Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Лахш сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Лахш дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва коллективҳои меҳнатии ноҳияи Лахш конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳуриро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои иҷрои пурраи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шаш моҳи соли 2020 корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.
Иҷрои буҷет
Ҳалли аксар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳия, баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андозҳо ва пуррагардонии буҷет вобаста мебошад, ки ин масъала ҳамеша зери диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш қарор дошта, ҷиҳати пурра ба кор андохтани механизм ва манбаъҳои иловагии ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Дар натиҷа, нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ мутобиқи нақша дар шаш моҳи соли 2020 (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) дар ҳаҷми 101 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷойи 6 млн 540,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет 6 млн 607,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 67,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2020 қарзи андоз аз буҷет ба маблағи 2 млн 856,9 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба 1-уми январи соли 2020 ба маблағи 122,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида ба маблағи 15 млн 124,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл бошад, воридоти маблағ 14 млн 935,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 98,8 фоизро ташкил медиҳад.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар шаш моҳи соли 2020 тибқи нақша ба маблағи 21 млн 724,8 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, 20 млн 261,3 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки 93,3 фоизи нақшаро ташкил менамояд.
Музди меҳнати як нафар коргар дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия дар моҳҳои январ-майи соли 2020 ба 689 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 сомонӣ зиёд мебошад.
Шумораи умумии нафақагирони ноҳия 4961 нафарро ташкил намуда, ба ҳамаи онҳо нафақаашон саривақт пардохт мегардад.
Рушди соҳаи саноат
Дар пайравӣ ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили корхонаҳои саноатӣ ва рушди соҳаи мазкур зери таваҷҷуҳи махсуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш қарор дорад. Зеро дар шароити имрӯза бе мавҷудияти саноати пешрафта таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум ва ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ аз имкон берун мебошад.
Дар ноҳия як адад корхонаи саноатии “Сумая” фаъолият мекунад, ки дар самти таъмини ҷойҳои корӣ ва истеҳсоли сарулибоси мактабӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия саҳми назаррас дорад. Корхонаи мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд соли 2017 таъсис ёфтааст. Аз тарафи коргоҳи мазкур дар хусуси барои эҳтиёҷоти хонандагони мактабҳои ноҳия дар соли таҳсили 2020-2021 истеҳсол намудани 6331 ҷуфт сарулибоси мактабӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия шартнома баста шуда, то имрӯз 50 фоизи маҳсулот барои пешкаши хонандагон гардонидан омода мебошад. Дар назар аст, ки шумораи боқимонда то оғози моҳи август барои пешкаши хонандагон гардонидан омода карда шавад.
Барқтаъминкунӣ
Дар шаш моҳи соли 2020 истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ — нерӯгоҳҳои хурди барқи обии «Питовкул-1» ва «Питовкул-2» ба миқдори 913,9 ҳазор кВт соат нерӯи барқ истеҳсол намудаанд.
Оид ба истифодаи нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи он дар ноҳия бояд зикр намуд, ки дар шаш моҳи соли 2020 дар ноҳия ба миқдори 23 млн 358,4 ҳазор кВт.с ва ба маблағи 4 млн 982,0 ҳазор сомонӣ қувваи барқ истифода шудааст.
Иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ дар шаш моҳи соли 2020-ум 80,1 фоизро ташкил додааст. Аз ҳисоби аҳолӣ бошад, ба миқдори 15 млн 517,6 ҳазор кВт.с қувваи барқ ба маблағи 2 млн 734,0 ҳазор сомонӣ истифода гардида, иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби аҳолӣ 92,4 фоизро ташкил намудааст.
Рушди кишоварзӣ
Бо мақсади таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқ, маҷмуи умумии даромади кишоварзони ноҳияи Лахш дар шаш моҳи соли 2020 ба маблағи 24 млн 948,9 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72,0 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 100,3 фоизро ташкил менамояд.
Кишоварзони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои истеҳсолот дар майдони 1252 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ, дар майдони 5711 гектар кишти картошка ва дар майдони 117 гектар кишти сабзавот гузаронидаанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талоши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ барзиёд иҷро гардида, ба ҷойи 4374 гектари тибқи дурнамо пешбинигардида дар ноҳия 5711 гектар картошка кишт карда шудааст, ки нисбати дурнамо 1337 гектар зиёд ё баробари 130,5 фоиз мебошад.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Лахш дар ҷумҳурӣ яке аз ноҳияҳои асосии картошкапарварӣ буда, саҳми он дар самти амнияти озуқавории кишвар басо калон арзёбӣ карда мешавад.
Вақте ки баҳри дидани заминҳои кишти картошка мо ба дурдасттарин ҷамоати деҳоти ин ноҳия — Муксу рафтем, дар ҳақиқат аз муъҷизаи дасти инсон ангушти ҳайрат газидем. Зеро то пиряхҳои мавзеи дараи ин ҷамоати деҳот ҳамагӣ 400-500 метр роҳ монда буду мардум дар майдони беш аз 500 га картошка кишт карда буданд.
Ба гуфтаи сокини ҳамин ҷамоати деҳот Ботурбек Ғаниев, дар 2-3 соли охир аз ҳар гектари картошка аз 550 то 770 сентнер ҳосил гирифтаанд, ки инро аз кордониву корбарии хуби яке аз вафодортарин пайравони Пешвои миллат, раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло медонанд.
— Маҳз супориши Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман ҳамчун раиси ноҳия сабаб гардид, ки ин дастури Пешвои муаззамро ба самъи кишоварзони ноҳия расонам ва имрӯз бо ифтихор ҳисобот медиҳам, ки деҳқонони ин ноҳияи дурдасти кишвар ба ҷои 4371 гектари дурнамо дар майдони 5711 га картошка кишт намуданд, ки 130,5 %-ро ташкил намуда, нисбати дурнамо 1337 га зиёд мебошад. Маҳз амнияти кулли шаҳрвандону ҷумҳурӣ ва шароитҳои озоди фаъолияту нархҳои мусоиди маҳсулот, ки кишоварз аз меҳнати худ даромади хуб мегирад, ӯро водор месозад, то ҳар порча замин, ҳатто чашмаҳои куҳиро самаранок истифода намуда, даромади хуб ба даст ораду зиндагии хубро барои худ ва пайвандонаш муҳайё намояд,- мегӯяд раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Баротзода Файзулло Раҷаб.
Фаъолияти бонкҳо
Дар шаш моҳи соли 2020 дастрасии соҳибкорон ва эҳтиёҷмандон ба хизматрасонии бонкӣ чунин мебошад: аз тарафи ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ба 45 нафар ба маблағи 514,5 ҳазор сомонӣ, ФҚХ «Эҳёи куҳистон» ба 133 нафар ба маблағи 468,2 ҳазор сомонӣ, шуъбаи БДА «Амонатбонк» ба 230 нафар ба маблағи 3 млн 377,4 ҳазор сомонӣ, ФҚХ «Боршуд» ба 43 нафар ба маблағи 428,2 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 4 млн 788,3 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудааст.
Рушди соҳибкорӣ
Тибқи маълумоти нозироти андози ноҳия, тариқи «Равзанаи ягона» дар шаш моҳи соли 2020 дар миқёси ноҳия 2351 адад субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии соҳибкорон 450 нафарро соҳибкорзанон ташкил менамоянд, ки баробари 19,1 фоизи шумораи умумии соҳибкорон мебошад.
Меъморӣ ва сохтмон
Дар шаш моҳи соли 2020 дар ҳудуди ноҳия таъмиру барқарорсозӣ ва сохтмони 17 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, сохтмони биною иншоот идома дорад. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 1 иншоот, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохтмони 1 иншоот, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон ва аҳолӣ сохтмони 10 иншоот ва аз ҳисоби ташкилотҳои хориҷӣ сохтмони 5 иншоот ба нақша гирифта шуда, 2 адади иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар идома дорад.
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №1059АП Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҷиҳати истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2018 қабул гардида, тибқи он дар тӯли солҳои 2018 -2021 сохтмон ва бунёди 209 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аз шумораи 209 адад иншооти ба нақша гирифташуда 40 адади он дар соли 2018 ба анҷом расонида шуда, 39 банд дар соли 2019 ба анҷом расонида шуда, 43 банд дар нимсолаи соли 2020 ба анҷом расонида шуда, дигар бандҳои нақшаи мазкур таҳти назорати доимии масъулин қарор доранд.
Таъмири роҳҳо ва корҳои ободонӣ
Дар тавозуни муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш ва минтақаи Лахш 113 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 29,6 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 123,6 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ мавҷуд мебошанд, ки масофаи умумии онҳо 266,2 километрро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, саҳми кумитаи маҳаллаҳо, шахсони алоҳида ва соҳибкорон ба масофаи умумии 75,5 километр, аз он ҷумла, дар ҷамоати шаҳраки Ваҳдат 13 километр, ҷамоати деҳоти Ҷиргатол 1,5 километр, ҷамоати деҳоти Янгишаҳр 6 километр, ҷамоати деҳоти Пилдон 6 километр, ҷамоати деҳоти Сурхоб 13 километр, ҷамоати деҳоти Сартало 8 километр, ҷамоати деҳоти Қашот 2,5 километр, ҷамоати деҳоти Лахш 11,5 километр, ҷамоати деҳоти Алға 11 километр ва дар ҷамоати деҳоти Муксу 7 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва шағалпӯш карда шуда, корҳои ободонӣ дар ин самт идома доранд.
Рушди соҳаи маориф
Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳия 61 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 13 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 42 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти умумӣ 12635 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки аз ин 6081 нафарашон духтарон мебошанд. Шумораи омӯзгорон 1064 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 399 нафарашон занон мебошанд.
Соҳаи тандурустӣ
Шумораи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар ноҳия 63 ададро ташкил медиҳанд. Аз ин 1 адад беморхонаи марказӣ, 6 адад беморхонаҳои минтақавӣ, 1 адад маркази саломатии ноҳиявӣ, 9 адад марказҳои саломатии деҳотӣ, 38 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 1 адад бахши хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии ноҳия, 1 адад маркази эмтаъминкунӣ, 1 адад маркази бемориҳои сил, 1 адад маркази бемориҳои ВНМО, 1 адад маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, 1 адад маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, 1 адад маркази солимии репродуктивӣ ва 1 адад маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия фаъолият намуда истодаанд.
Айни ҳол аз тарафи маркази ВНМО 12 нафар беморони гирифтори ВИЧ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 3 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Шумораи зикргардидаи беморон таҳти назорати мутахассисони Маркази пешгирии бемориҳои ВНМО қарор дошта, ҳамаи онҳо бо дорувориҳои зидди ретровирусӣ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.
Дар шаш моҳи соли 2020 ба маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили ноҳия ҳамагӣ 213 нафар муроҷиат намудаанд, ки аз ин 8 нафарашон сироятёфта буда, 18 нафар табобат ёфтаанд. Ҳамаи беморон аз тарафи Маркази пешгирии бемориҳои сили ноҳия ва дар ҳамкорӣ бо Барномаи DOTS ба табобати зиддисилии ройгон фаро гирифта шудаанд.
Ҷиҳати пешгирии хатари паҳншавӣ ва гирифторӣ ба бемории сироятии КОВИД-19 чораҳои муассир андешида шуда, дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Аз тарафи МИҲД-и ноҳия ситоди доимоамалкунандаи ноҳиявӣ амал менамояд, ки дар он намояндагони соҳаи тиб, ходимони дин ва дигар фаъолон шомил буда, сар карда аз раиси ноҳия ҳамаи кормандон ба суратҳисобаш маблағи муайян ирсол намудаанд. Ҳамзамон, имрӯз ба таври лозима доруву даво ва маводҳои антисептикиву ҷой барои табобати ройгон дар ноҳия мавҷуд мебошад.
Рушди соҳаи фарҳанг
Дар ноҳия 51 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 28 китобхона, 10 клуб, 8 хонаи фарҳангӣ, 1 мактаби мусиқӣ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 ансамбли тарона ва рақси “Садои Лахш”, 20 адад ёдгориҳои таърихӣ ва 2 осорхонаи назди бахши фарҳанг фаъолият доранд, ки ба мардум хизматҳои фарҳангиву фароғатӣ мерасонанд.
Ҷашну маросимҳои миллӣ
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар ноҳия 98 комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ, аз ҷумла 1 адад комиссияи доимии шаҳрак, 9 адад комиссияи доимии деҳотӣ ва 88 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 8 маротиба санҷишҳои фаъолияти комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо ва комиссияҳои ҷамъиятии кумитаи маҳаллаҳо гузаронида шуда, 2 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. Нисбати қонуншикании зикргардида протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳия пешниҳод карда шудааст.
Дар шаш моҳи соли 2020 дар ноҳия 196 маъракаи тӯйи домодию арӯсӣ доир шудааст. Дар баргузории маъракаҳои мазкур 392 сар чорвои хурд забҳ гардида, хароҷоти умумии чунин маъракаҳо 1 млн 233,6 ҳазор сомониро дар бар мегирад, ки нисбати солҳои пешин, ки маъракаҳо басо серхароҷот мегузаштанд, даҳҳо маротиба кам мебошад.
Қабули шаҳрвандон
Дар шаш моҳи соли 2020 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш 552 адад муроҷиатҳои хаттӣ ва 66 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон мутааллиқ ба рӯзи қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси ноҳия мебошанд.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои шаҳрвандон 89 адад оид ба таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 55 адад оид ба ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ, 19 адад оид ба қатъ намудани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, 4 адад оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони марказҳои хизматрасонӣ, 125 адад дар бораи таъмин намудан бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, 12 адад оид ба сафари Ҳаҷ, 30 адад ҷиҳати расонидани кумакҳои моддӣ, 37 адад оид ба дастрас намудани воситаҳои тавонбахшӣ (аробача, асобағал, асо) барои маъюбон, 21 адад оид ба ҳалли масъалаи обтаъминкунӣ ва 87 адади дигар масъалаҳои гуногунро дар бар мегиранд.
Раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Баротзода Файзулло Раҷаб мегӯяд, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар оянда низ тамоми фаъолияти худро баҳри иҷрои вазифаҳои аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздамон гузошташуда равона намуда, меҳнаткашони ноҳия ҳамаи тадбирҳоро меандешанд, ки соли 2020-ро ба марҳилаи созандагию бунёдкориҳои азим ва муваффақиятҳои калони меҳнатӣ табдил дода, санаҳои муҳими таърихиро сарбаландона истиқбол гирем. Дар давраи минбаъдаи соли 2020 камбудиҳои дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷойдоштаро бартараф намуда, дучанд меҳнат намоем ва сазовори боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ноҳия гардем”.
— Ноҳияи Лахш дар шарқи ҷумҳурӣ ҷойгир буда, дар он асосан тоҷикону қирғизҳо асрҳо боз басо дӯстонаву бародарона зиндагӣ мекунанд. Кулли мардуми ноҳия аз сиёсати Пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, эшонро муттако ва дастгири мардуми куҳистон меҳисобанд. Агар каме пештар мардум дар заминҳо асосан алаф кишт мекарданд, имрӯз ин амал тағйир ёфта, алафро аз ноҳияҳои ҳамсоя меорем ва кӯшиш мекунем дар дилхоҳ замин, хоҳ дар пастӣ бошаду хоҳ дар баландӣ, картошка ва маҳсулоти полезӣ кишт карда шавад. Мардум ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, ҳар як чашмаро баҳри обёрии картошка соҳибихтиёрӣ намудаанд, ки мо низ онҳоро дастгирӣ мекунем. Пешрафтҳо дар ноҳия беназиранд. Як худи таъмиру сангфарш кардани 75,5 км роҳ аз ҷониби мардум диловарист. Бунёди 209 иншооти ҷашнӣ вобаста ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки аллакай қисми зиёдаш бунёд гардидааст, худ аз меҳнатдӯстии сокинони Лахш гувоҳӣ медиҳад. Ман бо сари баланд ва ифтихори беандоза иброз медорам, ки мардуми ноҳияи Лахш бо меҳнату иродаи қавиашон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, аҳолии кишварро бо нони дуюм (картошка) таъмин хоҳанд намуд,- афзуд ӯ.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
P.S. Бигзор дигар раисони шаҳру навоҳии куҳсори кишвар аз ноҳияи Лахш дидан намуда, аз таҷрибаи кишти картошка дар доманакуҳҳо баҳравар гарданд.