Бузургтарин рӯйдоди сиёсии чанд соли пеш — ин бо пешниҳоди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии СММ дар Тоҷикистон доир гардидани «Форуми оби тоза буд».

Об арзиши абадии умумибашарист ва ҳифзи ин муқаддасот вазифаи ҳамасолаи инсон аст. Оид ба ин муқаддасоти маънавӣ шоири шинохтаи мардуми тоҷик Собир Султон фармуда:

Тоҷикистонманбаи пурҳавзаю дарёстӣ,

Бо чунин оби зулолат шуҳрати дунёстӣ.

Гашта оғоз аз дили сарчашмаҳо Омую Сир,

З-ин ду дарёи Аҷам баҳри Арал пайдостӣ.

Об ободии дунё буда, барои кулли мавҷудият, бахусус барои аҳли инсон оби тозаю зулол ҳамчун манбаи ҳаёт ба ҳисоб меравад. Об сафобахшандаи рӯи замин аст. Тамоми мавҷудоти рӯи олам ба об эҳтиёҷ доранд. Хушбахтона, кишвари мо аз оби ошомиданӣ танқисӣ надорад, дар олам ҷои сеюмро ишғол мекунад.

Бузургони ҷаҳон дар васфи обу ободонӣ ва об ҳамчун мояи зиндагии инсон бисёр суханҳои барҷаста гуфтаанд. Яке аз шахсиятҳои бузург, ситораи дурахшони адабиёти форсу тоҷик, асосгузор ва поягузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле хуб оид ба ин муъҷиза гуфтааст:

Аз гулу сабзаи навхестаи оби равон

Чашми бад дур, ту гӯӣ, ки биҳишти дигар аст.

Файласуфи бузургу машҳури Юнон Арасту чунин фармудааст: «Об муъҷизаи бебаҳои зиндагӣ буда, асоси пойдории олами зинда аст». Дар ин хусус олими табиатдӯсту табиатшинос А. Т. Аксанова хеле андешаи арзанда рондааст: «Дар табиат ҳама чиз хуб аст, вале об зебогии табиати ҳар як кишвар аст. Яъне об қисми ҷудонашавандаи системаи экологӣ ва боиси ба даст овардани кулли неъматҳои табиати зебо аст». Аз ин сабаб, барои тозаю зулол будани оби дунё бояд ҳама аҳли олам ва сарони давлатҳои хурду бузург ҳаматарафа аҳамият диҳанд. Одам бе хӯрок метавонад қариб як моҳ зиндагӣ кунад, вале бе об танҳо 7 рӯз зиндагӣ мекунаду халос.

Соли 2003 дар шаҳри афсонавию зебои Душанбе барпо гардидани «Форуми байналмилалии оби тоза» шаҳодат дод, ки Тоҷикистон барҳақ яке аз манбаю захираҳои оби тозаи ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ташаббускори чунин як форуми бонуфузу шуҳратманди байналмилалии оби тоза мебошад.

Мо тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях,155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешаванд, ки онҳо на ин ки Тоҷикистон, балки мамлакатҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз куҳҳои осмонбӯси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи Миёна хисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунанд.

Соли оби тозаро дунё намояд тантана,

Дон, ки бунёди чунин ҷашни накӯ аз мостӣ.

Ин замини бостонии ниёгони ман аст,

Тоҷикистон меҳани ман, ҷанатул маъвостӣ.

Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

Модоме асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизаи бузургро ифлос гардонад, ба он партов партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қиммат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гуҳар,

Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

Дар бораи захирҳои оби Тоҷикистон бисёр олимону мутахассисон як силсила китобу рисолаҳо ва мақолаҳои судманде навиштаанд. Бояд ин китобҳои навиштаи онҳоро мутолиа намоем, бо мақсади маълумоти  саҳеҳ пайдо кардан дар хусуси захираҳои кишварамон. Омӯзгорон вазифадоранд, ки соатҳои тарбиявиро бахшида ба мавзӯи «Обу рушноӣ», «Об — манбаи ҳаёт», «Ҳаётбахшандаи рӯи олам об аст» гузаронанд.

Т. ИСЛОМБЕКОВА,

И. ХОЛОВА,

омӯзгорони МТМУ 94-и ноҳияи Сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here