Соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари қабули Эъломияи истиқлолияти ҶТ ифода меёбад, ки он 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ қабул шудааст.

Гарчанде Эъломия ҳамчун санади ҳуқуқии муайянкундаи истиқлолияти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд (м. 1), таҷзияи ҳокимият (м. 3), волоияти Конститутсия ва қонунҳо, баробарҳуқуқии шаҳрвандон ва ғ. муқарар шудаанд, вале санади асосӣ ва барои халқ муҳим, ки роҳҳои татбиқи ин меъёрҳоро муайян намуда, кафолати иҷроиши онҳоро пешбинӣ намуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Конститутсия қонуни асосии давлат, танзимкунандаи муносибатҳои муҳим ва асосии ҷамъият, муайянкунандаи моҳияти ҳуқуқии давлат ва институти асосии демократия мебошад. Вобаста ба ҳамин, хусусиятҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мебошад, ки дар он асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори маъмурию ҳудудии давлатӣ, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян шудаанд.

Конститутсияи аввалини Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми апрели соли 1929 аз тарафи Анҷумани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Конститутсияи дуюм 25-уми феврали соли 1931 аз тарафи Анҷумани Шӯроҳои Тоҷикистон ва Конститутсияҳои ҶШС Тоҷикистон солҳои 1937,1978 аз тарафи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қабул гардидаанд. Хусусияти асосии Конститутсияи айни ҳол амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияҳои қаблӣ дар он мебошад, ки дар қабули он халқ бевосита дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки 6-уми ноябри соли 1994 баргузор гардид, иштирок намуда, ҷонибдор будан ё набудани худро аз тариқи раъйдиҳӣ иброз намуданд.

Дар таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ Коститутсия аз ҷониби субектҳои гуногун қабул карда мешавад. Чунончи, қабули Конститутсия аз ҷониби мақомоти намояндагӣ (дар Чин, Финландия, Украина, Афғонистон ва ғ.), аз ҷониби сардори давлат (дар Қатар, Қувайт, АМА ва ғ.), аз тариқи раъйпурсӣ (дар Фаронса, Тоҷикистон, Озорбойҷон ва ғ.). Ба тариқи раъйпурсӣ қабул намудани Конститутсия тарзи демократии қабули ин санади сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба шумор рафта, натиҷаи раъйпурсӣ муайянкунандаи тақдири минбаъдаи Конститутсия мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки дар аксарияти мамлакатҳои хориҷӣ аз ин усули кабули Конститутсия истиқбол шуда, ба ин таҷриба афзалият медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ аз ин падида истикбол намуда, соҳибихтиёрии халқро аз тариқи қабули Конститутсия кафолат дода, муайянкунада будани иродаи халқро муқаррар ва мустаҳкам намуд.

Соҳибихтиёрии воқеии халқ баъди қабули Конститутсия расман эътироф шуда, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани он кафолат дода шудааст. Мазмуну муҳтавои ин Конститутсия аз Конститутсияҳои пешин куллан фарқ мекунад. Он дар худ муқарраротеро пешбинӣ намуд, ки барои Тоҷикистон падидаи нав буданд. Аз ҷумла, дар моддаи якуми он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ эътироф гардида, падидаҳои гуногуни демократӣ, ба монанди иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ ва ширкати онҳо дар раъйпурсию интихобот (м. 27), аз ҷониби шаҳрвандон ташкил намудани ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (м. 28), озодии сухан (м. 30) ва ғайраҳо муқаррар шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якборагӣ аз низоми коммунистӣ ба шакли идоракунии демократӣ гузашта, бо қабули ин Конститутсия дар ҷомеаи байналхалқӣ ба ҳайси давлати демократӣ ва субекти мустакили муносибатҳои байналхалқӣ пазируфта шуда, вориди ташкилотҳои хурду бузурги байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, бо қабул ва эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба худ уҳдадорӣ гирифт, то муқаррароти онҳоро дар санадҳои дохилии худ ратификатсия намояд. Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр шакли идораи демократӣ ҷорӣ гардид. Дар ҳеҷ Конститутсияҳои қаблӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф нашуда буд. Қувваи роҳбар ва пешбар, ядрои сиёсии ҷамъият ҳизби коммунистӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқҳои дигар шаҳрвандон барои ташкили ҳизбҳои сиёсӣ маҳдуд мешуд. Айни замон дар асоси Конститутсия, ки дар заминаи он дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ба шаҳрвандон кафолатҳои зиёди ҳуқуқӣ дода шудааст ва ҳуқуқу озодиҳои онҳо танҳо бо қонун ва бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ маҳдуд карда мешавад. Дар баробари ҳизби коммунистӣ ҳизбҳои дигари сиёсӣ ташкил шуданд, ки аз моҳияти демократия ва низоми бисёрҳизбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.

Ёдовар бояд шуд, ин аввалин Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки прюларизми сиёсиро муқаррар намуда, имконияти ҳуқуқии дар ҷамъият озодона баён намудани андешаҳои мухталифи шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятиро кафолат додааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими мавқеи Конститутсия, баланд бардоштани афкори конститутсионии шаҳрвандон, ҳамчунин баҳри амали кафолатҳои конститутсионӣ чораҳои дахлдор меандешад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаю стратегияҳои соҳавӣ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи «Волоияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ» сурат гирифта, субектҳои ҳуқуқэҷодкунанда мекӯшанд ҳангоми таҳияи санади ҳуқуқӣ ин принсипро ба роҳбарӣ гиранд.

Гулбаҳор ГАДОЕВА,

донишҷӯи ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here