Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, рушди илми тиб ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои таълимӣ, илмиву эҷодӣ ва табобатии худ боиси ифтихори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гардидаст.

Соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба фаъолият пардохта, бо шарофати истиқлолият соли 1992 ба донишгоҳ табдил дода шудааст. Донишгоҳ барои муассисаҳои тандурустии мамлакат ва берун аз он мутахассисон тайёр карда, пойгоҳи асосии таълимӣ, илмӣ-методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 соҳаи тандурустиро яке самтҳои афзалиятнок муайян намуда, дар беҳтар намудани дастрасӣ, сифат, самаранокии хизматрасонии тиббӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа аҳамияти хоса медиҳад. Ҷиҳати ба таври мақсаднок тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббии ба талоботи замони муосир ҷавобгӯ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” тасдиқ гардидааст.

ДДТТ ба номи Абӯалӣ  ибни Сино дар давраи 80 соли фаъолияташ зиёда аз 43 ҳазор мутахассисони соҳаи тибро тайёр кардааст, ки 66,5%-и он (28617 нафар) ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меоянд. Аз ҷумла, 1572 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 37 давлати хориҷӣ (Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Амрико, Канада, Яман, Сурия, Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Арабистон, Латвия, Россия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) мебошанд. Дар 11 соли охир ба донишгоҳ 1569 нафар донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ қабул карда шуда, аз ин шумора донишгоҳро 1201 нафарашон хатм намудаанд.

Хатмкардагони ватании донишгоҳ на фақат дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки берун аз қаламрави он, дар зиёда аз 56 давлати дунё низ бомуваффақият кору фаъолият карда истодаанд ва обрую нуфузи донишгоҳ, тибби тоҷик ва ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, ҳамчун парчамбардорони миллати худ обурӯи давлати Тоҷикистонро ба дурии дуриҳо бурдаанд.

Саҳми олимони донишгоҳ дар таҳияи ғояҳои нав, маҳсули нерӯи зеҳнӣ вобаста ба мукаммал намудани усулҳои ташхису табобат, навовариву ихтироъкорӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот назаррас аст. Дар давраи истиқлолият аз ҷониби кормандони донишгоҳ 1162 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 186 рисолаи докторӣ ва 976 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шудааст, ки пазироӣ дар дигар донишгоҳу донишкадаҳо дида намешавад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои солҳои 2006-2015” роҳандозӣ шуд, ки дар ин давра пойгоҳи моддиву техникии донишгоҳ пурзӯр гардида, як қатор биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар маҷмуъ, раванди таҳсилот ба низом дароварда шуда, шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Роҳбарияти донишгоҳ баҳри ташаккул ва самаранок гардидани фаъолияти донишгоҳ дар давраи солҳои 2016 -2017 ба мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ тибқи стандарҳои муосири давлативу байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави омӯзиш ва баҳогузорӣ, рушди корҳои илмиву инноватсионӣ ва татбиқи мукаммалкунии пояи моддӣ-техникии донишгоҳ аҳамияти бештар дода, дар ин давра корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

Яке аз сарватҳои арзишманди донишгоҳ захираи кадрии он ба ҳисоб меравад. Айни замон ҳайати профессорону омӯзгорони асосии донишгоҳ 704 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 372 (52,8%) нафарашон занҳо мебошанд. Аз ин шумора 318 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, дараҷанокии илмӣ дар донишгоҳ 49,7%-ро ташкил медиҳад. Аз онҳо 4 нафар академик, 2 нафар узвҳои вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, 84 нафар докторони илм, профессор, 234 нафар номзадони илм, дотсентон ва 339 нафар муаллимони калон ва ассистентонро ташкил медиҳад. Омӯзгорони ҷавони то синни 35-сола 207 нафар (29,4%) мебошанд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар донишгоҳ теъдоди донишҷӯён 10509 нафарро ташкил медиҳад ва якҷоя бо муҳассилини баъдидипломӣ, теъдоди умумии таҳсилкунандагони донишгоҳ 12106 нафарро ташкил мекунад. Теъдоди донишҷӯдухтарон 4350 нафар буда, нисбат ба шумораи умумии донишҷӯён 41,4%-ро ташкил медиҳад. Донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда 986 нафар (9,4%) буда, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ 1534 нафар (14,6%) мебошад. Дар донишгоҳ 5 факултет фаъолият дорад, ки миқдори зиёди донишҷӯён дар факултети тиббӣ таҳсил мекунанд, ки он дар маҷмуъ 8457 нафар ё 80,5%-ро ташкил медиҳад. Дар факултетҳои педиатрӣ 644 нафар (6,1%), стоматологӣ — 757 нафар (7,2%), фармасевтӣ — 354 нафар (3,4%) ва НТҶ — 297 нафар (2,8%) донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди муҳассилини қисми илмӣ 209 нафар, теъдоди муҳассилини қисми муолиҷавӣ 810 нафар, теъдоди шунавандагони Маркази омодагии қаблӣ 412 нафар аст. Дар маҷмуъ, сол ба сол афзудани таҳсилкунандагон дида мешавад.

Дар соли 2020 дар донишгоҳ ҳамагӣ 1553 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 14 давлати дунё таҳсил карда истодаанд (Россия, Ӯзбекистон, Казоқистон, Кирғизистон, Озорбойҷон, Туркманистон, Арманистон, ИМА, Олмон, Финляндия, Ҳиндустон, Латвия, Афғонистон, Покистон). Дар сатҳи тодипломӣ 1481 нафар, сатҳи баъдидипломии илмӣ — 14 нафар (13 нафар — ҶИ Афғонистон, 1 нафар — ИМА), сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ — 13 нафар (2 нафар — Ӯзбекистон, 4 нафар — Ҳиндустон, 4 нафар — Қазоқистон, 2 нафар — ҶИ Афғонистон ва 1 нафар — Қирғизистон), дар Маркази омодагии қаблӣ — 45 нафар (Федератсияи Россия — 1 нафар, ҶИ Афғонистон — 10 нафар, Ӯзбекистон — 34 нафар).

Дар соли таҳсили 2019-2020-ум 180 нафар донишҷӯён аз 7 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 153 нафар аз Ҳиндустон, 1 нафар аз Федератсияи Россия, 2 нафар аз Ӯзбекистон, 10 нафар аз ҶИ Афғонистон, 8 нафар аз Қирғизистон, 3 нафар аз Қазоқистон ва 3 нафар аз Туркманистон бо муваффақият донишгоҳро хатм намуданд. Ба хатмкунандагони донишгоҳ аз ҷониби мутахассисони шуъба ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода ва пешниҳод карда шуд. Инчунин, 45 нафар шунавандагони хориҷии донишгоҳ бо муваффақият МОҚ-ро ба итмом расониданд.

Дар донишгоҳ 142 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва маъюб (80 нафар ятими кулл ва 62 нафар маъюби гуруҳи II ва III) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки зери назорату сарпарастии роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд. Аз ҷониби раёсти донишгоҳ кумакпулӣ тариқи идрорпулии ҳармоҳа дода шуда, бо хобгоҳ тариқи ройгон таъмин карда шудаанд.

Барои ҳавасмандкунию дастгирии донишҷӯёни аълохону фаъол аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ, тибқи пешниҳоди Комиссияи босалоҳияти озмунӣ иборат аз 17 нафар, аз ҳисоби маблағҳои хусусии донишгоҳ Стипендияи ба номи Исмоили Сомонӣ, Стипендияи ба номи Сино, Стипендияи ба номи Исҳоқӣ Ю. Б., Стипендияи ба номи Ғуломов М. Ғ. Таъсис дода шудаанд.

Дар донишгоҳ фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гуруҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 58,6%, миқдори  гуруҳҳои бо забони давлатӣ 28,4% ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 13,0 % мебошад.

Таълиму тадриси донишҷӯёну муҳассилини баъдидипломӣ дар 61 кафедраҳои донишгоҳ ба  роҳ монда шудааст, ки аз онҳо 38 кафедраҳои клиникӣ, 16 кафедраҳои тибби назариявӣ, 7 кафедраҳои умумитаълимӣ мебошанд. Дар кафедраҳои донишгоҳ таҷҳизотҳои муосири раванди таълимӣ дастрас буда, кафедраҳо дорои озмоишгоҳҳои таълимиву илмӣ ва кабинетҳои фаннӣ мебошанд. Бояд зикр кард, ки 38 кафедраи клиникии донишгоҳ дар 27 пойгоҳҳои муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявию шаҳрии шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд. Дар кафедраҳои клиникие, ки дар пойгоҳи муассисаҳои табобатии шаҳриву ҷумҳуриявӣ ҷойгиранд, барои баргузор намудани дарсҳои амалию лексионӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар донишгоҳ 1649 воҳиди корӣ мавҷуд аст, ки 1414,25 в/к аз маблағҳои буҷавӣ ва 234,75 в/к танҳо аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ пардохт карда мешаванд.

Дар сохтори донишгоҳ ҳамчунин 12 шуъба, 11 марказ, 11 шӯро ва 27 озмоишгоҳ бомуваффақият фаъолият карда истодаанд (озмоишгоҳҳо ҳам дар пойгоҳҳои кафедраҳо ва ҳам дар пойгоҳи Озмоишгоҳи марказии илмӣ – таҳқиқотӣ ҷойгир мебошанд).

Бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии донишгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро барои солҳои 2006-2015” қабул намуда буд, ки натиҷабахш анҷом дода шуд. Ин марҳила давраи барқарорсозии ҷараёни таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид ба корҳои илмиву тадқиқотӣ арзёбӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар рӯзи 1-уми сенябри соли 2019 бахшида ба Рӯзи дониш қайд намуданд, ки Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар хусуси ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти донишгоҳҳои кишвар ва устувор гардонидани мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Дар ин замина, роҳбарияти донишгоҳи тиббӣ таҷрибаи мукаммали созандагӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва нерӯи худро баҳри мутобиқ намудани ҷараёни таҳсилот ба стандартҳои байналмилалӣ равона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, роҳбарияти донишгоҳи тиббӣ тасмим гирифт, ки баҳогузории фаъолияти донишгоҳ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ гузаронида шавад. Дар ин раванд, моҳи окятбри соли 2019 экспертони байналмилалӣ аз Агентии мустақили аккредитасияи ва рейтинг (НААР) ба донишгоҳи тиббӣ даъват карда шуда, ҷараёни фаъолиятро аз рӯи стандартҳои Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ арзёбӣ намуданд, ки донишгоҳ баҳои басо баландро сазовор гардид.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти донишгоҳ ва устувор гардонидани мақоми донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ, бо ташаббуси ректори донишгоҳ профессор Гулзода М. Қ. дар моҳи октябри соли 2019 донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт. Аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) дар моҳи октябри соли 2019, аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ (донишгоҳӣ), барномаҳои таълимии ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Стоматология” бо муҳлати 5 сол ва барномаи таълимии ихтисоси “Нигоҳдории сиҳатии омма”-и донишгоҳ бо муҳлати 3 сол гузаронида шуда, аз 22-юми ноябри соли 2019 Сертификатҳои аккредитатсияи байналмилалӣ дода шуд ва донишгоҳ дорои 4-то Сертификати аккредитатсияи байналмилалӣ гардид.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии донишгоҳӣ тайи 3 соли охир бинои сохтмонаш нотамоми таълимии донишгоҳӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Дар натиҷа, донишгоҳ боз соҳиби як бинои таълимии замонавӣ дар ҳаҷмӣ зиёда аз 5500 метри мураббаъ гардид. Дар ин марҳила 8 бинои таълимии донишгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, синфҳонаҳо, толорҳои лексионӣ ва озмоишгоҳҳои дар ин биноҳо воқеъбуда ба талаботи муосири сохтмонӣ ва таълимӣ ҷавобгӯ гардонида шуда, бо таҷҳизоту лавозимоти наву муосир ҷиҳозонида шуданд. Барномаҳои таълимӣ аз рӯи талаботҳои бозори меҳнат ва меъёрҳои байналмилалӣ аз нав коркард карда шуда, системаи муосири ҷараёни Балонӣ ворид карда шуд. Дар соли таҳсили 2018-2019 кафедраҳои нави стоматологияи кӯдакона ва ортодонтия, ҷарроҳии инноватсионӣ ва трансплантология таъсис дода шуда, соли таҳсили ҷорӣ кафедраи онкология ва кафедраи ташхиси шуоӣ ва муолиҷаи шуоӣ якҷоя карда шуда, кафедраи онкология ва ташхиси шуоӣ номгузорӣ карда шуд ва кафедраи психиатрия ва наркология ба кафедраи психиатрия ва психологияи тиббӣ табдил дода шуд.

Яке аз меъёрҳои асосии арзёбии фаъолияти муассисаи олии касбӣ ин фаъолияти байналмилалӣ ва эътирофи он аз тарафи ташкилотҳои бонуфузи хориҷа мебошад. Айни замон донишгоҳи тиббӣ бо бештар аз 138 муассисаҳои олии таълимию илмии хориҷи кишвар ва ташкилотҳои байналмилалии бонуфуз шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Бояд қайд кард, ки дар донишгоҳ аз соли нави таҳсили 2019-2020 раванди баҳогузории таълим тариқи журналҳои электронӣ аз рӯи барномаи ягонаи донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, бо дастгирии бевосита ва иқдоми созандаи ректори донишгоҳ 900 адад планшетҳо харидорӣ карда шуда, ҳар як омӯзгори ҳамаи кафедраҳо бо планшетҳои ба шабакаи Интернет пайвастшудаи ройгон таъмин гардидааст, ки ба беҳбудии раванд ва беҳтар гардидани сифати таълим мусоидат мекунад.

Барои амалӣ кардани “Консепсияи таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 31 октябри соли 2008, таҳти №512 тасдиқ карда шудааст, дар донишгоҳ, бо дастгирии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар ҶТ дар доираи “Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар ҶТ” дар солҳои 2009-2019 исоҳоти таҳсилоти тиббӣ бо мутобиқкунонии он ба стандартҳои байналмилалӣ гузаронида шуд.

Қобили қайд аст, ки амалисозии “Барномаи рушди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар солҳои 2006-2015”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.10.2006, таҳти №446, “Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025” бо гузаронидани ислоҳот бо мутобиқкунонии таҳсилоти тиббӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани пойгоҳи моддӣ-техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсили донишҷӯёну фаъолияти омӯзгорон, таъсис ва ташкил намудани сохторҳои нав, аз ҷумла 11 маркази таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, ташхисию муолиҷавӣ, иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва 5 шуъбаи дахлдори дар боло зикргардида дар давраи истиқлолият ба беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табобатию машваратӣ ва ба рушди донишгоҳ мусоидат намуд ва фаъолияти онро дар ҳамаи самтҳо ба сатҳи баланди сифатан нав бардошта, имконият фароҳам овард, ки нишондодҳои омории донишгоҳ ба таври назаррас тағйир ёфта, обрую нуфузи донишгоҳ ва халқу ватани азизиамон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.

Дастовардҳои донишгоҳ дар даврони истиқлолият бениҳоят зиёданд. Аз ҷумла, бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудани санги асос барои бунёди Бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи тиббӣ дар шаҳраки Шифобахш, ки сохтмони он аз ҳисоби маблағҳои хусусии донишгоҳ бомаром идома дорад ва дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом меёбад. Боз, таъсис ёфтани Озмоишгоҳи кишти селулаҳои бунёдӣ, ки яке аз дастовардҳои бузурги на танҳо Донишгоҳи тиббӣ, балки соҳаи тандурустии кишвар низ мебошад, ки имрӯз доираи фаълияташро густурда, робитаашро бо марказу муассисаҳои хориҷӣ ба роҳ монда, соҳаҳои бештари табобати беморонро бо ҳуҷайрадармонӣ фаро гирифтааст. Инчунин, Стандартҳо ва Нақшаҳои нави таълимии ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Стоматология», «Фарматсия» ва «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа» ба Стандартҳои таҳсилоти тиббии байналмилалӣ мутобиқ кунонида шуда, дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 18-уми августи соли 2020 баён доштанд, бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 27-уми августи соли 2020, таҳти №1 факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии донишгоҳ ба факултети тиббӣ-профилактикӣ табдил дода шудааст.

Донишгоҳ аз зиёда аз 41 лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалии грантӣ бархӯрдор гардида, бо ташкилотҳо ва шарикони хориҷӣ фаъолона ҳамкориро ба роҳ мондааст. Тибқи созишномаҳои амалигардида дар донишгоҳ мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқотҳои илмӣ-амалии муштарак гузаронида мешаванд.

Ҳамасола донишгоҳро зиёда аз 450 нафар интернаҳо, зиёда аз 100 нафар ординаторони клиникӣ хатм менамояд ва барои фаъолияти корӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар равон карда мешаванд. Дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ бошад, ҳамасола аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 500-550 нафар табибон сатҳи дониши назариявию амалии худро баланд мебардоранд.

Саҳми арзандаи роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон, донишҷӯёну муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ дар бурдани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ва зиддиэпидемикӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси КОВИД-19, ташхису табобати беморони гирифтори бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумуҳурӣ, тайёр кардани табибони сироятшинос аз ҳисоби табибони ихтисосҳои маҳдуди беморхонаҳою Марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои ҷмуҳурӣ тариқи курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат назаррас аст.

Ба гуфтаи ректори ДДТТ муҳтарам Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ: “Раёсати донишгоҳ дар кору фаъолияти худ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустии ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ва солимгардонии ҷомеа аз ҳамаи имконоти мавҷуда самаранок истифода хоҳад бурд”!

— Дастгириву ғамҳориҳои Пешвои маорифпарвари тоҷикон ба мо нерӯву тавоноӣ бахшида, водор месозад, ки ворисони воқеии абармардони илми тиб, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино бошем ва вазифадорем, ки кадрҳои баландихтисос тарбия кунем, то ин ки дар рушди илми тибби муосир низ мавқеи худро нигоҳ дошта тавонем. Дар самаранокии фаъолияти донишгоҳи тиббӣ, таъмини фазои мусоиди корӣ ва дигар ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии донишгоҳ нақши Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ назаррас аст,- афзуд ӯ.

Тӯли таърихи мавҷудоти ин миллату давлат барои миллати мо касе хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро барои соҳаҳои тандурустиву маориф накардааст ва нахоҳад кард. Як худи саломатии мардумро дар самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар гузоштан ва танҳо давоми як соли охир бунёди садҳо муассисаҳои тандурустӣ дар кишвар гувоҳи гуфтаҳои болоянд. Ғамхории Пешвои муаззами миллатро кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамеша эҳсос менамоянд, ки метавон инро дар мисоли ёриҳои амаливу дастгириҳои беназири Пешво дар мисоли бемории сироятии КОВИД-19 дид, ки кормандони соҳаи тандурустии кишвар ба ғайр аз Пешвои муаззами миллат дигар метавон гуфт касеро надидаанд, ки аз эшон ҳимояту дастгирӣ намоянд. Маҳс дастгириву ёрдамҳои доимии Пешво буд, ки метавон гуфт табиби тоҷик ин вабои асри 21-ро бо сари баланд паси сар намуданд. Маҳз дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мебошад, ки ба толибилмони ятиму маъюб ва онҳое, ки аз оилаҳои камбизоати кишвар ҳастанд бевосита тамоми шарт ва шароити лозимаро баҳри онҳо муҳайё намудаанд. Ногуфта намонад, ки баҳри ҳавасмандгардонии донишҷуён ба ғаёр аз идрорпулӣ боз чандин намуди дигари идрорпуливу кумакҳои яквақтинаро дар донишгоҳ ҷори кардаем, то мушкилоти донишомӯзон то ҷое ҳал гардад. Ифтихори мо табибону олимон ин дастгириҳои Пешвоянд, ки ДДТТ ба номи А.И.Сино ягона донишгоҳ дар Осиёи Марказиест, ки ба акредитатсияи байналмиллалӣ сазовор гардидем, ки ин боиси ифтихори бузург буда, сазовори боварии Пешво будани омӯзгорону донишҷӯёнро нишон медиҳад. Он қадар Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллату давлат, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустию маориф хизмат кардаанд, ки дар ҳазорон китобу маҷалла намеғунҷад ва танҳо ман ҳаминро гуфтаниам, ки кулли кормандони тиб ва маориф арҷгузори Пешвои муаззами худ мебошанд.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here