Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маорифи кишвар пайваста таваҷҷуҳ намуда, таъкид медоранд, ки дар соҳаи маориф ва илм таҳкими сифатмандии таълим таъмин карда шавад. Бахусус, ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир менамоянд. Зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррасро ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо мекунадд, ки ҷиҳати омӯзиши он талоши бештар намоянд. Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар радифи дигар муассисаҳои олии кишвар дар тайёр намудани мутахассисони омӯзгориву ғайриомӯзгорӣ бо назардошти талаботи бозори муосири меҳнат омода аст, ки дар ҷомеа нақши сазовор гузорад. Давоми соли 2020 донишгоҳ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ муҳокима ва баррасии масъалаҳои раванди таълиму тарбия, илм ва инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ дар 11 ҷаласаи Шӯрои олимон ҷараён гирифта, 272 масъалаи меҳварии самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Ҳамчунин, дар 10 ҷаласаи раёсати донишгоҳ муҳокимаи 46 мавзуъ ва масъалаҳои муҳим, инчунин дар 24 ҷаласаи хурди назди ректор масоили марбут ба вазъи таълиму тарбия дар донишгоҳ сурат гирифтааст, ки натиҷагирии онҳо бо қабул ва тасдиқи қарорҳои мушаххас анҷом ёфта, мавриди татбиқ қарор дода шудаанд.

Дар раванди таълим — соли таҳсили 2020-2021 ба курси якуми донишгоҳ 3735 нафар донишҷӯ дохил шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 181 нафар зиёд мебошад. Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.

Айни замон дар донишгоҳ 875 нафар омӯзгори штатӣ, аз ҷумла, 44 доктори илм, профессор, 9 номзади илм, профессор, 297 номзади илм, дотсент, 47 номзади илм, сармуаллим, 7 номзади илм, муаллим, 213 сармуаллим, 258 муаллим фаъолият мебаранд, ки зиёда аз 50% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 23130 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 10302 нафар (3752 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 12828 нафар (1144 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Тибқи Квотаи президентӣ 870 нафар, аз онҳо 494 нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 9 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Таҳияи Стандартҳои давлатии таълимӣ ва тасдиқи онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифтааст, ки дар асоси он барномаи нави таълимӣ коркард ва таҳия карда шудааст. То оғози соли таҳсили 2020-2021 беш аз 1000 барномаи таълимӣ таҳия гардида, дар ҷаласаҳои кафедраҳо ва шӯроҳои таълимӣ-методӣ баррасӣ ва тасдиқ гардидаанд. Соли 2020 дар донишгоҳ “Соли сифати муаррифиҳои фаннӣ” эълон гардидааст. Давомоти донишҷӯёни донишгоҳ ба ҳисоби миёна 96,2%-ро ташкил додааст.

Назорати мунтазами раванди таълим, интизоми меҳнат ва давомоти донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ тавассути беш аз 600 камераи назоратӣ ба роҳ монда шудааст. Нақшаҳои таълимии 80 ихтисоси мавҷудаи донишгоҳ дар мувофиқа бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ таҳия гардида, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Давоми давраи ҳисоботӣ теъдоди хатмкардагони шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ 4623 нафарро ташкил дода, аттестатсияи давлатии хатмкунандагон, ҳимояи корҳои дипломӣ, рисолаи хатм дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифта, нусхаи рисолаҳои хатми хатмкунандагони дараҷаи бакалавр ба китобхонаи донишгоҳ пешниҳод карда шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тадрис, густариши маҳорати касбии омӯзгорон, шиносоӣ, омӯзишу паҳн намудани таҷрибаи фаъол ташкили дарсҳои кушод дар се сатҳ: кафедра, факултет ва донишгоҳ ба роҳ монда шудааст, ки ин анъана ҳамасола идома ёфта истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи кафедраҳо, факултет ва донишгоҳ 644 дарси кушод, аз он ҷумла, 285 дар сатҳи кафедра, 199 дар сатҳи факултет, 160 дар сатҳи донишгоҳ ташкил карда шудаанд, ки дар 114 машғулияти омӯзгорон ректори донишгоҳ бевосита иштирок намудааст. Дар маҷмуъ, таҳлилҳо нишон додаанд, ки миқдори дарсҳои кушод дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам сифат беҳтар гардидаанд.

Бо мақсади таҳким бахшидан ба сифати дарс, такмили ҷанбаъҳои илмӣ — методии машғулиятҳои назарӣ, амалӣ, лабораторӣ, корбасти шаклҳои нави дарс, истифодаи усулҳои фаъолу навгаро ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ тасмим гирифта шудааст, ки дарсҳои намунавии собиқадорони меҳнат сабт гардида, таҷрибаи устодони варзида ва усулҳои ҷадиди таълими устодони навовар дар факултетҳо паҳн карда шаванд. Барои роҳандозӣ шудани ин иқдом 106 дарси намунавӣ сабт ва ба кафедраҳои донишгоҳ ирсол гардидааст. Барои муҳассилини шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ сабти дарсҳои видеоӣ ҷараён гирифтааст, ки тадбири мазкур дар студияи таълимии “Фурӯғ” амалӣ гардидааст.

Назорати электронии раванди таълим, ҳозиршавии омӯзгорону донишҷӯён пайваста мавриди назорат қарор дошта, мунтазам натиҷабардорӣ мешавад. Фаъолияти босамари раванди таълим дар корбасти ҳадафмандонаи роҳу усулҳои наву замонавӣ ҷараён гирифта, барои муътадил ва нишонрас ба роҳ мондани раванди таълиму тадрис нақши муассир дорад. Таҳия ва нашру татбиқи низомномаҳо, дастурамалҳои тавсиявӣ, бахусус “Консепсияи рушди сифати таҳсилот барои солҳои 2020-2024”, “Раҳнамо оид ба тартиби гузаронидани озмуни тести беҳтарин”, “Раҳнамо оид ба тартиби санҷиш ва баҳогузорӣ ба дониш, малака ва салоҳияти донишҷӯ” ва “Низомнома оид ба ташкили раванди таълими фосилавӣ дар фазои электронии on-line далели ин гуфтаҳост.

Дар самти таҳсилоти фосилавии донишгоҳ аз рӯи 35 ихтисос дар 16 факултет фаъолият ба роҳ монда шудааст.

Давомоти донишҷӯёни донишгоҳ дар 16 ҳафтаи нимсолаи якуми соли хониши 2020-2021-ум 95,0%-ро ташкил кардааст.

Ҳамкории муштараки донишгоҳ бо 67 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз рӯи ихтисосҳои омӯзгориву ғайриомӯзгорӣ сол то сол мустаҳкам гардида, дар таҷрибаомӯзии муҳассилин ва татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Таъсиси гуруҳҳои русиву англисӣ ва ӯзбекӣ бо назардошти фаъолияти ихтисосҳои нав дар донишгоҳ рӯз то рӯз вусъат пайдо кардааст. Соли таҳсили 2020-2021 дар факултетҳои донишгоҳ 62 гуруҳи таҳсилашон бо забони русӣ ва зиёда аз 92 гуруҳи таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ таъсис дода шудаанд.

Ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат (31021-0203); химия — (02043-0000); санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология — (030106-0200); таҳсилоти ибтидоӣ — (010201-0000); физика — (020502-0000) ва таҳсилоти томактабӣ, равоншиносии амалӣ (010102-0600) ба унвони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол шудааст.

Дигар аз навгониҳои назаррас дар самти таълим таъсис ва иҷозатнома гирифтан барои фаъолияти ихтисосҳои наву замонавӣ, аз ҷумла ихтисосҳои 1-230108-0201 — рӯзноманигори телевизион, 1-230108-0201 WЕВ — рӯзноманигорӣ, 1-230107-01 — иттилоот ва робита (технологияҳои робита), 1-210402-0504 —  танқиди бадеӣ, 1-210601-01 забонҳои муосири хориҷӣ (тадрис (забонҳои арабӣ-хитойӣ), 1-230102-03 — таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-фаронсавӣ), 1-230102-03 таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-фаронсавӣ), 1-030102 — санъати мусиқӣ ва 1-010102-03 — таҳсилоти томактабӣ, забони хориҷӣ (забони русӣ) мебошад.

Раёсати донишгоҳ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ба таъсиси ихтисосҳои нав эътибори махсус медиҳад. Яке аз падидаҳои муҳими сол таъсиси 10 ихтисоси нав мебошад, ки дар тарбияи кадрҳои тахассусманд заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Бар иловаи ин, раёсати донишгоҳ тасмим дорад дар соли хониши 2020-2021-ум 22 ихтисоси муосир ва ҷавобгӯ ба ниёзи замонро таъсису ба роҳ монад.

Ба фаъолият шуруъ намудани гербарияи ботаникӣ, баргузории таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар мавзеи таърихии Саразм ва Қалъаи Хуҷанд, Шаҳристон ва дигар минтақаҳои сайёҳии кишвар, таҳияи стандарт ва нақшаи таълимӣ барои ихтисосҳои шакли таҳсилашон рӯзона ва фосилавӣ низ аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар самти таълим мебошанд, ки бевосита аз сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат сарчашма мегиранд.

Ҷиҳати вусъат додани раванди истифодаи васоити техникии таълим дар донишгоҳ ва ворид гардидан ба китобхонаи электронӣ аз 2300 компютер 2000 адади он ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

Ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишиву таълимӣ дар донишгоҳ ба ҳукуми анъана даромадааст, ки ҷиҳати пешбурди раванди таълим заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Баргузор намудани курсҳои кӯтоҳмуддат ва аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорони донишгоҳ яке аз тадбирҳои муҳим мебошад, ки раёсати донишгоҳ бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкории муштаракро ба роҳ мондааст. Ин буд, ки дар соли 2020 шумораи аз такмили ихтисос гузаштагон 84 нафарро ташкил медиҳад, ки аз рӯйи равияҳои “Танзими ҳуқуқӣ-сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон”, “Телекоммуникатсия ва технологияи иттилотӣ”, “Иқтисодиёт ва технологияи муосир”, фанҳои ҷомеашиносӣ, забонҳои хориҷӣ мебошад.

Дар раванди илм ва инноватсия барои дастовардҳои назаррас ва хизматҳои шоиста 1 нафар бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров, 9 нафар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 22 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ шаш лоиҳаи буҷавӣ мавриди таҳқиқ қарор дошта, дар соли 2020-ум 5 лоиҳаи нав ба фаъолият оғоз кард. Ҳамчунин дар асоси озмуни ҷумҳуриявии лоиҳаи Фонди Президентии тадқиқи бунёдӣ, ки аз ҷониби рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои солҳои 2020-2021 эълон гардидааст, 4 лоиҳаи илмӣ таҳия ва пешниҳод карда шуда, 2 лоиҳаи он дар озмун ғолиб дониста шуда, барои иҷро дастгирӣ ёфтаанд.

Яке аз самтҳои дигари раванди илм дар донишгоҳ фаъолияти нашрӣ ба шумор меравад. Тибқи нақшаи осори нашршавандаи устодон ва кормандони донишгоҳ дар соли 2020 беш аз 138 номгӯи асарҳо аз чоп баромадаанд. Аз ҷумла, китоби дарсӣ 34, дастурҳои таълимӣ ва таълимӣ-методӣ 34, монография 31, таҳияи матн 13, маҷмӯаи мақолаҳо 25 ададро ташкил медиҳанд. Миқдори мақолаҳои илмии устодони донишгоҳ дар соли 2020 ба 2625 адад расидааст, ки аз ин миқдор 432 номгӯ мақолаҳо танҳо дар маҷаллаҳои аз ҷониби Комиссияи олии атеттатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба қайд гирифташуда ба нашр расидаанд. Ногуфта намонад, ки соли ҷорӣ раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки ҳарчи бештар китобҳои дарсии устодони донишгоҳро бо тавсияи Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонад. Дар ин давра ба миқдори 11 китоб бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст.

Дар донишгоҳ 543 нафар магистрант аз рӯи 23 ихтисос таҳсил намуда, онҳо ба 46 кафедраи тахассусии донишгоҳ вобаста карда шудаанд. Дар соли ҷорӣ аз рӯйи низоми магистрӣ 2 ихтисоси нав таъсис ёфта, аз рӯйи ин ихтисосҳо довталабон қабул карда шудаанд.

Дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ бошад, айни ҳол 4 нафар докторанти низоми анъанавӣ, 18 нафар аспирант, 119 нафар докторант (РhD) ва 177 нафар унвонҷӯ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф бо корҳои илмӣ — тадқиқотӣ машғуланд.

Дар донишгоҳ дар соли 2020-ум 6 Шӯрои диссертатсионӣ — се Шӯрои муштараки диссертатсионӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия (филологӣ ва педагогӣ) ва чор Шӯрои диссертатсионии аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (PHD — Педагогика, филологияи тоҷик, санъати тасвирӣ ва технология ва иқтисодиёт) фаъолият намудаанд ва дар ин Шӯроҳои донишгоҳӣ дар соли 2020 14 нафар унвонҷӯи донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд. Дар маҷмуъ, дар соли 2020-ум 33 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ ҳимоя шудаанд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки донишгоҳ дар самти илм ташкили конференсияҳо, симпозиюмҳо, анҷуманҳо ва семинарҳои илмӣ ба шумор меравад. Дар давраи ҳисоботӣ 1 конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1 конференсияи ҷумҳуриявӣ дар доираи 20-солаи омӯзиши рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф, 9 конференсияи вилоятӣ ва беш аз 167 конференсияи минтақавӣ ва умумидонишгоҳӣ, мизи мудаввар, семинар ва маҳфилҳои илмӣ ташкил ва гузаронида шудаанд. Бахшида ба ҷашни 700-солагии Камоли Хуҷандӣ китобҳои “Ёдкарди Камоли Хуҷандӣ” (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ), “Туҳфаи ҷон” (шарҳу тафсири 40 ғазали ашъори Камоли Хуҷандӣ), “Камол Худжанди в России: исследования и переводы” (маҷмӯаи тарҷумаҳои ашъори Камоли Хуҷандӣ) ва инчунин бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ китоби “Саразм — ганҷинаи тиллоии тамаддуни тоҷикон” ба нашр расидаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар назди кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳ маҳфилҳо ва семинарҳои илмӣ аз рӯйи нақшаи пешбинишуда амал мекунанд. Ҳамчунин, дар соли гузашта бо мақсади беҳтар гардидани корҳои илмии муҳаққиқони ҷавон маҳфилҳои нави илмӣ таҳти унвонҳои “Сиёсат ва ҷомеа”, “Хазинаи ҳикмат”, “Камолоти инсон”, “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”, ва “Ҳикмати таърих” ташкил гардида буданд. Соли сипаришуда беш аз 3964 маҳфили гуногунмавзуъ бо иштироки меҳмонону омӯзгорон, докторантону аспирантон ва магистрантону донишҷӯён баргузор гардидаанд.

Дар пешравии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ нақши китобхонаи марказии донишгоҳ низ назаррас аст. Дар соли ҳисоботӣ ба китобхона 735 номгӯ китоб ворид гардидааст, ки 3129 ададро ташкил медиҳад.

Яке аз самтҳои илм ва инноватсия дар донишгоҳ ба фаъолияти Парки технологӣ вобастагӣ дорад ва он дар раванди истеҳсоли маҳсулот, қонеъ гардонидани эҳтиёҷи донишгоҳ бо маҳсулоти ниёзи аввал кумак менамояд. Бо мақсади амалии нақшаҳои дурнамо ва вусъати фаъолияти парки технологӣ дар донишгоҳ давоми ду сол аст, ки сехҳои мебелсозӣ ва дӯзандагӣ кор карда истодаанд.

Солимии ҷисмонии шаҳрванд солимии оила, ҷомеа ва боигарии асосии давлат маҳсуб мешавад. Вобаста ба иҷрои босамари ин рукн дар давраи ҳисоботӣ 10 мусобиқаи варзишӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ташкилу баргузор карда шудааст. Спартакиадаи донишҷӯён аз рӯи 7 намуди варзиш дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор гардида, варзишгарони донишгоҳ ғолиби давраи вилоятӣ ва дар спартакиадаи ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 21 медали тилло, 14 медали нуқра ва 23 биринҷӣ сазовори ҷойи дуюм гардидаанд.

Дар раванди робитаҳои байналмилалӣ — самтҳои фаъолият мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда, диққати асосӣ барои ташкилу амалӣ намудани чорабиниҳои байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои гуногун ва таъмини таҳсил ва будубоши донишҷӯёни хориҷӣ равона карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 30 барномаи гуногуни таҳсилотӣ, илмӣ-тадқиқотӣ барои донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва омӯзгорон тавассути шабакаи интернетӣ ва ҳам бо тарзи гузаронидани семинарҳои амалӣ ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа, беш аз 100 нафар иштирок карда ва 10 нафар муваффақ шудаанд, ки соҳиби грантҳои таҳсилотии Сафоратхонаи Чин, донишгоҳҳои ҷудогонаи кишвари мазкур ва Фонди Конфутсий гарданд. Зимни ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ омӯзгорони ихтисосҳои гуногуни донишгоҳ онлайн-курсҳои бозомӯзии интерактивиро азхуд намуда, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардидаанд.

Донишгоҳ боз бо 7 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонида, дар маҷмуъ, бо 70 донишгоҳ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ дар асоси шартномаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Сол ба сол шумораи гирандагони стипендия дар донишгоҳ афзуда истодааст. Айни ҳол 7 гирандаи стипендияи президентӣ, 22 стипендияи Раиси вилоят, 6 нафар стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва 3101 стипендияи донишгоҳӣ, дар маҷмуъ, 3136 стипендия ба қайд гирифта шудааст.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти корҳои сохтмонӣ, ободониву созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии иншооти донишгоҳ тибқи нақшаи амал ташкили 2 лабораторияи таълимӣ-илмӣ дар факултети физика ва техника муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир бо харҷи зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории донишгоҳ ва бо харҷи 230 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории грантҳои хориҷӣ, инчунин 1 лабораторияи таълимӣ- илмӣ дар факултетҳои геоэкология бо харҷи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағгузории грантҳои хориҷӣ ва маблағгузории донишгоҳ мавриди истифода қарор дода шудааст. Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар донишгоҳ бомаром идома дошта, беш аз 60 маротиба шанбегиҳо бо иштироки кормандону устодон ва донишҷӯён гузаронида шудаанд.

Раёсати донишгоҳ ва сохторҳои он бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудаанд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки ҳайати роҳбарият мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият дар ҳамаи сохторҳои донишгоҳ, инчунин байни кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ қарори дахлдор “Оид ба таъсиси ситоди махсус” аз 16.03.2020 №221 ва “Оид ба ҳифзи вазъи солимии омӯзгорону донишҷӯён” ба тасвиб расидааст. Тибқи фармоишҳои ректори донишгоҳ ташкил ва гузаронидани фанҳои таълимӣ тариқи низоми сиклӣ, гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ дар ҳаҷми сесоатӣ дар як рӯз ва се баст, барои риоя намудани қоидаҳои зиддиэпидемиявӣ ба тариқи онлайн гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ва санҷишҳои ҷориву фосилавӣ барои курси 5-уми шуъбаи ғоибона, гузаронидани таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ (курси 5) дар муассисаҳои таълимии маҳали зист ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати мунтазам санҷидани ҳарорати бадан ва ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ аз ҷониби устодону донишҷӯён ва кормандон 14 ҳамшираи шафқат тибқи шартнома ба кор қабул карда шуда, ба биноҳои таълимии донишгоҳ вобаста карда шудаанд, ки онҳо бо риояи талаботҳои зарурии соҳа фаъолиятро ба роҳ мондаанд. Аз ҷониби устодони донишгоҳ таҷҳизоти безараркунандаи худкор ихтироъ карда шудааст, ки он ҷиҳати пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва таъмини риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи мубориза ба бемории сироятии коронавирус (Covid-19) равона карда шудааст.

Ба гуфтаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, “новобаста аз падидаҳои буҳронии иҷтимоиву иқтисодӣ, ки аз паҳншавии бемории Covid-19 сарчашма мегиранд, кишвари азизи мо бо сарварӣ ва сиёсати ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даврони барои халқу миллат вазнинро бо масъулияти баланд ва иродаи матин давра ба давра паси сар карда истодааст. Ин аст, ки раёсати донишгоҳ маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар, бахусус муҳтарам Вазир бо назардошти вазъияти баамаломада нақшаву чорабиниҳои саривақтиро мураттаб намуда, дар амалкарди онҳо тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст”.

Ба гуфтаи мавсуф, “Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки яке аз куҳантарин махзанҳои илму маърифати ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ҳоло 44 докторони илм, профессорон, 9 номзади илм, профессорон, 297 номзадони илм, 47 номзадони илм-сармуаллимон, 7 номзадҳои илм-муаллимон фаъолияти корӣ дошта, аз 873 нафар омӯзгорони штатии донишгоҳ 52 фоизашон унвонҳои илмиро доро буда, дар маҷмуъ ба 23130 нафар толибилмон дарс мегӯянд, ки аз ин шумора 879 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ буда, аз он 494 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Танҳо давоми соли 2020-ум донишгоҳро 4623 донишҷӯ хатм намуда, дар ҳамин сол 33 нафар рисолаҳои илмии номзадони илмро дифоъ намуда, 3 нафар доктори илм гардида, сафи олимони донишгоҳро зиёд намуданд. Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба 3136 нафар аз тарафи давлат стипендияҳо дода мешавад, ки аз он 7 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ, 22 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд ва 6 нафар гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд мебошанд”.

— Муваффақиятҳои донишгоҳ дар замони Истиқлолияти давлатӣ ончунон зиёданд, ки дар саҳифаҳои даҳҳо китобу маҷалла намеғунҷанд. Ин ҳама самараи Истиқлолияти давлатӣ ва амнияти кулл мебошад, ки меъмору бунёдгузорашон Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here