Ливо, дирафш, ё худ парчам нишони фарҳангу тамаддун, рамзи истиқлолияту давлатдории мо маҳсуб меёбад. Тоҷикон аз замонҳои пеш то ин ҷониб барои муаррифии давлату кишвари хеш дорои парчамҳо буданд. Ҳарчанд, он бо гузашти асрҳову солҳо тағйири шаклу ранг карда бошад ҳам, аммо рамз ва арзиши худро гум накардааст.

Парчам ифтихор ва муттаҳидии миллати мост. Зеро мо зери ин муқаддасот ҷамъ омада, бо ҳисси баланди ватандорӣ ва бо ғурури миллӣ шукрона аз давру замони худ менамоем. Имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатӣ парчам дар баландтарин мақом қарор дошта, парфишонӣ мекунад. Рӯи мизи зиёиёну адибон ва кормандонро ороиш медиҳад. Адабиёту ашъори шоиронро пурра месозад.

Ифтихори варзишгарони моро дар мусобиқаҳои байналмилаливу дохилӣ дучанд менамояд. Қадамзании сарбозони моро босуботтар ва бо виқортар мегардонад.

Парчам ҳуввият ва озодии мардуми тоҷик аст. Он аз асолату суботи давлати кишвари мо дарак медиҳад. Парчам иқтидору ифтихори мо ва давлати мо мебошад. Ҳар ранги парчам ба бахту зиндагии мо алоқамандии зич дошта, як ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистони азизи мост.

Ранги сурхаш аз рӯсурхии абад ва абрӯву манзалати тоҷикон дар ҷаҳон, ранги сафед аз бахти сафед ва андешаи тозаву софи давлатдорӣ ва ранги сабзаш аз сарсабзии Ватани азизи мо гувоҳӣ медиҳад.

Миллати тоҷикро мебояд аз кӯдаки кӯдакистон то ба пири солхӯрда ин муқаддасотро гиромӣ дорад, ҳифз намояд ва чун нишони арзишманд бипазирад.

Донишҷӯ бо дониши худ, муаллим бо таълими худ, хонанда бо хониши аълои хеш, мураббӣ бо тарбиядиҳии мустақим, коргар бо кори хуби худ, шоир бо шеъри худ, адиб бо эҷоди худ, варзишгар бо қувваозмоиҳо ва хуллас, ҳар як кас бо кӯшише бо ғайрате ин нишони ҷовидониро битавонад дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ созад.

Бигзор, ин парчам, ин нишон, ин муқаддасот асрҳои тӯлонӣ побарҷову мустаҳкам бошад.

Ин аст, ки мегӯем:

Парчамат бодо парафшон,

Тоҷикистон, Тоҷикистон!

Парчам рамзи давлат, бақои миллат, қуллаи мурод, шоҳрои фарҳангу тамаддун ва инъикоскунандаи меҳру муҳаббати тоҷикону тоҷикистониён аст.

Зуҳро НЕЪМАТОВА, омӯзгори МТМУ № 51-и ш.Душанбе

Малика Пиценко, омӯзгори МТМУ №93-и ш.Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here