Солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар пешрафти босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон таъмин гардида, муҳимтар аз ҳама, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зина ба зина ноил гарида истодаанд.

Ёде аз таърих

Бохтар шаҳри таърихӣ буда, 11-уми августи соли 1937 дар соҳили чапи дарёи Вахш ташкил ёфта, дар баландии 428 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Масоҳати умумии шаҳри Бохтар 24,57 километри квадратӣ буда, маркази маъмурии вилояти Хатлон мебошад. Масофаи байни шаҳри Бохтар то шаҳри Душанбе 100 км аст.

Аҳолии шаҳр ба 1.01.2019-ум сол 110 ҳазору 628 нафар буда, аз онҳо мардҳо 55 ҳазору 645 ва занҳо 54 ҳазору 983 нафар мебошанд. Бинобар маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва археологӣ, Бохтар дар аҳди Кӯшониён асрҳои 1-4 ба вуҷуд омадааст ва Леваканд ном доштааст. Дар охирҳои асри 8 ва ибтидои асри 9 аз тарафи арабҳо тасарруф шуда, таллаву тороҷ карда мешавад. Дар асри 13 бошад, аз тарафи муғулҳо забт карда шуда, ба харобазор табдил дода шуд. Ин шаҳри бостонӣ танҳо аз асри 16 сар карда рӯ ба тараққӣ ниҳод. Номи ҳозираи шаҳр дар маъхазҳои таърихӣ аз асри 17 дучор меояд. Дар асри 19 ва аввалҳои асри 20-ум Бохтар як қишлоқи назарногири аз маркази аморат дурафтода, иборат аз биноҳои пастаки похсагӣ будааст.

Андозҳо 102% иҷро шуданд

Дар 8 моҳи соли равон дар натиҷаи заҳматҳои бахши иқтисодии шаҳр нақшаи қисми даромади бо назардошти андози иҷтимоӣ 102 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 115,5 миллион сомонӣ ворид гардид, ки он нисбати нақша 2,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 75,6 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки 105 ҳазор сомонӣ нисбати нақша зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ 106 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 39,9 миллион сомонӣ ворид гардида, нисбати нақшаи пешбинигардида 2,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба маблағи 55,3 миллион сомонӣ харҷ гардида, 93 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо маош ва нафақа пурра таъмин карда шудаанд.

Сохтмонҳо дар авҷ

Ҷамъи маблағгузориҳои асосӣ дар миқёси шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор 63,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маблағгузории мутамарказ 16,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла сармояи давлатӣ 9,4 миллион сомонӣ, сармояи хориҷӣ 26,6 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 14,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар баробари он ба маблағи 33,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд, аз ҷумла, маблағҳои мутамарказ 12,5 миллион сомонӣ, инвеститсияи хориҷӣ 957 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 14,6 миллион сомонӣ.

Идораи сохтмони асосии шаҳр корҳои сохтмониро ба маблағи 9,3 млн сомонӣ иҷро намуда, 9,2 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ дар сатҳи шаҳр 28,6 миллион сомониро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 437,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз тарафи ширкату соҳибкорон ва аҳолӣ 38 адад манзилҳои истиқоматӣ ба масоҳати 9 ҳазору 110 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 54 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 128,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 21,4 миллион сомонӣ ё худ 120 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра 3 адад коргоҳҳои саноатӣ бо 26 ҷои корӣ таъсис дода шуд, ки самти фаъолияти онҳо, аз ҷумла ҶДММ “Бохтар содирот”, ҶДММ “Сафар-фарма” ба истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва ҶДММ “Имрон Бохтар” ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ равона мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки маъмурияти ҶСК «Трансформатор», ҶДММ «Ресанда», ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ» ва “Маркази ҳунаромӯзӣ” дар натиҷаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҶСК «Трансформатор» истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 3,7 миллион сомонӣ, ҶДММ «Ресанда» ба маблағи 205,9 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ» ба маблағи 916 ҳазор сомонӣ ва “Маркази ҳунаромӯзӣ” ба маблағи 63 ҳазор сомонӣ зиёд намудаанд.

Деҳқонони бохтарӣ бозорро таъмин мекунанд

Шаҳри Бохтар бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот дар ҷумҳурӣ ном баровардааст. Деҳқонони шаҳр натанҳо бозори дохилии худ, балки бозорҳои маркази вилоят, пойтахти кишвар ва дигар манотиқи ҷумҳуриро бо меваю сабзавотҳои барвақтии тару тоза таъмин менамоянд. Дар шаҳри овозадор маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла помидору бодиринг парвариш шуда, ба бозор бароварда мешавад.

Деҳқонони шаҳри Бохтар дар ин давра ба дохил ва хориҷи кишвар беш аз 670 тонна маҳсулот содирот намудаанд, ки 100,5 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 40,9 миллион сомониро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 5,2 млн сомонӣ зиёд, ё ки афзоиши истеҳсоли маҳсулот 114,6 фоизро ташкил медиҳад.

Баҳри иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳо андешида, майдони кишт барои соли 2019 аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ 509 га, аз ҷумла ғалладонагиҳо 23 га, зироатҳои техникӣ, аз ҷумла пахта 309 га, сабзавот 155 га, картошка 20 га ва зироатҳои хӯроки чорво 2 га кишт карда шуда, ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо 441 тонна, картошка 1 ҳазору 76 тонна, сабзавот 11 ҳазору 830 тонна, мевагӣ 204 тонна ва зироатҳои хӯроки чорво 1 ҳазору 451 тоннаро ташкил медиҳад. Инчунин, аз ҳисоби хоҷагиҳои аҳолӣ гӯшт 45,9 тонна, шир 304,7 тонна ва тухм 115,8 ҳазор дона истеҳсол гардидааст. Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 3 ҳазору 845 сар, моли майда ба 5 ҳазору 884 сар, саршумори паранда ба 8 ҳазору 966 сар расонида шудааст.

Маориф дар масири рушд

Рушди соҳаи маориф омили асосии баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум буда, барои дар руҳияи баланди меҳандӯстию хештаншиносӣ ба камол расонидани фарзандони мардум нақши муассир дорад.

Дар ҳудуди шаҳр 21 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки аз он 4 литсейи таълимӣ ва 2 гимназия, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият менамоянд. Шумораи таълимгирандагони муассисаҳои таълимии мактабӣ 24 ҳазору 995 нафар ва томактабӣ 2 ҳазору 745 нафар кӯдаконро дар бар мегирад.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 1 ҳазору 157 омӯзгор кор ва фаъолият доранд, ки аз ин шумора 847 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ 15 нафар мушовир, 121 нафар мураббия, 19 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ, 19 нафар омӯзгорони забони англисӣ ва 20 нафар омӯзгорони мусиқӣ ба таълиму тарбияи наврасон машғуланд.

Дар давраи таҳсили солҳои 2018-2019 бошад, бо мақсади дарёфт ва рушд 160 нафар хонандагони болаёқат дар даври сеюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардидаанд. Инчунин, дар олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 4 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ гардидаанд.

Аз шумораи умумии 1 ҳазору 519 нафар хатмкардагони солҳои таҳсили 2018-2019-и муассисаҳои таълимии шаҳр 1 ҳазору 404 нафар барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки он 92 фоизи хатмкунандагонро ташкил медиҳад.

Солимии сокинон — мароми табибон

Дар шаҳр ҷиҳати беҳдошти вазъи саломатии шаҳрвандон сохтори госпиталӣ, маркази ёрии таъҷилӣ ва муассисисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 3 муассисаи хусусӣ (Маркази тиббии «Даво», Маркази тиббии «Хатлон» ва маркази саломатии “Акси шифо”) ва 22 муассисаи тиббии вилоятӣ, 17 ҳуҷраи давлатию хусусии даҳонпизишкӣ, 10 ҳуҷраи ташхисии ултрасадо ва 109 дорухона ба аҳолии шаҳр ва берун аз он хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар сохтори госпиталии шаҳр шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллуд, амрози дарунӣ, эҳёгарӣ ва таҳлилгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 120 кати хоб мавҷуд буда, шумораи коргарон 276 нафар, аз ҷумла духтурон 34 нафар, 149 нафар кормандони миёнаи тиб ва 63 нафар кормандони хурди тиббиро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии кормандони беморхонаи клиникии шаҳр 217 нафарашон занон мебошанд.

Дар давоми ҳашт моҳи соли 2019 дар беморхонаи шаҳр 4 ҳазору 165 нафар беморон бистарӣ гардида, 4 ҳазору 105 нафар беморон табобат ёфтаанд.

Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр 461 нафар мутахассисон ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ расонида, аз байни онҳо 103 нафарашон духтур, 262 нафар кормандони миёнаи тиб ва 58 нафари дигар кормандони хурди тиб мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони муассисаҳои мазкур 93 ҳазору 126 нафар беморонро қабул намуда, 40 ҳазору 601 нафар шаҳрвандонро дар хонаҳо муоина кардаанд.

Дар Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ 109 нафар фаъолият намуда, ба сокинони шаҳр ва қисман берун аз он хизмати тиббии шабонарӯзӣ мерасонанд. Аз шумораи умумии кормандон 20 нафар духтурон, 34 нафар кормандони миёнаи тиб ва 20 нафар кормандони хурди тиб мебошанд.

Вазъи бемориҳои сирояткунанда муътадил буда, бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок, аз қабили сӯхтанӣ, таби хунин ва бемории исҳоли хунин ба қайд гирифта нашудааст.

307 иншоот то 30-солагии Истиқлолият

Бахшида ба пешвози сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар сохтмону навсозии 307 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар 8 моҳи соли равон 65 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, аз ин ҳисоб садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Дар арафаи ҷашни Иди “Наврӯз 2019” 1 адад бинои истиқоматии 6-ошёна, 2 адад биноҳои сеошёна бо ташкили маркази савдо ва хизматрасонӣ, варзишгоҳ бо 4 ҳазор ҷои нишаст ва бинои иловагии таълимии 4-ошёнаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав ба истифода дода шуд. Азнавсозии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ 100 фоиз ба анҷом расида, қарори раиси шаҳр дар мавриди баистифодадиҳии иншооти мазкур ба тасвиб расонида шудааст.

Ҳамзамон, дар 10 адад майдону гулгашт, аз ҷумла Маҷмааи 10-солагии Ваҳдати миллӣ, майдонҳои ба номи А. Рӯдакӣ, ба номи Ҷ. Румӣ, Шаҳидон, сохтмони нишони давлатӣ ва азнавсозии 70-солагии азхудкунии водии Вахш, гулгаштҳои кӯчаи Борбад, боғи истироҳатии ба номи Р. Мурчаев ва боғчаи истироҳатии кӯдаконаи “Фирдавс” корҳои азнавсозию сохтмонӣ ба маблағи 4,9 млн сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар арафаи ҷашни 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ бошад, 4 адад гулгаштҳои кӯчаи Борбад, боғи истироҳатии ба номи Р. Мурчаев, майдони Шаҳидон ва 1 адад бинои кумитаи маҳаллаи Маданият ба истифода дода шуд. Аз маблағи умумии зикргардида 740 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 4,2 млн сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон мебошад. Дар баробари он, 27 адад ба маблағи 370 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 20 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба тариқи замонавӣ рангубор карда шудаанд. Дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар бошад, дар ҳудуди шаҳр 28 бинову иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шуданд, ки ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам намуданд. Ҳоло сохтмони 110 адад бинову иншоот дар ҳудуди шаҳри Бохтар бомаром идома дорад.

Бунёди 18 корхонаи саноатӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар масаъалаи коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳамаи ин ғамхориҳои МИҲД-и шаҳр аст, ки дар се соли оянда бунёди 18 корхонаи саноатӣ дар ҳудуди шаҳр ба нақша гирифта шудааст. Аз ин корхонаҳо дар 8 моҳи соли равон 3 адади он бо 30 ҷои корӣ таъсис дода шудааст. Дар дигар корхонаҳои саноатӣ корҳои сохтмонӣ идома дорад. Се корхонаи дигар дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2020 бояд ба истифода дода шаванд ва аз ин ҳисоб даҳҳо нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Азимтарин корхонаҳои саноатие, ки дар се соли оянда дар шаҳри Бохтар бунёд мешаванд, ин Корхонаи истеҳсоли дучархабарорӣ, ҷӯроббофӣ, корхонаи коркарди доруворӣ, сардхона, меваю сабзавот, корхонаи масолеҳи сохтмонӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ мебошанд, ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд карда мешаванд. Ин корхонаҳо бо дастгирии МИҲД-и шаҳр ва маблағгузории соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфта истодаанд.

65 бинои баландошёна сохта мешавад

Таъмини сокинон бо хонаҳои истиқоматӣ яке аз вазифаҳои авалиндараҷаи мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар мебошад. Аз ин хотир, дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ин шаҳр сохтмони 65 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 5 адади он дар соли 2018 сохта мавриди истифода қарор дода шуда, дар 8 моҳи соли раовон бошад, чанде аз онҳо бунёд гардида, ҳоло сохтмон дар 35 бинои баландошёнаи дигар бомаром давом дорад.

Дар умум, то соли 2021-ум 400 бинои баландошёнае, ки дар ҳудуди шаҳри Бохтар мебошанд, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, аҳолӣ, соҳибкорон ва ширкати хонаҳои шаҳр таъмиру навсозӣ карда мешванд.

Дастовардҳои назарраси ҷавонон

Ба хотири дастгирии ҷавонон дар шаҳр корҳои зиёде ба анҷом расонида мешавад. Зеро ҷавонон нерӯи созанда ва пешбаранда дар ҷомеа ба шумор мераванд, ки МИҲД-и шаҳр ба ин таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст. Ин ғамхориҳо мебошад, ки дар ин давра 1 адад варзишгоҳ, 2 адад майдони варзишӣ ва 1 адад ҳавзи шиноварии кӯдакона сохта ба истифода дода шуд.

Дар ҳашт моҳи соли 2019 байни наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ 38 мусобиқа аз рӯи 19 намуди варзишӣ бо иштироки 2 ҳазору 350 нафар наврасону ҷавонон гузаронида шудааст. Инчунин, варзишгарони шаҳр дар 15 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 3 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 91 медал ба даст овардаанд, ки аз он 31 адад медали тилло, 24 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ мебошад.

Дар ин давра барои дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани варзишгарони лаёқатманд дар радифи 5 нафар гирандагони стипендияи президентӣ 35 нафар барои гирифтани стипендияи раиси шаҳр дар соли хониши 2018 — 2019 пешбарӣ карда шудаанд, ки 10 нафари онҳо беҳтарин варзишгарони ҷавон мебошанд.

Барои рушди варзиш дар шаҳр 3 варзишгоҳ, мактаби варзишӣ, 32 толори варзишӣ, 91 майдончаи варзишӣ ва майдони теннис дар истифодаи умум мебошанд, ки ба онҳо зиёда аз 1200 нафар ҷавонон ва наврасон ҳамарӯза ҷалб гардида, дар мактаби варзишӣ бошад, 618 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуда, 27 нафар мураббиён аз рӯи 13 намуди варзиш ҳамарӯза бо варзишгарон кор мебаранд.

Ҷолибияти Бохтар барои сайёҳон

Дар партави эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Бохтар бахусус таваҷҷуҳ ба соҳаи туризм рӯ ба афзоиш аст. Самараи ҳамин тадбирҳои судманд буд, ки дар ҳашт моҳи соли 2019 ба ин шаҳр 12 ҳазору 169 нафар сайёҳи хориҷӣ ва дохилӣ ворид гардидаву аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳии шаҳр дидан карданд.

Яке аз ёдгориҳои таърихии на фақат дар Осиёи Миёна, балки дар ҷаҳон машҳури шаҳр — ин мавзеи теппаи таърихии “Қӯрғон” аст. Воқеан, ин теппа дар маркази шаҳр, дар мавзеи басо хушманзар — байни ду наҳри калони «Ҷӯйбор»-у «Ҷӯи Хонум», ки асрҳо боз ҷорианд, ҷойгир шудааст. Теппаи «Қӯрғон» батадриҷ, давра ба давра, бо мурури замон бунёд ёфта, ба шакли имрӯзааш расидааст. То ибтидои солҳои 1990-ум теппа ҷои дамгирӣ ва истироҳати мардум гашта буд. Баъди ҳодисаҳои маълуми соли 1992-юм муддати беш аз 5 сол он ба харобазор мубаддал гашт.

Ниҳоят бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо мақсади ҳифзу ободонии мавзеи таърихӣ сохтмони манораи болои теппа ба нақша гирифта шуд. Соли 1999, дар арафаи ҷашни «Наврӯз» сохтмон ба анҷом расид. Дар базаи манора осорхонаи «Бибихонум» ташкил ёфт, ки ҳоло амал карда истодааст. Хулоса, айни замон болои теппа, майдончаи он ва раставу гулгаштҳояш бинобар ҷои хушбоду ҳаво будан мавзеи истроҳатии мардум гаштааст.

Ҳоло дар шаҳри Бохтар 17 ёдгории таърихию фарҳангӣ, монументалӣ ва меъмории аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ду боғи фарҳангӣ ва як майдони парчам, ду осорхона, ду ширкати сайёҳии «Сайёҳ асри 21» ва «Сайри ҷаҳон», 10 мағозаи фӯруши армуғон, 20 тарабхона ва 11 меҳмонхона мавҷуд аст, ки ҳамарӯза ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Ба ҷуз ин барои сайёҳон дар шаҳри Бохтар ду бозор — «Фаровон — Қӯрғонтеппа»-и Бохтар, «Ҳоҷӣ Шариф» ва даҳҳо гулгашту хиёбонҳо барои истироҳату фароғати сайёҳони дохиливу хориҷӣ фаъолият доранд.

Бохтар зеботар хоҳад шуд

Воқеан ҳам дар ободиву бунёдкории шаҳри Бохтар саҳми соҳибкорон бараъло мушоҳида гардида, ҳамкории бахши хусусӣ бо мақомоти маҳаллӣ торафт вусъати тоза касб мекунад.

Раванди босуръати чунин ҳамкориҳо масири рушдро барои оянда боз ҳам ҳамвортар карда, боиси ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар ва соҳибкорон хоҳад буд.

Се соли оянда, ки дар кишвар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар тасмим доранд дар ин солҳо аксари кулли мушкилоти ҷойдоштаро дар шаҳр бартараф сохта, сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам боло бардоранд. Ва ҳама он дастуру супоришҳоеро, ки аз тарфи роҳбарияти Ҳукумати кишвар дода мешавад, сари вақт иҷро намуда, шаҳри Бохтар — маркази вилояти Хатлонро ба як шаҳри зебои кишвар табдил диҳанд.

Ин ҳама талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва сокинони он бо мақсади шукуфоии бештари Бохтар буда, муҷиби таҳсину офарин аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here