Ватанро соҳиби кунем, дӯст дорем, бо забонамон, бо рафторамон, бо кирдорамон, бо амаламон. Исбот кунем, ки мо соҳибватан ҳастем. Мо давлат дорем, мо Ватан дорем!”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ватани ман! Ту чӣ рӯзҳоеро надидаӣ! Бар сари ту чӣ ҳодисаҳое, ки наомадааст! Ман дар оинаи нилгун дидам, ки ватанам вайрону валангор аст. Ҳама бо худ яроқ доранду ҳама ҷо пур аз танку мошинҳои зиреҳпӯш аст. Дидам мӯйсафедеро, ки мисли тифли навзод мегиряд. Кӯдакеро дидам, ки дар кӯча “модар” гуфта дод мезад.

Вақте падару модарам рӯзҳои сиёҳи ҷанги шаҳрвандиро нақл мекунанд, ба ман хеле ҷолиб мешавад. Бодиққат гӯш меандозам. Мегӯянд он вақт нони хӯрдан набуд, халқ сабусро орд карда мехӯрданд. Барои нон навбат меистодем, занозанӣ мешуд. Ҳатто падарам, ки дар заводи нонпазии шаҳрамон кор мекард, нақл мекунад, ки он вақт дар завод орди гандум ёфтан душвор буд. Гутфанд, ки дар деҳа силоҳбадастон мегаштанд. Тирпарронӣ мешуд, мекуштанд, меовехтанд. Ҳатто модарам нақл мекунанд, ки бо чанде аз ҳамсояҳо ба дигар деҳаҳои каме амн гурехта мерафтем. Дуо мекардем, ки рӯзе ин рӯзҳо тамом шавад, то ки мо низ осоишта зиндагӣ кунем. Мактабҳо дар ҳолати бад қарор доштанд. Силоҳбадастон мактабу донишгоҳҳо ва ҳатто телевизион, радио ва газетаҳоро идора мекарданд.

Чӣ қадар кӯшишҳо ба харҷ дода шуд, барои ором намудани халқи гумроҳ. Чӣ қадар халқ ҷони худро бохта буданд. Чӣ манзарае дошт, Тоҷикистони ман.

Оҳ Тоҷикистон, садқаи номат! Кӣ он замон тоҷатро гирифтанӣ шуд? Кӣ нахост, ки сулҳ бошад? Сабаби ин ҳама рӯзҳо чӣ буд? Ҳама орзуи сулҳро доштанд-ку. Пас чаро ҳама сарҷамъ наомаданд? Оҳ, Тоҷикистонам! Магар намехостӣ, ки сокинонат орому осоишта зиндагӣ кунанд? Магар намехостӣ, ки мисли имрӯза зебову дилоро бимонӣ? Имрӯзро бубин, чӣ қадар дилнишин шудаӣ? Пур аз биноҳои баландошёна, пур аз нону халтаҳои орд ва аз ҳама асосиаш, ҳоло сулҳ пойдор аст! Халқат оромона шабу рӯз дар зери ҳавоят нафас мекашанду қадам мезананд. Шукри истиқлоли Ватан! Ин ҳама бо кӯшишу ғайрати зиёди марди ҷасуру тавонои туст. Зиҳӣ Эмомалӣ Раҳмон, зиҳӣ! Барои якҷо намудани ҳамватанони худ, чӣ корҳоеро накардаӣ. Ҷони худро дар хатар гузоштиву тоҷикони гуреза ба дигар мамлакатҳоро ба Ватан ҷамъ овардӣ. Орзуи волидон ва орзуи ҳама ҳамватанонамонро амалӣ намудаед. Ватанам, битвонӣ ҳама он рӯзҳоро фаромӯш кун ва дуо мекунам, ки он рӯзҳо дубора бар сарат наоянд!

Ҳоло ҳар як гӯшаи ҷумҳурӣ ҷилои сабзаву гул медиҳад. Дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактабҳо, беморхонаҳо, майдончаҳо, боғҳои истироҳатӣ, тарабхонаҳо, маркази дилхушии кӯдакона, заводҳо, осорхонаҳо ва даҳҳо иншоот сохта шудааст, ки барои мо сокинон хеле писанд аст.

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Сунатулло ҲОМИДЗОД

 P.S. Ба фикру андешаҳои дигарон кордор нестам, аммо ман сараввал падарамро ва баъдан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавонам «Сояи Худованд» гӯям, зеро эшон орзуҳои ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриямонро амалӣ намуд ва коре кард, ки номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бо ном ва бо роҳбараш шиносанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here