Ба номи Худованди ҷону хирад!

Ман бе ту даме қарор натвонам кард,

Эҳсони туро шумор натвонам кард.
Гар бар тани ман забон шавад ҳар мӯйе,
Як шукри ту аз ҳазор натвонам кард.
(Абулхайр)

Худои меҳрубон аз ду Паёмбараш дар Қуръон, дар сураи Наҳл, 120-121 ва сураи Исро-3 ёдовар мешавад ва мефармояд, ки Ҳазрати Иброҳим (ъ) ва ҳазрати Нуҳ (ъ) бандагони шукргузори ман буданд. Яъне, Худовандро аз шукргузории бандагонаш хуш меояд. Ва инчунин Худованд наҷоти башарият дар шукргузорӣ гузоштааст. Дар сураи Иброҳим, ояти 7 Худованд мефармояд, ки «агар маро шукргузорӣ кунед, барои шумо наъматамро зиёд мекунам ва агар дар неъматҳоям носипосӣ кунед, азобам хеле сахт аст».
Аз гуфтаҳои боло инро хотиррасон карданиам, ки бояд дар Тоҷикистони зебоямон хурду калон забони шукргузорӣ дошта бошанд. Азбаски бо мардум дар маҳфилу маъракаҳояшон нишаст дорам, гоҳ вақт мешунавам, ки баъзе мегӯянд «шукргузорӣ хубай, лекин ба чӣ шукргузорӣ кунем?», яъне аз баъзе норасоиҳо шикоят мекунанд. Ҳол он ки, Паёмбар (с) мефармояд, агар инсон як дандонковак дошта бошад, бояд шукргузор бошад.
Мо Худовандро шукргузорем, ки имрӯз мардуми тоҷик бо фазли Худо ва талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бисёри хоҳишамон расидем. Ва боз аз Худои меҳрубон умед дорем, ки дар оянда диёрамонро пешравиҳо, ободиҳо интизор аст. Чи гунае, ки дар урфият мегӯянд: «Банда бо умед, шайтон ноумед».
Аҳмади Дониш дар китобаш «Меъёру-т-тадайюн» овардааст, ки дар шаҳре, ки панҷ сифат мавҷуд набошад, марди оқил онро ба худ Ватан интихоб накунад:
1. Подшоҳи одилу ҳушманд;
2. Ободкунандагони шаҳр;
3. Обҳои ҷорӣ, чашма, то мардум зироат кунанд;
4. Вуҷуди атибо (табибон) ва ҳукамо (донишмандон), то ҳарду мардумро ҷисмиву маънавӣ тарбият кунанд;
5. Мардони саховатпеша то ғурабо, фақирҳои дохилӣ ва берунӣ.
Худоро сипосгузорем, ки аз ин фармудаи ҳукамо мардуми мо бархӯрдор ҳастанд.
Ҳар хидматеро, ки Пешвои миллат дар ин сарзамин ба сомон расонидааст, беҳисоб аст. Ба ин пешрафтҳое, ки ноил шудем, сабабгораш ҳам Пешвои миллат аст.
Паёмбар (с) фармудааст: «Беҳтарини Шумо касе аст, ки хайри ӯ ба мардумаш мерасад».
Паёме, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат расонида шуд, бори дигар умеди ҳамагонро ба ояндаи хубу нек қавӣ гардонд. Фикр мекунам, барои ваъдаҳое, ки дар Паём омадааст, бояд ҳар нафаре, ки пойбанди иҷрои кадом коре бошад, онро софдилона иҷро намояд. Яъне барои сохтани як ҷомеае, ки он обод бошад, зебо бошад, ором бошад, мардум молдор шаванд, аз тоҷик буданашон хурсанд бошанд, ҳеҷ гоҳ хавотиру ҳаросон набошанд, сарҷамъии ин миллат бисёр муҳим аст. Яъне мардум бояд гумони бад дар нисбати якдигар надошта бошанд, аз Пешвои миллат ҳамеша истиқбол кунанд, ба ҳар ваъдаву қонуне, ки анҷом дода мешавад, бовар кунанд.
Ба ҳар нафаре, ки чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ ҳастанд, ҳамеша буғзу кина, ҳасад, адоват, бадбинӣ доранд, бовар надошта бошед. Як бор пеши назар биёред, ки инҳое, ки ба гуруҳҳо ҷудо шуданд, ба ҳизбҳо ҷудо шуданд ва имрӯз аз ободиҳои Тоҷикистон нороҳатанд, чӣ карданд? Ба ғайри фитна андохтан ва аз номи Ислом сӯйистифода кардан, сабабгори бисёри нафарҳо дар зиндонҳо шудан, аз Ватан бе Ватан шудани ин мардум дигар чизе аз инҳо ба мардум нарасидааст.
Ду кабӯтар боли ҳам шикананд,
Туъмаи гурбаро омода кунанд.
Аз мардуми хуби миллат инро хоҳиш дорам, ки бояд ба сухани Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) хуб диққат диҳед: «Мусалмонро аз як сӯрох ду бор мор намегазад».
Бояд ҳушёру зирак бошем, ҳамчунин, барои ин осудагиву ободиҳои доштаамон аз сафсатҳои ҳеҷ нафари дилсиёҳ пуштибонӣ накунем. Дар баробари ин, фаҳмондадиҳӣ дар дохили кишвар анҷом дода шавад.
Имсол ман ба чанд шаҳри Русия сафар доштам. Худи тоҷиконе, ки Худо ба онҳо ақл додааст, як калонтарро гӯш мекунанд, аз тоҷиконе, ки фирефтаи «Гуруҳи 24» ё ҳизби наҳзат, ё салафӣ, ё шиа шудаанд, бисёр нороҳат буданд.
Паёмбарамон фармудааст, ки дуо дар зиндагии мо ва охирати мо нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, ҳар нафаре, ки моҳияти дуоро медонад, бояд даст бардошта, барои Ваҳдат, сарҷамъӣ, баланд шудани сатҳи зиндагӣ, инсоф, тавфиқ дуо кунад.
1. Дар иттиҳод қувват ва тавоноӣ афзоиш меёбад.
2. Корҳои муназзамро ихтилоф фосид мекунад.
3. Ихтилофҳо хазинаи ҷангҳо ҳастанд.
Ҳикоятеро барои сарҷамъӣ меорам: пирамарде 10 фарзанд дошт. Ҳамаашро дар назди худ ҷамъ кард ва ба ҳар кадомаш як навдаи дарахтро дод ва гуфт, ки ин навдаро шиканед. Ҳамаашон навдаҳои дар дасташон доштаро шикастанд. Баъдан дар дасти ҳар кадомаш 10 навдаро якҷо карда дод ва гуфт, ки навдаҳоро шиканед. Писаронаш ҳарчанд зӯр мезаданд, шикаста натавонистанд. Падар гуфт, агар ба танҳои бошед, шуморо мешикананд, агар ҳамаатон якҷо бошед, яктан бошед, қуввати душман ҳеҷ гоҳ ба шумо намерасад. Барои одами бофаҳм ин ҳикоят бисёр дарси муҳим аст.
Ку адофаҳме, ки бо абрӯ кунам кори забон,
То ба кай бо суфлатабъон ришҷунбонӣ кунам?
Дар охир дуо мекунам, ки ҳаргиз рӯзҳои сахту душвориро набинем ва моро бандагони шукргузор ва неъматҳояшро дар ин диёри мо зиёд гардонад.

Ҳоҷӣ МИРЗО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here