Оё вазорат ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол намекунад?!

Магар қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз қонунҳое, ки Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул намуда ва Президент имзо кардааст, болотар аст?!

25-уми августи соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки «1-уми сентябри соли равон — Рӯзи дониш дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеият, дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда, 2-юми сентябри соли равон аз ҳисоби рӯзи 1-уми сентябр рӯзи истироҳатӣ эълон карда шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд» (http://khovar.tj/2017/08/ruzi-donish-dar-tamomi-muassisa-oi-talim-1-sentyabr-ta-lil-meshavad/). Иттилоъ дода мешавад, ки қарори мазкурро ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст.
Тибқи санади мазкур, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсатҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон вазифадор карда шудаанд, ки ҷараёни иҷрои қарори номбурдаро таъмин намоянд.
Дар ҳамин ҳол, 24-уми августи соли 2017 АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, ки «Тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар кишварамон иди саиди Қурбон рӯзи ҷумъа, 1-уми сентябр таҷлил мегардад. Дар робита ба ин 1-уми сентябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон гардидааст. Рӯзҳои 2 ва 3-юми сентябр, яъне шанбе ва якшанбе тибқи тақвим дар кишварамон рӯзҳои маъмулии истироҳатиянд» (http://khovar.tj/2017/08/sokinoni-to-ikiston-dar-idi-urbon-chand-r-z-istiro-at-mekunand/).
Муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфтааст, ки «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи ид ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, аз ҳисоби рӯзи корӣ рӯзи иловагӣ пешниҳод карда мешавад. Дар соли равон иди Қурбон ба рӯзи корӣ рост омад, аз ин рӯ, дар ҷумҳуриамон 1-уми сентябр рӯзи истироҳатист».
Воқеан ҳам, мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Иди Қурбон ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад», таҷлил мегардад ва тибқи моддаи 3-юми қонуни мазкур Иди Қурбон рӯзи ғайрикорӣ мебошад.
Пас, қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мухолифат мекунад. Ҳамчунин, қарори мазкур зидди моддаи 14 ва 37-уми Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», моддаи 89-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон мебошад.
Бояд гуфт, ки қарори ҳайати мушовараи Вазорати мориф ва илми Тоҷикистон ҳуқуқи миллионҳо нафарро бевосита ва бавосита ба рӯзи ид маҳдуд мекунад. Зеро дар рӯзи истироҳат — Иди Қурбон омӯзгорон ва муҳассилини макотиби таҳсилоти ибтидоиву миёна, миёнаи махсус, касбӣ, олӣ ва ғайра бояд ба дарс ҳозир шаванд.
Тибқи моддаи 14-уми Конститутсияи Тоҷикистон «Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Мувофиқи моддаи 89-уми Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, «Дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ корҳое иҷозат дода мешаванд, ки боздоштани онҳо бинобар шароити истеҳсолию техникӣ (ташкилотҳои муттасил коркунанда) ғайриимкон аст, корҳое, ки барои хизматрасонии аҳолӣ зарур мебошанд, инчунин корҳои таъхирнопазири таъмир, борфурорӣ ва боркунӣ…».
«Тартиби гузаронидани рӯзи истироҳатро ба дигар рӯзи корӣ бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд».
Аз ин бармеояд, ки ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои дар рӯзи Иди Қурбон кор фармудани кормандони муассисаҳои зертобеашон ва ҷалби муҳассилин ба дарс асоси ҳуқуқие надошт.
Воқеан ҳам, кор дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ тибқи муқаррароти моддаи 154-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон ба ин тарз ҷуброн карда мешавад:
«1. Ҳар соати кории зиёда аз вақти муқаррарӣ чунин пардохт карда мешавад:
— ба кормандони музди меҳнаташон корбайъ — на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ;
— ба кормандони музди меҳнаташон вақтбайъ, инчунин ба онҳое, ки маоши вазифавӣ (мансабӣ) мегиранд — на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ.
2. Мувофиқи созиш бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардааст, рӯзи дигари истироҳат додан мумкин аст».
Бояд зикр кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
Тибқи моддаи 16-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ набояд хилофи Конститутсия бошанд.
Ҳамчунин, тибқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, қарори қабулкардаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нисбат ба Конститутсия, кодексу қонунҳо, қарорҳои парламент, фармонҳои президент ва ғайра эътибори камтар дорад ва набояд он амалӣ гардад:
«1. Санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тафовути намудҳои онҳо ва салоҳияти субъектони ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар карда мешавад.
2. Ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
— Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;
— санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
— қонунҳои конститутсионӣ;
— кодексҳо, қонунҳо;
— қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— фармоишҳои вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон;
— қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
— қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
— қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
— қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
— қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
3. Тартиби ҷойгиршавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисми 2-и моддаи мазкур қувваи ҳуқуқии онҳоро муайян менамояд…».
Тибқи банди якуми моддаи 84-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ихтилофи байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногундараҷа тибқи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар моддаи 9-уми қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ҳал карда мешавад.
Мувофиқи банди 3-юми моддаи мазкур дар сурати ба меъёрҳои қонунҳо ихтилоф доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо меъёрҳои қонунҳо амал мекунанд. Яъне, ба ҳеҷ гуна Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон наметавонад ҳуқуқи омӯзгорон ва муҳассилинро ба истироҳат дар Иди Қурбон маҳдуд бикунад.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро мебояд, ки тибқи моддаи 85 ва 86-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» амалӣ гардидани қарори ҳайати мушовараашро боз дорад ва ё ба он тағйиру иловаҳо ворид карда, онро ба Конститутсияи Тоҷикистон ва кодексу қонунҳои амалкунанда мувофиқ намояд.

Ҷовид МУҚИМ

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here