«Илму маориф омили муҳимтарини рушду пешрафти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг, пеш аз ҳама, ба рушди маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи насли наврас вобаста мебошад».

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар ҷумҳурӣ, хусусан дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе кори бунёду созандагӣ рӯ ба тараққӣ ва инкишоф аст. Муассисаҳои таҳсилотӣ, корхонаҳо, марказҳои саломатӣ, хонаҳои баландошёна, марказҳои бузурги савдо, тарабхонаҳо ва дигар иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд. Сохтмони дигар иншоот низ босуръат идома дорад.

Мутаассифона, сохтани шаҳраки академикҳо аҷабе нест, ки ҳанӯз ҳам лоиҳакашӣ нашуда, шояд аз хотирҳо фаромӯш шуда бошад. Манзур аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки шуруъ аз Академияи илмҳои ҶТ (чуноне, ки мегӯянд, Саракадемия), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи тиббии Тоҷикистон, Академияи иқтисодии Тоҷикистон, Академияи ВКД-и Тоҷикистон, Академияи ВАО дар ҷойҳое фаъолият доранд, ки муҳити дилгиркунанда дошта, ҷиҳати эҷоду фаъолият намудан ва ноил гардидан ба дастовардҳои наву пешрафти замон носозгор мебошанд. Ғурроси нақлиёт, фарёду мағали пулчинакҳо, роҳгузарон ва дигар қишри ҷомеа, ки садди роҳи пурмаҳсул фаъолият намудани олимон ва ходимони илмӣ мегарданд, боиси нигаронист.
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия шаҳраки академикҳо бо номи «Солнечный», дар шаҳри Новосибирск — «Академгородок» ва дар баъзе дигар вилояту кишварҳои ҳамин давлат шаҳраки академикҳо дар беруни шаҳр, дар ҷойҳои хушманзара ва дилкушо, табиати хубу созгор дошта ва аз ҳама муҳимаш, орому сокит, ки боиси болоравии илҳоми эҷодӣ ва сермаҳсулӣ мегардад, бунёд карда шуда, фаъолият доранд. Алалхусус, дар ин шаҳракҳо шароитҳои иҷтимоии хуб, аз қабили боғҳои истироҳатӣ, таомхонаҳои хӯрокҳои барои тановул ниёзи аввалдошта ва дастрас, нуқтаҳои савдо, биноҳо барои машқи бадану руҳ, истироҳат барои рафъи хастагиро баровардан, толорҳои калони ҷаласа ва конфронсӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Дар шаҳри Новосибирск шаҳраки академикҳо дар ҷое сохта шудааст, ки табиати хеле зебову барҳаво дорад. Мо аз ин ҷо борҳо дидан намуда, аз ҳавои мусаффо ва табиати чашмгираш баҳра бурдаем. Боиси таваҷҷуҳ аст, ки олимон дар ин мавқеъ хеле пурсамару сермаҳсул кор мекунанд ва маҳсули меҳнаташон низ беназир аст. Бисёр навовариҳои илму техника аз шароити хуби ҳамин шаҳраки орому созгор, ки илҳомбахши фаъолияти эҷодӣ мебошад, вобастагӣ дорад.
Мутаассифона, олимони тоҷик дар шароитҳои номувофиқ кор мекунанду заҳмат мекашанд, ки ин барои рушду пешравии илм бетаъсир намемонад. Чуноне ки дар боло қайд намудем, ташвишҳои ҳаррӯзаи шаҳрӣ, ғавғои роҳгузарон, ғурроси нақлиёт ва амсоли ин «каму кост»-иҳо, куҳнасохт будани биноҳо, муҳайё набудани дафтарҳои кории замонавӣ ва надоштани шароитҳои хуби иҷтимоӣ, фароғатӣ ва ғайра боиси каммаҳсулӣ ва камсифатии фаъолияти кори олимон мегарданд. Чӣ бояд кард?
Агар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо вазоратҳое, ки академияҳо ба онҳо мансубанд, сарпарастҳо ва билохира, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат банданд, аҷабе нест, ки як шаҳраки хубе барои академикҳо ва олимони тоҷик бунёд гардад. Дар он сурат шояд илми тоҷик зиёдтар рӯ ба рушд ва нумуъ оварад ва дастовардҳо боз ҳам пурғановат гарданд. Ин боиси он мегардад, ки истеҳсолот ва шароити зиндагӣ беҳтару хубтар шавад ва омилҳои ҷаҳоникунонӣ роҳандозӣ гарданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охиринашон ва дигар мавридҳо борҳо дар ин масоил таъкидҳо намудаанд.
Асри бистуякум асри технологияи навин маҳсуб меёбад ва нақши олимон дар пешрафти илму техникаи муосир бояд назаррас бошад.

Убайдулло РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи ҶТ, узви ИЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here