Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Нуробод сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Нуробод дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои саривақтии амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондодҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёншуда дар панҷ моҳи соли 2020 як қатор корҳои муҳиму арзандаеро ба сомон расонидааст. Сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия нишондодҳои Паёми  навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, бо дилу нияти нек ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ дар ободиву пешрафти диёр саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Буҷету андоз

Бо мақсади воқеъбинона ба нақша гирифтани буҷети маҳаллӣ, афзоиш додани қисми даромади он, пешгирӣ кардани ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳо мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад.

Қисми даромади буҷети ноҳия бе андози иҷтимоӣ барои соли 2020 ба маблағи 36 миллиону 783 ҳазору 805, аз он ҷумла аз ҳисоби даромадҳои худи ноҳия 8 миллиону 91 ҳазору 400 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбати соли 2019 ба маблағи 3 миллиону 50 ҳазору 40 сомонӣ, ё ба андозаи 7,5%  афзоиш ёфтааст.

Дар қисми хароҷоти буҷети ноҳия барои соли 2020 ба маблағи 44 миллиону 1 ҳазору 524 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2019 ба маблағи 3 миллиону 50 ҳазору 40 сомонӣ ё ба андозаи 7,5 % зиёд мебошад.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо дар самти иҷрои қонунгузории андоз дар фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар ноҳия аз ҷониби нозироти андози ноҳия нисбати 24 нафар андозсупоре, ки манбаъҳои андозбандишавандаро пурра нишон надода буданд, назорати камералӣ гузаронида шуда, 207 ҳазор сомонӣ андозҳо ба буҷети давлатӣ ворид карда шудааст. Бо мақсади кам намудани қарзи андозҳо нисбати андозсупорандагони қарздор 25 қарор дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 1173 ҳазор сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб 592,7 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид карда шудааст. Дар натиҷаи пешбурди корҳои тавзеҳотӣ ва андешидани чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо бақияи қарзи соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 31 ҳазор сомонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи 2036 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Рушди соҳаи саноат

Дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар ҳамоно ҳадафи чоруми давлату ҳукумат ҳисобида шуд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷиҳати бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва дигар шахсони саховатпеша фазои мусоид фароҳам оварда шуда, иқдоми созандаи онҳо аз ҷониби бахшҳои давлатӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.

Дар ноҳия 4 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, тибқи маълумоти оморӣ, 1054,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2018-2020» 202 лоиҳаи афзалиятнок бо маблағи 182 миллиону 047 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Аз ин 32 лоиҳа бо маблағи 22 миллиону 040 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 36 лоиҳа бо маблағи 14 миллиону 384 ҳазор сомонӣ ба соҳаи саноат, 10 лоиҳа бо маблағи 77 миллиону 114 ҳазор сомонӣ ба соҳаи сохтмон, 25 лоиҳа бо маблағи 5 миллиону 317 ҳазор сомонӣ ба соҳаи маориф, 11 лоиҳа бо маблағи 5 миллиону 735 ҳазор сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, 21 лоиҳа бо маблағи 6 миллиону 343 ҳазор сомонӣ ба соҳаи фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ, 26 лоиҳа бо маблағи 19 миллиону 295 ҳазор сомонӣ ба соҳаи нақлиёт, хоҷагии роҳҳо ва алоқа, 11 лоиҳа бо маблағи 10 миллиону 645 ҳазор сомонӣ барои соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва ХМК, 11 лоиҳа бо маблағи 11 миллиону 850 ҳазор сомонӣ ба соҳаи таъминоти барқ, 19 лоиҳа бо маблағи 9 миллиону 324 ҳазор сомонӣ ба соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳифзи муҳити зист рост меояд.

Барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд ва барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ, коммуналӣ, инфросохтори замонавӣ, шароити шоистаи зиндагии аз лиҳози экологӣ мутобиқ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва инчунин, зиёд шудани табақаи миёнаи аҳолии ноҳия заминаи босазо хоҳад гузошт.

Рушди кишоварзӣ

Кишоварзони ноҳия аҳлона меҳнат намуда, то имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 5123 га кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла дар майдони 1646 га ғалладонагиҳо, 184 га зироатҳои техникӣ, 2018 га картошка, 247 га сабзавот ва 1027 га алафҳои бисёрсола кишт намудаанд.

Ҷиҳати баланд бардоштани ҳолати мелиоративии заминҳо аз ҷониби масъулини соҳа чораву тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо низ тадбирҳо андешида шудааст. Бо ин мақсад 95 тонна тухмиҳои хушсифати картошкаи навъҳои “Галла”, “Жуковский”, “Элита” ва “Белорус” ба ноҳия ворид карда шудааст.

Ба ҳолати 01.06.2020 саршумори чорвои калони шохдор ба 35 ҳазору 446 сар, чорвои майдаи шохдор ба 106 ҳазору 562 сар, паранда ба 80 ҳазору 821 сар, асп ба 272 сар ва занбӯри асал ба 11 ҳазору 536 оила расонида шудааст.          Дар ин давра истеҳсоли гӯшт 699,1 тонна, шир 1547,6 тонна, тухм 811, 7 ҳазор донаро ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки дар ноҳия 5 фермаи чорводорӣ бо шумораи 432 сар чорво ва фарогирии 15 нафар кормандон фаъолият менамоянд.

Дар соли ҷорӣ тибқи дурнамо дар ноҳия 15 га боғҳои нав бунёд гардида, 31 га боғҳои куҳна барқарор карда шудааст.

Кишоварзони ноҳия бо мақсади таъмин намудани бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам дар намоиш ва фурӯши асал иштирок намуда, 400 кг асалро бо нархи дастрас ба аҳолии пойтахт пешкаш намудаанд. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе тамоми соли гузашта кишоварзони ноҳия 34 маротиба ярмаркаи маҳсулоти кишоварзиро ташкил намуда, 36 тонна картошка, 20 тонна сабзӣ, 16 тонна себу нок, 12 тонна карам, 15 тонна пиёз ва анвои зиёди гиёҳҳои табиию шифобахшро пешкаши сокинони пойтахт гардонидаанд.

Таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, махсусан корхонаҳои коркарди шир, парандапарварӣ ва таъмини фаъолияти муназзами онҳо дар меҳвари асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар ноҳия ҶДММ «Шири Нуробод» бо мақсади коркарди маҳсулоти ширӣ мунтазам фаъолият намуда, ба истеҳсоли қаймоқ, сметана, творог, қурут, ҷурғот, равғани маска ва дӯғ машғул аст.

Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии пойтахти мамлакат бо гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ташкили ферма оид ба парвариши чорвои калони зотӣ ва ба роҳ мондани воридоти он аз хориҷи кишвар аз ҷониби соҳибкор Шарифов Анваршо, сохтмони фермаи чорводорӣ дар деҳаи Гардангаи деҳоти Хумдон ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки ин иншоот соли 2020 ба истифода дода шуда, беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин мегарданд.

Аз ҷониби ҶДММ «Шири Нуробод» ва занбӯрпарварони ноҳия барои ба роҳ мондани банду басти асал дар зарфҳои махсуси гуногунҳаҷм ва пешниҳоди он ба харидорон тадбирҳо рӯи кор омадаанд ва алаккай якчанд намуди ин маҳсулот дар намоиш-фурӯши асал пешкаши мизоҷон гардиданд.

Сохтмону ободонӣ

Корҳои бунёдкорию ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша босуръат идома дорад. Дар самти муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати амалисозии корҳои омодагӣ ва бунёди иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия, нақша-чорабинӣ тасдиқ шуда, диққати масъулин ҷиҳати сари вақт, бо сифати баланд ва услубу санъати миллии меъморӣ ба анҷом расонидани иншооти ҷашнӣ ҷалб карда шудааст.

Соли гузашта дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ роҳи марказии шаҳраки Дарбанд аз тарафи Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун»  дар масофаи 1,1 километр бо маблағи 4 миллиону 741 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуд. Инчунин, дар доираи ин лоиҳа дар масоҳати 5400 метри мураббаъ ду тарафи роҳ сафолакпӯш ва чароғон карда шуд. Тибқи тасмимоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод марҳилаи дуюми таҷдиди роҳи марказии шаҳраки Дарбанд оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Нуробод-лоиҳа» босуръат ва бо сифати хуб давом дорад.

Аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 сохтмони хати оби нӯшокии Шолидара-Дарбанд бо маблағи 7 миллиону 850 ҳазор сомонӣ дар масофаи 13,8 километр оғоз гардида, то ба имрӯз  идома дорад. Айни замон сохтмони қисмати «Б»-и беморхонаи марказии ноҳия бомаром идома дошта, имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳамзамон, тайи солҳои охир дар деҳоти ноҳия бо саҳмгузории сокинон ва соҳибкорон якчанд бунгоҳҳои тиббӣ сохтаву ба истифода дода шудаанд.

Барои бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатии замонавӣ тибқи нақшаи кулли шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод дар шафати варзишгоҳи марказӣ дар асоси қарори раиси ноҳияи Нуробод майдони 12 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Корҳои лоиҳакашии боғи мазкур ба анҷом расидааст. Тибқи дурнамо сохтмони боғ имсол аз тарафи Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун” оғоз гардида, марҳила ба марҳила бунёд карда мешавад.

Барои сохтмони бинои мактаби санъат ва мусиқӣ бо қарори раиси ноҳия аз 31-уми марти соли 2015, №60 дар маҳаллаи 2-юми шаҳраки Дарбанд майдони 0,31 га қитъаи замин ҷудо гардида, бо сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, супориши меъмории банақшагирӣ (АПЗ) оид ба оғоз намудани корҳои лоиҳакашӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. Сохтмони мактаби санъат ва мусиқӣ дар ноҳияи Нуробод ба нақшаи пешакии соли 2020 ворид карда шудааст.

Сохтмони бинои қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод соли 2009 бо маблағгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то ин давра идома дорад. Пудратчии иншооти мазкур КИ «Пулод» буда, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар қисмати ошёнаи дуюми он идома дорад.

Тайи солҳои охир аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ, шарикони рушд ва саҳми аҳолӣ сохтмону бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ, аз ҷумла, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №79 дорои 5 синфхона воқеъ дар деҳаи Сарҷуйи деҳоти ба номи И. Ҳалимов  ба маблағи 773 ҳазору 600 сомонӣ, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дорои 8 синфхона дар деҳаи Хуфаки деҳоти Хумдон бо саҳми мардум ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ ва 42 синфхонаҳои иловагӣ ба анҷом расонида шудаанд. Имсол низ сохтмони бинои мактаби дуошёна дорои 8 синфхона дар деҳаи Даҳагиёни деҳоти Муҷихарф, сохтмони 4 синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №26 ва МТУА №85-и ноҳия бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ идома бахшида мешавад. Соли равон ба воситаи шуъбаи сохтмони асосии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №12-и деҳаи Дегаии деҳоти Комсомолобод оғоз карда мешавад. Лоиҳаи бинои мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод барои 500 нафар хонанда аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, айни ҳол ба ташхиси давлатӣ пешниҳод карда шудааст.

Дар саросари ноҳия корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дошта, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, сармоягузорон, бо ҷалби соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинони ноҳия сохтмону бунёди беш аз 248 иншоот ба нақша гирифта  шуда, то имрӯз 150 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар 98 адад иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, ҳамарӯза хоҳишмандон барои саҳмгузорӣ дар ободонии ноҳия ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ариза муроҷиат менамоянд.

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо назардошти имкониятҳои мувофиқи сайёҳӣ, мавқеи созгори ҷойгиршавӣ ва маданияти бойи меҳмондории сокинони ин диёр тайи соли охир дар канори шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат — Нуробод — сарҳади Қирғизистон бо ҷалби сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ ба бунёди 3 меҳмонхона, 6 кати дамгирӣ, 12 ошхона ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ, 3 адад «Гӯшаҳои деҳқон», беш аз 40 марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, 10 ташнобҳои сарироҳӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ иқдом намудааст. Бунёди чунин иншоот дар ноҳия бомаром идома дорад.

Дар ноҳия барои рушди сайёҳӣ, гулдӯзию адрасбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Бо қарори раиси ноҳия аз 3-юми марти соли 2018, №69 «Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Нуробод барои солҳои 2018-2020» қабул гардида, шӯрои ноҳиявӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ фаъолияти бомаром дорад. Айни замон дар ноҳия се корхонаи хурди дӯзандагӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Сафедчашма, Комсомолобод ва шаҳраки Дарбанд фаъолият карда истодаанд.

Аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи И. Ҳалимов, Ҳакимӣ, Комсомолобод ва шаҳраки Дарбанд курсҳои омӯзиши дӯзандагӣ ва адрасбофии дастӣ ташкил карда шуда, зиёда аз 40 нафар занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳо ва 6 нафар занони бекор ба шуғли доимӣ ҷалб гардидаанд. Иштироки фаъолонаи ҳунармандону косибони ноҳия дар озмуну фестивалҳои ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ аз рушду ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия гувоҳӣ медиҳад.

Илму маориф

Шумораи умумии омӯзгорон 914 нафарро (аз ҷумла 131 нафар зан) ташкил дода, 620 нафар бо таҳсилоти олӣ (84 нафар зан), 69 нафар бо таҳсилоти олии нопурра (12 нафар зан) ва 224 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ (35 нафар зан) ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд. Рӯз то рӯз базаи моддиву техникии соҳаи маориф мукаммал гашта, иштироки хонандагони ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ фаъолтар мегардад.

Ҳоло дар ноҳия 85 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки аз онҳо 20 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 19 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳия) ба таълиму тарбияи 132 нафар хонандагон (30 нафар духтарон) машғуланд.

Хонандагони муассисаҳои таълимӣ асосан ба воситаи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ сафарбар карда мешаванд.

Айни ҳол дар ноҳия ду кӯдакистон бо фарогирии 109 нафар ва дар марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ 303 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар назди 10 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъсиси Марказҳои инкишофи кӯдакон ва дар маркази ҷамоатҳои деҳот сохтмони кӯдакистонҳо ба нақша гирифта шудааст.

Соҳаи тандурустӣ

Дар ҳудуди ноҳия 43 муассиса дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла, 1 Беморхонаи маркази ноҳиявӣ (БМН), 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ (МСН), 5 Беморхонаи минтақавӣ (БМ), 5 Марказҳои саломатии деҳот (МСД), 29 Бунгоҳҳои саломатӣ (БС), 1 Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологӣ, 1 дорухонаи давлатӣ ва 10 дорухонаи шахсӣ фаъолият доранд. Дар ҳамаи муассисаҳои тиббии ноҳия 221 нафар коркунони миёнаи тиб ва 66 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Ҳамзамон, дар назди беморхонаи марказии ноҳия гуруҳи мақсадноки коллеҷи тиббии ноҳия фаъолият дорад. Дар ноҳия 214 кат барои бистарӣ шудан ва хизматрасонии аҳолӣ фаъолият менамояд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ (буҷаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ, сармоягузории хориҷӣ ва соҳибкорону саҳми аҳолӣ) беш аз 30 адад беморхонаву дармонгоҳ, бунгоҳи тиббиву дорухона ва дигар муассисаҳои тиббӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020 бо № АП 1365 ва андешидани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар ноҳияи Нуробод нақшаи чорабиниҳо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) таҳия ва ситоди ноҳиявӣ — байниидоравии соҳаи тиб фаъолият дорад. Аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ дар ҳамаи муассисаҳои тиббии ноҳия маводҳои зарурии тиббӣ, аз он ҷумла ниқоб, дастпӯшакҳои яккарата, сарулибоси муҳофизатӣ, ҳароратсанҷакҳои симобӣ, маҳлулҳои спирт, гипохлориди калтсий захира карда шуда, дӯхти либосҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳо барои кормандон ба роҳ монда шудааст.

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандон ва беморон як миқдор маводҳои зарурӣ ҷудо гардида, тақсим карда шудаанд.

Соҳаи фарҳанг

Бахши фарҳанги ноҳия дорои 5 адад хонаҳои фарҳангӣ, 4 клуб, 2 клуби сайёр, 2 осорхонаи таърихӣ ва 20 китобхонаҳои оммавӣ буда, ба аҳолии ноҳия хизмат расонида истодаанд. Давоми 5 моҳи соли ҷорӣ бахши фарҳанги ноҳия ҷашнҳои Соли нави мелодӣ, Сада, Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи Модар, рӯзи Ғалаба, ҷашни Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллиро бо беҳтарин суруду тарона ва ҳаҷву мутоиба доир намудаанд.

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, бо мақсади ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ якчанд озмуну фестивалҳо  баргузор гардида истодааст. Дар даври ҷумҳуриявии онҳо ҳунармандони ноҳия иштироки фаъолона доранд.

Дар суҳбат бо мо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Нуробод муҳтарам Дӯстзода Ҳасан Тағдир иброз намуд, ки “ҳар миллату давлат тӯли таърихи худ қаҳрамону пешвоёни хешро дорад. Гарчанде миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо зиёд пешвоёну қаҳрамонҳо дошта бошад ҳам, давоми ин таъриху соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ касе барои мо хизмати Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро накардааст. Миллату давлатро дар вазнинтарин лаҳзаҳо сарҷамъ намудану то охирин гурезаро ба ватан баргардонидан — ин худ қаҳрамонии бемислу монанд дар таърихи миллати тоҷик ба шумор рафта, барои ташкили тамоми институтҳои давлатдорӣ ва то ба дараҷаи амнтарин кишвар расидани давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мо ба доҳии муаззами худ бояд арҷ гузорем. Ин аст, ки соҳибкорону шахсони саховатпешаи Нуробод азм намудаанд, то вобаста ба ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 248 иншооти гуногунро бунёд намуда, ин минтақаи куҳистонро ба гулистон табдил диҳанд. Аз ин теъдод аллакай беш аз 150 иншоот сохта ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 98 иншооти гуногун бомаром идома дорад”.

Раиси ноҳияи Нуробод муҳтарам Дӯстзода Ҳасан Тағдир зикр менамояд, ки “сокинони сарбаланди ноҳияи Нуробод бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми саъю талош, нерӯ, иродаву матонати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, корҳои ободонию созандагӣ, таҳкими сулҳу субот ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда истодаанд”.

— Меҳнаткашони ноҳия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод  дар панҷ моҳи соли 2020 пурмаҳсул меҳнат намуда, бо мақсади амалӣ намудани нишондодҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда ва ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, барои рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия чораҳои мушаххас меандешанд,- афзуд раиси ноҳия.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here