Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №595 аз 29-уми декабри соли 2017, «Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи Раёсат ва қарору супоришҳои раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе кору фаъолият менамояд.

Гуфтан бамаврид аст, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон — ин таъмини амнияти озуқавории кишвар ба шумор меравад ва яке аз шартҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадаф таъмини бехатарии озуқаворӣ мебошад. Вобаста ба ин Раёсат дар доираи ваколатҳои худ сиёсати ягонаи давлатиро дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ амалӣ намуда, вазифадор аст, ки иҷроиши талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ»-ро амалӣ намояд.

Сарварии Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро марди кордону заҳматпеша Бобошо Кармишев бар дӯш доранд.

 

Нақша-чорабиниҳои Раёсат

Дар шаш моҳи соли равон чорабиниҳои Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақша — чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023, дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии мубориза бо коррупсия тартиб дода шуда, иҷроиши бандҳои алоҳидаи он зери назорати ҷиддии роҳбарияти Раёсат қарор дорад.

Дар дастгоҳи марказии Раёсат низоми корӣ тибқи талабот ва қонунҳои дахлдори соҳа ба роҳ монда шуда, дар маҷлисҳои назоратӣ, фармоишу супоришҳои ҷаласаҳои протоколии раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва раиси шаҳри Душанбе баррасӣ намуда, иҷроиши саривақтии онҳо амалӣ карда шуда истодаанд.

Дар нимсолаи якуми соли равон бо дастгирии бевоситаи раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, мутахассисони Раёсат ба семинарҳо, конфренсияҳо ва аккредитатсиякунонии корхонаҳои истеҳсолӣ ба хориҷи кишвар сафарбар карда шуданд, ки бевосита таҷрибаи гирифтаи онҳо дар пешбурди соҳа аз манфиат холӣ нест.

 

Чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва профилактикӣ

Бо мақсади пешгирии бемориҳои антропозоонозӣ ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани маҳсулоти хушсифати чорводорӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар, дар давоми шаш моҳи соли сипаригашта аз тарафи мутахассисони Раёсат дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ 163703 сар чорвои калону майда, асп, паранда ва инчунин сагу гурба ва маркаб аз чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва профилактикӣ гузаронида шудааст.

 

Корҳои санитарӣ-байторӣ

Номгӯи корҳо   Коркард шуд, иншооти фарогирифташуда
Миқдори бино, иншоот Масоҳат — м2
Ҳамагӣ Ҷамъиятӣ Ҳамагӣ Ҷамъиятӣ
Дезинфексия:

а) пешгирикунанда

   

81

 

28

 

70585

 

64129

б) маҷбурӣ   25 1 4074 60
дезинсексия   86 6 11838 5440
дератизатсия   66 1 7190 600

 

Инчунин дар озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқавории бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳамарӯза маҳсулоти ба фурӯш баровардашуда аз ташхис гузаронида шуда, бо хулосаҳои санҷишӣ кафолати бехатарии маҳсулот таъмин карда мешавад. Дар давоми шаш моҳи соли равон аз тарафи озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқавории бозорҳои истеъмолӣ ин миқдор маҳсулот аз ташхис гузаронида шудаанд:

— гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ — 38219 ташхис;

— шир ва маҳсулоти турши ширӣ — 12089 ташхис;

— моҳӣ — 359 ташхис;

— тухми паранда — 4649 ташхис;

— маҳсулоти намакин — 6082 ташхис;

— равғани растанӣ — 147 ташхис;

— мева, буттамеваи тару тоза, хушконидашуда ва   консервакунонидашуда — 32763 ташхис;

— асал — 85 ташхис;

— маҳсулоти полезӣ — 940 ташхис.

 

Аз муомилот берун кардани маҳсулоти озуқаворӣ

Дар натиҷаи ташхиси маҳсулоти гӯштӣ бемориҳои ангалии фатселлиёз — 595 ҳодиса ва эхинококкоз — 155 ҳодиса ба қайд гирифта шуда, дар маҷмуъ 2724,4 кг узвҳои дохилӣ аз фурӯш боздошта шуда, безарар гардонида шудаанд.

Аз тарафи озмоишгоҳҳо дар ин муддат чунин маҳсулоти ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда аз фурӯш боздошта шуда, безарар гардонида шуданд:

— шир ва маҳсулоти турши ширӣ — 51 ҳодиса, дар натиҷа бекор карда шуд — 1036 кг маҳсулот;

— мева, буттамеваи тару тоза, хушконидашуда ва консервакунонидашуда — 164 ҳодиса, дар натиҷа бекор дониста шуд — 6020,6 кг маҳсулот;

— маҳсулоти намакин — 24 ҳодиса, дар натиҷа бекор дониста шуд —

238 кг маҳсулот;

— тухми паранда — 23 ҳодиса, дар натиҷа бекор дониста шуд — 2173 дона;

— маҳсулоти полезӣ — 13 ҳодиса, дар натиҷа бекор дониста шуд —

1290 кг маҳсулот.

 

Назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ

Дар шаш моҳи соли равон Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар самти назорати фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ корро ҷиддӣ ба роҳ монда, дар ин давра 463 сертификати фитосанитарӣ, 314640 бех таҳқиқи ниҳолҳо, 1328 сертификати карантинӣ, 552 адад азназаргузаронии воситаи нақлиёт, 99620 м.кв таҳқиқи анборҳоро гузаронидааст. Инчунин, 9223 тонна маҳсулоти содиротшуда, аз қабили нахи пахта, ришта, мевагиҳои тару тоза ва сабзавот бо сертификати фитосанитарӣ таъмин карда шудааст.

Аз тарафи комиссияҳои аттестатсионии Раёсат ва МТБО-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1003 иншооти таҳти назорати байторӣ қарордошта аз аттестатсияи байторӣ-санитарии шароити истеҳсолӣ гузаронида шуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ 165 465 сомонӣ ворид карда шудааст. Таҳлили муқоисавӣ нишон медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 576 иншоот зиёдтар аз аттестатсияи байторию санитарии шароити истеҳсолӣ гузаронида шудааст.

 

Корҳои бозрасӣ

Дар ин давра аз тарафи мутахассисони Раёсат барои риоя накардани талаботҳои коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти таҳти назорат қарордошта нисбати 752 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, қарорҳои сардори Раёсат ва сардорони МТБО-и ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷаримабандӣ ба маблағи умумии 168089 сомонӣ татбиқ карда шудааст. Аз ин 165 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба самти назорати фитосанитарӣ тааллуқ дошта, ба маблағи умумии 73079 сомонӣ татбиқ карда шудааст.

Дар нимсолаи соли равон 531 санад тартиб дода шуда, 348 амрияву  пешниҳодот оид ба баратарф намудани камбудиҳо дода шуда, 5 мактуб ба прокуратура, 103 мактуб ба хоҷагиҳо ва ҷамоатҳо, 67 мактуб ба раисони шаҳру ноҳияҳо, 93 мактуб ба иҷрочиёни Хадамоти иҷрои шаҳру ноҳияҳо, нисбати 117 нафар огоҳӣ дода шуда, нисбати 667 нафар корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, 18 маротиба аз тариқи ВАО оид ба риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда баромадҳо карда шудааст. Фаъолияти 1 иншоот бинобар сабаби вайрон намудани талаботҳо муваққатан боздошта шуда, дар 4 минтақа маҳдудият гузошта шудааст.

 

Ҳамкориҳои байниидоравӣ

Дар шаш моҳи соли равон Раёсат бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ корро бо дигар сохторҳо ба роҳ монда, дар асоси мактуби ВКД ду санҷиш, КДАМ як санҷиш ва Хадамоти гумрук як санҷиш гузаронидааст. Натиҷаи як санҷиш, ки бо Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД гузаронида шудааст, нишон додааст, ки истиқоматкунандаи вилояти Суғд, ноҳияи Б. Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ғозиён, кӯчаи Ахмедов-47, Муқимзода Боқиҷон ба миқдори 12800 кг қиммаи гӯшти мурғро ба шаҳри Душанбе, бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарӣ ва роҳбаладии байторӣ ворид намудааст. Натиҷаи ташхисҳои ММТБО-и Кумитаи бехатарии озуқаворӣ таҳти №288/170 ва 288/175-176 нишон дод, ки дар маҳсулоти номбурда микрофлораи омехта муайян карда шудааст. Дар ин асос, маҳсулот мусодира карда шуда, дар асоси санади комиссияи гуруҳи корӣ дар КВД «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» рӯзи 17-уми марти соли равон безарар гардонида шудааст.

Раёсат корро дар самти иҷроиши саривақтии супоришҳои протоколии маҷлисҳои назоратии раиси Кумита ва раиси шаҳри Душанбе ҷиддӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла дар доираи супориши протоколии раиси Кумита аз 25.02.2019 сол, таҳти №1/4.1-59 «Оид ба ҳолати воқеии нуқтаҳои тезтайёр» бо ҷалби бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Кумита дар шаҳри Душанбе ва ШНТҶ санҷишҳо гузаронида, нисбати 14 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, чораҷӯии қонунӣ татбиқ карда шудааст.

 

Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба бехатарии мол ва кору хизматрасонӣ

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 15-уми марти соли 2019 таҳти шиори «Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба бехатарии мол ва кору хизматрасонӣ»-ро мавриди иҷроиш карор дод. Бо мақсади нишонрастар фаҳмонидани моҳияти таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз тарафи мутахассисони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар бозорҳои истеъмолӣ бо ҷалби соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигӣ машваратҳо гузаронида шудааст. Инчунин, дар доираи нақша-чорабиниҳои мазкур аз тарафи мутахассисони Раёсат дар шабакаҳои радиоӣ ва телевизион баромадҳо карда шудаанд.

Раёсат новобаста ба мушкилоту камбудиҳо, назоратро дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиддӣ ба роҳ монда, иҷроиши нақша-чорабиниҳои байторӣ ва фитосанитариро дар соли 2019 пурра иҷро намуда, вазъи эпизоотӣ ва фитосанитариро дар ҳолати хуб нигоҳ медорад.

 

Ба ҷои охирсухан

Бо зикри ин нуктаҳои муҳими нишондодӣ аз ҷамъбасти нимсолаи соли 2019 Бобошо Кармишев — сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар фароварди суҳбат иброз дошт, ки вазъ дар соҳа нисбати солҳои пешин хеле тағйир ёфта, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

— Дар сиёсати пешгирифтаи худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустиро самти афзалиятноки кишвар шуморидаанд. Сарвари давлат дар як суханрониашон иброз дошта буданд, ки “саломатии миллат боигарии давлат аст”. Имрӯз Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дорои беҳтарин ташхисгоҳҳои замонавиву муосир буда, кормандон дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи бехатарии озуқавориро сармашқи кори худ қарор дода, намегузоранд, ки ягон маҳсулоти озуқавории ғайристандартӣ ё бе сертификати мутобиқату муҳлати истифодаашон гузашта мавриди истифода қарор гиранд ва ҳамаи кормандон садоқату хизмат ба Ватану миллатро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, ҳамеша омодаи хизмат ба Ватан мебошанд,- гуфт ӯ.

— Ҳар миллату давлат тӯли таърихи худ асосгузору бунёдгузор ва доҳии худро дорад, ки дар мисоли давлати Туркия Отатурк, барои давлати Рус  Пётри як, Елизавета, Кутузов, Суворов ва ғ., барои давлати Ҳинд Ҷавоҳирал Нерӯ, барои мардуми Чин Мао Седун ва ғайраҳо ва тӯли таърихи миллати тоҷик ва давлатдории он гарчанде зиёд пешвоёну шоҳон ва арбобони давлат дошта бошем ҳам, касе хизмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ин миллату давлат накардааст. Як худи дар солҳои вазнини 90-ум ба як ҷавони деҳотӣ ташкил намудани тамоми институтҳои давлатдорӣ, баргардонидани гурезагони ҷанги шаҳрвандӣ, гирифтани пеши роҳи ҷанги бародаркуш, барҳам задании қашшоқию гуруснагӣ, қариб аз сифр оғоз намудни муассисаҳои тандурустию маориф ва фарҳангу илму маърифат дар минтақаҳои ҷангзада кори осон набуд ва ин хизматҳои фарзонафарзанди миллат аллакай дар худи ҳамон солҳои 90-уми асри 20 номи ӯро абадӣ бо ҳарфҳои заррин дар таърихи давлатдории миллат навиштааст. Маҳз хизматҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки миллати мо ба Ваҳдати саросарӣ расид ва асосгузору бунёдгузори Кумитаи давлатии озуқавории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2017 низ Пешвои муаззам ба шумор мераванд, ки ин хизматест арзанда барои миллати тоҷик дар самти беҳдошти саломатии миллат ва амнияти куллии озуқавории кишвар. Барои мо — кормандони беҳдошти саломатии мардум ҳар амру супориши Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар фарз буда, ҳамеша сухани Пешво — «саломатии мардум боигарии давлат аст» шиори мо дар самти фаъолитяи ҳаррӯзаи кориамон мебошад,- афзуд Бобошо Кармишев.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

1 бинависед

  1. Ба умеди ниходе наметавон буд, хар каси гами худ ва насли ояндаи худро бояд бихурад, хайрият, ки сомонахои хайрхох хастанд, огох бошеду мутолиа кунед, ки чи зарар дораду чи фоида. Точири «точик» як принсип дорад, ба пул харидааст, агар пусида бошад хам илоче кунад, ба касе онро фурушад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here