Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд мекунанд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Оре, соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон аз волотарин дастовардҳое буд, ки санаи 9-уми сентябри соли 1991 амалӣ гардид. Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Дар ҳама давру замон барои рушд ёфтани давлату давлатдорӣ, пойдории он ва фарогири ҳама ҳадафҳои давлат санаде мураттаб мешавад, ки он Конститутсия ном дорад ва ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Якумин маротиба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки он бешак бахтномаи сарнавиштсоз барои мардуми тоҷик гардид ва имсол мо 25-солагии онро ҷашн мегирем.
Пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, ба талаботи давру замон мувофиқ гардонида шаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус 16 сол қабл дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ иброз намуда буданд: «… меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд».
Халқи Тоҷикистон амалан ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта, асосҳои ҳуқуқии барпо намудани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид ва заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохта, дар кишвар раванди бунёдкориро оғоз намуд.
Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.
Зарина ХОҶАЕВА,
омӯзгори МТМУ 93-и ноҳияи Сино