Ҳамин ҳоло ҳафтаи сеюм аст, ки нишастҳои матбуотии ниҳодҳои давлатӣ баргузор шуда истодааст. Аммо дар натиҷаи иштирок дар якчанд силсиланишастҳо хулоса кардан мумкин аст, ки кадом мақомот ё ниҳоди давлатӣ то кадом сатҳ аз уҳдаи иҷрои фармони роҳбарияти давлат баромада истодаанд. Хостем перомуни ин мавзуъ каме андаешаронӣ кунем.
Тартиби баргузории нишастҳои хабарӣ бояд тариқи зайл сурат бигирад: Сараввал шиносоии роҳбарияти мақомот ва суханронии кӯтоҳи 10-15-дақиқаина дар бораи фаъолияти нимсолаи ниҳоди дахлдор ва идомаи вақт бо суолу посухгӯйӣ ба итмом расад. Аммо, мутаассифона, тартиби баргузории нишастҳои матбуотии баъзе аз мақомоти кишвар тамоман аз дигар сайёраи галактикаи “Роҳи каҳкашон” пешниҳод гардида, ҳамон тариқ сурат мегирад. Он ниҳодҳо, мисли асри XVIII-XIX — давраи амирии салтанати Аморати Бухоро, аввал сарсухан ба ҳаҷми 5-10 дақиқа ва пасон ба хондани “номаи элчӣ” оғоз мекунанд. Хондани “пресс-релиз”-и эшон 25-35 ва баъзан ҳатто 45-55 дақиқа идома меёбад ва ҳангоми анҷоми хондан ба намояндагони ВАО рӯй оварда, мегӯянд: “Агар суолҳо набошанд, ҷамбаст кунем ҳам мешвад, зеро вақти ҷудошуда низ ба охир расид”. Намояндагони воситаҳои ахбори умум низ “ва бираҳматика ё арҳамар роҳимин” гӯён, дуо карда, аз ҷой мехезанду толори нишастгоҳро холӣ мекунанд.
Акнун сари масъалаи асосӣ меоем, ки чаро имрӯз баъзе аз нишастҳо мисли ҳисобот ё маҷлиси солона сурат мегиранд? Ё ин ки роҳбарияти ниҳодҳо нишасти матбуотиро аз ҳисоботи солона фарқ карда наметавонанд ва ё аз суолгузории журналистон меҳаросанд ва ҳарчи бештар суханро барои гузаштани вақт кашол медиҳанд.
Боре дар рафти нишаст яке аз роҳбарони ниҳоди давлатӣ дар хотима худ бо забони хеш иқрор шуд, ки бояд мо нишасти матбуотӣ мегузаронидем, зеро эшон 1,25 дақиқа ба шахсони ба нишаст омада “лексияи солона” ироа кард ва аз фурсати муносиб истифода бурда, баъзе кормандонашро аз ҷой хезонда, “қадрдонӣ” низ намуд. Дар як нишасти дигари хабарӣ бошад, аз сабаби роҳбарияти дахлдор вақти зиёдро барои хондани варақаи иттилоотӣ сарф кардан, як журналист аз ҷой хеста, “бубахшед, инҷо нишаст аст ё ҳисоботи солона?” гуфта, пурсид. Дар ҷавоб ба саволи журналист “ками дигар, мо ҷамбаст кунем, баъд ба саволҳо мегузарем” гуфту халос. Аммо аҷоиботи нишастҳои мо дар он аст, ки гӯё ҳамаи намояндагони ВАО-и кишвар нобино ё бехату бесавод бошанд, ки вақти зиёдро танҳо дар хондани ана ҳамон “пресс-релиз” сарф мекунанд. Ҳол он ки, то оғози пресс-конфронс журналистон то 2-3 бор варақаи иттилоотиро мехонанд ва ҷойҳои заруриро қайд карда, суолҳои худро барои пешниҳод омода мекунанд. Аммо, мутаассифона, баъзе суолҳои журналистон мисли “номаҳои нохонда” ҳамчун “саволҳои беҷавоб” боқӣ мемонанд. Пас мақсад аз ин сохтаркории баъзе аз мақомоти давлатӣ дар чист ва ё бо ин роҳ мехоҳанд танҳо ба боло расонанд, ки “ҳа, мо нишасти матбуотӣ баргузор кардем”?
Мақсад аз гузаронидани нишасти матбуотӣ — ин хонадани “пресс-релиз” ва ба таърифи ду-се неожурналистон гӯш додан нест, балки баръакс камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи соҳаро дар якҷоягӣ, бо ҳамкории намояндагони ВАО рафъ кардан аст. Пас, худ хулоса кунед, ки агар ҳамин тавр идома ёбад, баъди чор-панҷ сол нишастҳои матбуотӣ тариқи зерин сурат мегиранд:
— Ба намояндагони ВАО ёдрас менамоем, ки барои шинос шудан ба фаъолияти нимсолаи вазорати мо тариқи интернет ба сомонаи мо ворид шуда, нусхаи электронии “пресс-релиз”-ро гиранд. Барои онҳое, ки дастрасӣ ба интернет надоранд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рӯзҳои фалон аз соати ин то соати он ройгон варақаи иттилоотӣ тақсим карда мешавад. Ногуфта намонад, боз шумо метавонед “пресс-релиз”-ҳоро тариқи аудиоӣ дастрас намоед. Хоҳишмандон метавонанд дастрас намоянд. Ташаккур барои ҳамкорӣ бо вазорати мо…

Нуралӣ КАРИМ

Нишасти матбуотӣ ҳисоботи нимсола аст!
Худ маълум аст, ки нишасти матбуотӣ ҳисоботи солона не, балки ҳисоботи нимсола аст. Дигар ин хел сарлавҳа нагузору моро ҳам водор накун, ки чунин сарлавҳа гузорем, Нуралӣ.
Ба нишастҳои хабарӣ барои хабар навиштан ва барои ба суоли доштаамон ҷавоб гирифтан меравем. Пеш аз оғози “маҷлис” ба ҳамаи рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ дода мешавад. Аллакай мақсади аввал иҷро шуд. Мо метавонем аз рӯйи он варақа хабар нашр кунем.
Хуб, инак ҳама омада нишастанду нишаст оғоз шуд. Маълум аст, ки пеш аз оғози сухан бояд онҳоеро, ки соҳибхона ҳисобида мешаванд, шинохт ва шиносоӣ вақти муайянро мегирад. Баъд аз он аз натиҷаи кори нимсолаи худ намояндагони “нишаста”-и он маълумот медиҳанд. Табиист, ки ироаи маълумоти кори нимсола камтар аз 50 дақиқа намешавад. Дар варақаҳои итиллоотӣ ҳамаи ин намеғунҷад.Ин айби намояндагони ниҳодҳои давлатӣ нест, ки барои нишастҳои матбуотӣ вақти кам ҷудо шудааст. Вале новобаста аз ин ҳам, намояндагони “нишаста” кӯшиш мекунанд, ки барои ба суолҳои рӯзноманигорон ҷавоб гуфтан вақт ҷудо намоянд. Инро набояд инкор кард, ки ягон нишасти матбуотӣ бе суолу ҷавоб бо рӯзноманигорон ҷамъбаст намегардад. Ана, вақти ба суолҳо посух гуфтан ҳам расид. Ин гуноҳи худи рӯзноманигорон аст, ки вақт намерасад, то шумо ҷавоби суолҳои махсусатонро пурсон шавед. Рӯзноманигорон дар нишастҳои матбуотӣ аз намояндаи Вазорати маориф ва илм теъдоди макотиби кишвару аз намояндаи Кумитаи дин вақти намози пешинро мепурсанд. Ҳарчанд шумо онҳоро рӯзноманигор намеҳисобед, вале онҳо ҳуҷҷати рӯзноманигорӣ доранд. Рафта гиребони онҳоро гиред, чунки сабаби ба суолатон ҷавоб нагирифтан онҳо шуданд.
Як чизи дигар ногуфта намонад. Одили Нозир — хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба радиои “Озодӣ” гуфта буд, ки гӯё “масъулони сатҳи аввали вазорату ниҳодҳои давлатӣ кӯшиш мекунанд аз посух фирор кунанд ва агар ҷавоб ҳам диҳанд, беҳад кӯтоҳ аст”. Ин куллан фикри хатост. Ҳамаи масъулони ниҳодҳои давлатӣ ба суолҳои рӯзноманигорон пурра шарҳ дода, ҷавоб мегӯянд. Ин намунааш:
Рӯзноманигор:
— Исм чист?
Ҷавобгӯянда:
— Воқеан саволи бамаврид. Дар ин хусус инро гуфтанием, ки соли 1989 як гуруҳи пажуҳишӣ аз ҳисоби олимон таъсис дода будем, ки дар бораи ҳиссаҳои нутқ тадқиқотҳои илмӣ…
… ва инчунин бояд гӯем, ки айни ҳол ҳам барои дуруст кардани китобҳои забони тоҷикӣ корҳо ҷоннок карда шуданду…
… инчунин, ногуфта намонад, ки гуруҳҳои кории мо ҳамарӯза…

Хайёми САРАХОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here