Варзиш ва маориф ҳар ду аз соҳаҳои пешбарандаи ҷомеа буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама баромаду вохӯриҳояшон вобаста ба боло бурдани сатҳи варзиш ва таълиму тарбия дар муассисаҳои миёнаву олии таълимӣ дастуру супоришҳо медиҳанд. Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов фаъолияти давраи шашмоҳаи соли 2020-ро дар самти татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷавонон, варзиш ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, ба роҳ мондааст. Дар ин замина, Раёсати донишкада баҳри беҳтар намудани ҷараёни таълиму тарбияи мутахассисони ҷавону варзида сайъу талош намуда, корҳои муҳими илмиву варзишӣ ва солимгардониро вазифаи аввалиндараҷа меҳисобад.
Ҳайати умумии маъмурият ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ аз 272 нафар, аз ҷумла 52 зан иборат аст. Аз ин ҳайати маъмурият 5 нафар (ректор Сафаров Ш. А, ноиби ректор оид ба таълим Каримова Д. Ҷ., ноиби ректор оид ба илм Шафоатов А., ноиби ректор оид ба корҳои варзишӣ Зайдуллоев Ҳ. З., ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Норов С. С., ноиби ректор оид ба корҳои хоҷагӣ Қурбонов Х.) ва 148 нафар кормандони хоҷагидорӣ фаъолият менамоянд.
Аз ҳисоби умумии омӯзгорон 4 нафар докторони илм, 19 нафар номзадҳои илм, 77 нафар омӯзгорони калон, 62 нафар устоди варзиши ҷумҳуриявӣ, 120 нафар ассистенти кафедра ва ҳамаи онҳо дорои маълумоти олии соҳавӣ мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати донишкада дар самти фаъолияти таълимӣ як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тибқи талаботи меъёрӣ ба роҳ мондани раванди таълимӣ маводҳои ёрирасони таълимӣ барои ҳамаи фанҳои тадрисшаванда аз тарафи омӯзгорон силлабусҳо ва барномаҳои таълимӣ таҳия карда шудаанд.
Раёсати донишкада тибқи талаботи Нақшаи таълимӣ, “Низомномаи низоми таҳсилоти кредитӣ”, барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои раванди таълим ҷадвали ягонаи ҷадвали ягонаи баргузории имтиҳонҳоро таҳия ва тасдиқ намудааст. Дар доираи ҷадвали мазкур сессияи санҷишу имтиҳонотии соли таҳсили 2019-2020 тибқи санадҳои меъёрии муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми кредитӣ ва ҳам фосилавӣ гузаронида ва тарзи қабули санҷишу имтиҳонҳо дар маркази машваратии назди донишкада роҳандозӣ шуда, 94,5%-и донишҷӯён дар имтиҳонҳо иштирок кардаанд. Натиҷаи ҷамъбасти сессияи санҷишу имтиҳонҳо нишон медиҳад, ки донишҷӯён натиҷаи хуб нишон дода, таҳсилашон 89,24% азхудкуниро дар бар мегирад. Маҳорати варзиширо низ дар кафедраҳои варзишӣ хуб натиҷагирӣ намудаанд.
Дар донишкада 18 кафедра ва 5 факултет фаъолият менамоянд, ки ҳар яки онҳо дар асоси барномаи таълимӣ таҳти раёсати донишкада қарор доранд. Фаъолияти факултетҳои донишкада — “Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ” (ихтисоси 1-030202), “Тарбияи ҷисмонӣ” (ихтисоси 1-030201), “Фаъолияти варзиши омӯзгорӣ” (ихтисоси 1-88020101), “Фаъолияти варзиши саёҳатӣ” (ихтисоси 1-890201-01 ва ихтисоси Воқеанигори варзиш) ва факултети “Ғоибона” назаррас аст. Мувофиқи нақшаи таълимӣ дар охири моҳи феврали соли гузашта донишҷӯёни бахши 5-уми факултаи Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ сафарбар карда шудаанд.
Дар Нақшаи таълимӣ барои донишҷӯёни солҳои 2019-2020 навоварӣ карда шуда, оид ба тахассусҳои амалкунандаи донишкада бо назардошти талаботи гузариш ба низоми таҳсили кредитӣ ва фосилавӣ ва мутобиқ ба дастурҳои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи нав таҳия карда шудааст.
Дар маҷмуъ, сессияи зимистонаи санҷишу имтиҳонҳои соли хониши 2019-2020 дар донишкада тибқи талаботҳои меъёрии баргузории сессияи имтиҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронида шуда, фоизи азхудкунии даври фаъоли сессия 92,5%-ро ташкил додааст.
Тибқи Низомномаи низоми таҳсили кредитӣ шумораи умумии донишҷӯён, ки ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, 5929 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5329 нафар рӯзона таҳсил мекунанд.
Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла “Низомномаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов”, “Низомнома доир ба низоми кредитии таҳсилот дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов”, “Низомномаи шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ”, “Тартиби қабули санҷишу имтиҳонот дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов”, “Тақвими академӣ барои соли таҳсили 2019-2020”, қарорҳои Шӯрои олимони донишкада ва фармоишҳои ректори донишкада вобаста ба низоми кредитии таҳсилот ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи маориф ба роҳ мондааст.
Қабули имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтингӣ)-и якуми донишҷӯёни ҳамаи курсҳои шуъбаи рӯзонаи ҳамаи факултетҳои донишкада тибқи талаботи нақшаи таълимии ихтисосҳои амалкунанда ва тақвими академӣ ҳафтаи 7-уми нимсолаи дуюми соли 2019-2020 ташкилу гузаронида шудааст. Дар ҷамъбасти натиҷаи фосилавӣ (рейтингӣ)-и 1, 2 ва имтиҳони нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 дар асоси дастур ва фармоиши ректори донишкада ҷадвал аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ тасдиқ гардида, дар ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои олимони донишкада бо ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва иштироки бевоситаи муовини ректор, сардори раёсати таълим, муовини сардори раёсати таълим, директор ва мутахассисони маркази бақайдгирӣ ва машваратии донишкада гузаронида шудааст. Имтиҳони фосилавии дуюм бинобар сабаби паҳншавии босуръати пандемияи COVID-19 бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон пеш аз муҳлат оғоз гардида, имтиҳонҳои ҷамъбастӣ аз рӯи натиҷаи рейтинги 1-ум ва 2-юм ҷамъбаст гардидаанд.
Аз моҳи январи соли 2020 сар карда бахши тарбия як қатор корҳои босамарро баҳри беҳбуди раванди тарбия ба роҳ мондааст. Рӯзи 23.01.2020 бахшида ба ҷашни Сада 500 ниҳоли ҳамешасабз шинонида шудааст. Омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада ба истиқболи ҷашни Сада рӯзи 26.01.2020 дар Боғи Фирдавсӣ намоиши намудҳои варзиши миллиро ташкил намудаанд.
Махсусан қайд кардан бамаврид аст, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар давоми шаш моҳ чор маротиба соҳилҳои дарёҳои Варзоб ва Лучобро тоза намудаанд.
Бо иштироки кормандони ВКД дар шаҳри Душанбе амалиёти муштараки риоя намудани қоидаҳои донишҷӯён ташкил карда шудааст. Бо иштироки роҳбарони факултету кафедраҳо 2 маротиба мизи мудаввар дар мавзуҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” баргузор карда шудааст. Рӯзи 19.02.2020 ба истиқболи ҷашни Артиши миллӣ чорабинии тантанавӣ байни афсарону донишҷӯён гузаронида шуда, вз тарафи Раёсати донишкада ба афсарон ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим гардидааст.
Дар донишкада санаи 6-уми март Иди Модарон ҷашн гирифта шудааст. Инчунин, 600 нафар донишҷӯёни донишкада тайи 1 моҳ — аз 3-юми феврал то 3-юми март дар чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок намудаанд.
Рӯзи 21.02.2020 вохӯрии кормандони Суди шаҳри Душанбе бо донишҷӯён ва устодони донишкада дар мавзӯи “Муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардидааст. Дар он судяи Суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д. Н. маърӯза намудааст.
Дар хобгоҳи донишҷӯён 500 нафар донишҷӯй истиқомат мекунанд. Аз тарафи бахши табия дар хобгоҳ навбатдории шабонарӯзии омӯзгорон ташкил карда шудааст.
Дар асоси нақша ва супоришҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми марти соли 2020 дар донишкада ҷаласа оид ба ташкили ситоди дохилимуассисавӣ оид ба пешгирии сирояти бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ситоди мазкур таъсис дода шудааст. Ситод аз рӯзҳои аввал баҳри пешгирии ин вирус нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, аз пайи амалӣ намудани он мебошад. Донишҷӯёни донишкада доимо бо ниқоб ба дарсҳо ҳозир мешаванд. Аз тарафи Раёсати донишкада ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе роҳравҳои донишкада, толорҳои варзишӣ, синфхонаҳо ва утоқҳои омӯзгорону кормандон бо маҳлулҳои дезинфексионӣ тоза карда мешавад. Понздаҳ нафар омӯзгорони ҷавони донишкада дар шаҳраки 46 ба аҳолӣ давоми ду рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии сирояти бемории COVID-2019 бурдаанд.
Дар донишкада Наврӯзи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуда, мусобиқаи гӯштини миллӣ ва Барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардидааст. Дар мусобиқаи гӯштин донишҷӯёни тамоми муассисаҳои олии касбӣ иштирок намудаанд.
Дар давоми шаш моҳ дар донишкада чор маротиба вохӯрии кормандони ВКД, Агентии зидди коррупсия, кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст. Инчунин, санаи 17.04.2020 дар толори донишкада ҳамоиши маърифатӣ-тарбиявӣ таҳти унвони “Рушди маънавиёт — омили солимии фард ва ҷомеа” бо иштироки муовини аввали раиси Ҳукумати шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баргузор гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар донишкада 15 нафар ятимони кулл таҳсил мекунанд. Аз тарафи Раёсати донишкада барои ин донишҷӯён хӯроки ройгон ташкил карда шудааст ва ба онҳо доимо ёрӣ расонида мешавад.
Моҳи январи соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни Соли нави мелодӣ ва таътили зимистона аз 5.01 то 10.01.2020 мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои волейбол, футболи хурд, тенниси рӯи миз, шашкаю шоҳмот байни омӯзгорон баргузор гардида, дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 200 нафар омӯзгорон иштирок намудаанд.
Барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди Сада, тибқи нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мусобиқаҳои кушоди клуби варзишии донишкада байни наврасон аз намудҳои гӯштини миллӣ, шоҳмоту шашка, волейбол баргузор гардида, дар ин мусобиқаҳо зиёда аз 500 нафар наврасон иштирок намудаанд.
Тибқи мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми декабри соли 2019, таҳти №252875 (26.7) шуруъ аз санаи 8-уми феврали соли 2020 дар қаламрави кишвар баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар 8 боғи фарҳангӣ ва истироҳатии пойтахт оғоз гардида, 45 нафар омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ба баргузории ин машқҳо вобаста шудаанд, ки то охири соли 2020 идома меёбанд.
Иштироки донишҷӯён дар ин рӯзҳо дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ назаррас будааст. Донишҷӯи бахши 3-юми факултети ОДҲ Сайфиддини Низомиддин аз 28.01 то 16.02.2020 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон аз намуди лижаронӣ иштирок намудааст. Донишҷӯи бахши 4-уми факултети Тарбияи ҷисмонӣ аз 29.02 то 14.03.2020 дар мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё аз намуди бокс дар шаҳри Уммони давлати Урдун иштирок намудааст.
Дар мусобиқаи Чемпионати Осиё аз намуди гуштинги тарзи Озод дар Ҷумҳурии Ҳиндустон донишҷӯи бахши 4-уми факултети Сайёҳии кӯҳӣ Шарипов Ҷамшед ҷои 5-умро ишғол намуд. Рӯзҳои 19.02.2020с дар донишкада бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ аз рӯи 8 намуди варзиш мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд, ки дар ин мусобиқаҳо зиёда 600 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.
Рӯзи 22.02.2020 дар мусобиқаи кушоди Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди шоҳмот ва шашка Зоҳидов Эраҷ (омӯзгори кафедраи якҳарбаҳои шарқӣ) миёни мардон аз намуди шашка ва Исмоилова Лола миёни занон аз намуди шашка ҷои 1-умро ишғол намудаанд. Аз намуди шоҳмот миёни мардон Каримов Алишер (донишҷӯи бахши 3-юми факултети Тарбияи ҷисмонӣ) ва миёни занон донишҷӯи бахши 5-уми факултети Тарбияи ҷисмонӣ (шуъбаи ғоибона) Мутрибаи Ҳотамӣ ҷойҳои 1-умро ишғол намудаанд.
Бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар низ дар донишкада миёни донишҷӯдухтарон мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди тӯби дастӣ, волейбол, чавгонбозӣ гузаронида шудаанд. Инчунин, мусобиқаи кушоди ДТҶТ ба номи С. Раҳимов байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии шаҳри Душанбе аз намуди шоҳмот ва шашка гузаронида шуда, дар он зиёда аз 120 нафар донишҷӯдухтарони муассисаҳои олии шаҳри Душанбе иштирок намудаанд.
Тибқи тақсимоти иштироки варзишгарон дар марафони велосипедронӣ ва Дави наврӯзӣ 3100 нафар донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов фаъолона иштирок намудаанд.
Дар донишкада 170 нафар занону духтарон фаъолият менамоянд, ки 60 нафар омӯзгор ва 100 нафар кормандони ёрирасон мебошанд. Ҳамзамон, дар вазифаҳои роҳбарикунанда 2 нафар муовини ректор, 1 нафар раиси Шӯрои занони донишкада, 1 нафар декани факултет, 1 нафар мудири шуъбаи кадрҳо, 5 нафар номзади илм фаъолияти пурсамар доранд.
Санаи 03.01.2020 Ҷаласаи навбатии Шӯрои занон ва духтарони донишкада баргузор гардида, дар он ноиби ректор оид ба тарбия Норов С. С., раиси Шӯрои занон ва духтарони донишкада Каримова Ш. Р., омӯзгорони донишкада ва 60 нафар донишҷӯдухтарон иштирок намудаанд. Рӯзномаи маҷлис масъалаҳои гузаронидани суҳбат бо духтарон оиди бомуваффақият супоридани санҷишу имтиҳонҳо, гузаронидани суҳбат дар байни духтарон оид ба тартибу интизом, оромӣ ва тозагӣ дар хобгоҳ, гузаронидани суҳбат бо духтарон оиди дар дарсҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ фаъолона иштирок намудан, суҳбат дар мавзӯи риоя намудани тарзи пӯшидани либос мувофиқи либосҳои таъиншуда ва тартибу интизом дар хобгоҳу ҷойҳои ҷамъиятӣ дар бар гирифтааст.
Ба гуфтаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов муҳтарам Сафаров Шодӣ Асомуродович, “миллати тоҷик яке аз қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, садҳо намудҳои варзиш, аз қабили гӯштин, камонзанӣ, ресмонкашӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ, шоҳмотбозӣ, қаиқронӣ, дорбозӣ, куҳнавардӣ, гурза ва сангпартоӣ, паридан ба дарозӣ, чиликпартоӣ, дастхобонӣ ва садҳо дигар намудҳои варзишро гузаштагони далеру шуҷои ин миллат ба ҷаҳониён туҳфа кардаанд, ки имрӯз қисми зиёди онҳо ба рӯйхати бозиҳои олимпӣ дохил карда шуда, ин ифтихори ин миллату ин давлат мебошанд. Варзиш соҳаи муаррификунандаи халқу миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Бо ғолиб омадани ин ё он варзишгар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонию байналмилалӣ парчами давлати шахси ғолиб бардошта шуда, суруди миллии он давлат садо медиҳад, ки як шукуҳу шаҳомати беназирро доро буда, ин маросим ба тамоми ақсои олам тариқи воситаҳои ахбори омма ва воситаҳои замонавии электронӣ пахш карда шуда, номи шахси ғолиб ва давлати ӯро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад”.
— Донишкадаи тарбияи ҷисмонии кишвар махзани илмию методӣ ва макони илмомӯзии варзишгаронудиловарон буда, қариб кулли варзишгарони номии ватан, ки парчамбардори миллату меҳананд, дастпарварони ин даргоҳ мебошанд. Агар дар замони шӯравии бузург, ки баъзе аз мардум аз таърифу тавсифаш монда намешаванд, дар кулли Тоҷикистон азиз 3-4 варзишгоҳи бузург ва ҳамин қадар толорҳои варзишӣ мавҷуд бошад, имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат толорҳои бузурги варзишӣ ва варзишгоҳи муосир сохта шуда, гузашта аз ин, бо иқдоми раиси ҷавони шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар як худи пойтахти кишвар садҳо майдончаҳои фароғатӣ бунёд гардидааст. Ногуфта намонад, ки эшон аллакай чандин солҳо худ раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон буда, барои рушди соҳа, аз ҷумла футболи касбӣ хизматҳои беназир карда истодаанд. Он рӯз дур нест, ки маҳз туфайли хизматҳои арзандаи раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳар кӯчаю паскӯчаи ин ватан чун аз давлати Бразилия футболбозони сатҳи ҷаҳонӣ бароянду ифтихори ин миллату давлат гарданд. Имрӯз барои касе пӯшида нест, ки асоси пешравии иқтисодиву иҷтимоии кишвар — ин хизматҳои арзандаи Пешвои муаззамии миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ чун миллати ободкору ваҳдатсаро маълуму машҳур намуданд. Пешвои муаззами миллат чун Президенти Кумитаи олимпии кишвар барои пешрафти соҳаи варзишу сиҳатии мардуми тамоми манотиқи ин сарзамини куҳанбунёд онқадар хизматҳои арзанда намудаанд, ки кайҳо номашон чун Пешвои беназири соҳаи варзиш ва муррабию сарпарасти варзишгарон машҳури ҷаҳониён гардида, ифтихори миллату давлати тоҷикон мебошанд,- афзуд ӯ.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ