Соли 1993 бо ҳадафи қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат, бозгардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ ба макони зист, барқарор сохтани ҳазорҳо манзили харобгашта, пешгирии раванди таназзули иқтисод ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба хотири рушди Тоҷикистон масъалаи ба ҳам овардани неруҳои музокироти сулҳи тоҷикон оғоз шуд, ки давраи аввали он дар шаҳри Москва аз 5 то 19-уми апрели соли 1994 ҷараён гирифт.

Барои тавсеа ва суръат бахшидан ба раванди сулҳу оштӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баробари баргузории музокирот дар оростани мулоқоту суҳбатҳо бо роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик бо иродат эҳтимом варзид. Ин мулоқот дар бештари маворид дар ҳоле ба вуқуъ меомад, ки дар сатҳи музокирот ё машварат ҷонибҳо ба тавофуқ намерасиданд.

Бо ибтикори роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибҳо 17-19-уми майи соли 1995 дар шаҳри Кобул дигарбора мулоқот барпо карданд, то натиҷае аз ин гуфтушунидҳо ба ҳусни тафоҳуми тарафҳо дар дарёфти ризоият ва сулҳи кишвар биафзояд. Пайомади ин мулоқот қабули изҳороти муштарак буд, ки эътимоди тарафҳоро дар ҳосили матлаб тақвият бахшид. Вохӯриҳои баъдина дар сатҳи олӣ 19-уми июли соли 1995 дар шаҳри Теҳрон, 10-11-уми декабри соли 1996 дар Афғонистон, 19-23-юми декабри соли 1996 дар Москва, 21-22-юми феврал дар Машҳад, 16-18-уми майи соли 1997 дар шаҳри Бишкек, ки дар маҷмуъ 8 маротиба доир гардиданд, ниҳоят санади сарнавиштсози миллати тоҷик — истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба сурати ниҳоӣ ба имзо расид. 18-уми июли соли1997 қариб 600 вакилон аз тамоми ҷумҳурӣ дар театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҷамъ омада, «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон»-ро таъсис  доданд. Вакилон якдилона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб намуданд.

Таърих ва миллати тоҷик ҷасорати сарвари давлати худро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахусус дар ҷараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон, дар мулоқоте, ки 11-уми декабри соли 1996 баргузор гардид, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Ҷараёни ин мулоқот дар китоби рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Генадий Шала­ев — «Роҳ ба сӯи созиш» чунин шарҳ ёфтааст: «Эҳтимол вохӯрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11-уми де­кабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки гуфтушунидро дар рустои Ҳусдеҳи Афғонистон гузаронанд, гӯё иродати Президент Эмомалӣ Раҳмонро месанҷид. Аз рӯи маслиҳати пешакӣ чархболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд дар сарҳад пешвоз гирифта, ҳамзамон тарафи пешвозгиранда онҳоро мебоист ба қароргоҳи Президенти онвақтаи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ мебурданд. Ва он ҷо бояд сарлашкари машҳури он кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд иштирок мекард».

Вале дар сарҳад чархболи сарвари давлатро касе пешвоз нагирифт. Дастаи посбонони Президент иқрор мекарданд, ки ба Душанбе баргарданд. Дар ҳудуди давлати бегона, ки дар он ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ аст, парвоз кардан хатари бузург дорад.

Аммо ин воқеа бар хилофи чашмдошт хеле бомуваффақият анҷом ёфт: умеду боварии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалан ҷуръати ӯро пурра собит гардонид. Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ Про­токол дар бораи ба танзим даровардани вазъияти ҳарбӣ-сиёсиро дар минтақаҳои ҷангзада имзо карданд. Агар Президент Эмомалӣ Раҳмон аз сарҳад ба Душанбе бармегашт, маълум набуд, ки дар Тоҷикистон ин ҷанги бемаънӣ кай анҷом меёфт.

Дигар саҳифаи фаромӯшнопазир пазируфтани пешниҳод дар бораи даъвати иҷлосияи махсуси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати якум) мебошад. Неруҳои мухолифин барои иштирок дар ин иҷлосия ба мувофиқа омаданд ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кафолати таъмини амнияти онҳоро ба дӯш гирифт, аммо намояндагони ҷониби мухолифин дар ин Иҷлосия, ки 11-уми марти соли 1996 баргузор гардид, ширкат наварзиданд. Бо вуҷуди ин Иҷлосияи мазкур доир гардид ва дар робита ба ин матлаб Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба таври махсус таъкид дошт: «Ба иҷлосия даъват шудани роҳбарияти мухолифин танҳо як мақсад дорад: азбаски давраи бетанаффуси гуфтушуниди байни тоҷикон ба кӯчаи сарбаста ворид шуд, қарор додем, ки дар ин иҷлосия бо роҳбарияти мухолифин рӯ ба рӯ гуфтугӯ кунем.

Имрӯзҳо хушбахтона гуфтан мумкин аст, ки ҷавонони кишвари мо аз таърихи якчанд даҳсолаи гузашта хуб огоҳӣ пайдо намуда, сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандиро дар он солҳо таҳлил намуда ва боз ҳам дар ҳифзу ҳимояи марзу буми ватан ва пос доштани истиқлолият зиракӣ ва ҳушёриро шиори ҳамарӯзаи худ қарор додаанд».

Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид. Таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатхи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Ин таҷрибаи таърихии ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун модели нодири сулҳофаринӣ эътироф гардид.

Оромиву амнияте, ки аз баракати Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тасаллут ёфт, барои бунёди сохтмонҳои азим, равнақи самтҳои мухталифи иқтисодиёт, тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон пояҳои мустаҳкам гузошт. Ба расмият шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 130 давлати ҷаҳон, ифтитоҳи сафоратхонаи чандин кишварҳои дунё дар пойтахти Тоҷикистон ва дар мамолики ҷаҳон таъсис ёфтани намояндагиҳои дипломативу тиҷоратии давлати мо раванди ин муносибатҳоро вусъат ва суръати бесобиқа бахшид. Сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, сабақи судманди таърихии онро дар амнияти минтақаҳои мухталиф арзишманд гардонид.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сиёсати сулҳофаринии сарвари Тоҷикистонро бо таваҷҷуҳ ба моҳияти фарогиру ояндасози он ба андеша гирифта, навиштааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин бесабаб нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс ба нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Он чӣ дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».

Фарҳанги сулҳи Эмомалӣ Раҳмон, ки паёми ваҳдати воқеии тоҷикон, паёми ба орзуву ормонҳои худ расидани халқ буд, ба Президенти Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли он эътироф, эътибор ва эҳтироми ҷаҳонӣ армуғон овард. Сарчашмаи ин эътирофи ҷаҳониро метавон дар заминаи шинохти моҳият ва ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуд, зеро тамоми дастовардҳои мардуми тоҷик дар даврони истиқлол, ба вижа таҷрибаи сулҳ самараи ҳамин сиёсати оқилонаи сарвари давлат маҳсуб мешавад. Истиқрори сулҳу созгории миллӣ, тантанаи ваҳдат ва ҳамгироии мардуми Тоҷикистон, ки аз хидматҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳёи миллат ва давлатдории миллист, талошҳои тоҷиконро дар бунёди ҷомеаи демократӣ аз иқтидори азими маънавӣ бархӯрдор намуд. Бо ҳидояти Эмомалӣ Раҳмон ва ҳузури мубораки ӯ рӯзҳои ҷашни Ваҳдати Миллӣ мардуми шарифи тоҷик дар ҳар манотиқи кишвар канори ҳам омада, нишоту шукронаи ваҳдатро ба ҳам қисмат мекунанд. Ин расми накӯ ба як оини раъиятдории Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфта, ки дар миёни мардум пайванду муколамаи ҳамешагиро дар қаринаи хуштарин орзуву ниятҳо вазъ намуд.

Мардуми тоҷик мебинанд, ки ин ҳикмат дар мисоли сафарҳои сарвари давлат ба шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, ташрифи ӯ ба коргоҳҳои тоза, иншооти азими иҷтимоиву иқтисодӣ, мактабу китобхона, маҷмааҳои фарҳангиву фароғатӣ ва ғайра дар ҳаёт татбиқ мешаванд. Истиқболи пурмуҳаббати мардуми ҳама маҳалҳои Тоҷикистон аз ҳузури Президенти мамлакат, ки байни худ ва сарвари худ ҳаргиз садде ё фосилаеро эҳсос накардаанд, далели барҷастаи халқияти фитрату сиёсати Эмомалӣ Раҳмон аст.

Хулоса, фаъолияти густурдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи иттиҳоди тоҷикон, ки яке аз аслҳои умдаи ҳадафҳои олии ӯ буд, шахсияти ӯро аз маснади пешвои ормонии миллӣ то ба ҳадди Пешвои миллати тоҷикон оварда расонид, ки воқеан арзанда аст.

С. А. ВАЛИЗОДА, Академияи ВКД ҶТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here