Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсияш қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи худро ба таври табиӣ дар ҷомеа ва арсаи байналмилалӣ пайдо намудааст. Барои расидан ба ин мақоми миллию таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилот, печутоб, хавфу хатар, аммо пур аз ифтихору муҳаббат ва комёбӣ буд. Албатта, комёбиҳои миллат ва кишвари мо таҳти сарварии Пешвои миллат бисёр зиёданд, вале танҳо муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳои бузург дар ин давра кофист, то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ роҳеро тай карда ва ба чӣ комёбиҳои азим ноил гардидааст.
Бузургтарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод, зеро баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба миён омада буд, давлати миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, ки кишвар дар оташи ҷанги бародаркуш месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт. Дар он лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барномаи роҳбарияти нави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як чиз буд: хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва эминии миллат аз парокандагию бадбахтӣ. Хушбахтона, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт.
Кӯшишу талошҳои пайгирона ва фидокоронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Ҳарчанд давлати нави мустақили тоҷикон ҳамагӣ дар як пораи куҳистонии сарзамини бузурги таърихии халқи тоҷик таъсис гаштааст, вале дар он рӯзҳо боз ҳам нақшаҳои тақсими ин давлат дар миён буд. Чунин тарҳу нақшаҳоро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда, дар ин самт қадамҳои амалӣ низ гузошта буданд. Дар он рӯзҳо ҳатто пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ҳамчун хонаи умеди тоҷикистониён моҳияти сиёсӣ ва рамзии худро қариб аз даст дода буд. Дар натиҷа, на танҳо мардуми одӣ ва донишҷӯён, балки рӯшанфикрону фарҳангиёне, ки даҳҳо сол дар пойтахт зиндагӣ мекарданд, соли 1992 шаҳри Душанберо ноумедона тарк намуда, ба маҳал ва зодгоҳи аҷдодии худ баргаштанд. Ҳамин тавр, хатари воқеии парокандагии Тоҷикистон пеш омада буд, вале ба шарофати иродаи қавии Эмомалӣ Раҳмон ин хатар бартараф гардид ва ягонагии Тоҷикистон таъмин карда шуд. Ин корномаи бузург номи ӯро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ва Пешвои миллат ҷовидон мегардонад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ низоми мукаммалу муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд. Дар он рӯзҳо на танҳо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, балки дар аксари минтақаҳо мақомоти маҳаллии ҳокимият низ пурра фалаҷ гашта буданд, ки барқарорсозии онҳо кори осон набуд. Ӯ дар кӯтоҳтарин замон тавонист мақомоти конститутсионии давлатдориро барқарор намуда, ниҳодҳои фалаҷшударо эҳё намояд. Дар сатҳи муосир эҳё ва барқарор намудани системаи мукаммали давлатдории тоҷикон яке аз дастовардҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон, балки яке аз хидматҳои муҳимтарини ӯ барои давлату миллати тоҷик мебошад. Нафароне, ки ба сиёсат ва давлат аз назари касбӣ менигаранд, то чӣ дараҷа ҳаётӣ будани ин дастоварду комёбии азимро возеҳу равшан дарк менамоянд.
Корномаи дигари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки бо ҷасорат ва иродаи қатъии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба ваҳдати миллӣ расид. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва авфу ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобаш ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми фаъолияти минбаъдаи вайро ташкил намуданд. Ҳамагон дар ёд доранд, ки Пешвои миллат дар ҳузури вакилони Иҷлосияи 16-уми таърихӣ ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд карда буданд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард». Ҳарчанд мардуми шарифи Тоҷикистон ташнаи сулҳу ваҳдат буд, аммо тарроҳони ин ҷанги бародаркуш ба осонӣ аз нақшаҳои худ даст намекашиданд. Ин буд, ки ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳо лозим омад, то ба иҷрои яке аз паёмҳои марказии худ — барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ ноил шавад. Барои расидан ба ин ҳадафи бузург роҳбарияти давлат тавонист, ки қариб як миллион гурезаро ба ҷойи зисти доимиашон баргардонад, даҳҳо ҳазор манзили вайроншударо барқарор созад, ҳазорон макони ҷамъиятӣ ва нуқтаҳои истифодаи умумӣ, мисли мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, пулҳо ва корхонаҳоро эҳё ва барқарор намояд. Ҳамин тавр, маҳз барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нобудӣ наҷот ёбад ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳоӣ ёбанд. Бинобар ин, масъалаи сулҳу ваҳдат барои давлату миллати мо на танҳо масъалаи қатъи низоъ ва расидан ба оштию ҳамзистӣ, балки масъалаи наҷоти миллӣ буд. Ва ин тарҳи наҷоти таърихии миллӣ маҳз бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд. Худи ҳамин хидмати беназир кофист, ки вай ҳамчун шахси муттаҳидкунандаи миллат ва Пешвои бузурги миллӣ эътироф ва пазируфта шавад.
Масъалаи пешвои сиёсии миллат ва лидери эътирофшудаи давлатӣ як мавзӯи бисёр калидии давлатдорӣ буда, дар мавриди он таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зерин бисёр муҳим аст. Яке аз муҳимтарин нақшҳои пешвои давлатӣ ва миллӣ дар сарнавишти давлатҳо аз он иборат аст, ки чунин шахсиятҳо бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд, интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам меоваранд. Хушбахтона, имрӯз таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад.
Бояд гуфт, ки зуҳур ва ташаккули пешвои миллӣ як дастоварди бунёдии давлат ва миллати мо мебошад, зеро, тавре таъкид шуд, таърихи аксари кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ як зарурати асосии марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тамоми таърихи минбаъдаи давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзишии он дар сатҳи муосиртарин ба вуҷуд оварда шуданд.
Дастоварди дигар таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки маҳз дар доираи мактаби давлатдории ӯ сохти нави давлатдории муосири тоҷикон, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд бунёдгузорӣ шуд. Ин ғояи асосӣ ва калидӣ аз аввалин рӯз аз тарафи роҳбари тозаинтихоби кишвар ҳамчун хати ҳаракати ояндаи Тоҷикистон расман садо дод ва дар натиҷаи талошҳои зиёд соли 1994 дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша сабт гашт. Дар ин муддат ба давлати мо муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла, асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, асли гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарҳуқуқии занону мардон, асли озодии виҷдону эътиқодро асоси устувори қонунӣ бахшад.
Ҳамчунин, дар ин давра давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар масъалаҳои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ, татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ, баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа дастовардҳои муҳим касб намояд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон бонувон нақши сазовори худро дошта, дар оянда низ ин сиёсати давлатӣ ба таври ҷиддӣ идома меёбад. Тоҷикистон ҳаракати орому устувори худро дар роҳи бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд идома медиҳад. Беш аз ду даҳсолаи гузашта нишон дод, ки интихоби ин роҳ интихоби дурусту дурбинона буда, худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст. Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллӣ ва модели муосири давлатдории миллии моро асос гузошт, ки он роҳи устувори ояндаи давлату миллатро таъйин ва таъмин мекунад.
Корномаи дигари Пешви муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки дар ин давра зерсохторҳои ҳаётии Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд оварда шуданд. Ин зерсохторҳо, пеш аз ҳама, бунёди роҳҳои мошингард, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои умумии иттилоърасонии сартосарӣ ва ғайра мебошад. Аҳамияти ин дастовард дар чист? Бале, роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо пеш аз ҳама, аҳамияти иртиботию иқтисодӣ доранд ва ин нақши худро иҷро карда истодаанд, вале ёд дорем, ки дар оғози ин барномаҳои бузург баъзеҳо маънидорона мепурсиданд, дар ҳоле ки кишвар мушкилоти ҷиддитари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад, ба бунёди чунин роҳҳо воситаҳои иртиботии гаронарзиш чӣ ҳоҷат аст? Вале, вақте ин роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо сохта мешуданд, Пешвои миллат дар замири худ илова бар ҳадафи иқтисодӣ, як барномаи бисёр ҷиддитар аз роҳсозию нақбканӣ дошт: ӯ пеш аз ҳама, онро дар назар дошт, ки ин роҳҳо ва ин нақбҳо чун рагҳои хунгарди як пайкари зинда кишвари моро ба кишвари ягона ва миллати моро ба миллати ягона табдил медиҳанд. Чунки кишваре, ки минтақаҳои он бо ҳамдигар соле дар тӯли шаш моҳ робита надошта бошад, кишваре, ки мардуми он дар тайи солҳо натавонад ба минтақаҳои дигари кишвар сафар кунад, чи гуна метавонад ваҳдати худро ҳифз намояд? Маҳз робитаи доимӣ ва рафтуомади ҳамешагӣ тафаккури мардумро аз сатҳи деҳаву маҳал ва минтақаҳо берун оварда, ба сатҳи миллати ягона ташаккул медиҳад. Дар ин давра ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гашт, ки бо сохтани хатҳои интиқоли барқи «Лолазор-Хатлон» ва «Ҷануб-Шимол» системаи ягонаи энергетикии кишварро барқарор намояд, ки он на танҳо як омили ваҳдат, балки омили муҳими амнияти миллӣ низ гаштааст.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати иқтисодии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи неруҳои истеҳсолии кишвар бо қувваи барқ дар шумули масъалаҳои дараҷаи аввал аст ва муассиртарин воситаест, ки на танҳо иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Тоҷикистонро дар низоми иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз имконоти бузурге бархӯрдор мегардонад, балки яке аз сарчашмаҳои асосии афзудани буҷаи мамлакат хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар бузургтарин иншоот — НОБ-и “Роғун”, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 оғоз ёфт, бо суръат ҷараён дорад. Тибқи гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, дар робита ба лоиҳаи сохтмони он, ки мавриди баҳсу мунозираҳои зиёди байналхалқӣ қарор гирифт, роҳи Тоҷикистон дар ин замина ҳадафманд буда, на танҳо ба манфиати мамлакати мо, балки аксари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Ин матлаб зимни ташрифи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар доираи сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон мавриди гуфтушунид қарор гирифт. Пешвои миллат бо далелҳои қотеъ ва мантиқи қавӣ эълон доштанд, ки «Тоҷикистон ҳамеша манфиати кишварҳои минтақаро ба эътибор мегирад. Бо татбиқи ин лоиҳа на танҳо минтақаро бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин менамояд, балки шароити дастрасӣ ба обро низ беҳтар месозад, зеро иншооти гидроэнергетикӣ ба кам шудани партови газ ба атмосфера мусоидат мекунад, ки комилан ба Протоколи Копенгаген ҳамоҳанг аст. Дар сурате, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зиёд шудани партовҳои гази карбон ба ҳаво ҷиддан ба ташвиш омадааст, татбиқи амалии барномаҳои истифодашаванда аз энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла гидроэнергетика, на танҳо ба манфиати минтақа, балки ҳамаи ҷаҳон аст. Бояд тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои молиявӣ ин нуктаро дар назар дошта бошанд ва баҳри татбиқи он кӯшиш ба харҷ диҳанд».
Ин аст, ки Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчун роҳбари пурнуфузтарин созмони байналмилалии ҳамгироии мамолики ҷаҳон, бо дарки аҳамияти тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон аз сиёсати давлат дар ин бахш истиқбол намуда, омодагии ҷомеаи ҷаҳониро барои баррасии лоиҳаи ин иншооти бузурги аср изҳор доштанд: «Мо аҳамияти бунёди нерӯгоҳи обии барқи “Роғун”-ро барои Тоҷикистон хуб мефаҳмем ва омода ҳастем, ки онро ба таври амиқ баррасӣ намоем, мардум бояд ба нерӯи барқ дастрасии кофӣ дошта бошанд».
Ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои гуногуни ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар ҳамоно ба вусъати азим, бо истифода аз тамоми имконоти дохилии мамлакат, бо ҷалби сармояи ширкатҳои хориҷӣ, бо такя ба қудрати бузурги халқ, ки муроҷиати Пешвои худро дар мавриди ҳалли мушкилоти нерӯи барқ, хусусан бунёди нерӯгоҳи обии барқи “Роғун” бо самимият истиқбол намуданд, ҳамоно идома дорад.
Баъди таваққуфи тӯлонӣ дар фазои сулҳу субот бо ташаббуси ҷасуронаву ватандӯстонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва бунёди иншооти тақдирсози миллат, иншооти солҳо хобидаву харобу валангоршуда шаҳсутуни муътамад гузошта шуд, ки дар таърихи халқу миллати тоҷик бо хати заррин сабт хоҳад шуд. 16-уми ноябри соли 2018 агрегати нахустини нерӯгоҳи обии барқи “Роғун” аз тарафи Пешвои миллат ба кор дароварда шуд, ки ин пирӯзии бузурги таърихӣ ба шумор меравад. Дар маҷмуъ, албатта, бо талошу заҳматҳои Сарвари давлат сохтмони “Роғун” идома дорад ва ин рамзи пирӯзӣ, воситаи муҳими амалӣ шудани орзуҳои тоҷикон доир ба бунёди мамлакати мустақилу устувор ва ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Ҳамчунин, муяссар гашт, ки дар ниҳоят шабакаҳои саросарии иттилоърасонӣ дар сатҳи кишвар барқарор гарданд. Дар натиҷа, имрӯз мавҷҳои шабакаҳои радиоӣ ва телевизонии Тоҷикистон тамоми кишварро фаро гирифтаанд, ки ин низ яке аз зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ буда, барои ташаккули тафаккури ягонаи миллӣ нақши ҷиддӣ мебозад. Ваҳдати миллии мо бо зерсохторҳои зарурӣ низ таъмин гардид, ки бидуни он пойдории ваҳдатро тасаввур кардан мушкил буд. Ин ҳам яке аз дастовардҳои ҳаётист, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешви миллат Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гашт.
Корномаи дигар он буд, ки дар ин давра ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, то соҳаҳои асосии иқтисоди миллии кишварамонро эҳё намояд ва ҷомеаи моро аз буҳрони шадидтарини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ берун оварад. Агар вазъи имрӯзаи зиндагии мардуми кишварро на танҳо бо солҳои мудҳиши 90-ум, балки ҳатто бо 10 ё 5 соли пештар аз рӯйи инсоф ва беғаразона муқоиса намоем, бе шакку шубҳа, эътироф хоҳем кард, ки имрӯз сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон ба таври бунёдӣ тағйир ёфта, мушкилоти асосии мардум аллакай дар гузаштаи дур мондаанд, иқтисодиёти мамлакат давраи барқарориро пурра гузашта, ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст. Акнун чархаи иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи мо ба пеш ба ҳаракати муназзам даромадааст, ки ин як дастоварди бузург мебошад.
Корномаи дигар он аст, ки талошҳои фарҳангсолоронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон заминаи онро гузошт, то миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳё гашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти фикрӣ бирасад. Дар ин давра ӯ дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули руҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба роҳбарияти давлат муяссар гашт, ки забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии миллат пурра эҳё намуда, корбурди комили идорию сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии онро таъмин созад. Ба хотири тақвияти худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллии худ ба Эмомалӣ Раҳмон зарур омад, ки бо барномарезиҳои ҳадафманд хотираи таърихии миллатро эҳё ва барқарор намояд. Барои амалӣ гардидани ин ҳадаф, бо супориши бевоситаи ӯ симои як силсила абармардони таъриху фарҳанги миллат эҳё шуда, ҷашнҳои бошукуҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, ки Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абуҳанифа, Имом Бухорӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҳамчунин, чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон ба як зумра абармардони таъриху фарҳанг, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур барои хидмаҳои бузургашон унвони олитарин — «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Ҳамаи ин иқдому тадбирҳо барои тарбияи насли наврас бар пояи арзишҳои миллӣ ва дар руҳияи ватандорӣ таъсири муҳим доранд. Ҳадафи ниҳоии ин иқдомҳо иборат аз он буд, ки миллати мо бо касби худогоҳӣ ва эътимод ба худ ба марҳалаи истиқлолияти фикрӣ бирасад. Ин масъала аҳамияти ҳамаҷонибаи назарӣ ва амалӣ дорад, зеро то истиқлолияти фикрии як миллат таъмин нагардад, истиқлолияти сиёсии он нокомил боқӣ мемонад. Ҳамин тавр, Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат, балки худшиносӣ ва истиқлолияти фикрии миллатро низ эҳё намуд, ки ин низ як дастоварди бисёр муҳиму арзишманд мебошад.
Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, то Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Ҳанӯз дар аввалин муроҷиатномае, ки ӯ ҳамчун Сарвари давлат ба халқи шарифи кишварамон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул карда буд, маҳз бар зарурати ҳамчун воҳиди баробарҳуқуқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шудани Тоҷикистон таъкид карда мешуд. Сиёсати «дарҳои боз», ки заминаи он маҳз аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, дар ин муддат ҳамчун як консепсияи амалгароёна, мутавозин ва сулҳомез натиҷаҳои зарурӣ дода, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Ҳоло Тоҷикистон бо беш аз 140 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи беш аз 40 созмони байналмилалӣ мебошад.
Дар мавриди ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сухан ронда, зикр кардан зарур аст, ки кишвари мо як узви бемавқеъ ва ё назоратгари одии равандҳои сиёсии байналмилалӣ набуда, балки сиёсати хориҷии соҳибташаббус дорад. Шояд зикр кардан кофӣ бошад, ки маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд. Бисту дуюми марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлати Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Мавқеи фаъоли Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусан дар масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли воқеии буҳрони Афғонистон барои ҳамагон маълум ва равшан аст. Пешниҳоди роҳбарияти олии Тоҷикистон дар бораи ташкили навори субот дар атрофи Афғонистон, ки ҳанӯз понздаҳ сол пештар аз минбари СММ садо дода буд, имрӯз низ ҳамчун саҳеҳтарин роҳи ҳалли буҳрони Афғонистон боқӣ мемонад.
Имрӯз бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақили соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб ва сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ин тантанаи як ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки хушбахтона, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҷомаи амал пӯшид.
Агар ин дастовардҳои бузургро канори ҳам гузорем, метавон гуфт, ки дар натиҷаи кӯшишу талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд, зерсохторҳои зарурии Ваҳдати миллӣ барқарор гардиданд, сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд. Имрӯз мо бо камоли масъулият дар баробари руҳи бузурги ниёгонамон, дар пеши таърихи пурфоҷиаи миллатамон дар баробари руҳи ҷовидони қурбониёни ин роҳи муқаддас ва дар назди халқҳои ба мо дӯсти ҷаҳон метавонем эълон намоем, ки рисолати таърихии худро ба ҷой овардем, давлати худро соҳибӣ кардем, ҳифз кардем ва ҳифз хоҳем намуд. Ин аст дастоварди муҳимтарини фаъолияти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди Ватан ва Пешвои миллат. Акнун Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари баркамол дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамояд. Бо дарназардошти ҳассосияту печидагии фазои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон бояд гуфт, ки дар чунин марҳалаи печидаи таърихӣ ин мамлакат бояд чунин пешвои пухтакору озмуда ва хирадманде дошта бошад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. Пас Пешвои миллат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фақат як мансаб ё як унвони ҳуқуқӣ нест, балки Пешвои миллат будани ӯ як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба ҷой овардааст. Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз як шахсро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз ӯ ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад.
Талабшо АЗИЗОВ,
омӯзгори МТМУ №15-и деҳаи Лухч, ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз