Таърихи ҳар халқу миллат ва давлатҳо қаҳрамонҳое дорад, ки тамоми буду набуди худро барои рушди кишварҳояшон сарф мекунанд. Вобаста ба ин, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки суҳбатҳои ихтисосиро бо арбобони давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону олимони маъруф ва дигар ашхоси барҷаста ташкил намояд. Суҳбати навбатии мо бо раиси ноҳияи Айнӣ, муҳтарам Муродзода Муқим Қаюм доир гардид, ки инак, мухтасари посухҳои эшонро ба нашр мерасонем.

 — Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба як қатор дастоварҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳунармандию сайёҳӣ, ободонӣ, беҳтар намудани зисту зиндагонии мардум мушарраф гардидааст.

Таҳлилҳои мушаххас нишон медиҳад, ки нақшаи воридотии андоз (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар ҳафт моҳи соли гузашта 102 фоиз таъминот гардида, ба буҷет 92 миллиону 477,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 115,4 фоиз иҷро гардида, 36 миллиону 986 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз нақша 4 миллиону 924,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 630,2 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 79,3 миллион сомонӣ зиёд буда, ба 114,4 фоиз баробар мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсолии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 104 миллиону 22 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Яъне ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2019 дар ноҳия 2621 тонна ғалладона, 2500 тонна меваҷот, аз ҷумла 2249 тонна зардолу, 251 тонна себ, 6362 тонна картошка, 1471 тонна сабзавот, 722 тонна гӯшт, 3122 тонна шир, 37,7 ҳазор дона тухм, 91 тонна пашм, 8,1 тонна асал, 2,3 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол гардидааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020 бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30-юми октябри соли 2016 таҳти №65 тасдиқ шуда, дар маҷмуъ 201 лоиҳаро ба маблағи умумии 211 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Дар давоми солҳои 2016-2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 аз миқдори умумии лоиҳаҳо ба маблағи 20,7 миллион сомонӣ пурра иҷро гардида, дар доираи 64 лоиҳа ба маблағи 19,3 миллион сомонӣ пурра иҷро гардида, дар доираи 64 лоиҳа корҳо идома доранд. Дар маҷмуъ, иҷрои Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии ноҳияи Айнӣ барои солҳои 2016-2020 ба ҳолати 1-уми сентиябри соли 2019 ба 54 фоиз баробар аст. Дар ноҳия ба ҳадафи чоруми бо суръат саноатикунонӣ аҳамияти лозимӣ дода шуда истодааст.

Ноҳияи Айнӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 1300 рӯзи ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва созандагиро вусъат бахшидааст. Дар ин диёри зебоманзар ширкатҳои туристии «Искандаркӯл», «Кӯлҳои Аловуддин», Маҷмааи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Осорхонаи ноҳия, санаторияи доктор Тоҳирӣ ва «Дараи Яғноб» ва ғайраҳоро тамошо меоянд, ки шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодаанд. Бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ рушди соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохтори он такмил ёфта истодааст. Аз ҷумла, меҳмонхонаҳои «Нури Раҳмон», «Варзи Манор», «Суғд»-и маркази ноҳия, «Қаҳрамон»-и шаҳраки Зарафшон ва дар дигар мавзеъҳои кӯли «Аловуддин» ва «Искандаркӯл» дигар хизматрасониҳо фаъолият намуда истодаанд. Дар даромадгоҳи роҳи маркази ноҳия, ки шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз он мегузарад, бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ошхонаҳо, мавзеъҳои хурди истироҳатӣ ташкил карда шудаанд. Инчунин, дар маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкор Хуҷам Олимов меҳмонхонаи замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он аз 7 ҳуҷра иборат буда, барои 12 нафар меҳмон қабул кардан, ҳуҷраҳои 3-нафара, 2-нафара ва бо ҳама намуди таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Аз тарафи соҳибкор Соатулло Давронов як маркази хизматрасонӣ бо мағозаи замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бо роҳбарии омӯзгори деҳаи Зоосун Миразим Сидиқов  мактаби ба номи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳалим Ёров ба пуррагӣ таъмир ва азнавсозӣ карда шудааст. Дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ, ҷамоати деҳоти Урметан Ҳоҷӣ Баҳориддин Амаков 20 га ва Ниёзов Каром зиёда аз 10 га боғ бунёд намудаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ 20 маркази саломатӣ, 29 бунгоҳи тиббӣ ва 2 маркази аввалияи тиббию санитарӣ бо фарогирии 403 нафар коргарон ба мардум хизмат мерасонанд. Шумораи табибони оилавӣ ба 110 нафар расидаАст, ки аз онҳо 20 нафарашон дорои маълумоти олӣ мебошанд. Барои таъмини маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии МИҲД-и ноҳия 408 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти авввалияи дараҷаи тиббӣ харидорӣ гардида, ба деҳаҳои дурдасти ноҳия дастрас карда шудааст. Дар ҷамоатҳои Урметан, Рарз, Дар-Дар, Анзоб, Фондарё ва Шамтуч беморхонаҳои марказӣ таъмир ва азнавсозӣ карда, дар деҳаҳои атрофи ҷамоатҳо бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва хонаи хатна сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бо дарозии 1,5 км роҳи деҳаи Нарвади ҷамоати деҳоти Фондарё бо паҳноии 5 метр таъмир ва азнавсозӣ карда шуд.

Маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар маркази таваҷҷуҳи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Тибқи маълумотҳо, дар соли гузашта ба Маркази миллии тестии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Айнӣ 1055 нафар ҳуҷҷат супорида, дар маҷмуъ 855 нафар дохил шудаанд. Айни замон дар ноҳия 66 мактаб, аз он 53 муассисаҳои миёна, 13 муассисаи асосӣ фарогири 18485 нафар хонандагон ва 4 муассисаи томактабӣ бо 18 мураббӣ ва 346 нафар кӯдакон амал мекунанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1719 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд.

Мардуми ноҳияи Айнӣ аз қадимулайём соҳиби фарҳанги бой буданд ва соҳиби расму оини ба худ хосанд. Дар ҳар як деҳа (шумораи деҳаҳои ноҳия ба 98 расидааст) то ба имрӯз мӯйсафедон соҳиби фарҳанги ба худ хосанд. Дар ин айёми соҳибистиқлолӣ ноҳия дорои як бахши фарҳанг, 32 муассисаи клубӣ, 39 китобхонаи марказонидашуда, 2 мактаби санъат, 1 Қасри фарҳанг, 1 осорхона ва 1 маҷмааи таърихию фарҳангии ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ мебошад. Фонди китоби китобхонаҳои ноҳия 187852 нусха ва гардиши китобдиҳӣ 47201 нусхаро ташкил медиҳад. Бахши фарҳанги ноҳия дар баргузор гардидани чорабиниҳо ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ нақши арзанда дорад. Дар осорхонаи ноҳия 580 нигораҳо ҷамъ оварда шудаанд, ки 440 нигораи он аз тарафи сокинон ва нафарони касбу кори гуногун туҳфа карда шудааст.

Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳост. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳия ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Қарзи музди меҳнат дар ташкилотҳои буҷавӣ ба назар намерасад. Музди миёнаи меҳнат дар ноҳия тамоюли афзоиш дорад ва он то 1490,3 сомониро ташкил медиҳад. Бахши хусусии соҳибкорӣ ва ҳамаи соҳаҳо афзоиш доранд.

Ноҳияи Айнӣ таърихи куҳанбунёд дошта, дорои 68 деҳа, 8 ҷамоат ва 84 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад, ки соли 1930 ташкил ёфтааст. Маркази ноҳия шаҳраки Варз буда, имрӯз зиёда аз 12 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Дар замонҳои пеш бо исмҳои Заҳматобод ва Фалғар ном бароварда буд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушду нумӯи тоза ёфт ва Истиқлолият ба ноҳия шукуфоӣ овард. Кушода шудани тунелҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» рафтуомади сокинони ноҳияро ба пойтахт — шаҳри Душанбе ва маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд осон ва наздик намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз даҳ маротиба ба ноҳияи Айнӣ сафар намудаанд. Аз ҷумла, 3-юми августи соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи зебоманзари Яғноби ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ сафари корӣ намуданд. Ин нахустин сафари Сарвари давлат аз мавзеи баландкуҳи таърихӣ ва дорои табиати зебою дилфиреби Тоҷикистон буд. Зимни сафари корӣ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумии халқи суғдитабори Яғноб Сарвари давлат бо тарзи зиндагии мардуми ин деҳоти куҳистон, ки вижагиҳои зиёди фарқкунанда дорад, аз наздик шинос шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми октябри соли 2015 зимни сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ, дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи назди пайкараи Нақибхон Туғрал, кушодашавии Қасри фарҳанг, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат номи Нақибхон Туғралро гирифт ва Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии ин шоири маъруфи тоҷикро, ки ба ифтихори 150-солагии ӯ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамаи нерӯяшро истифода мебарад, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда пешвоз гирад. Аз 350 иншооти сохташудаистода то имрӯз зиёда аз 221 иншоот пурра ба истифода дода шудааст ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки то ин ҷашни бузург ҳамаи иншоот пурра ба истифода дода хоҳанд шуд. Соҳибкорони дохилӣ ва бурунмарзии ноҳия дар як давраи муайян ноҳияии Айниро ба шаҳри зебое табдил хоҳанд дод.

Таҳияи Саидмурод САИДОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here