Дар натиҷаи як назарпурсӣ, ки аз ҷониби МТЖТ дар тамоми ҳудудҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд, маълум гардид, ки кулли мардуми пурсидашуда аз хизматҳои арзанда ва бунёдкориҳои бемислу монанди Пешвои муаззами худ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, пешравиҳою комёбиҳои беназири ҷумҳуриро ба номи он кас рабт доданд. Дар баробари Пешвои муаззами миллат, раиси ҷавону ояндадори шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баҳои басо баландро сазовор гаштанд. Аз 1170 нафар пурсидашудагон дар тамоми ҳудудҳои ҷумҳурӣ, ҳамаи 1170 нафар, яъне 100% аз хизматҳои арзанда ва созандаи раиси ҷавони шаҳри Душанбе ёдовар шуда, ӯро чун роҳбари намунавӣ баҳогузорӣ намуданд. Дар баробари муҳтарам Рустами Эмомалӣ номи раиси солро раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода низ сазовор гаштанд. Бояд гуфт, ки давоми соли 2019 бо дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат шаҳри Хуҷанд, ки таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо номи фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он оғоз мегардад, ба дастовардҳои беназир дар тамоми самтҳои фаъолият ноил гардидааст. Номи вазири солро бошад, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Олимзода Насим Хоҷа ва вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ муҳтарам Нуриддин Саид ба худ касб карданд. Маҳз дастгирию роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давоми соли 2019 садҳо муассисаҳои нави тандурустиву таълимӣ сохта шуда, як қатор ободкориҳо баҳри ҳифзи саломатии мардуму омӯзиши ҷавонону наврасон равона карда шудаанд. Номи кумитаи солро бошад, Кумитаи давлатии замин ва геодезӣ ба худ касб намуд. Маҳз эродҳои ҷиддии Сарвари давлат сабаб гардиданд, ки мутахассисони ин кумита дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи генералӣ таллаву тороҷи заминро то як дараҷа пешгирӣ намоянд. Миёни роҳбарони ободкор бошад, номи раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода садо дод. Номи роҳбари орӣ аз амалҳои коррупсиониро раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муҳтарам Зариф Назирӣ ва раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба худ касб намуданд. Ба номи соҳибкори сол бошад, соҳибкори маъруфи кишвар Нуршед Машрабов шарафёб гардид, ки ин шахс барои ободии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии 7 дар деҳаи Оби Шифои ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз ҳисоби худ маблағи зиёд хароҷот намуда, бунёди қисми дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-ро дар деҳаи Чимтеппаи ҷамоати деҳоти Чимтеппа оғоз намудааст. Номи табиби солро бошад, директори муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии “Шифобахш” Хизматулло Шамсзода Амирхон ба худ касб намудаанд. Метавонем боз намояндагони зиёд касбу корҳоро ёдовар шавем, вале алҳол хонандагони азизро бо дастовардҳои шаҳри Хуҷанд, ки воқеан дар 2 соли охир басо обод гардидааст, шинос хоҳем намуд.

 Ҳар як соли даврони соҳибистиқлолии кишварамон пурфайзу бобарор маҳсуб ёфта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018) ва тибқи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳое, ки барои соли 2019 муайян гардидаанд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро пурсамар ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

 Вазъи иҷрои буҷет

Омори дастрасгардида нишон медиҳад, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба буҷет 351,7 миллион сомонӣ ворид шудааст ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 7,4 миллион сомонӣ зиёд таъмин гардидааст. Тибқи нишондиҳандаҳои ин давра, ба буҷети маҳаллии шаҳр 164,6 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 24,5 миллион сомонӣ ё 17,5 зиёд аст. Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи буҷети иҷтимоӣ 178,2 миллион сомониро ташкил намудааст.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои чакана 2777,9 миллион сомониро ташкил намудааст. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ бошад, ба 1144,1 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбатан 40,6 миллион сомонӣ зиёд гаштааст.

Имрӯз шаҳри Хуҷанд бо 35 мамолики дуру наздик ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 358,3 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла воридот 333,1 миллион доллари амрикоӣ ва содирот 25,2 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд. Ҳаҷми маҳсулоти воридгашта нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 75,7 миллион доллари амрикоӣ зиёд шудааст.

Дар самти муносибатҳои бурунмарзӣ низ чораҳои судманд андешида шуда истода, дар ин раванд шаҳри Хуҷанд бо 6 шаҳри хориҷии дуру наздик, аз ҷумла шаҳрҳои Оренбурги Федератсияи Русия, Могилёви Ҷумҳурии Белорусия, Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон солҳои тӯлонӣ робитаҳои иқтисодию фарҳангии бародаршаҳрӣ дорад.

Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 11,8 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 7,2 миллион доллари амрикоӣ ва 4,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст. Сармояҳои хориҷии ҷалбшуда асосан барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва беҳтаргардонии вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон равона шуда, сармояи дохилӣ бошад, дар соҳаи манзилию иҷтимоӣ, яъне сохтмони биноҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ нигаронида шудааст.

Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи бехатарию экологии шаҳр ва дар раванди баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон Лоиҳаи сармоягузории “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” бо маблағи умумии 26 миллиону 840,0 ҳазор доллари амрикоӣ тавассути ду марҳила амалӣ гардида истодааст. Баҳри таъмини некӯаҳволии сокинон ва ҳифзи муҳити зист дар шаҳр лоиҳаи дигари инвеститсионӣ оид ба “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” марҳилаи 2-юм бо маблағи умумии 5910,0 ҳазор доллари амрикоӣ оғоз гардидааст.

Аз рӯи се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ маблағи умумии азхудшуда ба 24,2 млн доллари амрикоӣ баробар шуда, аз он 4615,63 ҳазор доллари амрикоӣ ба давраи ҳисоботӣ рост меояд. Мувофиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, марҳилаҳои як ва дуюми лоиҳаи “Барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб”-и шаҳр ба охир расидааст.

Азхудкунии маблағ аз аввали татбиқи лоиҳа, марҳилаи сеюми “Барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партовоб”-и шаҳр то имрӯз 7004,87 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, 3573,18 ҳазор доллари он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо тариқи музояда 104 адад шартномаҳо оид ба иҷораи амволи давлатӣ баста шудааст, ки дар натиҷа зиёда аз 600 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 855,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Рушди саноат

Дар натиҷаи фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатии шаҳр давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 1174,7 миллион сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ, истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 фоиз афзудааст.

Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шумораи корхонаю муассисаҳо ба 1792 адад расида, теъдоди умумии кормандон 607 нафар зиёд шуда бошад, аз онҳо 13 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ (бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ) ва як адад корхонаи хизматрасонии об бо теъдоди 140 ҷойи кории нав таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои калону хурд ба 168 адад расидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаи саноати шаҳр ба маблағи 23,2 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидааст. Илова бар ин, баҳри иҷроиши ҳадафҳои гузошташуда аз ҷониби 4 корхонаи саноатии шаҳр, ки бо коркарди нахи пахта фаъолият менамоянд, ба миқдори 1741,7 тонна нахи пахта коркард шудааст. Аз ҷониби 16 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 205,1 млн сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 17,5 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳр 26 адад корхонаҳо бо истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла рангҳои акрилӣ, трубаҳои пластикӣ, арматура, кунҷак (уголок), мех, маҳсулоти гӯштию ширӣ ва ғайраҳо фаъолият бурда, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ин корхонаҳо ба маблағи 122,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 29,3 дар сад ё 27,7 млн сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, 11 корхона бо истеҳсоли маҳсулоти озуқаи ивазкунандаи воридот фаъолият бурда, ба маблағи 21,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ё 7,0 фоиз афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, 20 корхонаи истеҳсолии ивазкунандаи воридотии маҳсулоти ришта ва матои пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ ва қоғазӣ бошад, ба маблағи 150,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки он нисбатан ба маблағи 23,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар натиҷа, аз ҷониби 58 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба маблағи 305,1 млн сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳр 26,0 фоизро ташкил менамояд.

Сохтмон, меъморӣ ва ободонии шаҳр

Баҳри корҳои бунёдкорӣ ва ободонии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 220,4 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 173,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ бошад, дар ҳаҷми 108,2 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар маҷмуъ, ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода додашуда аз ҳамаи сарчашмаҳо 118,9 млн сомониро ташкил дода, ба ҳар як сари аҳолӣ 650,8 сомонӣ рост меояд. Инчунин, аз тарафи корхонаҳои пудратии шаҳр ба маблағи 168,7 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Баҳри рушди инфрасохтори шаҳр бо роҳи дуруст ва мақсаднок ҷойгир намудани иншоот дар минтақаҳои аҳолинишини шаҳр, дар асоси лоиҳаи банақшагирии дақиқ ва муфассали сохтмони шаҳр 17 иншооти маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва саноатӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия

Барои таъмини хизматрасонии сифатнок ба аҳолии шаҳр 5 ширкати нақлиёти автомобилии мусофиркашони хусусӣ ва Корхонаи давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” хизмат мерасонанд. Шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофиркашон дар корхонаҳои нақлиёти хусусӣ ба 900 адад баробар аст, ки аз онҳо 720 адад бо сӯзишвории дизелӣ ва 180 адад бо гази моеъ фаъолият карда истодаанд.

Баҳри самаранокӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизмати соҳаи алоқа, ҳоло дар шаҳр 40,7 ҳазор адад нуқтаҳои телефонӣ ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо хизмат расонида, миқдори он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 11,5 фоиз зиёд гаштааст.

Дар ин давра 586 нуқтаҳои радиошунавонӣ ва дар ҷойҳои серодами шаҳр боз 70 адад баландгӯякҳо низ истифода бурда шудаанд, ки он барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ нақши муҳим мебозад.

Соҳаҳои маориф ва фарҳанг

Дар шаҳр ҷиҳати такмили соҳаи маориф 47 мактаб, аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 мактаби хусусӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 1 мактаб-интернати ёрирасон, 1 комплекс кӯдакистон — мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобино, инчунин 32 кӯдакистони давлатӣ ва 14 кӯдакистони хусусӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 42460 нафар хонандагон ва 9538 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 2491 нафар омӯзгорон ва 504 нафар мураббиён фаъолият мебаранд.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи омӯзгорони фаннӣ, тибқи нақшаи тасдиқгардида, 431 нафар омӯзгорон бояд аз курси такмили ихтисос гузаранд, ки дар ин давра 723 нафар омӯзгорони фаннӣ савияи дониши худро баланд бардоштаанд, ки он 168 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, муайян намудани дараҷаи тахассус ва маҳорати касбии кормандони муассисаҳои таълимӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи маориф ҳар 3 сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд. Айни замон 826 нафар омӯзгорону мураббиён ва 140 нафар сармураббиёну муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ аз аттестатсияи навбатӣ гузаштаанд.

Ҷиҳати иҷроиши Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ барои солҳои 2018-2020 дар шаҳр соли ҷорӣ бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 13.02.2019, №113 барои муҷаҳҳазгардонии кабинет ва озмоишгоҳҳои  муассисаҳои таълимии №2, 3, 5, 6, 8, 9, 10, 11, 12, 15, 17, 21, 23, 25 ва 30-юм 601,0 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда, муассисаҳои мазкур бо кабинет ва озмоишгоҳҳои фанни химия, физика ва биология муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил доир ба таъсис додани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр баён дошта буданд, корбарӣ карда шуда, супориши мазкур пурра таъмин гардида, 89 адад кабинетҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннии химия, физика ва биология муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Соли ҷорӣ баҳри амалигардонии барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 154 адад компютер, 10 адад принтер, 47 адад тахтаи электронӣ, 57 адад проектор ва 15 адад принтер харидорӣ карда шудааст. Айни замон дар 47 муассисаи таълимӣ 71 синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки дар он 1592 компютерҳо, принтерҳо 217 адад, тахтаи электронӣ 158 адад ва проектор 201 адад мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат 4 нафар хатмкунандагон (ятимони кулл)-и МТМУ №5, 6, 22, 26-и шаҳри Хуҷанд соли ҷорӣ ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо дохил шуда, номи донишҷӯиро гирифтаанд. Дар умум, аз 2621 нафар хонандагони муассисаҳои таълимиро хатмнамуда 1623 нафар ба мактабҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 459 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил гардидаанд.

Дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд 204 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 245 нафар омӯзгорони фанни забони хориҷӣ фаъолият мебаранд, ки аз инҳо 41 нафар аълочиёни соҳа ва 100 нафар мутахассисони ҷавон мебошанд.

Дар шаҳр 12 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 2 хонаи маданият, 4 мактаби санъат, 1 мактаби мусиқӣ ва рассомӣ, Арт-галереяи «Сомониён», Хона-осорхонаҳои этнографии “Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов” ва «Эргашбойбача», ансамбли наврасон ва ҷавонони санъати мусиқии классикии «Шашмақом» ва ансамбли рақсии бачагонаи “Парниён” фаъолият дошта, баҳри тарбия ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа, ташкили истироҳату фароғати шаҳрвандон хизмат мерасонанд.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр 127 чорабинии гуногуни фарҳангӣ доир гардида, дар онҳо 75 ҳазору 560 нафар сокинону меҳмонон иштирок намудаанд.

Кор бо занон ва оила

Баҳри татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», Барномаҳои давлатии «Пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022” ва “Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 40 нафар намояндагони мардумӣ 8 нафар, ё 22,5 фоизро занҳо ташкил медиҳанд. Инчунин, аз ҳисоби занони шаҳр 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 нафар вакилони Маҷлиси халқи вилояти Суғд мебошанд. Дар мансабҳои хизмати давлатӣ бошад, аз 61 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 26 нафар занон, ё 42 фоизро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ 11 нафар занон фаъолият мебаранд.

Шумораи занони дар ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр фаъолиятдошта 1216 нафарро ташкил намуда, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 60 нафар зиёд мебошад. Инчунин, дар шаҳр 1 нафар зан дорои унвони баланди Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, 9 нафар қаҳрамонмодар, 32 нафар сазовори ордену медалҳо, 100 нафар унвону ҷоизаҳои давлатӣ, 10 дорандаи “ Медали шоиста”, 11 нафар докторони илм, 83 нафар номзадони илм, 161 нафар варзишгарони номдор мебошанд.

Ҷиҳати омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда аз соли 2014 то имрӯз курси 3-моҳаи “Мактаби сарварӣ”-ро зиёда аз 130 нафар занону духтарон хатм намуда, соҳиби “Гувоҳнома” гардидаанд.

Вазъи соҳаҳои ҷавонон ва варзиш

Шумораи умумии ҷавонони шаҳр 61,8 ҳазор нафар буда, аз ин 30,8 ҳазор нафар духтарон ва 31 ҳазор нафарро писарон ташкил медиҳанд.

Дар 11 моҳи соли 2019 зиёда аз 160 чорабиниҳои сатҳи мухталиф, аз қабили вохӯриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ва монанди инҳо бо иштироки беш аз 155 ҳазор нафар наврсону ҷавонон, варзишгарону мухлисон баргузор гардидаанд.

Дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 7 варзишгоҳ, 185 майдончаҳои варзишӣ, 68 толори варзишӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ, 37 иншооти махсуси варзишӣ ва 1 маркази варзишӣ ва солимгардонӣ мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Ҳамчунин, бунёд ва азнавсозии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бомаром идома дошта, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 16 иншооти варзишӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шудааст.

Дар шаҳр 6 мактаби варзишӣ бо теъдоди 132 нафар мураббӣ аз рӯи 29 намуди варзиш ба 4090 нафар варзишгарон машқу тамрин медиҳанд, ки аз ин шумора 421 нафарашон духтарон мебошанд.

Тибқи ҷадвали баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Мо — ҷавонон варзишро интихоб менамоем!” ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ташкил ва гузаронида шудааст. Дар ин давра 32 маротиба машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ташкил ва гузаронида шудааст, ки дар он 7820 нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинон, аз ҷумла 2480 нафар духтарону бонувон иштирок намудаанд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ — техникӣ, донишҷӯёни коллеҷҳо, донишгоҳҳои олӣ ва варзишгарон санаи 22-юми майи соли 2019 маросими супоридани стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ баргузор гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба 100 нафар наврасону ҷавонон, аз ҷумла ба 20 нафар варзишгарони фаъол стипендия ба маблағи 1000 сомонӣ ба ҳар яке тақдим карда шуд.

Дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ назаррас буда, дар давраи ҳисоботӣ ба гирифтани 1674 медал, аз ҷумла 516 медали тилло, 474 медали нуқра ва 684 медали биринҷӣ ноил гардидаанд.

Вазъи соҳаи сайёҳӣ

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр 9 муассисаи сайёҳӣ, ба монанди ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Спутник”,  “Саёҳати олӣ”, “Олами саёҳат”, “Ҷаҳонгард”, “Алп Сомон-тур”, филиали ҶДММ “Вояжпур”, филиали ҶДММ “Шоҳинтур”, Ассотсиатсияи тараққиёти туризми “Зарафшон” ва муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” фаъолият бурда истодаанд.

Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ хатсайрҳои нави “Қалъаи Хуҷанд”, “Душанбе — пойтахти Тоҷикистон”, “Куҳистони нишот”, “Водии ҳунармандон”, “Панҷакенти бостонӣ”, “Зебогии куҳҳои Шаҳристон”, “Конибодоми таърихӣ”, “Баҳри тоҷик” ва “Хони кушода” фаъолияти пурсамар доранд.

Дар ин давра дар шаҳр барои қабули сайёҳон 14 меҳмонхонаҳо бо теъдоди 873 адад ҷойи қабули меҳмонон фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон 16 адад нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамоянд.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба шаҳри Хуҷанд аз рӯи маълумоти пешакӣ 4,7 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ва 6,7 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ ташриф оварда, бо мавзеҳои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ шиносоӣ пайдо намудаанд.

Ҳамчунин, дар шаҳр 36 ёдгориҳои таърихӣ, 5 ёдгориҳои археологӣ, 21 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад. Дар шаҳр сомонаи сайёҳии khujand.tajtravel.tj бо 1800 символ ва се забон амал мекунад. Инчунин, зиёда аз 10 адад роликҳои тарғиботӣ доир ба манзараҳои шаҳр вобаста ба фаслҳои сол таҳия гардида, тариқи шабакаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ намоиш дода шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва «Ютуб» ҷойгир карда шудаанд. Дар ин давра баҳри таҳкими инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр тарабхонаи “Темурмалик”, роҳи танобӣ ва шиногоҳи нав бо майдончаҳои бозии футболу волейбол ва теннис, пайроҳа, нуқтаҳои фурӯши обҳои ташнагишикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин, меҳмонхона барои 324 адад ҷойи хоб ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои истироҳати шаҳрвандону сайёҳон сохта ба истифода дода шудааст.

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар асоси нақшаи чорабинҳо дар 22 маҳаллаи шаҳр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои телевизионӣ, вохӯрӣ, ҳамоишҳо, ба монанди Фестивал-озмунҳои  “Иди Сада”, “Иди Наврӯз”, «Маликаи Баҳор» , “Кадбонуи беҳтарин”, “Чакомаи гесӯ”, “Сайри гули лола” Фестивали “Таъомҳои миллии Наврӯзӣ”, “Атласу адрас”, “Ҷилваи рангҳо”, “Зардӯзи беҳтарин”, “Заргари беҳтарин”, “Нонпази беҳтарин”, “Ошпази беҳтарин”, “Ширинипази беҳтарин”, “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, “Кандакорӣ”, “Гаҷкорӣ”, “Оинабандӣ”, “Кундалнигорӣ”, “Мисгарӣ” ва “Оҳангарӣ”, инчунин дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон ва амсоли инҳо баргузор гардида, тариқи васоити ахбори омма инъикос карда шудааст.

Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 16 муассисаи тиббӣ амал мекунанд, аз ҷумла 3 беморхона, 1 таваллудхона, 1 хонаи кӯдакон, 6 марказҳои саломатӣ, 1 дармонгоҳи стоматологии бачагона, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, стансияи ёрии таъҷилӣ (1 нуқтаи ёрии таъҷилӣ дар соҳили рост), маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, ки дар онҳо беш аз 2260 нафар кормандони соҳаи тиб адои вазифа доранд.

Аз шумораи умумии табибон 580 нафар духтурон, аз ҷумла бо дараҷаи олӣ 139 нафар, дараҷаи якум 89 нафар ва дараҷаи дуюм 92 нафар буда, 35 нафар бо унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар бо унвони Номзади илмҳои тиб, 6 нафар бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар дорандаи Медали “Шафқат” ва 3 нафар бо унвони профессорӣ фаъолият доранд.

Соли ҷорӣ дар рӯзҳои таҷлил аз Истиқлолияти давлатӣ дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд бинои нави стансияи ёрии таъҷилӣ баъди азнавсозӣ ва таҷдид мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Стансияи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ бо харҷи беш аз 1,5 млн сомонӣ азнавсозӣ гардида, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии аввалияи тиббӣ барои 120 ҳазор нафар аҳолии соҳили рости шаҳри Хуҷанд заминаи мусоид фароҳам овард.

Баҳри дастгирии соҳаи тандурустии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 37887,3 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, барои хӯрокворӣ, доруворӣ, таъмир, хизматҳои коммуналӣ ва харидани таҷҳизот равона карда шудааст.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар шаҳр ҳамагӣ 50 нафар дарёфт карда шуд, ки аз инҳо 22 нафар мард ва 28 нафар зан буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 нафар зиёд мебошад. Дар муассисаи давлатии Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили шаҳри Хуҷанд дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ҳамагӣ 287 нафар бемор дар қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 78 нафар беморон ғайри шуш ҳисобида мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ 57 нафар бемор аз нав ба қайд гирифта шуда, 31 нафар бемор муолиҷа гирифта истодаанд, ки таҳти назорати мутахассисони марказ қарор доранд.

Музди миёнаи меҳнати кормандони хоҷагии халқи шаҳр дар ҳолати 1-уми ноябри соли 2019 ба 1409,9 сомонӣ расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 9,3 фоиз ё ба маблағи 119,7 сомонӣ зиёд шудааст. Фонди музди меҳнати кормандони рӯйхатӣ бошад, 476,5 млн сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 11,3 дар сад ё 48,3 млн сомонӣ афзудааст. Илова бар ин, музди меҳнати соҳаҳои буҷетӣ сари вақт пардохт карда шуда, қарз вуҷуд надорад.

Дар ин давра барои таъмини пурраи шуғли аҳолӣ корҳои мушаххас ба сомон расонида шуда, дар натиҷа 2633 нафар шаҳрвандони бе шуғли қобили меҳнат ба қайд гирифта шуда, ба 1063 нафар ба таври расмӣ мақоми бекорӣ дода шудааст. Аз шахсони бақайдгирифташуда 1590 нафар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Дар давраи сипаригашта 15 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, дар натиҷа аз ҳисоби ин ярмаркаҳо 327 нафар шаҳрвандон ба шуғл ҷалб карда шудаанд.

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 4335 адад муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 474 адад муроҷиат зиёд мебошад. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридгардида вобаста ба масъалаи гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 616 адад ё 14,2 фоиз, бақайдгирии манзил ва биноҳои сохташуда 730 адад ё 16,8 фоиз, оид ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмон 432 адад ё 10,0 фоиз, оид ба сафари ҳаҷ 281 адад ё 6,5 фоиз, оид ба таъмин шудан бо манзили истиқоматӣ 389 адад ё 9,0 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 182 адад ё 4,2 фоиз, оид ба ҳифзи иҷтимоиёт ва кӯмаки моддӣ 251 адад ё 5,8 фоиз, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак 245 адад ё 5,6 фоиз ва ғайраҳо 1209 адад ё 27,9 фоизро ташкил менамояд.

Ҳамчунин, шумораи муроҷиатҳои воридгардида аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 161 адад ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 643 ададро ташкил медиҳад.

Дар ин давра қабули шаҳрвандон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва тибқи системаи хизматрасонии “Равзанаи ягона” ҷараён гирифта, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 1025 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 388 нафар шумораи муроҷиаткунандагон кам шудаанд.

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри раиси шаҳр аз 7-уми июни соли 2018, №109 аз ҳисоби роҳбарони идораҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳамзамон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2018 тасдиқ карда шудааст. Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо аз 341 банд иборат буда, дар он сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ, аз ҷумла бунёди коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳоро дар бар гирифтааст, ки то соли 2021 сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар давоми соли 2019 корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода шуда, дар ин замина дар шаҳр як қатор иншооти гуногуни хизматрасонию маишӣ ва саноатию истеҳсолӣ ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, дар ин давра тибқи иҷрои банди 122-и нақшаи чорабинии мазкур дар ҳудуди шаҳр корҳои азнавсозии истоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, 22 адад истгоҳҳои кӯчаҳои протоколии шаҳр пурра бо таври замонавӣ ва бо тамоми шароитҳои муосири хизматрасонӣ ба маблағи зиёда аз 4 миллиону 443 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст. Бояд қайд кард, ки тибқи нақша дар маҷмуъ бояд 90 адад истгоҳҳои ҳудуди шаҳр азнавсозӣ карда шаванд, ки ҳоло дар 10 объекти дигар корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Боиси хушнудист, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашнгирии Иди Наврӯзи ҷаҳонӣ якчанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуда, барои боз ҳам зебову гуворо гардидани симои шаҳри бостонии Хуҷанд ва таъмини ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, тибқи иҷрои банди 106-и нақшаи чорабинӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Инчунин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи ҷаҳонӣ санаи 20-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар кӯчаи К. Хуҷандӣ маркази хизматрасонии замонавӣ бо номи “Шоҳона”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Инчунин, дар ин давра дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комерсбонки Тоҷикистон», маркази хизматрасонӣ, фитнесклуб, ошхона ва оҷонсии рекламавии муосир дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, бинои хуштарҳу замонавии Фонди қарзии хурди «Имон» дар хиёбони Истиқлолияти шаҳр, толори кошонаи ҳусн бо номи “Амина-Бюте” дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд ва беш аз 30 адад марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдо, ба монанди кошонаи ҳусн, сартарошхона, таъмири мошин, дорухона, марказҳои омӯзиши забонҳо, нуқтаи фурӯши шириниҳо ва яхмос мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тибқи иҷрои банди 105-и нақшаи чорабинӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат меҳмонхонаи чорситорадори «Суғдиён» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Меҳмонхонаи замонавии “Суғдиён” аз 10 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 172 ҳуҷра ва 20 ҳуҷраи люкс мебошад.

Тибқи иҷрои банди 34-и нақшаи чорабинӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори машқу тамрин дар назди муассисаи давлатии таълимии “Мактаб барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Хуҷанд, дар маҳаллаи Темурмалик мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд. Инчунин, бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои иловагии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки аз ҳисоби маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ба истифода дода шуд.

Санаи 23-юми августи соли ҷорӣ бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тибқи иҷрои банди 285-и нақшаи чорабинӣ дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон толорҳои муосири варзишӣ ва шоҳмоту шашка, машқу тамрин бо 400 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маҷмуъ, дар ёздаҳ моҳи соли 2019 зиёда аз 27 банди нақшаи чорабинӣ иҷро гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 170 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ бо харҷи зиёда аз 201 миллиону 704 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст. То имрӯз давоми солҳои 2018-2019 дар умум 75 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 239 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода мегӯяд, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза корбарӣ намуда, барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ва бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид”.

— Боиси қайд аст, ки маҳз аз баракоти сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардум таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва бо саҳмгузории тамоми мардуми шаҳр, фаъолону соҳибкорон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ба маротиб афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ густариши тоза пайдо намуда, рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардида истодааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд дар оянда низ тамоми имкониятҳоро ҷиҳати рушду такомули иҷтимоиёту иқтисодиёт ва баҳри фароҳам овардани ҳаёти шоистаю арзандаи сокинон равона менамояд,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here