Хабарнигори МТЖТ ин навбат ба ноҳияи овозадори Куҳистони Мастчоҳ сафар намуда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин диёри домани гардун шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсила гузориши муфассал оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар 9 моҳи соли ҷорӣ манзури хонандагони ҳафтанома мегардад.

Омодагиҳо ба ҷашни пуршукуҳ

— Фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амру супоришҳои раиси муҳтарами вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода равона гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад,- иброз намуд раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода дар оғози суҳбат.

Зимни суҳбат раиси ноҳияи мазкур Муҳаммадҷобир Раҷабзода иброз дошт, ки “аҳли заҳмати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар баробари ҳамаи сокинони кишвари азизамон бо саъю талоши ватандӯстонаву созанда дар таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, арҷгузорӣ ба фарҳанги асили аҷдодӣ, суботу оромии Тоҷикистони азиз саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд. Барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, ободкорию созандагӣ, сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади иҷрои вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018, №АП-1059, қарори раиси ноҳия аз 01.06.2018, №100 ба тасвиб расида, дар заминаи он чор гуруҳи корӣ ташкил ва барои ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Бо ин мақсад нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 108 банд таҳия карда шуда, дар заминаи он то соли 2021 иншооти гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, ки барои рушду нумуъ, пешравию тараққиёт ва ободии ноҳия заминаи мусоидро ба миён меоварад, мавриди истифода қарор дода мешаванд”.

Тавре мавсуф дар идомаи суҳбат афзуд, “соли 2018-ум 29 адад иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то ҷамъбасти сол 24 адади он мавриди истифода қарор гирифт. Дар соли 2019 бошад, 44 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 25 адади он мавриди истифода қарор дода шуд, ки 57 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Дар 19 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо босуръат идома дорад. То ба имрӯз 50 дарсади сохтмонҳои дар нақшаи чорабинии бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойдодашуда ба итмом расонида шудаанд. Баҳри сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ ва рафти иҷрои қарори раиси вилояти Суғд “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳамчунин қарори раиси ноҳия ба тасвиб расонида шуда, корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ, тоза кардани маҳали зист бо иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ босуръат идома дорад”.

Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020 аз 171 лоиҳа иборат буда, маблағи он 173664,3 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми маблағҳои лоиҳаҳои амалигардида дар чор соли охир тибқи Барнома 103735,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки амалишавии он аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 62776,6 ҳазор сомонӣ мебошад.

Дар ин давра бо дастгирии сарчашмаҳои маблағгузорӣ 56 лоиҳа тибқи Барнома амалӣ гардид, ки дар пешравии рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия заминаи муфид ва мусоидро фароҳам овард. Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои давраи солҳои 2016-2020, ки аслан лоиҳаҳои муҳими самтҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба нақша гирифта шудаанд, баҳри пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад.

Музди миёнаи меҳнат дар ноҳия 728,34 сомониро ташкил дода, қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад. Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар ноҳия 291 нафар тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 68 нафар бонувон ва 223 нафари дигарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия 25413 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки аз ин шумора 20448 нафар бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мебошанд. Айни замон 19,6 фисади аҳолии ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин нестанд, ки ин масъала дар давоми 2 соли охир пурра ба иҷро расонида мешавад.

Дахлу харҷи буҷет

Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 2592000 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он то 01.10.2019-ум 2798665 сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин рақам аз нақша 206665 сомонӣ зиёд буда, 108 фоизро ташкил медиҳад.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта натиҷаҳо оид ба қисми даромади буҷети давлатӣ дар ноҳия 349614 сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст, ки 13,4 фоизи афзоиши қисми даромади буҷети ноҳияро ташкил медиҳад. Корбарӣ дар ин самт бо сохторҳои марбута дуруст ба роҳ монда шуда, таъминоти он зери назорати доимӣ қарор дорад. Натиҷаҳо дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хело хуб мебошанд. Қарздорӣ дар самти пардохти маблағҳо дар бандҳои ҳимояшавандаи қисми хароҷоти буҷет умуман дар ноҳия вуҷуд надорад.

Дар ноҳия баҳри пардохти андозҳо аз рӯи намудҳои он, ки даҳ намудро ташкил медиҳанд, фаъолият хело хуб ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли равон ҳамаи намуди андозҳо иҷро гардидаанд, ки қисми даромади буҷети ноҳия сифатан таъмин гардидааст. Аз давраи таъсисёбии ноҳия мавҷудияти бақия аз рӯи намудҳои андозҳои пардохтнашуда 194832 сомониро ташкил медиҳад. Гуфтан бамаврид аст, ки маърифати ҳуқуқии аҳолии ноҳия баҳри пардохти намудҳои андоз хело пеш рафтааст.

Риояи расмиёти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониҳо дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зери назорат қарор дорад.

Ба буҷети маҳаллӣ бошад, дар давраи ҳисоботӣ 1941071 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки он 112 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин давра ба буҷети ноҳия нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 201551 сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст.

Пардохти музди меҳнат ва фонди нафақа 11255631 сомониро ташкил медиҳад. Ба 1819 нафар нафақагирон дар нуҳмоҳа 4787433 сомонӣ нафақа пардохт карда шудааст. Қарздорӣ дар ин самт ба ҳолати 01.10.2019 вуҷуд надорад.

Рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ

Ҳамкории бахши хусусӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби соҳибкорон дар деҳаҳои Табушн, Оббурдон сохтмони майдончаҳои варзишӣ идома дорад. Дар деҳаи Истошон тариқи ҳашар бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон сохтмони толори варзишӣ рафта истодааст. Дар деҳаҳои Деҳавз, Хайробод ва Ронҷ мактабҳои нав ва 18 синфхона аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  шарикони рушд ва соҳибкорон сохта шуда истодаанд.

Аз тарафи Лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Зарафшон ва дигар шарикони рушд дар деҳаҳои Оббурдон ҷӯй ба масофаи 1 км, Падрох — ҷӯй ба масофаи 1,6 км, Виткон — ҷӯй ба масофаи 1 км, Пастиғав — ҷӯй ба масофаи 1,6 км, Эсизҳо — ҷӯй ба масофаи 1 км, Мадрушкат — ҷӯй ба воситаи лӯлаҳо ба масофаи 1 км, Сабағ — ҷӯй ба масофаи 500 метр пурра тариқи бетон азнавсозӣ карда шуда истодааст. Аллакай дар ин самт 3 км ҷӯйҳо пурра таъмир карда шудаанд. Хати оби полезию нӯшокии деҳаи Худгифи соя дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар сурати пурра мавриди истифода қарор додани иншоот ҳолати мелиоративии 45 га замин беҳ гардида, 15 га замини нав аз худ карда мешавад. Аз тарафи аҳолии деҳаи Пастиғав роҳи маҳаллӣ ба масофаи 200 метр, ки аҳолии деҳаҳои Сурхкат, Арнохун низ аз он истифода мебаранд, ба масофаи 500 метр тахту ҳамвор ва ба паҳноии 5 метр васеъ карда шуд.

Бо маблағгузории Дирексияи иншооти сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон канали Тагоб сохтмонаш ба масофаи 5,8 км дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, 80 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, зиёда аз 60 ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, барои паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Рушди саноат

Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 2688,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 891 ҳазор сомонӣ ё 49,6% зиёд мебошад. Дар ноҳия ягон корхонаи истеҳсолкунандаи инноватсионӣ мавҷуд набошад ҳам, вале панҷ коргоҳи хурди саноатӣ, коргоҳҳои коркарди чӯбу тахта дар деҳаҳои Мадрушкат, Ревомутк, Оббурдон, Падрох фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 14 нафар бо кор таъмин мебошанд.

Шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия 3 ададро ташкил медиҳад. Феълан корхонаҳои саноатии ҶДММ “Қудрат 2010”, ҶДММ “Оби Ғулуч” фаъолияти худро пеш бурда истодаанд. Аз ҷумла, ҶДММ “Қудрат 2010” дар ин давра 4855 тонна ангишт истихроҷ намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда нишондиҳанда 3305 тонна зиёд мебошад.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ аз 11.09.2016 ҷиҳати ба кор даровардани корхонаи коркарди тиллои “Қулла” фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2018, №14-ф ба тасвиб расонида шудааст.

Ҳифзи амнияти озуқаворӣ

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли 2019-ум 208572 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ба соҳаи чорводорӣ, боғдорӣ ва зироаткорӣ тааллуқ дошта, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14323 ҳазор сомонӣ ё 7,4 фоиз зиёд мебошад. Баҳри таъмини самаранокии истифодаи заминҳои кишоварзӣ дар ноҳия чораҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.

Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз тарафи ташкилоти “Сароб” ба ноҳия 10 тонна тухмии аълосифати навъи “Бигроза”ва аз тарафи соҳибкор Олимов Мирзо 70 тонна тухмии навъи “Бигроза” ворид гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ майдони 2328,6 гектарро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 18,6 гектар зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ занбӯри асал дар ноҳия ба 2008 оила расонида шуда, 44,5 тонна асал истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 тонна зиёд мебошад. Дар давоми ду соли охир ин соҳа дар ноҳия хело рушд карда, аҳолӣ дар 27 деҳаҳои ҳудуди ноҳия ба занбӯрпарварӣ машғул мебошанд.

Аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ва чарогоҳҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 23, 4 гектар боғ бунёд карда шуда, аз ҷумла 2,4 га боғи интенсивӣ, 9420 бех ниҳоли мевадиҳанда ва 8200 бех ниҳолҳои сояафканро дар бар мегирад. Асосан боғҳои интенсивӣ дар деҳаҳои Дашт, Оббурдон, Рогиф, Ҳадишаҳр, Ғузн бунёд карда шудаанд.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҳолати мелиоративии 68 гектар замин беҳ карда шудааст. Дар ноҳия заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда вуҷуд надорад.

Ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ноҳияи аграрӣ буда, шуғли асосии аҳолӣ кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошад. Айни замон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори моли майда 121953 сар, ҳайвони калони шохдор 15623 сар, қутос ба 893 сар расонида шудааст. Дар самти хушзоткунии чорво аз ҳисоби шахсони алоҳида зиёда аз 370 сар моли майдаи хушзот аз дигар ноҳияҳо ворид карда шудааст. Наслгирӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз ҳисоби моли майда 37763 сарро ташкил медиҳад. Дар нуҳ моҳи соли 2019-ум 997,6 тонна гӯшт, 6321 тонна шир истеҳсол карда шудааст. Ҷиҳати беталаф баровардани чорво дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 ҷамъоварии хошоки дурушт аз ҳисоби заминҳои обӣ ва чарогоҳҳо дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз 41100 тонна захира карда шудааст.

Барои беҳтар намудани кор дар самти фаъолияти кишоварзони ноҳия ду адад техникаи ҳозиразамони кишоварзии тамғаи МТЗ-82 бо дастгоҳҳои шудгоркунанда ва картошкаканак ба ноҳия ворид гардидааст.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бӯстон ва Хуҷанд санаҳои 11-14.09.2016 нақша — чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.09.2016 таҳия гардидааст. Бо мақсади иҷрои банди 8-и нақшаи чорабиниҳои мазкур ҷиҳати ворид намудани 1000 сар қутос аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ноҳия ба Вазорати кишоварзӣ дар соли 2017 се маротиба ва дар соли 2018 ду маротиба мактуб ирсол карда шудааст. Аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ посух гардонида шудааст, ки айни ҳол Вазорат барои дастрас намудани қутос ба ноҳия имкон надорад. Дар сурати ҷудо гардидани маблағ 1000 сар қутос ба ноҳия ворид карда мешавад.

Рушди сохтмон ва меъморӣ

Нақшаи генералии маркази ноҳия — шаҳраки Меҳрон аз ҷониби ҶДММ «Суғдшаҳрофар-М» ба миқдори 50 биноҳои маъмурию маишӣ тибқи меъёрҳо ва қоидаҳои шаҳрсозӣ таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2018, №229 тасдиқ карда шудааст. Майдони умумии нақшаи генералӣ 20,45 гектарро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳраки Меҳрон сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла биноҳои маъмурии Суд, шуъбаи ноҳиявии КДАМ, ШВКД, идораи сӯхторхомӯшкунӣ, филиали «Амонатбонк», Беморхонаи марказӣ, бахши ноҳиявии ҲХДТ, инчунин дар деҳаи Роғи ҷамоати деҳоти Лангар шуъбаи беморхонаи марказӣ (бино дорои сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дорухона мебошад) аз ҷониби соҳибкор сохта шуда, дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 20-уми августи соли 2019 мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар аснои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот ба хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия ду адад автомашинаи сӯхторхомушкунӣ, 1 адад компютер, ба бахши ноҳиявии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ як адад теникаи хизматии тамғаи “Пикап” ва дигар таҷҳизоти зарурӣ тақдим карда шуд. Дар доираи имкониятҳои фароҳамоварда дар идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳия 25 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Дар иншооте, ки ҳангоми ташрифи Пешвои миллат ба истифода дода шуданд, 60 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ҳамаи иншооти мавриди истифода қарордодашуда камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидаанд.

Сохтмони мактаб барои 450 нафар хонанда дар маркази ноҳия ва сохтмони мактаб дар деҳаи Дашти ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик барои 240 хонанда дар як баст, ки арзиши лоиҳавии он 2 млн 617 ҳазору 93 сомониро ташкил медиҳад, бомаром идома дорад.

Сохтмони хати оби нӯшокӣ ва полезӣ дар мавзеи Шорухи деҳаи Оббурдон ба масофаи 4,5 километр аз ҳисоби маблағҳои КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи пудратчӣ ҶДММ “Манзили Куҳистон” ба масофаи 1,5 километр корҳои васлгарию сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки маблағи азхудкардашуда 688 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Кор дар ин самт айни замон идома дорад.

Сохтмони хати оби полезӣ дар деҳаҳои Ронҷ, Имбеф, Андарвашт ва Ғувинд ба масофаи 5,8 км бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 1 млн 200 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, корҳои васлгарӣ ба масофаи 3,9 км ба анҷом расидаанд. Корҳо дар ин самт босуръат идома доранд.

Марҳилаи дуюми кашидани хати оби полезии Дашти Фалахмон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо маблағи 642 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки 240 гектар заминҳои бекорхобидаи дашти мазкур ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд. Дар нуҳ моҳи соли равон 47 гектар замин кишт карда шуда, солҳои минбаъда боқимонда замини мавҷуда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.

Корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ дар деҳаи Эсизи поён барои 320 хонанда ва ҳамчунин корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ дар деҳаи Оббурдон аз ҳисоби соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ идома дорад.

Дар деҳаи Оббурдон лоиҳаи мағоза ва ошхона, ки аз тарафи соҳибкор Сабуров Муллоумар бунёд карда мешавад, омода карда шуда, корҳои сохтмонии ошёнаи якуми он ба итмом расонида шуда, сохтмони ошёнаи дуюм низ ба охир расида, дару тирезаҳои он насб гардиданд. Корҳои пардоздиҳии бино идома дорад.

Сохтмони бинои муассисаи томактабӣ барои 72 нафар таълимгиранда дар деҳаи Дашт тариқи ҳашар идома дорад.

Дар деҳаи Ронҷ сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкор Шарифов Идибой масолеҳҳои сохтмонӣ аз қабили семент, арматура дастрас карда шуда, бо қувваи аҳолии деҳа сохтмони он оғоз гардид. Инчунин дар ҳамин деҳа аз ҳисоби Барномаи инкишофи манотиқи куҳистон (АКТЕД) ба маблағи 147 ҳазор сомонӣ дар назди мактаб сохтмони иншооти дигари хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Андарвашт аз ҳисоби Барномаи инкишофи манотиқи куҳистон (АКТЕД) ба маблағи 264 ҳазору 30 сомонӣ аз худ карда шуда, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шуд.

Сохтмони варзишгоҳ барои 3000 ҷои нишаст дар маркази ноҳия оғоз гардида, то имрӯз 350 ҳазор сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.

Кашидани оби нӯшокӣ дар деҳаи Арсовит ба маблағи 182,84 сомонӣ ба анҷом расонида шуда, ин иншоот дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Ғузн дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар деҳаи Хайробод сохтмони мактаби дорои 4 синфхона аз тарафи БРСММ ба маблағи 548 ҳазору 603 сомонӣ оғоз гардида, таҳкурсии иншоот ва девори он пурра ба охир расонида шуда, корҳои болопӯши бино идома дорад. Сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Табушн бо маблағгузории БРСММ бо маблағи 560 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, сохтмони он идома дорад.

Бо мақсади рафти иҷрои супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.01.2018, №1 банди 16 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ аз тарафи соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Усмонов Ғуфронҷон ба фаъолият оғоз карда, айни замон истеҳсоли панир ва қаймоқ ба роҳ монда шудааст. Сохтмони бинои корхонаи дигари коркарди маҳсулоти ширӣ дар деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Лангар аз тарафи соҳибкор Ашуров Қурбон ба итмом расонида шуда, таҷҳизоти зарурӣ низ ворид карда шуда, дар рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар соҳаи саноат боз 8 ҷойи кории нав муҳайё мегардад.

Инчунин, дар деҳаи Пит бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мактаби дорои ду синфхона ва хонаи омӯзгорон пурра ба итмом расонида шудааст. Барои таъмин намудани мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти хониш ба муассисаи таълимӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол карда шудааст. Дар деҳаҳои Палдорак ва Валиғонд аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия муассисаҳои таълимӣ сохтмонашон оғоз гардида, дар ин муассисаҳо дар як баст 240 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Мувофиқи нақшаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоот пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Рушди сармояи инсонӣ

Дар ноҳия 4 маркази инкишофи кӯдак фаъолият карда истодааст, ки дар онҳо 86 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ бошад, 573 нафар омӯзгорон кору фаъолият мебаранд.

Норасоии омӯзгорон дар ноҳия бартараф гардида, дар ин самт корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, зикр бояд намуд, ки соли равон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 нафар хатмкардагони донишгоҳҳои кишвар ба муассисаҳои таълимии ноҳия ба кор ҷалб шудаанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 5518 нафар хонанда таҳсил доранд, ки аз ин шумора 2685 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ноҳия 34 муассисаи таълимӣ фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 25-тоаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 1 мактаб-интернат бо фарогирии 5503 нафар хонандагон ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таълимии ноҳия бо 20 адад компютер таъмин гардидаанд. Миқдори умумии компютерҳо дар ноҳия ба 307 адад ва принтерҳо ба 71 адад расонида шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ 35 нафар иштирок намуда, як нафар барои иштирок дар олимпидаи ҷумҳуриявӣ соҳиби роҳхат гардидааст. 150 нафар хонандагони ноҳия ба истироҳати тобистонаи наздимактабӣ фаро гирифта шудаанд. Инчунин, 18 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия барои истироҳат ба осоишгоҳҳои 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази солимгардонии шаҳри Хуҷанд фиристонида мешаванд.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 ба муассисаҳои таълимии ноҳия аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 9720 адад китобҳои дарсӣ ба маблағи 140277 сомонӣ, 2713 адад маводҳои таълимӣ ба маблағи 2713 сомонӣ, 106 адад китоби бадеӣ ба маблағӣ 3872 сомонӣ, 5000 адад рӯзномаи хонандагӣ ба мабалағи 31000 сомонӣ ворид гардидааст. Ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мушкилот вуҷуд надорад.

Барои ишғоли Квотаи Президентӣ даври ҷумҳуриявӣ баргузор шуда, аз ҳисоби хатмкунандагон 24 нафар сазовори унвони донишҷӯ гардиданд. Ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 284 нафар хатмкунандагони ноҳия ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора зиёда аз 170 нафарашон ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил гардиданд. Дар давоми  ду соли охир ин нишондиҳанда тамоюли болоравӣ дорад.

Рушди тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Дар ноҳия айни замон 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳҳои саломатии деҳот фаъолият намуда истодаанд. Дар ноҳия 100 кати табобатӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 40 кати муолиҷавӣ, 25 кати бачагона, 25 кат дар таваллудхонаҳо, 10 кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ фаъолияти хуб доранд.

Дар ин давра таваллуди умумӣ 498 нафарро ташкил дода, нишондиҳандаҳо нисбати нуҳ моҳи соли 2018 хуб мебошанд. Хатнаи кӯдакон тариқи ройгон дар панҷ минтақа бо фарогирии 157 нафар кӯдак ба роҳ монда шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли равон қабули беморон дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 26822 нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади пурзӯр намудани иқтидори заминаи моддию техникии муассисаи давлатии иммунопрофилактикаи ноҳия ва татбиқи “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия нақлиёти хизматии ВАЗ-21214 барои дастраскунии ваксинаҳо ва маводҳои иммунизатсионӣ ба ноҳия ворид гардид. Инчунин, ҳангоми ташрифи Пешвои муаззами миллат ва ифтитоҳи шуъбаи беморхонаи марказӣ дар деҳаи Роғ ба беморхонаи мазкур 1 адад мошини ёрии таъҷилӣ бо тамоми таҷҳизоташ туҳфа карда шуд.

Рушди сайёҳӣ

Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон оид ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвари азизамон чораҳои ҳамешагӣ пайваста амалӣ карда мешаванд. Дар ин давра дар деҳаҳои Мадрушкат, Лангар, Ҳадишаҳр, Роғ, Водиф меҳмонхонаҳои замонавӣ аз тарафи шаҳрвандон барои қабули сайёҳон омода карда шудаанд.

Дар ноҳия асосан намудҳои сайёҳии куҳнавардӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ мавҷуд мебошад. Дар ноҳия ёдгориҳои таърихии зиёд, аз қабили қалъаи Ҳисорак, қалъаи Ботурхоҷа, сангнигораҳои Сабағ, ҳаммоми Дашт, қалъаи Оббурдон, мазори Абӯмӯсои Ашъарӣ, Аълами Оламиён, сангнигораҳо дар мавзеи Дашти Хоксафеди деҳаи Падрох ва монанди инҳо мавҷуданд.

Раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ дар фароварди суҳбат афзуд, ки “аҳолии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ барои иҷрои мақсад ва ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддасу ваҳдатсолор — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоянд”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here