Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид, ҳуҷҷат ва омили асосии таъмини Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин таърих минбаъд ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тақвими рӯзҳои ҷашн ворид шуда, дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳифаи навро боз кард. Пеш аз ҳама ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки панҷ сол идома дошт, хотима ёфта, дар кишвар ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ гардид ва бунёдкориву созандагӣ вусъат пайдо кард.

Воқеан, бо гузашти солҳо Ваҳдати миллӣ барои сокинони кишвар, хусусан аҳолии болиғи солҳои навадуми асри гузаштаи Тоҷикистон аҳмияти бештар пайдо мекунад, зеро онҳо шоҳиди қатлу куштор, роҳзаниву ғорат, бенизомиву дарбадарӣ буданд. Маҳз онҳо метавонанд бо қазовати ҳодисаҳо некро аз бад, сафедро аз сиёҳ ҷудо намоянд. Бинобар ин, имрӯз Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ҷашни умумимилии сокинони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, зеро агар соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик имкони ташкили давлати миллӣ ва масъули сарнавишт буданро муҳайё карда бошад, пас Ваҳдати миллӣ таҳкимбахшандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гардид. Президенти кишвар низ пайваста таъкид менамоянд, ки замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нақшаи пора-пора шудани давлати тозаистиқлоли мо вуҷуд дошта, кишварро хатари нест шудан аз харитаи сиёсии ҷаҳон таҳдид мекард. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллиро метавон наҷотбахши давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли тоҷикон номид. Инак, бо гузашти 23 сол ин нукта дар зеҳни шаҳрвандони кишвар шакл гирифт. Воқеан, як назари сатҳӣ ба зиндагӣ дар кишвар то соли 1997 ва баъди он метавонад аҳамияти сулҳу салоҳ ва фазои орому осоиштаи кишварро бармало созад. То соли 1997 агар ҳар рӯз садои тиру тӯб баланд мешуд, пас аз он ҳамарӯза навои мусиқӣ дар кишвар танинандоз аст. То он сол агар дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар техникаи вазнини низомӣ гашту гузор мекард, пас аз он техникаҳои роҳсозиву хоҷагии қишлоқ ва боркашон равуо доранд, ки нишон аз ҷӯшу хурӯши зиндагист. То ваҳдат агар мардум аз баромадан ба кӯча меҳаросид, пас аз он ҳамарӯза ҳазорҳо нафар аз ноҳияе ба ноҳияе, аз шаҳре ба шаҳре, аз минтақае ба минтақае сафар мекунад ва шаб боз ба хонааш бармегардад. То ваҳдат агар шабҳо дар осмони беғубори кишвар тирҳо парвоз карда, бо садои даҳшатбор ва бӯйи ғализ фазои моро ғуборолуд менамуданд, ҳоло дар иду ҷашнҳои давлатӣ садои “салют” ва оташи рангини он танинандоз мегардад ва ба шаҳрвандони кишвар паёми сулҳу осоиштагӣ медиҳад. То ваҳдат агар ҳар сари чанд вақте нохалафоне бо тарконидани маконе дар Душанбешаҳри нозанин алангаи оташро баланд мекарданд, пас аз он ҳар сари чанд вақт бинои зебои истиқоматӣ, маъмурӣ ва ё хизматрасонӣ қомат меафрозад. Пас Ваҳдати миллӣ барои мо неъмат аст ва онро бояд хурду калони кишвар пос доранд. Зеро ҳамон гунае, ки гуфтаанд:

Шукри гӯйӣ неъматат афзун шавад,

В-ар нагӯйӣ аз дарат берун шавад.

Зимнан, дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ, ки давлатҳои миллиро хатарҳои зиёде таҳдид мекунад, ҳар фарди солимақлро мебояд барои бегазанд будани Ваҳдати миллӣ иқдом намояд. Чунки ҳанӯз Тоҷикистон давлати ҷавон ва рӯ ба рушд аст ва дар чунин марҳилаи ҳассос, ки абарқудратҳо ба хотири манфиатҳояшон аз ҳеҷ кори зиште рӯ наметобанд, ҳифзи Ваҳдати миллӣ аз ҳама гуна таҳдидҳо ногузир мебошад. Коршиносон низ таҳдидҳоро ба ваҳдати миллӣ инкор намекунанд. Аз ҷумла раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки омилҳои таҳдидкунандаи дохилӣ ва хориҷӣ ба ваҳдати миллӣ мавҷуданд. Ба андешаи номбурда, яке аз хатарҳои хориҷӣ ҷаҳонишавии манфиатҳост:

-Ҷаҳонишавӣ падидаест, ки пеш аз ҳама ба фарҳанги миллии давлатҳои рушдкунанда таъсири манфӣ мерасонад. Чунки ҷаҳонишавӣ дар партави сиёсати арастуӣ шакл гирифта, ҳанӯз асри V пеш аз мелод дар китоби “Сиёсат” навишта шуда буд, ки давлатҳои бузург манфиаташонро дур аз сарҳади худашон ҷустуҷӯ мекунанд. Ҳам ҷаҳонишавии манфиатҳо, ҳам бархӯрди тамаддунҳо ба ваҳдати миллӣ хатари бузург дорад,- зикр кард ҳамсуҳбатам.

Оид ба таҳдидҳои дохилӣ бошад, А. Холиқзода афзуд, ки он аслан ба ҷомеа ва иҷрои дурусти вазифаҳо аз ҷониби ҳар шахси мансабдор ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, такя кардан ба арзишҳои ҳувиятсози миллӣ зарур аст ва омилҳои зикршуда бояд аз мадди назар дур набошанд.

Шоир ва донишманд Рустами Ваҳҳоб бар ин назар аст, ки омили аслие, ки метавонад ба Ваҳдати миллӣ таҳдид кунад, ба миён омадани шароитест, ки таъмини он боз ба омилҳои беруна ва бегона вобастагӣ пайдо намояд.

— Кишвари мо дар таъмини Ваҳдати миллӣ ба худкифоӣ ва истиқлол расидааст ва ин истиқлол бояд ба ҳамаи воситаҳо ҳифз гардад. Тоҷикҳо бо як забон гуфтугӯ мекунанд ва ба тарҷумон ниёз надоранд. Дар ҳеч унсури аслии ҳувиятӣ мо тоҷикҳо бо якдигар ихтилоф ё дурангӣ надорем, ҳамеша ва дар ҳар ҳолат метавонем ба ваҳдати комили миллии худ якдигарро муътақид ва боварманд созем,- афзуд номбурда.

Сиёсатшинос Сайфулло Сафаров бошад ақида дорад, ки ба ғайр аз ҷоҳилии баъзе гуруҳҳои сиёсӣ дигар ҳеҷ таҳдиди ҷиддие ба ваҳдати миллӣ мавҷуд нест, чунки мардум худ дидаасту медонад.

Мусаллам аст, ки муносибат бо арзишҳои давлатдорӣ ва миллӣ ҷиддият ва ҳушёру зирак буданро талаб менамояд. Пас чӣ кор бояд кард то ваҳдати миллӣ бегазанд бимонад ва умри ҷовидона пайдо кунад?

Абдураҳим Холиқзода дар посух ба ин суол гуфт, ки барои бегазанд ва ҷовидона мондани ваҳдат пеш аз ҳама мафҳум, моҳият ва аҳамияти он бояд аз нуқтаи назарӣ миллӣ ва оммавӣ дуруст ҳазм шуда, ба субъектҳои Ваҳдати миллӣ фаҳмонида шавад.

— Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, санги таҳдобии миллат ва давлати миллист. Бе ваҳдати миллӣ истиқлолияти давлатӣ амниятро ҳифз карда наметавонад, чунки он ваҳдати халқ атрофи арзишҳои меҳварист. Дар пояи арзишҳои меҳварӣ давлати миллӣ устувор қомат меафрозад, истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии халқӣ ва миллӣ таъмин карда мешавад. Арзишҳои ваҳдат адолат, инсоф, ҳақиқат, баробарӣ, бародарӣ аст. Ваҳдати миллӣ арзиши меҳварӣ ҳисоб ёфта, рукнҳо дорад. Рукнҳои вай бояд дуруст ҳазм карда шавад. Барои он ки ваҳдати миллӣ ҷовидона бошад, мафкураи солими миллӣ зарур аст. Мафкурае, ки вобаста ба шароити замона манфиатҳои стратегии давлат ва миллатро дар худаш ҷо ва вобаста ба таҳдидҳо худашро мувофиқ ва мутобиқ карда тавонад. Тавонад, ки ягонагии ҷомеаро дар ҳама гуна шароити хатарнок ҳифз кунад. Идеологияи миллиро дар берун ҳамчун манфиати давлати миллӣ муаррифӣ карда тавонад,- зикр кард ҳамсуҳбатам ва ҳамчунин афзуд, ки аз нуқтаи назарӣ ҳуқуқӣ ваҳдати миллӣ танҳо паҳнои муосир надорад. Паҳнои таърихӣ ҳам дорад. Вай ба арзишу дастовардҳои таърихии миллат такя мекунад. Яъне миллати муосир дар танҳоӣ ваҳдати миллиро таъмин карда наметавонад. Вай бояд пеш аз ҳама ба дастовардҳои беҳтарини таърихӣ, ки қодир аст барои имрӯз хизмат кунад, такя намояд. Насли имрӯз бояд дар пояи ин арзишҳо дастовардҳои нав сохта, яклухт онро ба насли оянда диҳад. Бинобар ин, ваҳдати миллӣ як ҷанбаи таърихии муваққатӣ не, балки ҷанбаи гуногуни таърихӣ дорад, ки дар решаҳои таърихии миллат имрӯзу ояндаи насли вай пайваст аст. Бино ба андешаи номбурда, барои он ки ваҳдати миллӣ устувор бошад, бояд ин рукнҳо дуруст ҳазм шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ татбиқ ва тарғиби дуруст шаванд.

— Он пеш аз ҳама ҳамчун хамирмояи ҳастии давлати миллӣ дуруст омӯхта шавад. Мафкураи солими миллие бояд тавлид шавад, ки ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши меҳварӣ дар қатори дигар арзишҳо дуруст муаррифӣ карда тавонад. Сар карда аз оила, боғча, мактаб, донишкадаву донишгоҳ ва дар сатҳи академӣ ҳар як фарзанди Тоҷикистон бояд донад, ки амният, оромӣ, суботи истиқлолият ба ваҳдати миллӣ алоқаманд мебошад.

Шоир Рустами Ваҳҳоб дар масъалаи пойдории ваҳдати миллӣ созгории ҳар барнома ва ҳадафи дигарро ба ормони ваҳдати миллӣ зарур медонад. Ба андешаи ӯ “бояд ба ин ормони асосии миллӣ садоқати комил дошт ва ҳамаи ҳадафҳои дигарро тобеи он кард. Яъне асолат ва зарурати ҳар барнома ва ҳадафи дигар дар баробари дигар хосиятҳои муҳимаш аз ин назар мавриди озмоиш бошад, ки чӣ андоза ба ормони ваҳдати миллӣ созгор аст ё ҳадди ақал бо ин ихтилоф надорад”.

Сайфулло Сафаров бар ин андеша аст, ки барои бегазанд будани ваҳдати миллӣ бояд дар дохили кишвар як низоми гуфтушуниди қувваҳои сиёсӣ мавҷуд бошад:

— Дар кишвар Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолият дорад, ки вазифаҳояшро иҷро карда истодааст. Дар ҷаласаҳои он аслан роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ иштирок мекунанд. Аммо гуфтушунидҳо дар шакли васеътар ҷараён гирад, беҳтар аст. Маслан, дар баробари намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ олимону донишмандон аз донишгоҳҳо ва дигар марказҳои илмӣ фаро гирифта шаванд, ки дар раванди таҳкимбахшии ваҳдат метавонанд фикру андешаҳои хуб пешниҳод намоянд,- изҳор дошт номбурда.

Воқеан, ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои асосии давлати миллист. Аз ин рӯ, ҳар шахси солимақл вазифадор аст, ки барои таҳкими он ҳиссагузор бошад. Зеро бе вуҷуди ваҳдати миллӣ истиқлолияти давлатӣ, ки бузургтарин арзиш аст, устувор нест. Дар ҷаҳон давлатҳои соҳибистиқлоли зиёде мавҷуданд, ки набудани ваҳдату ягонагӣ боиси мухолифатҳои гуруҳҳои сиёсӣ, кашмакашҳои ҳарбӣ, нооромиву бесуботӣ гардидааст. Аз ин рӯ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, ки бар ивази хисороти зиёди ҷониву молии давлати Тоҷикистон ба даст омадааст, вазифаи ҷонии ҳар яки мо-шаҳрвандони кишвар аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here