Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва тандурустиро самтҳои афзалиятнок дониста, омили муҳимтарини таҳкими давлатдории Тоҷикон ва наҷоти миллат номидаанд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат барои тарбияи насли наврас ва ояндаи миллати тоҷик то андозае такони ҷиддӣ хоҳад дод. Аз ҷумла, ҳидоятҳои он барои мутолиаи китоб ба ҳама қишрҳои ҷомеа, ки боиси баланд бардоштани маърифати инсонӣ ва маънавияти руҳонии ҳар фард мегардад, боиси ифтихори миллати мост.

Сарваре, ки ба солимии ҷомеа ва тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, ояндаи дурахшони давлати хешро таъмин намуда, заминаи устувори фарҳангӣ барои ташаккули насли наврас фароҳам меоварад. Ҳавасмандгардонӣ дар “Фурӯғи субҳи доноӣ” барои муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабӣ ва калонсолон қадами устуворест дар ташаккули зеҳнии аҳли ҷомеа. Тибқи супориши Роҳбари давлат, Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…”- ро аз рӯи се самт: якум — миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм — таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм — дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд.

Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Ба ҳамин далел, тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва тандурустӣ, сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф, тандурустӣ ва дастгирии ин соҳаҳои барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунон ки бараъло ба мушоҳида мерасад, Сарвари давлат ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ диққати махсус медиҳанд ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоянд. Маҳз натиҷаи ин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва тандурустӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи саводнокӣ миёни аҳолии калонсол рушд карда, дарозумрӣ боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст.

Олимону донишмандони МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ба шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар ин замина, вазифаҳои аввалиндараҷа пурзӯр намудани пойгоҳи моддиву техникӣ ва технологӣ, интегратсияи фаъолияти таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, кори табобатӣ ва нуфузу эътирофи байналмилалӣ пайдо намудани донишгоҳ ва кормандони он дониста мешавад. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти донишгоҳ ва устувор гардонидани мақоми донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ, бо ташаббуси ректори донишгоҳ профессор Гулзода М. Қ. дар моҳи октябри соли 2019 экспертони байналмилалӣ аз Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) ба донишгоҳ даъват карда шуданд, ки ҷараёни фаъолиятро аз рӯи стандартҳои Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ (ВФМО) арзёбӣ намуданд. Дар натиҷа, донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, аз 22-юми ноябри соли 2019 соҳиби 4-то сертификатҳои аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ (донишгоҳӣ), ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Стоматология”, “Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ” гардид. Инчунин, дар моҳи майи соли 2019 донишгоҳ бо муваффақият аз аттестатсияи давлатӣ гузашт.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлати тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти кишвар барои аз байн бурдани ҳолатҳои номатлуб ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар донишгоҳ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Имтиҳонҳо дар донишгоҳ шафоф, бе дахолати омӯзгор, бо тариқи электронӣ сурат мегиранд. Дар ҳуҷраи электроние, ки донишҷӯй имтиҳон месупорад, назоратчиён ҳузур доранду бо камераҳои мушоҳидавӣ назорат мешаванд. Дар ҳуҷраи электронии дигар устодон бе ному насаби донишҷӯй ба ҷавобҳои воридшудаи саволҳо баҳогузорӣ менамоянд. Инчунин, волидайни донишҷӯён метавонанд ба кабинети инфиродии фарзандашон бо тариқи электронӣ ворид гашта, аз баҳои гирифтаи ӯ огоҳ гарданд.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола аз он қаноатмандӣ намуданд, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Бинобар ин, зарур дониста шуд, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Боиси ифтихор ва сарафрозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба илму маориф мо — омӯзгоронро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунем ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

Ҷавонон бошанд, бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол гарданд, на танҳо худашон аз амалҳои ифротию тахрибкорӣ ва хиёнат ба миллату давлат канораҷӯӣ намоянд, балки ба дигарон низ оқибатҳои ҳалокатбори ин амалҳои номатлубро тавзеҳ дода, худшиносиву ватандӯстиро дар вуҷуди онҳо бедор созанд ва ҳамчун дастгиру тарғибгари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободкории Ватани азизамон баромад намоянд.

С. А. ТАИБОВ,

З. Г. ТУРСУНОВА,

Ш. О. ТАҒОЕВА,

кормандони ДДТТ ба номи А. Сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here