Ба гуфтаи раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Раҳматзода Рустам Мирзо: “Тӯли таърихи ин давлату ин миллат барои мо касе хизматҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро накардааст ва нахоҳад кард. Маҳз Пешвои муаззам буданд, ки дар мушкилтарин замон Тоҷикистони азизро аз вартаи парокандагию ноумедӣ наҷот дода, аз сифр бунёди кулли инстутҳои давлатдорӣ, аз қабили артиш, мақомотҳои қудрати ва кулли вазоратхонаҳою кумитаҳои давлатиро дар ҳайати ҳукумати кишвар таъсис доданду дар кутоҳтарин вақт ваҳдати саросариро таъмин намуда, мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварданд. Он рӯз дур нест, ки ҳадафҳои стратегии давлат- амнияти озуқаворӣ ва бехатарию таъминоти энергетикӣ пурра ҳаллӣ худро ёбад. Пешвои муаззам ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар саноатикунонии босуръатро амалӣ намуда истодаанду аллакай садҳо корхонаҳои хурду бузург мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ин иқдомҳои Роҳбари давлат мамлакати моро ба яке аз иқдиторҳои саноатии ҷаҳон табдил хоҳад дод, ки ин ҳамагӣ барои зиндагии шоистаи мардум мебошад. Ва ин аст ки мо дар асоси нақша-чорабиниҳо оиди 30 — солагии Истиқлолият дар ноҳияи дурдасти Фархор бояд 470 иншоотҳои гуногуни хизматрасониву иҷтимоиро то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохта ба истифода диҳем. Бояд тазаккур дод, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд мардум иқдомҳои роҳбарияти мамлакатро хушпазируфта, боз чандин дигар иншоотҳоро месозанд, ки ин ҳамагӣ садоқати худро ба Пешвои миллат нишон медиҳанд».

Иҷрои буҷет

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия ба қадри 101,4% иҷро гардида, ба ҷои 34160,3 ҳазор сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ 34626,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 2250,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷои 7744,3 ҳазор сомонии пешбинишуда 8008,7 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин аз нақша 264,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши андози иҷтимоии буҷетӣ ба ҷои 14271,6 ҳазор сомонӣ 13649,2 иҷро гардид, ки баробар ба 95,6% мебошад.

Давоми соли 2020 нисбати 116 субъекти қарздор ба маблағи 177,1 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шудааст. Ҳамчунин, нисбати 283 субъекти андозсупоранда назорати камералӣ гузаронида шуда, ба маблағи 4100,5 ҳазор сомонӣ маблағи андоз ошкор ва аз ин 2816,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳақдорӣ пӯшонида шуда, 1284,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба санаи 01.01.2021 ба ҷойи 78812,7 ҳазор сомонӣ 74679,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 94,8%-и нақша аст.

Дар соли 2020 аз тарафи филиалҳои бонкии дар ноҳия фаъолияткунанда ба 7740 нафар мизоҷон барои кори кишоварзӣ, тиҷорат, роҳкиро ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар мақсадҳо ба маблағи 73953,5 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои чакана дар соҳаҳои савдо 196682,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 82,6%-ро (бо индекси 109,9) ташкил медиҳад.

Хизматрасонии пулакӣ дар соли 2020 85681,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба 97,5% (бо индекси 104,6) баробар аст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар Нозироти андози ноҳия 6667 адад субъекти андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 364 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии андозсупорандагон 1212 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 4233 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд ва аз ин 937 субъект бо патент ва 285 субъект бо шаҳодатнома фаъолият доранд.

Дар  соли 2020 аз рӯи шартномаҳои иҷоравӣ бо 17 нафар соҳибкорон шартнома баста шуда, ба маблағи 33646 сомонӣ ба буҷет ворид шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 9 адад лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда 8,2 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

 Саноат ва энергетика

Ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти  саноатӣ  дар  соли 2020  ба 159908,3  ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 113,8%-ро ташкил дода, 23522,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар ноҳия 22 корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 4 адад  корхонаҳои коркарди пахта, 5 адад коргоҳи хурди нассоҷӣ, 2 адад коргоҳи  хурди коркарди шир, 1адад коргоҳи хурди консервабарорӣ, 1адад корхонаи хурди қаннодиву истеҳсоли нон, 1 адад корхонаи дӯзандагӣ, 3 адад корхонаи истеҳсоли блоки сементӣ, 1 адад корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 1адад корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ, 2 адад оби нӯшокӣ ва обёрӣ мебошанд.

Корхонаҳои коркарди пахта ва коргоҳҳои хурди насоҷӣ вобаста ба ашё (пахта) ва коргоҳи хурди консервабарорӣ дар давраи ҷамъоварии меваю сабзавот фаъолияти мавсимӣ доранд. Дар соли 2020 1 адад фермаи мурғпарварӣ фаъолият накард.

Нишондоди ҳаҷми маҳсулоти саноатиро ҶДММ «Корпоратсияи Зиёратшоҳ» ба 168,6%, ҶДММ «Бибизайнаб» ба 152,0%, ҶДММ «Исмоили Давлат» ба 109,9%, ҶДММ «Шукрона» ба 102,3%, ҶДММ «Фароғат-Н» ба 108,4%, ҶДММ «Сангреза» ба 177,1%, ҶДММ «Субҳи Фархор-1» ба 162,8% ва ҶДММ «Сабоҳ-2018» ба 102,3% расониданд.

Дар давоми соли 2020 духти либоси мактабӣ 58,6%-ро ташкил дод, ки аз ин миқдор ба ҶДММ «Самои К» 2880 дона (35,4 фоиз) ва ба соҳибкорони  инфиродӣ 9380 дона (73,1 фоиз) рост меояд. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳия 20950 дона, аз ҶДММ «Самои К» 8126 дона ва   соҳибкорони инфиродӣ 12824 дона либоси мактабӣ истеҳсол намуда буданд.

Идораи Шабакаҳои барқи ноҳия хизматрасонии 297 адад ТП, КТП-ҳо, 206 адад зеристгоҳҳои хусусӣ, 446,13 км ХИБ-6кВ -10кВ ва 960,45 км ХИБ 0,4кВ-ро ба ҷо оварда, аҳолии ноҳияро бо 1 адад зеристгоҳи 110/35/6 кВ ва 2 адад зеристгоҳи 35/10 кВ бо барқ таъмин мекунад.

Ҷамъоварии маблағи истифодашуда, дар соли 2020 ба ҷои 18790,20 ҳазор сомонӣ, 15125,94 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 80,5%-и маблағи ҳисобишударо ташкил медиҳад. Пардохти барқи истифодашуда аз ҳисоби аҳолӣ ба ҷои 12520,0 ҳазор сомонӣ 10361,20 ҳазор сомонӣ (82,8%), аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ба ҷои 4140,3 ҳазор сомонӣ, 3159,69 ҳазор сомонӣ (76,3%), корхонаҳои хусусӣ ба ҷои 1488,60 ҳазор сомонӣ, 1231,93 ҳазор сомонӣ (82,8%), ИДБЗО-и ноҳия ба ҷои 809,99 ҳазор сомонӣ, 52,20 ҳазор сомонӣ (6,4%)-ро ташкил дод.

 Сохтмон ва меъморӣ

Дар соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ нишондоди маблағгузории асосии сохтмон ба 49650,8 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, баробари 114,6% мебошад.

Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 44564,0 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст, ки баробари 112,7% мебошад.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ ба воситаи корхонаҳои сохтмонии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба 22284,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 75,1% мебошад.

Нишондоди ба кор даровардани фондҳои асосӣ дар соли 2020 ба 31600,2 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 111,1% мебошад.

Дар ин давра аз ҳисоби аҳолии ноҳия 13557,0 метри мураббаъ  манзили  истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта баробари 112,2% мебошад.

Дар соли 2020 дар ноҳия аз 204 адад бинову иншоотҳои  ба нақша гирифташуда сохтмони 185 иншоот, аз ҷумла 9 адад сохтмони бинои Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, 49,90 км сангфаршкунии роҳҳои дохили деҳаҳо, ва 6,01км мумфаршкунии роҳҳои мошингарди деҳаҳои Аловуддин ва Хуррамзамини Ҷамоати деҳоти Фархор, кӯчаҳои Н. Исоқӣ ва Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки Фархор, 62,97 км чароғонкунии кӯчаву деҳаҳо, кашидани хати оби нӯшокӣ ба масофаи 9,13 км, 15 адад насби трансфоматорҳои иловагӣ, 1 адад фермаи мурғпарварӣ бо фарогирии 15 ҳазор сар мурғ барои истеҳсоли тухм, 1 адад ошхона, қаҳвахона ва яхмос, 26 адад мағозаҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум, 5 адад сехҳои дӯзандагӣ, 1 адад коргоҳи чӯбу тахта ва сехи истеҳсоли хишти сементӣ ва дигар бинову иншоотҳои таъиноташон гуногун мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.

Сохтмони иншоотҳои дигар, аз қабили сохтмони муассисаи таҳсилоти умумии №2 дар шаҳраки Фархор, сохтмони муассисаи таҳсилоти  умумии №4 дар деҳаи Аловуддини Ҷамоати деҳоти Фархор ба охир расида, дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор доранд. Сохтмони сардхона, коргоҳи дӯзандагӣ, Кохи фарҳангӣ дар деҳаи Хуррамзамини Ҷамоати деҳоти Фархор, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №25 ва № 5, бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ ва бинои Раёсати молияи ноҳия, марказҳои хизматрасонӣ, азнавсозии терминали мусофиркашонӣ дорухона ва дӯкону фурӯшгоҳҳои хурду калон дар маркази шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот мувофиқи лоиҳаҳо идома доранд.

 Кишоварзӣ

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2020 ба 952663,1 ҳазор сомонӣ расидааст, ки 108,5%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар майдони 27961 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 100,3% баробар аст. Кишти ғалладонагиҳо дар майдони 12889 гектар гузаронида шудааст, ки аз он 11138 гектараш гандум ва 686 гектараш ҷав мебошад. Зироатҳои техникӣ 10735 гектар баробар ба 101,1 фоиз кишт шудааст. Ҳамчунин, дар ноҳия дар майдони 411,8 гектар картошка, 745 гектар полезиҳои озуқаворӣ, 1279,2 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва 1901 гектар сабзавот кишт шу-дааст.

Давоми соли 2020 кишоварзони ноҳия 74395,4 тонна сабзавот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5361,9 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли картошка ба 9410,0 тонна расонида шуд, ки ба 96,7% баробар аст. Дар давраи ҳисоботӣ дар майдони 9674 гектар пахта кишт карда шудааст.

Дар ин давра чорводорони ноҳия 11395,3 тонна гӯшт ва 22793,0 тонна шир истеҳсол намуданд. Дар ноҳия 116 тонна гӯшти моҳӣ ва 4814,0 ҳазор донна тухм истеҳсол шуд. Ширдӯшӣ аз як сар модагов 1643 кг ва тухмгирӣ аз як сар мокиён 179 донагиро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта му-таносибан ба 100,0% ва 137,7% баробаранд.

Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 56305 сар чорвои калони шохдор, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 925 сар зиёд (101,7%), 119305 сар моли майда, ки нисбатан 2080 сар зиёд (101,8%) ва 96619 сар парранда, ки нисбат ба соли гузашта 2769 сар зиёд (103,0%) мебошанд, мавҷуданд.

Давоми соли 2020 масъулони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар байни аҳолӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ 173 адад суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, вобаста ба тоза нигоҳ доштани маҳалли зист ва аз хатарҳо эмин нигоҳ доштани набототу ҳайвонот корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуданд. Оид ба ҳифзи атмосфераи ҳаво 44 адад ва аз партовҳо тоза нигоҳ доштани муҳит 46 адад пешниҳодҳо тартиб дода шуда, нисбати 185 нафар вайронкунандагони қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода, аз онҳо дар умум ба маблағи 20068 сомонӣ ҷарима таъин ва ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 653 сомонӣ зиёд мебошад.

Шуғли аҳолӣ

Дар соли 2020 дар маркази ноҳия 14 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 164 нафар шаҳрвандони бекори ноҳия бо ҷои кор таъмин шуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 12 нафар зиёд аст. Инчунин, 200 нафар ба курсҳои бозомӯзии касбҳои гуногун фаро гирифта шуданд, ки 100%-и иҷроиши нақшаи солона мебошад. Тибқи Барномаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда 1224 нафар ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 1224 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидааст, ки аз ин шумора 450 нафарашонро мардон ва 774 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии ба ҷойи кор таъминшудагон 356 нафарашон ҷавонон мебошанд.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ шумораи кормандони ташкилоту муассисаҳо ба 50,1 ҳазор нафар баробар аст.

Музди миёнаи меҳнат дар соли 2020 ба 747,56 сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 107,1%-ро ташкил медиҳад.

Маориф ва илм

Дар ноҳия 66 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 4 адад муассисаҳои типпи нав, 2 литсей, 2 гимназия ва 1 адад Хонаи бачагон фаъолият намуда, ба 38672 нафар хонандагон (аз ҷумла духтарон 18648 нафар) 2778 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Ба мактабҳои ноҳия давоми соли хониши 2020-2021 70 нафар мутахассисони ҷавон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, ба ҷойи кор таъмин шуданд. Дар ноҳия 10 адад муассисаҳои томактабӣ бо фарогирии 681 нафар тарбиятгиранда ва 121 адад гуруҳҳои Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 2609 нафар амал мекунанд. Шумораи хонандагон нисбати соли хониши 2019-2020 1262 нафар зиёд шуд.

Теъдоди хонандагони дар олимпиадаҳои фаннии вилоятию ҷумҳуриявӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст, ки ин аз баландшавии сатҳи дониши хонандагони ноҳия гувоҳӣ медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ 14 нафар хонандаи фаъоли ноҳия ба даври ниҳоии олимпиадаҳои вилоятӣ ширкат варзида, 4 ҷойи аввал ва 8 ҷойи дуюму сеюмро соҳиб шуданд. Як нафар хонандаи фаъоли ноҳия аз фанни химия дар даври озмуни ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, сазовори ҷойи ифтихорӣ ва медали тилло гардид. Аз ҳисоби чорабиниҳои гуногуни соҳавӣ хонандагони ноҳия ба 34 адад медалҳои гуногуни сатҳи вилоятӣ мушарраф гаштанд. Ду нафар хонандаи МТМУ №10 дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар давраи ҳисоботӣ 2360 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, аз ин шумора 1311 нафар дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар дохил шуданд. Давоми соли хониш 22 нафар хатмкунандагон, ки аз ин 11 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, соҳиби роҳхати квотаҳои президентӣ гардида, шумораи умумии онҳо ба 412 нафар расидааст. Тариқи квотаҳои президентӣ айни замон 40 нафар ҷавонони ноҳия дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳо таҳсил карда истода, хатмкардагони бо роҳхат баргашта бе мамоният ба кор қабул карда мешаванд. Ҳамчунин, давоми соли 2019 76 нафар ва соли 2020 70 нафар мутахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор фиристода шуда буданд, бо пуррагӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 198 нафар омӯзгорон ва 17 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои баландбардории такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Дар муассиса давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Фархор 41 нафар омӯзгорони фаннӣ, 13 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ ва 22 нафар кормандони хурди техникӣ ба 173 нафар шогирдон аз рӯйи 6 намуди ихтисос: «ТМИК» 41 нафар; таъмиргари барқӣ 31 нафар; системаи компютерӣ ва интернет 46 нафар; кафшергари газию барқӣ 37 нафар; ронандагӣ 13 нафар ва дӯзандагӣ 15 нафар касбу ҳунар омӯзониданд.

 Тандурустӣ ва кор бо занон ва оила

Баҳри татбиқи Барномаҳои давлатӣ, ки ба ҳифзи саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, имрӯзҳо ба сокинони ноҳия 72 адад муассисаҳои тиббӣ хизмат мерасонанд. Шумораи умумии кормандони соҳа 1616 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 59 нафар зиёд мебошад. Шумораи духтурон 181 нафар буда, бо корбарии онҳо давоми соли 2020 8836 нафар беморон табобат ёфта, 4863 адад қайди таваллуд ба қайд гирифта шудааст.

Давоми соли 2020 31 нафар духтурон ва 156 нафар кормандони миёнаи тиб ба курсҳои бозомӯзӣ равон карда шуданд. Норасогии духтурон 8 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд аст. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи масъулони Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили ноҳия 115 нафар сили фаъол ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41 нафар кам мебошад.

Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия давоми соли 2020 271 адад санҷишҳо гузаронида, барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ 62 ададӣ протоколу санадҳои ҷаримавӣ тартиб дода, аз ин ҳисоб ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 12138 сомонӣ ворид намуда, аз ҳисоби хулосаҳои санитарӣ бошад, ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 16182 сомонӣ гузаронида шудааст. Ҳолати санитарӣ-эпидемиологии ноҳия мӯътадил буда, давоми соли 2020 касалиҳои сирояткунандаи сӯхтанӣ, сӯзок, фалаҷ, кабудсулфа, домана, салмонеллёз ва сурхча ба қайд гирифта нашуданд.

Кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Шумораи умумии ҷавонони аз 14 то 30 сола дар ноҳия 58057 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2957 нафар зиёд) буда, аз ин шумора 28262 нафарашон занону духтарон мебошанд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар давраи ҳисоботӣ дар байни наврасону ҷавонон 124 адад вохӯрию суҳбатҳо, 198 адад чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ, 8 адад семинарҳои омӯзишӣ, 16 адад озмунҳо, 1 адад фестивали бозиҳои варзишӣ, 2 адад мизҳои мудаввар, 2 адад конференсияҳои илмӣ-адабӣ, 54 адад аксияи ҷавонон ва 36 адад корҳои ободонӣ ва хуррамгардониро ташкил ва роҳандозӣ намудааст.

Давоми соли 2020 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои байналмил-лалию ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ иштирок намуда, 113 адад медалҳои тилло, 64 адад медалҳои нуқра ва 61 адад медалҳои биринҷӣ, дар маҷмӯъ 238 адад медал ба даст оварданд. Шумораи иншоотҳои варзишӣ 215 ададро ташкил медиҳанд.

Бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 тасдиқ гардидааст, тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин самт қарори раиси ноҳия аз 27 майи соли 2019, №441 ба имзо расида, нақшаи чорабиниҳо иборат аз 35 банд тасдиқ ва дастраси иҷрокунандагон гардонида шудааст.

Вазъи ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва дигар иншоотҳои ба соҳаи сайёҳӣ алоқаманд зери назорати масъулон буда, вобаста ба имкони-ятҳо меҳмонхонаҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва тарабхонаҳои ноҳия бо имконият-ҳои хуб омодаи қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошанд.

 Ба истиқболи истиқлоли кишвар

Дар самти омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, №АП-1059 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону азнавсозии 470 адад бинову иншоотҳо, аз он ҷумла, дар соли 2018 сохтмону азнавсозии 50 адад, дар соли 2019 сохтмони 178 адад, дар соли 2020 сохтмони 204 адад ва дар соли 2021 бошад, сохтмони 38 адад бинову иншоотҳо дар назар дошта шудааст, ки аз ин шумора 88 адад ба Ҷамоати шаҳраки Фархор, 35 адад ба деҳоти Фархор, 56 адад ба деҳоти Ватан, 47 адад ба деҳоти Ғайрат, 38 адад ба деҳоти Зафар, 52 адад ба деҳоти Деҳқонариқ, 53 адад ба деҳоти Гулшан, 22 адад ба деҳоти Дарқад, 46 адад ба деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва 33 адад ба деҳоти Ғалаба рост меояд.

Тибқи бандҳои 196-203 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №510 дар ноҳия сохтмони як қатор иншоотҳо аз ҷумла, сохтмони бинои комендатураи сарҳадии «Фархор», сохтмони бинои маъмурии шӯъбаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор, сохтмони бинои қасри фарҳанг, сохтмони бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Фархор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани 320 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи мавзеи Кокул давоми солҳои 2019-2021 аз ҳисоби маблағҳои кумитаву вазоратҳои ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар маҷмӯъ дар ноҳия аз моҳи июли соли 2018 то санаи 31 декабри соли  2020 сохтмони 377 адад бинову иншоотҳо, аз ҷумла дар соли 2018  50 адад, дар соли 2019 аз 178 адад бинову иншотҳои ба нақша гирифташуда 142 адад ва аз 204 адад иншооти дар соли 2020 ба нақша гирифташуда 185 иншоотҳои гуногуни ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифта ва дар 19 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ рафта истодааст.

Дар соли 2020 дар ноҳия аз 204 адад бинову иншоотҳои ба нақша гирифташуда сохтмони 185 иншоот, аз ҷумла 9 адад сохтмони бинои Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, 49,90 км сангфаршкунии роҳҳои дохили деҳаҳо, ва 6,01км мумфаршкунии роҳҳои мошингарди деҳаҳои Аловуддин ва Хуррамзамини Ҷамоати деҳоти Фархор, кӯчаҳои Н.Исоқӣ ва Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки Фархор, 62,97 км ча-роғонкунии кӯчаву деҳаҳо, кашидани хати оби нӯшокӣ ба масофаи 9,13 км, 15 адад насби трансфоматорҳои иловагӣ, 1 адад фермаи мурғпарварӣ бо фарогирии 15 ҳазор сар мурғ барои истеҳсоли тухм, 1 адад ошхона, қаҳ-вахона ва яхмос, 26 адад мағозаҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум, 5  адад сехҳои дӯзандагӣ, 1 адад коргоҳи чӯбу тахта ва сехи истеҳсоли хишти се-ментӣ ва дигар бинову иншоотҳои таъиноташон гуногун мавриди истифо-дабарӣ қарор гирифтанд.

Саиди ҲАЙДАР,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here