Ноҳияи Файзобод таърихи бою рангине дорад ва табиати зебо, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии он дар бисёр сарчашмаҳои илмӣ аз ҷониби сайёҳону таърихнигорон ба некӣ ёд шудаанд. Дар домани ин куҳандиёр манзараҳои зебову камназир зиёд буда, захираҳои сайёҳии ҳудуди ноҳия ба тарғибу ташвиқ ва сохтмони инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ниёз доранд. Чунонки медонед, дар наздикии маркази ноҳия мақбараи Ҳотами Асам ҷойгир аст. Доир ба шахсият ва мақоми ирфонии ин шахсияти шинохта Фаридаддини Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мавлавӣ Ғулом Сарвари Лоҳурӣ маълумоти ҷолибе додаанд. Мақбараи мазкур ба асри 15 тааллуқ дошта, аз ҷониби олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ мавриди таҳқиқ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Ғайр аз ин, дар қаламрави ноҳия шаҳри бостонии Вашгирд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, мавҷуд буда, то ҳол дар сатҳи зарурӣ омӯхта нашудааст. Ободсозии мақбара ва омӯзиши амиқи шаҳри куҳани Вашгирд боз як саҳифаи таърихи ватанамонро равшан намуда, метавонад ба мавзеи ҷолиби сайёҳон ва ҳаводорони таърих табдил ёбад. Дар робита ба ин, Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати идомаи корҳои таҳқиқотӣ ва ободу зебо гардонидани гирду атрофи ёдгориҳои таърихии дар ҳудуди ноҳия кашфшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон,

10-уми апрели соли 2014

 

Мавқеи ҷуғрофӣ

Файзобод аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, 14-уми июни соли 1931 таъсис ёфтааст. Аҳолиаш дар ҳоли ҳозир 108,9 ҳазор нафарро ташкил дода, масоҳаташ 874,11 километри мураббаъ мебошад. Маркази маъмуриаш шаҳраки Файзобод, 50 км шарқтар аз шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст.

Ноҳия дар ҳавзаи болооби дарёи Элок (шохоби чапи Кофарниҳон) ва соҳили рости дарёи Вахшу обанбори Норак доман густурда, дар шимол ва ғарб бо шаҳри Ваҳдат, дар шарқ бо шаҳри Роғун, дар ҷануб бо шаҳри Норак ва ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ҳаммарз аст.

Ҳудуди марзию маъмурии ноҳияи Файзобод ба 8 ҷамоати деҳот (Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд, Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон, Чашмасор, Қалъаидашт, Мискинобод) ва ҷамоати шаҳраки Файзобод тақсим мешавад.

Дар иқтисодиёти ноҳия соҳаи кишоварзӣ мавқеи асосӣ дорад. Махсусан, чорводорию мурғпарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, боғу токдорӣ, ғаллакорӣ рушд дорад. Ҳамзамон як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин сехҳои нонпазӣ, заводи хишт, заводи шарбат, заводи коркарди шир, заводи коркарди ғалладона саноати ноҳияро пеш бурда, идораҳои хоҷагии ҷангал, стансияи таҷрибавии ниҳолпарварӣ, Пойгоҳи Институти хокшиносии назди Академияи илмҳои кишоварзи ҶТ, стансияи обу ҳавосанҷӣ дар ҳудуди маъмурии Файзобод маскан гирифтаанд. Ҷамъи заминҳои ноҳия 87411 гектар ва заминҳои корам       6474 гектарро ташкил медиҳанд.

 

Дахлу харҷи буҷет

Тавре дар ҷараёни суҳбат раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода иброз дошт, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба таъмини волоияти қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Ба иттилои раиси ноҳия, дар давоми се моҳи соли 2019 иҷрои буҷа дар қисми даромад бо дарназардошти маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 10965 ҳазор сомонӣ 11052,3 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 101 фоизи нақша маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2095,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, ба ҷои 11795,6 ҳазор сомонӣ 10956,4 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 93 фоиз хароҷот гардидааст, ки аз нақша 839,4 ҳазор сомонӣ кам мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 914,4 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 9,1 % зиёд аст.

 

Саноат

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 7099,1 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2599 ҳазор сомонӣ) 4500 ҳазор сомонӣ ё 173 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҳоли ҳозир шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия ба 20 адад мерасад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018-ум 3-то зиёд мебошад ва иҷроиши дурнамо низ 117,6 фоиз иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пор зиёд аст. Қобили тазаккур аст, ки аз шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолии ноҳия 10 ададашон мавсимӣ мебошанд.

Омили дигари бо иқтидори пурраи лоиҳавӣ кор накардани корхонаҳои саноатии ноҳия — ин аз солҳои пешин боқӣ мондани дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ ва куҳнаю фарсуда будани онҳо мебошад. Дар баробари ин, маҳз набудани қарзҳои дарозмуддати бонкӣ бо меъёрҳои нисбатан пасттар барои дастгирии рушди соҳаи соҳибкорӣ дар самти саноат аз ҳисоби ташкилоту филиали бонкҳои дар ноҳия фаъолияткунанда ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ латма мезанад.

 

Соҳибкорӣ

Тибқи маълумоти «Равзанаи ягона», дар семоҳаи аввали соли 2019 дар миқёси ноҳия 4229 адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 754 адад ва ё 21 фоиз зиёд гардидааст.

Дар ҳамин давра аз ҷониби филиалҳои бонкҳои ноҳия ба фаъолияти соҳибкории ноҳия 1113 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 308,7 сомонӣ ва ё 38,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол, бо муҳлатҳои камтарин пешниҳод намудани қарзҳо дар самти соҳибкорӣ ва инчунин, набудани қарзҳои миёнамуҳлат дар самти соҳибкорӣ аз ҷониби ташкилоту филиалҳои бонкии дар ноҳия фаъолияткунанда садди роҳи рушди соҳибкорӣ гардида, соҳибкоронро ба як қатор мушкилот мувоҷеҳ сохтааст.

 

Сохтмон

Дар се моҳи соли 2019 барои таъмир, сохтмони асосӣ ва дигар корҳои ободонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ноҳия ба маблағи 39 млн 622,3 ҳазор сомонӣ корҳоро иҷро намудаанд, ки аз ҳисоб 39 млн сомонии онро гранти «Барқи тоҷик» ташкил медиҳад.

Дар соли сипаригардида аз ҳисоби маблағҳои Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Варзишгоҳи марказӣ» ба маблағи 517,4 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми он идома дорад.

 

Кишоварзӣ

Дар семоҳаи якуми соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 33,1 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 млн сомонӣ ё 51,7 фоиз зиёд мебошад. Заминҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ аз рӯи ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо, аз ҷумла, корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин аҳолӣ дар давраи баҳори имсола пурра кишт гардидаанд. Ҳолати мелиоративии заминҳо хеле хуб буда, ягон гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун намондааст. Имсол 2,5 замини нав азхуд карда шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад, 33057,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 11267,8 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон дар се моҳи соли ҷорӣ шумораи коргарони соҳаи кишоварзӣ 12,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра шумораи техникаҳои кишоварзӣ яксон монда бошад ҳам, аммо теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 3450 адади семоҳаи аввали соли 2018 ба ҳадди 81 адад афзуда, дар семоҳаи аввали соли 2019 ба 3531 адад расидааст, ки 102,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, агар истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар шакли аслӣ дар мисоли гӯшту шир дар семоҳаи аввали соли 2019-ум 392,8 ва 3949 тоннаро ташкил дода бошанд, ин нишондод дар семоҳаи аввали имсол мутаносибан 415 ва 4079 тоннаро ташкил додааст, ки дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои истеҳсолии гӯшту шир аз нақшаи пешбинишуда зиёданд. Истеҳсоли тухм бошад, аз 1840,5 ҳазор донаи семоҳаи аввали соли 2018 дар ҳамин давраи соли 2019-ум 8,3 маротиба афзуда, ба 15249 ҳазор дона расидааст, ки 13408,5 ҳазор дона зиёд аст. Саршумори чорво низ аз ҳисоби гов, буз, гӯсфанд, асп ва оилаҳои занбӯри асалу паранда афзуда, маҳсулнокӣ низ боло рафтааст. Мушкилоти дар ин самт ҷойдошта — ин таъмиру тармим нагардидани канали 50-солагии Тоҷикистон ва дар ин самт ҷудо нагардидани маблағгузориҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои зиёда аз 1200 га заминҳои киштшаванда истифода мегардад, ҳамчунин, набудани техникаю тракторҳои ҳозиразамон барои коркард ва кишти маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, сари вақт истифода накардани заҳрхимикатҳо ва нуриҳои минералӣ аз тарафи хоҷагидорон бинобар сабаби камёфт ва гарон будани нуриҳои минералӣ ва мураккаб будани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоту филиалҳои бонкии дар ноҳия фаъолияткунанда барои дастрасии қарзҳои кӯтоҳмуддат дар самти кишоварзӣ ба деҳқонону хоҷагидорон ба шумор мераванд.

 

Маориф

Дар давраи ҳисоботӣ 62 муассисаи таҳсилоти умумӣ (43 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ ва 7 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ), Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият менамоянд. Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 22299 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 10863 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. 1393 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ки 957 нафари онҳо дорои таҳсилоти олӣ, 326 нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсус ва 110 нафар дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.

Вобаста ба масъалаи ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар ноҳия бо дастгирии аҳолии маҳал, соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 4 адад муассисаҳои таълимӣ, 1 адад муассисаи томактабӣ, 6 синфхонаи иловагӣ то охири соли ҷорӣ сохта мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар ноҳия 4 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 500 нафар кӯдакон тарбия мегиранд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши кӯдакони синни томактабӣ 6 адад маркази инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки беш аз 120 нафар кӯдаконро ба таълим фаро гирифтаанд. Дар ноҳия шумораи умумии кӯдакони синни томактабӣ 19159 нафарро ташкил дода, аз ин 9319 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 2,6% -ро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, барои васеъ намудани фарогирии кӯдакон бо муассисаҳои томактабӣ дар соли ҷорӣ ба истифода додани 2 адад муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Тандурустӣ

Дар ноҳия 52 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла, беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои минтақавии Меҳробод ва Мискинобод, ки дорои 200 кат мебошанд, амал менамоянд. Имрӯзҳо 16 марказ ва 27 бунгоҳи саломатӣ, 5 маркази соҳавӣ дар хизмати сокинони ноҳия қарор дошта, дар он 110 нафар духтурон ва 445 нафар ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият доранд.

Дар ин давра дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар ноҳияи Файзобод 54 нафар сироятёфта аз қайд мегузаранд. Аз ин шумора 36 нафарашон дар ноҳия табобат мегиранд, 17 нафари дигар дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рудакӣ ба табобат ҷалб карда шуда, дар давоми соли ҷорӣ 1 нафар фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Маркази мубориза бар зидди бемории сил бошад, ҳамагӣ 132 нафар ба қайд гирифта шуда, пурра ба табобат фаро гирифта шудаанд. Дар ин муддат 67 нафар беморони сироятёфта, аз ҷумла 22 нафар ба бемории зардпарвин, 41 нафар бемории шадиди рӯдаю меъда ва 4 нафар бемории буғумдард ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат барои шаҳрвандони аз муҳоҷират баргашта комиссияи ройгони азқайдгузарӣ таъсис дода шудааст, ки сари вақт бемориҳои сироятӣ муайян карда шуда, ба муолиҷа фаро гирифта мешаванд.

 

Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират

Шумораи аҳолии дорои қуваваи корӣ 63072 нафарро ташкил дода, аз ин 31689 нафарашон занон мебошанд. Инчунин аз шумораи аҳолии қувваи корӣ 17383 нафарашон дар соҳаҳои гуногуни ноҳия кору фаъолият дошта, 4600 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки аз ин 257 нафарашон занон мебошанд.

Дар ин давра аз тарафи шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ як маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ гузаронида шуда, 47 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда шудааст. Аз ин шумора 35 нафарашон бо ҷойи кор таъмин гардида, 12 нафари онҳо ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб карда шудаанд. Барои бо кор таъмин намудани муҳоҷироне, ки вурудашон ба кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон манъ мебошад, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ва намояндагии  муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон”, ки дар ноҳия амал менамояд, чор маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шудааст, ки 9 нафар бо ҷойи кор ва 8 нафари дигар ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб гардидаанд.

Ҷоиз ба ёдоварист, ки шумораи маъюбон, бахусус, аз ҳисоби кӯдакон рӯ ба афзоиш аст, ки ин раванд нигаронкунанда мебошад.

Шумораи кормандони ноҳия дар семоҳаи авали соли 2019-ум 5,3 ҳазор нафарро такшил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 0,4 нафар ё 108,2 % зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат бошад, айни ҳол 831,19 сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 114,49 сомонӣ зиёд мебошад, ки мутаносибан 115,9 %-ро ташкил медиҳад.

 

Фарҳанг

Шумораи муассисаҳои фарҳангӣ дар ноҳия 28 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин миён 18 адади онҳоро китобхонаҳо ташкил медиҳанд. Хушбахтона, дар ҳоли ҳозир ягон муассисаи фарҳангии ҳудуди ноҳия дар ҳолати садамавӣ қарор надорад. Вале набудани технологияи замонавӣ дар китобхонаҳои деҳот, нарасидани асбобҳои мусиқии миллӣ ва воситаҳои техникии тақвияти овоз барои корбарӣ аз зумраи мушкилоти то ҳанӯз ҳалталаби муассисаҳои фарҳангии ноҳия боқӣ мондаанд, ки мояи нигаронист.

 

Татбиқи барнома

Ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2016 – 2020-ум 158 лоиҳаи афзалиятнок бо маблағи 269,1 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки аз ин 60 лоиҳа бо маблағи 153,5 млн сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 44 лоиҳа бо маблағи 54,7 млн сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 32 лоиҳа бо маблағи 50,8 млн сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 13 лоиҳа ба маблағи 8,8 млн сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда ва 9 лоиҳа бо маблағи 1,3 млн сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд. Дар маҷмуъ, аз 158 лоиҳаи зикргардида 37 адад лоиҳа ба маблағи 24 210 ҳазор сомонӣ пурра татбиқ гардида, 35 адад лоиҳа ба маблағи 60211 ҳазор сомонӣ мавриди амалишавӣ қарор дошта, боқимонда 86 адад лоиҳаҳои дигар ба маблағи 184 679 ҳазор сомонӣ то ҳол оғоз нагардидаанд.

 

Иншооти ҷашнӣ

Ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод корҳои ободонию бунёдкорӣ бо ҷидду ҷаҳди зиёд ва талошу такопӯи масъулиятшиносона идома дорад. Тибқи нақшаи бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1059 аз 22-юми майи соли 2018 тасдиқгардида то соли 2021 дар ин ноҳияи зебоманзари мамлакат дар маҷмуъ бояд 352 адад иншооти хурду бузург бунёд ёбад. Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар баробари сохта ба истифода додани марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, бунёди боғчаву мактаб, биноҳои баландошёнаи истиқомативу таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард ва муассисаҳои тандурустиву табобатӣ, ҳамчунин, бунёди боғҳои фарҳангиву истироҳатгоҳҳои замонавӣ баҳри ҷалби бештари сайёҳон дар назар дошта шудааст, ки аз як ҷиҳат ба ҳусни ноҳия ҳусни дигаре зам намоянд, аз сӯи дигар, дар сатҳи некӯаҳволии мардум ва таъмин намудани садҳо нафар бо ҷойҳои кории доимиву мавсимӣ мадад хоҳанд кард. Баҳри татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои мазкур дар ноҳияи Файзобод гуруҳҳои корӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолият намуда, дар ин муддат аз шумораи лоиҳаҳои пешниҳодгардида 96 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, корҳои сохтмонии дигар лоиҳаҳо зери назорати доимӣ қарор дорад.

Раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода дар фароварди суҳбат зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод амалҳои созандаву бунёдкоронаро минбаъд низ бо садоқатмандӣ ба дастуру супоришҳо ва ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида, баҳри татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд меандешад, то ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Файзобод, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинони ноҳия ва ба ин васила шукуфоии як гӯшаи хоки муқаддаси кишвари азизамон саҳмгузор бошад.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here