Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе бо иштироки аъзои Ҳукумат, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумон, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, намояндагони корпусҳои дипломатию воситаҳои ахбори умум, ҷавонони фаъол ва дигар шахсиятҳои шинохтаи кишвар ироа гардид, аз паёмҳои қаблӣ баъзе фарқиятҳо дошт.

Аввалан, дар ин Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди иҷрои барномаҳои пешазинтихоботии хешро дар давраи аз соли 2013 то ба имрӯз мавриди таҳлил қарор дода, бо пешкаш намудани рақамҳои аниқи рушди макроиқтисодии мамлакат дар ин давра, таъкид доштанд, ки дар маҷмуъ ҳадафҳои барномавии давлату Ҳукумат дар тӯли ин солҳо мунтазам иҷро шуда истодаанд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар ин давра суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, афзоиши маҳсулоти саноатӣ ба 13,4 фоиз баробар гардидааст. Ё худ, агар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2013 ҳамагӣ 45,6 млрд сомониро ташкил дода бошад, алҳол он ба 78 млрд сомонӣ баробар мебошад. Музди миёнаи ҳар корманд 2,4 баробар афзуда, даромади аҳолӣ 2 баробар зиёд шудааст. Сатҳи камбизоатӣ то 27,5 фоиз паст гардида, сатҳи дарозумрӣ ба 75 сол расидааст ва аҳолии Тоҷикистон айни ҳол бештар аз 9,5 млн нафарро ташкил медаҳанд, ки нисбати соли 2013 қариб 4 млн нафар зиёд шудааст.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки дар соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 78,4 млрд сомонӣ баробар гардида, дар 7 соли оянда ба 45 фоиз расонидани табақаи миёнаи аҳолӣ дар назар дошта шудааст ва ин омилҳо баҳри ҳарчи тезтар амалӣ гардонидани ҳадафи олии Ҳукумати ҷумҳурӣ — ноил шудан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

Дар ин бобат сухан ронда, Сардори давлат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд, ки то охири соли 2020 барномаҳои дахлдорро бобати рушди миёнамуҳлати иқтисодию иҷтимоӣ барои солҳои 2021-2025, амалигардонии гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намояд.

Аз ҷумла, Пешвои миллат хеле бамаврид таъкид намуданд, ки Кодекси нави андоз бо иштироки бевоситаи соҳибкорону дигар мутахассисони соҳибтаҷриба омода карда шавад ва тарҳи нави Кодекси мазкур бояд ба боло бардоштани ҳавасмандии соҳибкорон ҷиҳати истеҳсоли молу маҳсулоти дар бозор рақобатпазири содиротӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ ва дар ин асос, устувор гардонидани заминаҳои андозбандии буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

Ҷоизи зикр аст, ки дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат ба саҳми мардуми кишвар, алалхусус соҳибкорон ҷиҳати тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле баҳои баланд дода, ҳатто бо ифшои ному насаби онҳое, ки дар амалигардонии дастурҳояшон нисбати бунёди иншооти гуногуни таълимию табобатӣ, дастгирии моддии маъюбон ва дигар шахсони камбизоат саҳми арзанда доранд, арзи сипоси Ҳукумати Тоҷикистонро баён намуданд.

Ин шакли ироаи Паёми Президент низ нисбати паёмҳои қаблӣ фарқкунанда буд ва бори дигар мардуми кишвар боварӣ ҳосил карданд, ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз иқдомҳои неки сокинони мамлакат огаҳӣ дошта, нисбати он фардҳое, ки баҳри таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳмгузор ҳастанд, мунтазам қадршиносӣ мекунанд.

Сардори давлат бори дигар диққати мутасаддиёни соҳаи маорифи кишварро ба зарурияти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна, касбию олӣ ҷалб намуда, хеле дуруст қайд карданд, ки дар оянда таваҷҷуҳи бештарро ба масъалаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дигар илмҳои дақиқ равона кардан зарур аст.

Бо пешниҳоди Сардори давлат солҳои 2020-2040 «Бистсолагии омӯзиши фанҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ» эълон карда мешавад, ки инро иқдоми бузург баҳри ҳарчи тезтар ба давлати саноатию аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобидан мумкин аст.

Чунин масъалагузории Пешвои миллат хеле асоснок ва саривақтӣ мебошад, зеро рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат (алалхусус, дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди саноат) омода намудани мутахассисони болаёқатро талаб менамояд ва танҳо толибилмоне, ки фанҳои риёзию табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқро хуб омӯхтаанд, дар ин ҷода комёб шуда метавонанд.

Ҳақ бар ҷониби Роҳбари давлат аст, ки баҳри ҳаматарафа ташаккул ёфтани сатҳи дониши инсон, алалхусус мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавқеи китобхонӣ басо зиёд буданашро таъкид карданд ва дастур доданд, ки ба омӯзиши таърихи давлати тоҷикон ва дигар адабиёти касбию бадеӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Дар ҳақиқат, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҳам ҷавонон ва ҳам насли калонсол бобати хондани китобҳо ва рӯзномаҳо хеле камҳавсалагӣ зоҳир менамоянд. Аксари мардум он ахбореро, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас мекунанд, барояшон кифоя ҳисобида, ҳатто донишҷӯён китобҳои дарсию адабиро хеле кам мехонанд ва ин ҳолатҳо бешубҳа ба сатҳи дониши онҳо таъсири манфӣ расонида, боиси косташавии одобу ахлоқи бархе аз ҳамватанони мо низ шуда истодааст. Барои тарбияи мутахассисони болаёқати кишвар, хондани китобҳои дарсию бадеӣ бештар манфиатовар буда, аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас кардани маводҳои тайёр танҳо ба хотири «баҳогирӣ» боиси муаммоҳои ҷиддӣ дар оянда (ҳатто, барои худи донишҷӯ) хоҳад шуд.

Мутолиаи китобу рӯзнома дар ҳақиқат ҷаҳонбинии шахсро васеъ ва дониши ӯро мукаммал мегардонад, вале имрӯзҳо аксари мардум, аз ҷумла, шахсони мансабдор ҳатто рӯзномаҳои давриро кам мехонанд, гарчанде дар мавсими обунашавӣ маблағҳои калон аз ҳисоби музди меҳнати кормандону захираҳои молиявии давлатӣ ба ин мақсадҳо равона карда мешаванд.

Дар Паёми хеш Президенти кишвар боз ба як масъалаи муҳим — самараноку мақсаднок истифодабарии маблағҳои давлатӣ барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати ҳозиринро ҷалб намуда, таъкид карданд, ки пеши роҳи таъиноти нафақаҳои беасоси маъюбӣ қотеъона гирифта шавад. Дастури мазкур хеле бамаврид буда, ҳақиқатан бархе аз шаҳрвандон бо мақсади ба даст овардани даромадҳои иловагӣ, бо роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои бемориро омода намуда, ҳамчун шахсони маъюб нафақа мегиранд, ки ин амалҳо ҳам аз нигоҳи дини мубини Ислом ва ҳам аз рӯи қонунҳои амалкунанда нодуруст мебошад.

Гузаронидани тадбирҳои банизомдарории асоснокии нафақапулиҳои маъюбонро Пешвои миллат ба хотири дастгириҳои иловагии молиявии шахсони дар ҳақиқат муҳтоҷ талаб карданд ва ин дастурҳо дар ҷойҳо бояд дуруст амалӣ гардонида шаванд. Комиссияҳои дахлдори тиббӣ ҳангоми иҷрои ин талабот бояд аз беасос аз нафақа маҳрумкунии шахсони дар асл маъюб ё худ, бо ҳар баҳона сарсонкунии чунин ашхос ҷилавгирӣ намоянд, зеро як мақоли хуби халқӣ ҳаст, ки «салларо биёр гӯянд, калларо меоранд» нашавад.

Ҳангоми бо диққат тамошо кардани Паёми имсола, бори дигар дарк кардам, ки Пешвои миллат, Сарвари давлати тоҷикон ҳамеша ғамхори халқи ниёзманд буданду мемонанд, зеро дар ҳар як баромадҳояшон ҷиҳати дастгирии шахсони камбизоат, оилаҳои ба дастгирии давлатӣ муҳтоҷ бо як эҳсосоти самимона ҳарф мезананд ва дастурҳои мушаххас медиҳанд. Чунин хислатҳои некбинонаи Президенти маҳбуби кишвари мо буд, ки тамоми иқдомҳои некашон боиси дастгирии кулли мардум гардида, хоҳ дар самти рушди иқтисодии мамлакат бошад, хоҳ ҷиҳати тақвиятбахшии корҳои ободонию ҳалли муаммоҳои гуногуни иҷтимоии минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, бо ҷалби захираҳои молиявии давлатӣ, саҳмгузории соҳибкорони ватанию шаҳрвандони алоҳида ҳалли муваффақонаи худро ёфта истодааст.

Боварии комили Пешвои миллат ба қудрату тавоноии мардуми тоҷик ва сол аз сол беҳтаршавии нишондиҳандаҳои рушди макроиқтисодии мамлакат буд, ки тибқи Паёми имсола, аз 1-уми сентябри соли 2020 ба андозаи 50 фоиз зиёд намудани нафақаи маъюбон, ба ҳисоби миёна то 15 фоиз зиёд намудани нафақаи дигар шаҳрвандон, ба андозаи то 10 фоиз баланд бардоштани музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва то ба 15 фоиз зиёд намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои дигари буҷавӣ дар назар дошта шудааст.

Афзалияти Паёми имсола аз паёмҳои қаблӣ боз дар он аст, ки вазифаҳои асосӣ барои соли 2020 — соли маъракаҳои муҳими сиёсӣ (интихоботи вакилони парлумону мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва интихоботи президентӣ) дақиқ муайян карда шуда, дар як вақт вобаста ба дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва сиёсати хориҷии мамлакат фикру мулоҳизаҳо, дастуру пешниҳодҳои судманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муфассал баён карда шудааст.

Ҳангоми баромади хеш Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар изҳор доштанд, ки дар робита бо давлатҳои дуру наздик сиёсати «Дарҳои кушода» идома ёфта, Тоҷикистон ҳамеша омода аст бо тамоми давлатҳои сайёра ҳамкориҳои судманди иқтисодию сиёсиро тақвият бахшида, муаммоҳои гуногуни равандҳои ҷаҳонишавиро дар якҷоягӣ, бо риояи принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми арзишҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл намоянд.

Муроҷиати хеле самимонаю оқилонаи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор ва кулли мардуми кишвар бобати бо заҳмати бештар боз ҳам ободу зебо гардонидани тамоми минтақаҳои мамлакат ва аз худ барои наслҳои оянда мерос гузоштани давлати ободу дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ мутараққӣ ҳар яки моро вазифадор мекунад, ки дар иҷрои ин иқдомҳои неки Пешвои миллатамон саҳмгузор бошем ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирифта, бори дигар ба ҷаҳониён муттаҳидию ваҳдатсолории мардуми куҳанбунёди тоҷикро нишон диҳем.

Карамулло ОДИЛОВ,

собиқадори хизмати давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here