Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Оре, дӯстӣ намудан бо давлатҳои дигар ва халқҳои гуногун нишонаи якдил будан бо аҳли олам аст. Мо — халқи сарбаланди тоҷик бо Пешвои худ мефахрему менозем, чунки сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дӯстиро сармашқи кори худ намуда, бо тамоми давлату миллатҳо роҳи дӯстиву рафоқатро меъёри сиёсат қарор додааст, бо онҳо аҳдномаи дӯстӣ бастааст,  ки ин аз сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ будани ӯ гувоҳ аст. Суханони ҷовидонаи Ҳофизи лисонулғайб шиори ин родмард гардидааст:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Яке аз давлатҳои ба мо дӯст ва ҳамсоя Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки чандин сол сарҳади худро баста буд ва сабаби онро нооромиҳои дохили кишвар меҳисобид. Табиист, ки баъди баста гардидани сарҳадҳо додугирифти байни ин ду халқи бо ҳам дӯсту хешу табор коҳиш ёфт. Қисме аз ин халқҳо, ки бо ҳам робитаи хешутаборӣ доштанд, берун аз сарҳадҳои якдигар буданд, наметавонистанд ба осонӣ якдигарро бубинанд ва аз ҳоли ҳамдигар огоҳ шаванд.

Халқҳои тоҷик ва ӯзбек аз қадимулайём бо ҳамдигар дӯстӣ доштанд. Кушода шудани марзи ин ду кишвар дӯстии байни онҳоро боз ҳам мустаҳкаму самимӣ гардонид. Хушбахтона, он ҳама мушкилиҳое, ки дар замони баста будани марз нигаронкунанда буданд, паси сар монданд. Бо ташаббуси сарони ду кишвар сарҳадҳо кушода шуданд ва аз ин хурсандии сокинони ҳарду кишварро ҳадду канор набуд. Бо дидани чеҳраҳои онҳо кас лаззат мебардошт. Аз чашмони марду зан, пиру ҷавон ашки шодӣ ҷорӣ мешуд. Якдигарро ба оғӯш гирифта, соатҳо канори ҳам менишастанд, ба чеҳраҳои якдигар дида медӯхтанд, аз суҳбати ҳамдигар сер намешуданд. Он рӯз барои халқи тоҷику ӯзбек рӯзи хотирмон ва фаромӯшношуданӣ буд. Аз ҳаяҷони зиёд намедонистанд чи тавр миннатдории худро ба сарони ду кишвар баён намоянд. Шодии онҳоро ҳадду канор набуд, аз хурсандӣ гӯё ба осмон парвоз мекарданд. Сарони ду кишвар бо ҳам аҳд бастанд, ки ин дӯстиро абадӣ гардонанд. Бо кушода шудани марз додугирифт ва рафтуомад байни кишварҳои ҳамсоя бештар гардид.

Аҳди сарони ду кишвар моро водор месозад, ки якдил шавему дӯстиву бародариро пос дорем ва ҳамеша дастгиру мададгори ҳамдигар бошем, муносибати хешутабориро пурқувваттар намоем, ҳамдил шавем, зеро бузургон фармудаанд: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Муҳим он нест, ки мо ҳамзабон бошем, барои мо он муҳим аст, ки ҳамдил бошем ва барои ҳамдигар ҷони худро дареғ надорем. Тавре Ҳилолӣ фармудааст:

Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дӯст,

Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст.

Нозия АШӮРОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here