкори маъруфи кишвар Нуршедҷон Машрабов тасмим гирифтанд, ки дар раванди корҳои созандагии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон беморхонаи сироятии ноҳиявиро пурра таъмир намуда, онро бо таҷҳизоти муосир таъмин намоянд”.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Акрамзода Рустам, “барои ин миллату давлат дар тӯли таърих касе хизмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро накардааст. Чоплусону роҳзанҳо дини мубини исломро ба худ сипар намуда, то чор панҷ соли пеш дар чандин ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳзанию қатли одамон машғул мешуданд. Маҳз Пешвои миллат буданд, ки пеши роҳи ин кирдорҳои номатлубро гирифтанду имрӯз кишвар дорои тамоми институтҳои давлатдорӣ гашта, гузашта аз ин, ба яке аз давлатҳои тараққикардаву амнтарини сайёра табдил ёфт, ки ҳамагӣ хизмати Пешвост. Ноҳияи Рӯдакӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ яке аз пешқадамтарин ноҳияҳои кишвар буда, дар самти истифодаи замин ва таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ назир надорад, ки ҳамагӣ аз самараи Истиқлолияти воқеии давлатӣ ва амнияту фазои озоди фаъолият дар дилхоҳ самт мебошад, ки кулли мардуми ноҳия арҷгузори Пешвои муаззами худ мебошанд. Инчунин, ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии кишвар аз ҷониби Пешвои миллат дар ояндаҳои наздик давлати моро ба яке аз давлатҳои мутараққии ҷаҳон табдил хоҳад дод».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here