Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, кӯшиш намуданд, ки дар нимсолаи якуми соли 2019 иҷрои нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»-ро таъмин намуда, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ бармеоянд, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти худ, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳои иловагӣ андешанд. Роҳбарии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро марди кордону фидоӣ ва ташаббускор Нусратулло Давлатзода Муқим бар дӯш доранд.

Барои барҷомонии дилхоҳ давлату давлатдорӣ аз замонҳои қадим андозҳо муқаррар карда шуда буд, ки он бо номҳои гуногун байни мардум ном бурда мешуд, ки онро дар мисоли боҷ, хироҷ, ушр, тамға, барои савдогарон ва мирал барои чорводорон аз замони давлатдории қадим, бахусус аҳди Сомониён ва давлатдориҳои минбаъда истифода бурда мешуд. Ба ғайр аз ин, бо мақсади нигоҳ доштани қӯшунҳои хонигарию бекигариҳо ва таъмини дастгоҳи давлатдории он замона аз чоряккорону заминдорон аз сари ҳар як таноб замин, ки дар истифода қарор доштанд, андозҳо ситонида мешуд. Аз тиллошӯйҳо ва дигар канданиҳои фоиданок барои ҳар як мисқол, ки каме зиёда аз 4,06 грамро дар бар мегирифт, андози боигарӣ муайян карда шуда буд. Закоти мол низ бо номи мирал аз чорводорону бойҳо ситонида мешуд. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, тамоми равияи иқтисодию молиётӣ тибқи низоми нақшавӣ амалӣ карда мешуд. Низоми андозбандӣ низ дар доираи фаъолияти вазоратҳои молияи ҷумҳуриҳо амалӣ карда карда шуда, он аз тариқи Вазорати молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Госплани он идора карда мешуд ва ягон ҷумҳурии сотсиалистӣ худ озодона ба маблағҳо дастрасӣ надошт. Баъди пошхӯрии ИҶШС барои нигоҳдории сохторҳои давлатдории ҷумҳурии соҳибистиқлол зарурати ташкили мақомоти дахлдори андоз ва андозбандӣ пеш омад ва соли 1991 дар назди Шӯрои Вазирони вақт чунин як Сарраёсати андоз ташкил карда шуд. Соли 1995 бо назардошти талаботи замон аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати кишвар Кумитаи андоз ташкил карда шуд, ки дар ҳайати он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — полиси андоз низ шомил буд. Он то охири соли 2006 фаъолият намуда, дар ғанӣ гардонидани буҷа ва бехатарии молии он кормандони ин ниҳод дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти андоз саҳми калон гузоштаанд.

То замони ташкили Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мақомот ҳатто низомномаи фаъолияти кории худро надошт, куҷо шароити кориву базаи моддӣ-техникӣ. Гузашта аз ин, Кумитаи андоз дар замоне ташкил гардида буд, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва маҳз қарорҳои оқилона ва дурандешона ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, ки дар кӯтоҳтарин муддат ин кумитаи навтаъсис дорои базаи мустаҳками моддӣ-техникӣ ва биноҳои муҳташами хизматӣ гардида, пеши Ватан-Модар ва Президенти кишвар рисолати хешро дар ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар ва дар бехатарии он бо сари баланд ба сомон расонид.

 

Воридоти андозҳо давоми 10 соли охир

Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои дахлдори молиявӣ” нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ҳамасола афзоиш ёфта истодаанд. Аз ҷумла, афзоиши нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2010 нисбат ба соли 2009-ум 23,3 фоиз, дар соли 2011 нисбат ба соли 2010-ум 36,8 фоиз, дар соли 2012 нисбат ба соли 2011-ум 28,7 фоиз, дар соли 2013 нисбат ба соли 2012-ум 27,5 фоиз, дар соли 2014 нисбат ба соли 2013-ум 16,7 фоиз, дар соли 2015 нисбат ба соли 2014-ум 13,5 фоиз, дар соли 2016 нисбат ба соли 2015-ум 10,6 фоиз, дар соли 2017 нисбат ба соли 2016-ум 7,2 фоиз ва дар соли 2018 нисбат ба соли 2017-ум 11,9 фоизро ташкил дода, нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар соли 2019 дар ҳаҷми 11754,0 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба нақшаи дар соли 2018 муқарраршуда ба андозаи 1328,4 млн сомонӣ, ё 12,7 фоиз зиёд мебошад. Ба ҳамин тариқ, нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2018 нисбат ба соли 2009 дар ҳаҷми 8327,0 млн сомонӣ ва ё 5 баробар афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба ҳаҷми афзоиши ММД дар ин давраҳо 1,6 баробар зиёд мебошад.

Ҳамзамон, сарфи назар аз он, ки нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ бо афзоиш қабул карда шудаанд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, хусусан рушди соҳаи саноат ва инчунин тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда, аз ҷумла беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва корҳои назоратӣ, пешгирии афзоиши бақияи қарзи андозҳо, ба истифода додани технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ, бештар ва беҳтар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, аз ҷониби мақомоти андоз нақшаҳои пешбинишудаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар 10 соли охир (ба истиснои соли 2016-ум — 98,8 фоиз) барзиёд иҷро карда шудааст, аз ҷумла дар солҳои 2009 дар ҳаҷми 106,8 фоиз, соли 2010-ум — 109,3 фоиз, соли 2011-ум — 104,9 фоиз, соли 2012-ум — 102,5 фоиз, соли 2013-ум — 100,2 фоиз, соли 2014-ум — 101,1 фоиз, соли 2015-ум — 101,0 фоиз, соли 2017-ум — 102,5 фоиз ва соли 2018-ум — 100,6 фоиз. Дар соли 2018 ҳаҷми воридоти андозҳо ва пардохтҳо нисбат ба соли 2009 ба андози 8243,8 млн сомонӣ ё 4,7 баробар зиёд мебошад.

Инчунин, қобили қайд аст, ки дар ин солҳо ҳиссаи воридоти андозҳои дохилӣ нисбат ба андозҳои беруна дар ҳаҷми умумии қисми даромади буҷети давлатӣ тамоюли афзоишро дорад. Аз ҷумла, агар ҳиссаи воридоти андозҳои дохилӣ дар қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2009-ум 54,6 фоизро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба 65,1 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли 2009 ба андозаи 19,2 фоиз зиёд мебошад.

Давоми нимсолаи аввали соли 2019-ум ҷамъоварии андозҳо 5 миллиарду 466,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 416,7 миллион сомонӣ зиёд мебошд.

Дар шаш моҳи соли равон иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 107,0%, вилояти Хатлон — 102,6%, вилояти Суғд — 102,4% ва шаҳри Душанбе — 100,9% таъмин карда шудааст.

 

Бақияи қарзи андозҳо

Ҳаҷми бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2019 дар маҷмуъ 725,7 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1-уми январи соли 2018 ба андозаи 45,4 млн сомонӣ кам мебошад.

Бо мақсади пешгирии афзоиши бақияи қарзи андозҳо ва роҳ надодан ба пайдоиши қарзҳои нави андозӣ мақомоти андоз дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда пайваста чораҷӯӣ менамоянд.

Дар қонунгузории андоз чораҳои бо тартиби ғайрисудӣ ба буҷет рӯёнидани маблағи қарзҳои эътирофнамудаи андозсупорандагон муқаррар шуда, бо назардошти омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар сохтори Кумитаи андоз раёсати алоҳида пешбинӣ гардид, ки вазифаи асосии он ба буҷет ворид намудани маблағи қарзи андозҳо ба шумор меравад.

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда танҳо дар соли 2018 нисбати андозсупорандагони қарздор 6651 адад қарорҳо дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 1018,0 млн сомонӣ қабул гардид, ки аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои солҳои қаблан қабулгардида ба буҷет дар маҷмуъ 644,3 млн сомонӣ маблағи қарзи андозҳо рӯёнида шуд, ки нисбат ба соли 2009 шумораи қарорҳо 5,2 баробар ва маблағҳои рӯёнидашуда 7,1 баробар зиёд мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои зиёди аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда, тайи солҳои охир вазни қиёсии маблағи бақияи қарзи андозҳо нисбат ба ҳаҷми умумии воридоти андозҳои дохилӣ кам гардида истодааст.

Агар дар соли 2009 вазни қиёсии маблағи бақияи қарзи андозҳо нисбат ба воридоти андозҳо 27,0 фоизро ташкил дода бошад, пас дар соли 2018 ин нишондиҳанда ба 7,0 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли 2009 ба андозаи 20,0 фоиз кам мебошад.

Зимнан, ёдовар мешавем, ки мутобиқи муқаррароти Кодекси андоз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки супорандагони андози ягона ба ҳисоб мераванд, аз пардохти андоз аз фоида, андози низоми содакардашуда, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андози замин озод мебошанд.

Дар баробари ин, аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ илова ба имтиёзҳои дар боло номбаршуда, инчунин аз андози даромад аз даромадҳои вобаста ба фаъолияти кишоварзӣ бадастовардаи худ озод мебошанд, ки маблағи он ба даҳҳо миллион сомонӣ баробар мегардад, зеро зиёда аз 97 фоизи хоҷагиҳои деҳқониро маҳз хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.

Қобили қайд аст, ки чунин низоми имтиёзнок барои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 1-уми январи соли 2005 то имрӯз мавриди амал қарор дорад. Ҳиссаи андозҳое, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ дар солҳои охир ба буҷети давлатӣ дар амал пардохт намудаанд, дар маҷмуъ маблағи андозҳо ҳамагӣ 1,1 фоизро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна дар 1 моҳ аз ҳисоби ҳар як хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба буҷети давлатӣ ҳамагӣ 120 сомонӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шакли шахси ҳуқуқӣ танҳо 1,7 — 2,0 ҳазор сомонӣ ворид карда мешавад.

Тибқи таҳлилҳо ва бо назардошти аз рӯи критерияҳои хавфҳо мавриди санҷиш қарор дода шудани фаъолияти андозсупорандагон ҳамасола танҳо фаъолияти аз 1,5 то 2,5 фоизи шумораи субъектҳои хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Аз ҷумла, агар дар соли 2009 дар маҷмуъ фаъолияти 768 адад ё худ 0,7 фоизи шумораи субъектҳои хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шуда бошад, дар соли 2018 ин нишондиҳанда ба 1,1 фоизи шумораи андозсупорандагон баробар гардидааст.

Дар соли 2018 тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати фаъолияти 1907 шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи 734,0 млн сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои дар солҳои қаблӣ ошкоршуда дар маҷмуъ ба буҷет 706,5 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки 96,2 фоизи маблағҳои ошкоршударо ташкил медиҳад.

 

Пешниҳоди электронии эъломияҳо

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ бармеоянд ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти мақомот, ба раванди гузариши андозсупорандагон ба тартиби пешниҳоди электронии эъломияҳо тақвият бахшида шуда, аз 13-уми майи соли ҷорӣ ба даст овардани сертификати имзои электронии рақамӣ ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда айни замон зиёда аз 94,0 ҳазор субъектҳои хоҷагидор (85% шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатнома амалкунанда (ба истиснои хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ) эъломияҳои худро бо ин тартиб ба мақомоти андоз пешниҳод намуда истодаанд. Илова бар ин, ба зиёда аз 102 ҳазор нафар (100%) соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият намуда, тибқи муқаррароти  қонунгузорӣ андозҳоро бо маблағи устувор пардохт менамоянд, оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо аз соли 2013 тариқи электронӣ хизмат расонида мешавад.

Дар натиҷа то имрӯз дар маҷмуъ зиёда аз 196 ҳазор андозсупорандагон аз тартиби мазкур истифода бурда истодаанд ва барои ба ин тартиб гузаронидани андозсупорандагони боқимонда чораҳои иловагӣ андешида шуда истодааст.

 

Модули таҷдидшудаи “Утоқи шахсии андозсупоранда”

Дар шаш моҳи соли равон ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва боз ҳам содда ва сабук гардонидани ҷараёни андозсупорӣ зиёда аз 20 адад модулҳо ва зермодулҳои нави компютерӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки иҷрои уҳдадории андозро аз ҷониби андозсупорандагон осон, алоқаи бевоситаи андозсупорандагонро бо кормандони мақомоти андоз кам ва дар ин замина ба миён омадани омилҳои коррупсиониро маҳдуд менамоянд.

Инчунин, аз оғози моҳи феврали соли 2019 модули таҷдидшудаи компютерии “Утоқи шахсии андозсупоранда” таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Қобили қайд аст, ки ба ғайр аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин барои шахсони воқеӣ низ имконияти пайваст шудан ба модули нави “Утоқи шахсии андозсупоранда” фароҳам оварда шудааст ва имрӯзҳо аз хизматрасонии электронии мазкур зиёда аз 250 ҳазор шахсони воқеӣ истифода бурда истодаанд, ки 80 % андозсупорандаро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, аз 1-уми июни соли 2019 портали алоҳидаи хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар доираи он 36 намуди хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар шакли электронӣ пешниҳод шуда истодааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 16 адад зиёд мебошад.

Ҷиҳати бештар ва беҳтар намудани хизматрасониҳои электронӣ дар айни замон аз ҷониби Кумитаи андоз зиёда аз бист номгӯи хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, “Утоқи шахсии андозсупоранда”, “Утоқи шахсӣ оид ба лоиҳаҳои грантӣ”, “Донистани РМА”, “Феҳристи ягонаи давлатӣ”, “Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ”, “Андози даромад аз иҷора”, “Тафтиши ҳуҷҷатҳои электронӣ”, “Портали хизматрасониҳои электронӣ”, “Ҳисобнома — фактураҳои электронӣ”, “Ҳисобкунаки (калкулятори) андоз”, “Онлайн номнавис намудан барои қабул”, “Онлайн — мушовир”, “Пардохти андозҳо”, “Саволҳо ва пешниҳодҳо” ва дигар хизматрасониҳо.

 

Афзоиши субъектҳои хоҷагидор

Тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ шумораи субъектҳои амалкунанда, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2011 дар маҷмуъ 128 ҳазор ададро ташкил менамуданд, ба ҳолати 1-уми январи соли 2019 ба зиёда аз 319 ҳазор баробар гашта, 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст.

Тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ шумораи субъектҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ тайи солҳои охир тамоюли афзоишро дошта, ба санаи 1-уми июли соли 2019 шумораи умумии андозсупорандагон 323,0 ҳазор ададро ташкил дода, нисбат ба 1-уми январи соли 2019 дар маҷмуъ 7,0 ҳазор адад зиёд мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 зиёда аз 10600 нафар шаҳрвандон барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ ба тариқи электронӣ муроҷиат намуда, ҷиҳати васеъ намудани истифодаи ин намуди хизматрасонӣ дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор бурда шуда истодааст.

 

Баргузории семинару вохӯриҳо

Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар давраи ҳисоботӣ 1400 семинар-машварат, видеоконференсияҳо, вохӯриҳо ва намоишу мусоҳибаҳо баргузор карда шудааст, ки дар онҳо зиёда аз 235 000 нафар соҳибкорон иштирок кардаанд.

 

Телефони боварии раиси Кумитаи андоз

Дар Бахши иттилоотии Кумитаи андоз Маркази тамос бо истифодаи рақами содакардашудаи телефонии 151 ба роҳ монда шудааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 дар он зиёда аз 22350 муроҷиат ба қайд гирифта шуда, ба ҳамаи онҳо тибқи талаботи Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ҷавоб дода шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 ба воситаи рақами телефони “151” ва телефони боварии раиси Кумитаи андоз бо рақами “233-09-05” дар маҷмуъ 170 шикоятҳо оид ба амалҳои кормандони мақомоти андоз ворид гардидааст. Дар натиҷаи баррасии шикоятҳо барои дар сатҳи дахлдор риоя ва иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, вайрон намудани қоидаҳои рафтори кормандони мақомоти андоз ва дигар камбудиҳо ба як қатор кормандони мақомоти андоз дар шаклҳои гуногун муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуда, ба онҳо барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат муқаррар карда шудааст.

 

Ба ҷои охирсухан

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон тамоми нерӯ ва ғайраташро ба он равона кардааст, ки аҳли кормандони мақомоти андоз бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҳамкориҳоро бо андозсупорандагону шаҳрвандон ҷиҳати дастрас намудани маълумоти ҳарчи бештар ва аниқ оид ба ҳолати воқеии татбиқи қонунгузории андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, вазъи андозбандии субъектҳои хоҷагидор ва самтҳои дигари фаъолияти соҳаро дар оянда бештару хубтар намоянд ва ба ин васила дар ғановати буҷаи ҷумҳурӣ ва ободу зебо шудани кишвари азизамон — Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузоранд.

Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар Б. Султон, «ташкилкунанда ва бунёдгузори Кумитаи андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Маҳз дастгириҳои Пешвои муаззам сабаб гардидааст, ки шумораи субектҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ аз 128 000-и соли 2011-ум ба 1-уми июли соли 2019 ба 323 000 адад расида, нақшаи воридоти андозҳо бошад, нисбати соли 2018-ум 5 баробар зиёд шудааст, ки ин ҳамагӣ аз файзу баракату дастгирии доимии Пешвои муаззам ва Ҳукумати кишвар мебошад”.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here