Ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) дар Тоҷикистони шӯравӣ ҳамчун ҳудуди марзӣ санаи 05.12.1929 ташкил ёфтааст. Масоҳати умумии ноҳия 1588,7 километри мураббаъро ташкил менамояд. Ноҳия аз ҷанубу ғарб бо ноҳияҳои Масчоҳи қуҳӣ, Айнӣ, Шаҳристон, аз шимол бо ноҳияи Спитамен, аз ғарб бо ноҳияи Истаравшан ва аз тарафи шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Аҳолии ноҳияро асосан тоҷикону ӯзбекон ташкил медиҳанд. Ба 1-уми январи соли 2018 аҳолии ноҳия 165693 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 55 деҳот ва як шаҳрак мавҷуд аст, ки онҳо 7 ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳракро ташкил додаанд. Инҳо ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, ҷамоатҳои деҳоти Яхтан, Ғазантарак, Муҷун, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Росровут ва Далёни Боло мебошанд.
Донистани таърихи ноҳия ҳамчун яке аз ҷузъиёти сарзамини тоҷикон басо шавқангез мебошад. Зеро чун қисми таркибии қаламрави тоҷикон таърихи он тамоми ҷузъ, бурду бохт, роҳи паймудаи халқи бостонии моро инъикос менамояд.
Агар ба мавқеи ҷуғрофии ноҳия ва сокиншавию урфу одати аҳолии он ва осори шифоҳию хаттӣ, маданию таърихӣ такя намоем, ба пуррагӣ маълум мегардад, ки сарзамини ноҳия дар даври қадиму миёна ва нав ба сифати як қисми хурду хеле наздики Истаравшани бостонӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, омӯзиши таърихи ноҳия бе алоқамандӣ бо таърихи бою рангини Истаравшан аз имкон берун аст.
Роҳбарии ноҳияи Деваштичро марди оқилу кордон ва роҳбари намунавии замони мо Сулаймон Зиёзода бар дӯш дорад.
Дар ноҳияи Деваштич ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани «Саноатикунонии мамлакат» ва солҳои 2019-2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии сокинон ва коҳишёбии сатҳи камбизоатии аҳолӣ равона шудаанд, чораҳои мушаххас андешида, нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли равон бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда шудааст. Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишон додааст, ки масъулини соҳаҳо аз камбудиҳои соли гузашта хулосаҳои зарурӣ бароварда, фаъолияти корбариро ҷиҳати иҷрои дурнамо, барномаҳо ва нақшаҳои тасдиқгардида такмил дода, бо истифода аз имконияту захираҳои дохилӣ рушди иқтисодиёти ноҳияро таъмин намудаанд.
Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки 309 бандро ташкил медиҳад. Аз он сохтмони муассисаҳои таълимӣ 10 адад, муассисаҳои табобатӣ 15 адад, нуқтаҳои хатнакунии кӯдакон 20 адад, сартарошхона ва толори ҳусн 64 адад, толор ва майдонҳои варзишӣ 31 адад, боғи истироҳатӣ-фароғатӣ 1 адад, китобхона 2 адад, дорухона 3 адад, ҳаммом 15 адад, маркази савдо 10 адад, марказҳои хизматрасонӣ 65 адад, майдончаҳои бозии кӯдакон 2 адад, иншооти гуногун 71 ададро ташкил медиҳанд.
Дар 6 моҳи соли 2019-ум 95 адад иншоти сохтмонашон ба охир расида дар асоси қарорҳои раиси ноҳия ба истифода дода шуданд.
Буҷети ноҳия
Аз ҷумла, дар ин давра нақшаи қисми даромади умумии буҷет аз рӯи 12420,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои воқеии он (12588,0) 12 миллиону 622 ҳазору 728 сомонӣ, ё ин ки ба андозаи 101,6 фоиз иҷро гардидааст.
Воридоти андозҳо нисбат ба нақша 202728 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1,011,0 ҳазор сомонӣ зиёд ворид шудааст. Иҷроиши нақшаи буҷети маҳаллии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 104,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 9 миллиону 710 ҳазору 140 сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ 10 миллиону 99 ҳазору 232 сомонӣ андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 389 ҳазору 92 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз буҷети вилоятӣ ба тариқи субвенсия 25 миллиону 895 ҳазору 450 сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Ҳамагӣ нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ бо якҷоягии субвенсия дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 35 миллиону 605 ҳазору 640 сомониро ташкил дода, иҷроиши воқеии он 35 миллиону 994 ҳазору 682 сомонӣ таъмин карда шудааст, ки он ба 101,1 %-и нақшаи пешбинишуда баробар мебошад. Бобати пардохти андозҳо аз рӯи ҳар як намуди онҳо чораҳои зарурӣ мавриди амал қарор дода шуда, дар нимсолаи аввали соли 2019 аз 12 намуди сарчашмаҳои буҷет нақшаи 10 намуд барзиёд иҷро гардида, аз ҳисоби ин ба буҷетҳои дахлдор бо таври иловагӣ 870 ҳазор сомонӣ андозҳо пардохта шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ қарзнокӣ аз музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар ноҳия вуҷуд надорад.
Соҳаи кишоварзӣ
Дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб рафта, дар як вақт амалӣ намудани ҳадафҳои асосии барномаҳои соҳавӣ вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Масъулини соҳа ва тамоми кишоварзони ноҳия ин масъулиятро хуб дарк намуда, ба нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гардидаанд. Аз ҷумла, дар ин давра мувофиқи омор дар майдони 40567,8 гектар, аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 36479,8 гектар зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла ғаллагиҳо мувофиқи ноҳия 29927,8 га, аз он ҷумла дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 28519,6 га, картошка мувофиқи ноҳия 4428,42 га, аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 3208,12 га, сабзавот ҳамагӣ 1109,68 га, аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 616,5 га, зироатҳои техникӣ ҳамагӣ 1091,2 га, полезӣ 292,7 га кишт карда шудааст.
Бо назардошти манбаи об хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия сол аз сол майдони кишти картошка ва сабзавотро зиёд намуда, баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 ҳамагӣ 63 миллиону 79 ҳазору 400 сомониро ташкил мекунад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 16 миллиону 561 ҳазору 900 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ зиёд истеҳсол карда шудааст. Ё худ афзоиши он назар ба ҳамин давраи соли гузашта 135,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли ҷорӣ заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуд набуда, азхудкунии заминҳои нав дар ноҳия ба майдони 22 га аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва боир барои бунёди токзорҳои нав истифода шудаанд.
Дар соли 2019 дар ноҳия кишти пунбадона ба майдони 102 гектар гузаронида шудааст. Алҳол нашъунамои ниҳоли пахта хуб буда, кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки ҳосилнокии онро ба 25-30 сентнер расонанд.
Дар ноҳия оид ба истеҳсоли зироати асосии картошкаи тухмӣ хоҷагиҳои кишоварзии ба номи Ҳотам Қурбонов, “Овчии Ғончӣ” ва “Хӯҷаҳо” фаъолият мебаранд, ки дар соли ҷорӣ аз ҷониби хоҷагиҳои мазкур ба дигар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба миқдори 4200 тонна тухмиҳои хушсифат содирот карда шудааст.
Дар ин давра дар ноҳия 15 адад гармхонаҳо ба масоҳати 0,67 га фаъолият дошта, дар солҳои 2018-2019 барои таъмини бозорҳои дохилӣ ва берун аз он зиёда за 2000 кг меваи лимӯ ва 1000 кг сабзавот, аз қабили помидор ва бодиринг пешниҳод карда шудааст.
Дар солҳои 2019-2020 аз тарафи соҳибкорон дар ҷамоатҳои деҳоти Муҷун ва Ғазантарак сохтмони 2 адад сардхонаи замонавӣ бо ғунҷоиши 500 ва 100 тонна маҳсулот ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 150,2 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шудааст, ки аз ин майдон 129,7 гектар боғҳои нав ва 20,5 гектараш токзорҳои нав буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 92,5 гектар боғ ва 20 гектар токзор зиёд мебошад.
Дар 6 моҳи соли равон дар ноҳия 876,6 тонна гӯшт, 8201,6 тонна шир, 180,2 тонна пашм ва 1 миллиону 891 ҳазору 300 дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯшт 113,0 фоиз, шир 124,0 фоиз, пашм 109,0 фоиз ва тухм 201,0 фоизро ташкил менамояд.
Дар ноҳия ба ҳолати 1-уми июли соли 2019-ум 78571 сар моли калон, аз ҷумла 39 348 сар модагов, 142 989 сар моли майда, 1102 сар асп, 79 096 сар паранда мавҷуд буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Наслгирӣ аз моли калони шохдор 22938 сар гӯсола, аз моли майда 62761 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳандаҳо низ зиёд мебошад.
Соҳаи саноат
Аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия дар 6 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 26 миллиону 567 ҳазору 700 сомониро ташкил додааст, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра 355,4 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 2 миллиону 588 ҳазору 900 дона хишти бинокорӣ, 280 ҳазору 700 дона хишти пухта, 909 метри мукааб коркарди қуму шағал ба харидорон пешкаш намудаанд.
Дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 725,4 км роҳҳо мавҷуд мебошад. Дар 6 моҳи соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, соҳибкорон ва аҳолии ноҳия 173 км роҳҳо таъмиру тармим карда шудааст, ки аз он 154,9 км шағалпӯш карда шуда, дар 18,1 км роҳҳо таъмири ҷорӣ бо асфалт ба маблағи 773,4 ҳазор сомонӣ гузронида шудааст, ки 89 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ба пуррагӣ асфалтпӯш кунонидани қисмати роҳҳо оғоз аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ то маркази ноҳия ба масофаи 17 км пешбинӣ гардида, алҳол 7 километри он асфалтпӯш кунонида шуда, корҳо идома доранд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин давра бо ташаббуси сокинони як қатор деҳаҳои ноҳия қисмати зиёди роҳҳои маҳаллӣ тахту ҳамвор ва шағалпӯш кунонида шудааст. Инчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки танҳо дар ин давра аз ҷониби ду нафар сокинони саховатпешаи деҳаи Метк аз ҳисоби хароҷотҳои сафари Хаҷ ду адад кӯпрукҳо сохта шуда, дар арафаи баистифодасупорӣ қарор доранд, ки ин иқдоми онҳо лоиқи таҳсин мебошад.
Рушди бахши хусусӣ
Дар умум, шумораи соҳибкорони хурду миёнаи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2019, ки дар асоси шаҳодатномаю патент фаъолият мебаранд, аз рӯи маълумотҳои нозироти андоз дар ноҳия ҳамагӣ 3776 ададро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 3762 адад буда, ин нишондиҳанда 14 адад зиёд мебошад. Аз 3776 нафари бо шаҳодатномаю патент фаъолиятдошта дар ҳамин давраи соли 2019 дар ҳудуди ноҳия аз ҷумла бо шаҳодатномаи шахсони ҳуқуқӣ 293 адад, бо патент 964 адад, шаҳодатнома 250 адад ва шаҳодатномаи хоҷагиҳои кишоварзӣ 2269 адад, аз ҷумла занон ва ҷавонони соҳибкор ҳамагӣ дар ҳудуди ноҳия фаъолият бурдаистода бо патенту шаҳодатнома баҳри рушди ноҳия самҳи худро низ гузошта истодаанд. Саҳми занон баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия асосан ба ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳҳои саноати сабук, мағозаҳои тиҷоратӣ, ошхонаву толорҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо хеле назаррас мебошад.
Инчунин, дар нимсолаи аввали соли 2019 аз тарафи соҳибкорони ноҳия якчанд корҳои сохтмонӣ, ки бо қабули иншооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мағозаҳои тиҷоратию нуқтаҳои фурӯшу таъмирӣ ба фаъолият оғоз намудаанд, аз ҷумла мағозаю марказҳои хизматрасонӣ 12 адад, дорухонаҳо 2 адад ба маблағи 2773,7 ҳазор сомонӣ, 1 адад майдончаи хурди футболбозӣ ба маблағи 486244 сомонӣ, як адад клуби шоҳмотбозӣ ба маблағи 167493 сомонӣ ҳамагӣ бо ташкили 50 ҷойҳои нави корӣ ва аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти эълон гаштани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба иҷро расонида шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дастгирии рушди соҳибкорӣ дар ноҳия бо соҳибкорони ватанӣ дар ноҳия ҳамкории судманд андешидааст.
Дар ноҳия ҷиҳати рушди хизматрасониҳои пулакӣ тамоми чораҳои зарурӣ мавриди амал қарор дода шудаанд.
Дар ин давра ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана 82 миллиону 300 ҳазору сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120,9 фоиз, ё 19 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми хизмати пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба андозаи 20 миллиону 200 ҳазор сомонӣ баробар гардида, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 100,3 фоизро ташкил додааст.
Соҳаи маориф
Соҳаи маориф ва илм яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёти ин соҳа ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия қароор дорад. Дар соли хониши 2018-2019 дар ноҳияи Деваштич 76 муассисаи таълимӣ фаъолият мебаранд, ки аз инҳо 1 адад Маркази таҳсилоти иловагӣ бо шумораи умумии 564 нафар хонанда, 7 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо шумораи 1195 нафар кӯдак, 65 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 гимназия бо шумораи 37170 нафар хонанда фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 37170 нафар хонандагон, 2734 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1179 нафар занон фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 2319 нафар соҳиби маълумоти олӣ, 98 нафар маълумоти олии нопурра, 311 нафар дорои маълумоти миёнаи омӯзгорӣ мебошанд.
Дар ин давра дар ноҳия бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаҳои томактабӣ тариқи зайл:
— сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 нафар хонанда дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳия;
— сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 120 нафар хонанда дар назди Гимназияи №3;
— сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ барои 150 нафар дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46;
— сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии №8 барои 240 нафар;
— таъмири куллии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17;
— сохтмони бинои алоҳида барои 100 нафар кӯдакон дар назди муассисаи таҳсилоти томактабии №1, шаҳраки Ғончӣ;
— сохтмони 4 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 100 нафар дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4;
— сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42;
— сохтмони 12 синфхонаҳои иловагӣ барои 240 нафар хонанда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28;
— сохтмони бинои нав барои 640 нафар хонанда дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Ҳамзамон, дар ин давра дар деҳаи Қалъаи Дӯст тариқи ҳашар ва саҳмгузории сокини ҳамин деҳа Саидҳомидов Ҳикмат аз ҳисоби маблағҳои сафари Ҳаҷӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ бунёди 8 синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ№50 оғоз гардидааст.
Дар ноҳия 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мебаранд, ки дар онҳо 1195 нафар кӯдакон ҷалб карда шудаанд. Дар назди 28 муассисаҳои таълимии ноҳия 46 гуруҳ бо ҷалби 943 нафар кӯдакон марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст.
Дар тамоми таълимгоҳҳои ноҳия 74 ҳуҷраи компютерӣ мавҷуд буда, бо 975 адад компютер, 183 адад принтер, 24 адад сканер, 39 адад тахтаҳои электронӣ, 40 адад проектор, 19 адад таҷҳизоти нусхабардорӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии толибилмон ва иштироки бомуваффақона дар озмунҳо ва олимпиадаҳои вилоятӣ барои хонандагони ғолиб дарсҳои иловагӣ ташкил карда шуда, хонандагони дар олимпиадаҳо ғолибомада қадршиносӣ карда мешаванд.
Соҳаи тандурустӣ
Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳия 103 нафар пизишкон ва 328 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд.
Дар ноҳия 2 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 16 Маркази саломатии деҳот ва 22 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият мебаранд. Дар ноҳия катҳои табобатӣ 650 ададро ташкил медиҳад. 13 муассисаҳои фурӯши доруворӣ ва маводҳои тиббӣ фаъолият мебаранд. Дар муассисаҳои госпиталӣ 161 нафар табибон, 855 нафар кормандони миёнаи тиб, 275 нафар кормандони хурди тиб фаъолият менамоянд.
Тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва тариқи ҳашар сохтмони якчанд муассисаҳои тандурустӣ ба роҳ монда шуда истодааст.
Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи “Модару кӯдак” дорои 160 кат, марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Далён ва Яхтан дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор дорад. Ҳамзамон, мавриди зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкорони саховатпеша чун Файзиев Садриддин аз деҳаи Далёни Поён, Калонов Мирзоҳаким аз деҳаи Росровут, ки аз ҳисоби худ яке Беморхонаи тарҳи замонавӣ ва дигаре бинои таваллудхона бунёд намуда истодаанд, лоиқи таҳсин мебошад. Мавриди қайд аст, ки роҳравҳои ҳудуди Беморхонаи ноҳиявии №1 ба масоҳати 700 метри мураббаъ асфалтпӯш, роҳравҳои назди бинои Маркази саломатӣ ва Беморхонаи марказии ноҳия сафолакпӯш кунонида шудааст.
Соҳаи фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш
Аҳли фарҳанги ноҳия дар соли 2019 барои бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ҷашнвораҳои таърихии миллат аҳлона кору фаъолият намуда, дар таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихии кишвар фаъолона ширкат варзиданд.
Соҳаи кор бо ҷавонон ва сафарбарии онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани савияи ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти мамлакат қарор дорад. Дар ҳамин доира дар ноҳия бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаҳои ҳунари миллӣ, рушду инкишофи ташаббускорӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ ва мусоидат ба ривоҷу равнақи истеъдодҳои ҷавон аксияву вохӯриҳо ва чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, тарбиявӣ ва маърифатӣ бо фарогирии зиёди ҷавонон, инчунин, ба истироҳату фароғат фаро гирифтани ҷавонону наврасони лаёқатманди ноҳия, ба лагерҳо сафарбар намудани онҳо, таъсиси стипендияҳои раиси ноҳия барои ҷавонони болаёқат ва завқи фарҳангидошта, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонон мебошад, ташкил ва баргузор карда шудаанд. Дар ноҳия сафи ҷавонони фаъолу болаёқат афзуда истода, теъдоди умумии ҷавонони ноҳия мувофиқи маълумотҳои оморӣ 57700 нафарро ташкил намуда, аз он 37170 нафар хонандагон мебошанд.
Дар ноҳия Муассисаи давлатии мактаби варзишии ба номи Б. Холов амал мекунад, ки дар он 38 гуруҳ, аз ҷумла 21 гуруҳи тайёрии ибтидоӣ ва 17 гуруҳҳои машқӣ-варзишӣ бо фарогирии 513 нафар машқварзони наврасу ҷавон ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.
Соли ҷорӣ барои варзишгарони ноҳия бобарор арзёбӣ карда мешавад. Зеро варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, ба гирифтани 37 медали тилло, 33 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ мушарраф гардидаанд.
Бо мақсади таъмини иштироки васеи варзишгарони дараҷаи мусобиқаҳои байналмилалӣ 22 варзишгарони ноҳия ба 3 чорабиниҳои байналмилалӣ сафарбар гардида, дар натиҷа 7 медал, аз ҷумла 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Дар ноҳия бо мақсади таъмини иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умуми ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия чораҳои амалӣ андешида шудаанд. Бояд қайд намуд, ки иҷрои нақшаи даъвати баҳоронаи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар кӯтоҳтарин муддат ба иҷро расонида шудааст.
Ба ҷои охирсухан
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон тамоми нерӯ ва ғайраташро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати ноҳияи Деваштич бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд. Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёди 35 иншооти гуногунро ба нақша гирифта, азм доранд ноҳияи Деваштичро ба як гулистони зебову афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода, “миллати тоҷик, ки яке аз куҳантарин миллатҳои ҷаҳон мебошад, тӯли таърихи худ ба ҷаҳониён ҳазорон арбобони давлатӣ ва олимону мутафаккирони сатҳи ҷаҳониро эҳдо намудааст, вале Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худашон туҳфаи илоҳӣ барои ин халқу давлат ба шумор мераванд, ки дар мушкилтарин давра, дар солҳои 90-уми асри гузашта метавон гуфт давлати ҷавони тоҷиконро аз сифр бунёд карда, дар кӯтоҳтарин вақт тамоми институтҳои давлатдориро бунёд намуда, пеши роҳи ҷанги бародаркушро пурра гирифтанд. Ҳамин буд, ки имрӯз Тоҷикистон яке аз амнтарин кишвари ҷаҳон ба шумор рафта, дар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба натиҷаҳои тасхиркунанда ноил гардидаааст, ки ин хизматҳои Пешвои муаззам мебошад. Имрӯз, ки дар садҳо иншооти ҷашнӣ кор ҷӯш мезанад, ин ҳам хизмати Пешвои миллат буда, фикр мекунам, дар кӯтоҳтарин вақт ин давлат ба яке аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон табдил ёфта, зиндагии боз ҳам шоиста барои ҳар як тоҷикистонӣ муҳайё мегардад”.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ