Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, аниқтараш санаи 9-уми сентябри соли 1991 ватани азизу биҳиштосоямон Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд. Ин рӯйдоди бузурги таърихӣ дар айёме ба вуқуъ пайваст, ки аз муҳоҷирати мардуми Куҳистони Мастчоҳ ба дашти Дилварзин ё худ санаи «дуюмин маротиба ташкил ёфтани ноҳияи Мастчоҳ» 35 сол сипарӣ мегардид.

Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик марҳилаи сифатан нави ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, давраи нави эҳёи давлату давлатдорӣ гашта, бояд саҳифаи наверо дар сарнавишти халқи куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик боз мекард. Мутаассифона дар натиҷаи хиёнати як тӯдаи ба истилоҳ «неруҳои навзуҳури сиёсӣ», саркардагони ҷоҳталабу мансабгадо ва пуштибонии хоҷагони хориҷии онҳо кишвари маҳбубамон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв шудани Тоҷикистони маҳбуб ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеият табдил ёфта буд. Дар он даврони мудҳиш ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд, ки бо зӯри силоҳ, бо роҳи тарсонидан ва қатлу куштори бераҳмона фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд ва дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд. Дар натиҷа кишварро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифт, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, беш аз як миллион нафар ҳамватанонамон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфтанд ва дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи мо, аз ҷумла занону кӯдакон ва одамони калонсол ба ҳалокат расиданд. Инчунин, бар асари ҷанг даҳҳо ҳазор кӯдакон ятим ва модарону занон бесаробон монданд.

Даҳшати бузургтарини ҷанг дар он буд, ки хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд. Дар чунин шароити ниҳоят вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуданд ва тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркуши таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд».

Ба ин хотир аз санаи 16-уми ноябр то санаи 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри овозадори Арбоб Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид, роҳи дурусту минбаъдаи инкишофи давлати навини Тоҷикистон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёру демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягонаро мушаххас намуд. Дар ин анҷумани сарнавиштсоз фарзанди асилу фарзонаи миллат, ҷонфидои халқу Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ — роҳбари давлати тоҷикон якдилона интихоб гардида, ба мардуми Тоҷикистон башорат доданд, ки: «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Ин марди бузург ба қавли худ содиқ монда, дар Тоҷикистони азиз сулҳу ваҳдатро ба армуғон оварданд.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар, ҷоннисорӣ, хираду заковат ва сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу осоиш, амнияти комил ва суботи сиёсӣ барқарор гардид. Зиёда аз як миллион муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Дар мамлакат Конститутсия, рамзҳои давлатӣ қабул, парлумони касбӣ интихоб ва Ҳукумати қонунӣ фаъолияти пурсамари худро дар ҳамаи ҷабҳаҳо таъмин намуд, ки ҳамаи ин ба шарофат ва файзи хираду ҷасорат ва матонати Пешвои муаззами миллат насиби мардуми тоҷик шуд. Бинобар ин, ба таъкиди Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмими ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад».

Таҳти роҳбарии дилсӯзонаву музаффаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегӣ, ба монанди таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ, инчунин саноатикунонии босуръати кишвар рушди мунтазами ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, махсусан дар ҳафт соли охир таъмин шуда, сатҳи ҳаёту рӯзгори мардуми кишварамон басо баланд гардид. Махсусан, давоми ду соли охир ба истифода додани ду агрегати кохии муҳташами нуристони миллат — Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» собит намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати куҳанбунёду соҳибистиқлоли он қодиранд азимтарин шоҳкориҳои асрро бунёд ва парчами шарафу ифтихори миллиро баланд бардоранд.

Тайи се соли охир дар кишвари нозанину биҳиштосоямон — Тоҷикистони маҳбуб ба истиқболи Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон раванди азими созандагию бунёдкорӣ авҷ гирифта, дар натиҷа шаҳру деҳоти мамлакат қабои наву замонавӣ ба бар менамоянд. Дар ин замина ва ҳамзамон дар партави эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мушкилоти умдаи шаҳру деҳот, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимию тиббӣ, ободии роҳ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ҳаллу фасл гардида, шаҳраку деҳоти мамлакат боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррам мегарданд. Дар ин миён бо мусоидату раҳнамоӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ низ аз баракати соҳибистиқлолӣ, ҳусну таваҷҷуҳи роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ва меҳнати суботкоронаву зафармандонаи сокинони он хеле ободу зебо ва пешрафтаву шукуфон гардид. Агар дар соли 1991 дар ноҳия ҳамагӣ 2 корхонаи саноатӣ, яке заводи пахтатозакунии Бӯстон ва дигаре матбааи ноҳия мавҷуд бошад, имрӯз шумораи корхонахои саноатии ноҳия зиёда аз 30 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 22 адади он корхонаҳои калон ва 8 ададашро корхонаҳои хурд дар бар мегиранд. Аз 22 адад корхонаҳои калони саноатии ноҳия 10 адади он ба коркарди пахтаи хом, 4 адад ба истеҳсоли равғани растанӣ, 3 адад ба истеҳсоли ғишт, 1 адад ба истеҳсоли семент, 1 адад ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, 1 адад ба истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ сарукор дошта, инчунин дар ноҳия фабрикаи ресандагӣ ва матбаа ба фаъолияти истеҳсолӣ машғул мебошанд. Аз 8 адад корхонаҳои хурд 3 адади онҳо ба истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, 3 адад ба истеҳсоли ғишти блок, 1 адад ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ ва 1 адад ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ машғул мебошанд. Дар маҷмуъ, дар корхонаҳои саноатии ноҳия зиёда аз 30 номгӯй маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Дар соли 1991 агар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 14 миллиону 680 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 240 миллиону 694 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки он 16,4 маротиба зиёд мебошад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар ҳашт моҳи соли 2020 бошад, ба 93 млн 5754,3 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст.

Тайи ду соли охир дар ҳудуди ноҳия 5 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар самти таъмиру таҷдид ва азнавсозии роҳҳо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Мастчоҳ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 146 км роҳҳо ба маблағи зиёда аз 150 млн сомонӣ пурра таҷдиду азнавсозӣ ва мумфарш гардонида шуданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ маротиба, солҳои 1994, 1996, 2007, 2011 ва 2016 ба ноҳияи Мастчоҳ сафарҳои корӣ анҷом доданд, ки аз файзи баракати қадамҳои Пешвои миллат дар ноҳияи Мастчоҳ даҳҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ ба истифода дода шуд. Аз ҷумла зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи соли 2011 дар ноҳияи Мастчоҳ калонтарин фабрикаи ресандагии ҶСП “Олим — текстайлз” ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, айни замон ҶДММ “Ангубин” мавриди истифода қарор дода шуд. Барои сохтмон ва таҷҳизонидани ин корхонаи саноатӣ қариб 140 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Дар ин сафари худ ҳамчунин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи “Ҷавонӣ”-и ҷамоати деҳоти Палдорак муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавиро ба истифода супориданд. Ин муассисаи таълимӣ аз ҳисоби буҷет ба маблағи қариб якуним миллион сомонӣ бунёд гардида, ҳамзамон бо ин, барои сохтмони толори варзишии он иловатан 350 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Ин муассисаи таълимӣ бо тамоми шароити таҳсил, синфхонаҳои муосири барҳаво, синфи компютерӣ ва утоқҳои омӯзгорон муҷаҳҳаз мебошад ва барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Моҳи марти соли 2016 зимни сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Андарвашти ҷамоати деҳоти Оббурдон муассисаи нави таълимиро ба истифода дода, барои бунёди шаҳраки наву замонавии “Ганҷобод” санги асос гузоштанд. Бо иштироки Пешвои миллат дар маркази ноҳия маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт ва дар пояи он Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Мардуми ноҳияи Мастчоҳ бо ҳамон ифтихор ва ойини ватандории худ пас аз кӯч бастан ба мавзеи нав ва бунёд намудани диёри шукуфову сабзу хуррам, дар навбати аввал, суннатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии қадимаро ҳамроҳи хеш ба ин сарзамини тозабунёд овардаанд ва то кунун онҳоро бо беҳтарин ваҷҳ идома медиҳанд. Мардуми Мастчоҳ меросбарони асили фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи ниёгонамон ҳастанд, ки маҷмӯи суннату падидаҳои таърихии аҷдодамонро бо ойинҳои навини даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз омезиш дода, бо ин роҳ дар ғанӣ гардонидани фарҳанги миллиамон ҳиссаи арзишманд мегузоранд».

Маҳз бо ҳамин хусусиятҳо ва вижагиҳои барҷастаи сокинони ноҳия, ки фарҳанг ва расму ойинҳои миллиро дар ҷону вуҷуди хеш ҳифз намудаанд, Пешвои миллат дастур доданд, ки дар маркази ноҳия қасри наву бошукуҳи замонавӣ бунёд ва мавриди баҳрамандӣ қарор дода шавад. Бо ҳидояти Пешвои миллат ин қасри бошукуҳи фарҳанг бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат бунёд гардид, ки арзиши умумии он зиёда аз 30 млн сомониро дар бар мегирад. Инчунин дар ноҳия варзишгоҳи муосир барои 10000 ҷойи нишаст, қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ» барои 400 ҷой, майдони Парчами давлатӣ, бинои маркази адлия, боғи фарҳангу фароғатии «Тоҷикистон», бинои Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, фермаи ширию молӣ, муассисаҳои таълимии томактабии «Ваҳдат» ва «Насли Ориё», муҷассамаи рамзии «Пахтаи шукуфон» бунёд ва тамоми роҳҳои дохилии шаҳраки Бустон азнавсозӣ гардиданд.

Дар шаҳраки Суғдиён корхонаи парандапарварӣ ва дар маҳаллаи навбунёди Ганҷобод муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ барои 1200 ҷой дар ду баст бунёд гардид. Умуман, дар доираи Нақшаи муфассали корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия бунёд, таъмир ва азнавсозии 535 иншоот, бо маблағи умумии 315 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар ин радиф, то имрӯз 397 иншоот, аз ин шумора дар 9 моҳи соли равон 133 иншоот ба маблағи 119 млн сомонӣ, аз он ҷумла 2 адад муассисаи таълимӣ, 1 адад мактаби хусусӣ, 5 маркази саломатӣ, 7 майдончаи варзишии замонавӣ, 3 маркази хизматрасонӣ, тӯйхонаи муосир бунёд гардида, 12,3 км роҳҳо пурра мумфарш карда шуданд. Ҳамаи ин шукуфоӣ, пешравӣ ва ободию созандагӣ аз файзи дастгирию пуштибониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳ, самимият ва лутфу меҳрубониҳои Сарвари аъзам нисбат ба ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Бинобар ин, мо сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ифтихор мекунем, барои тадбиқи сиёсати хирадмандонаи ин абармарди миллат тамоми саъю талоши худро равона карда, бо камоли ҳастӣ бо Ватан, Истиқлолият ва Пешвои миллат шукрона менамоем. Ба таъкиди шоири ҳамдиёрамон Олимхон Исматӣ:

Эй миллати азизи ман, бо Пешво ба пеш!

Дар зери парчами Ватан, бо Пешво ба пеш!

 Тоҳир АЗИЗЗОДА, раиси ноҳияи Мастчоҳ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here