Дар ду соли охир симои шаҳри Бӯстони вилояти Суғд қабои худро комилан дигар намуда, ба яке аз шаҳрҳои зебои кишвари азизамон мубаддал гаштааст ва ин ҳама шаҳодат аз талошу заҳматҳои шабонарӯзии зани зебову оқилаву донову кордон Раъно Ҳошимзода мебошад.

Дебоча

Шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) соли 1956 таъсис ёфтааст ва аз шаҳрҳои саноатии асосии собиқ Иттифоқи Шӯравӣ буд. Он замон дар ин шаҳр асосан халқияту миллатҳои гуногун зиндагӣ мекарданд. Таъминкунандаи шаҳр ҳам ягона корхонаи калонтарини Иттиҳоди Шӯравӣ — «Заря Востока» (корхонаи истихроҷи уран) буд, ки аксарияти бошандагони ин шаҳр дар он кор мекарданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ корхонаи бузургтарин аз фаъолият бозмонд ва аҳолии шаҳр кӯч баст. Аксаран, ки дар шаҳр русзабонон, кору зиндагӣ мекарданд, ба Русия, ба мулки бобоии худ бармегаштанд. Шаҳр холӣ мемонд, хонаҳову ҷодаҳо холӣ монданд. То солҳои 2000-ум аҳолии шаҳр торафт кам мешуд ва хонаҳои холиро мардуми гирду атроф ва аз манотиқи дигари кишвар омада пур мекарданд.

Шуруъ аз соли 2010 шаҳр оҳиста-оҳиста ба маҳали аҳолинишин мубаддал мегашт. Ба барқарор кардани инфрасохтори куҳна оғоз менамуданд. Раисе, ки таъин мегашт, ҳатман аз пайи ислоҳи он мешуд, вале аҳолии кам ва набудани корхонаҳои саноативу буҷаи кам ин равандро ба дарозо мекашид. Бо талошу дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳ соли охир шаҳр комилан симои нав гирифт ва сол аз сол ба худ ҳусни дигар зам менамояд.

Рушди соҳибкорӣ ва саноат

Дар як муддати кӯтоҳ дар шаҳри Бӯстон соҳибкорӣ хеле рушд кард. Даҳҳо мағозаву марказҳои савдо, бозору фурӯшгоҳҳо, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Танҳо соли гузашта дар шаҳри Бӯстон 2610 адад соҳибкорон ба қайд гирифта шудаанд, ки 451 адад бо шаҳодатнома ва 1867 адад тариқи патент фаъолият менамоянд ва 292 нафар шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.

Дар сафари кории чанде қабли Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон 3 корхонаи нави истеҳсолӣ — корхонаи истеҳсоли қубурҳои азбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восидзода”, корхонаи истеҳсоли мех ва мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷфилиз” ва корхонаи истеҳсоли қоғазҳои ташноби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон-Бӯстон” ба истифода дода шуданд. Шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр бо ҳамин ба 32 адад расонида шуд, ки дар онҳо дар маҷмуъ ҳазорон нафар ба ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Набзи шаҳрро аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва кори онҳо таҳлил менамоянду ба рушди он баҳо мегузоранд ва фаъолияти муназзами даҳҳо корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба чашми ҳар равшандил возеҳ аст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки нишондиҳандаҳои соҳаи истеҳсолот нисбат ба солҳои пеш даҳҳо миллион сомонӣ зиёд мешавад. Танҳо соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 339,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 148,3 млн сомонӣ зиёд ё худ 177,7 фоизро дар бар гирифтааст. Дар шаҳр, аз ҷумла, корхонаҳои саноатии “Анҳор” (корхонаи истеҳсоли орд), “Суғд-Пак” (корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ), “Элегант” (корхонаи истеҳсол ва коркарди сангҳои ороишӣ), “Ширкати механикии Тоҷикистону Хитой” (корхонаи истеҳсоли гулӯлаҳои оҳанин), “Суғд-аквапласт” (корхонаи истеҳсоли зарфҳои пластикӣ), “Сахӣ-Хуҷанд” (корхонаи истеҳсоли арматура), “Шарбати мева” (корхонаи истеҳсоли шарбатҳо), “Акмалӣ” (корхонаи истеҳсоли машрубот), “Евро-Азия 2005” (корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан), корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, корхонаи муштараки “Хуҷанд-Зил”, корхонаи фаръии “Корхонаи мошинсозӣ”, корхонаи фаръии “Заргарӣ”, корхонаи фаръии “Шарқсоз”, “Ҷилои Ҷавҳар” (корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ), “Фарм-Суғд” (корхонаи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ), “Суғдполитекс” (корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ), “Бӯстон-Спитамен” (корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ), “Довуд-2015” (корхонаи истеҳсоли арматура) рушди бонизом доранд ва суръати истеҳсоли маҳсулотро даҳҳо маротиба афзоиш додаанд.

Ҳадаф — зиндагии шоистаи мардум

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат силсилаи корҳоро амалӣ намудааст.

Бо мақсади паст намудани нархи фурӯши маводи хӯрока ва пешгирии болоравии онҳо ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар маҳаллаи “Ғалаба”-и назди кӯли шаҳр ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти гуногун ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, бахшида ба идҳои гуногун ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо иштироки шаҳру ноҳияҳои вобасташуда мегузаранд, ки аз 10 то 20 фоиз аз нархи бозор арзон мебошанд.

Шаҳодати ин гуфтаҳо дар он аст, ки фаъолияти сардхонаҳо дар шаҳр ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал дар онҳо мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар шаҳри Бӯстон сардхонаи соҳибкори инфиродӣ “Қудратова” фаъолият менамояд. Масоҳати умумии сардхонаи мазкур 9 гектарро ташкил дода, самти асосии фаъолияти он иҷорадиҳии амвол буда, дар сардхонаи номбурда 35 адад анборҳо ва 17 адад анборҳои яхдонӣ мавҷуд мебошад. Айни замон дар корхонаи мазкур дар 18 адад анборҳо маҳсулоти хӯрокворӣ, кимиёвӣ ва саноатӣ захира карда шудааст.

Ҳамчунин, аз соли 2011 фаъолияти сардхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷоми ҷамъ” ба роҳ монда шуда, дар он 4 адад анборҳо ва 8 адад анборҳои яхдонӣ бо иқтидори 2400 тонна мавҷуд мебошад. Инчунин, аз ҷониби корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таҷеро-Суғд» анбори нигоҳдошти маҳсулоти хушк, маҳсулоти яхкардашуда ва дигар иншооти ёрирасон барои фаъолияти мунтазами хоҷагидории ширкати мазкур аз рӯи таъиноташон истифода карда мешаванд.

Бобати таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводҳои ғизоӣ дар шаҳр зиёда аз 10 адад гармхонаҳо бо масоҳати зиёда аз 4 га амал намуда, дар онҳо парвариши гулу дарахтҳо ва меваю сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Ободкорӣ ва созандагӣ

Баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017 “Дар бораи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудаанд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии маҳали зист ва сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни фархундаи миллӣ силсилаи корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, барои таъмиру барқарорсозии муассисаҳои гуногун, бунёди майдончаҳои варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва амсоли инҳо нақша таҳия ва тасдиқ гардида, дар ин самт корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Агар дар соли 2018 тибқи нақша-чорабиниҳои шаҳрӣ 24 адад иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда бошад, иҷроиши он ба 28 адад расида ё худ 108 фоизро дар бар гирифтааст. Дар соли 2019 бошад, 72 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он ба 78 адад расидааст, ки 109 фоизро дар бар мегирад. Дар семоҳаи аввали соли 2020 бошад, 6 адад иншоот аз рӯи нақша — чорабинӣ иҷро гардида, 14 фоизи нақша — чорабинии солонаро ташкил додааст. Дар маҷмуъ, то имрӯз аз 167 адад нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ доир ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 112 адади онҳо мавриди иҷро қарор дода шуда, 67 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Инчунин, бо мақсади татбиқи қарори раиси вилояти Суғд аз 14-уми марти соли 2018, №89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 30-юми марти соли 2018, №72 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, мувофиқи он корбарӣ идома дорад.

Фаъолияти мактабу дабистонҳо, беморхонаҳо, муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки зиндагӣ дар шаҳр бомаром идома дорад ва мардум осудаанд.

Ягона зан — мири шаҳр дар вилоят

Аз номаш ҳам ҳувайдост ва имрӯз шаҳри Бӯстони вилояти Суғд хеле зебову обод гашта, ба бӯстон мубаддал шудааст. Гулгашту хиёбону боғҳояш бо гулҳои зебову тароватбахш оро ёфта, бо накҳаташ дилҳоро мунаввару тасхир менамояд. Тозагии кӯчаву ҷодаҳои шаҳр касро ба ваҷд меоранд, ки солҳои пеш аз он воқеан аксар изҳори нигаронӣ менамуданд. Беҳуда ҳам намегӯянд, ки зан олиҳаи ҳусн ва зебогӣ аст ва назаррабову дилфиреб гаштани ин шаҳр ҳам маҳз ба талошу заҳматҳои шабонарӯзии ягона зан — роҳбар Раъно Ҳошимзода дар яке аз шаҳрҳои вилояти Суғд мебошад. Аз замони аз курсии омӯзгорӣ ба симати раиси шаҳр таъин гаштани ин зани соҳибиродаву донишманд шаҳр рушд мекунаду сокинонаш ҳаёти осоиштаро соҳиб гаштаанд, ки аз тавоноӣ, дониш ва малакаи баланди муаллима дарак медиҳад. Аз фаъолияти бомароми шаҳдории Бӯстон ва рушди ин шаҳри ҳамешабаҳор метавон достонҳои зиёде офарид, вале бо ин нуктаҳои рӯшану возеҳ иктифо менамоем ва тавре мегӯянд, “он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест”. Чун ҳамаро мешавад бо чашми сар диду шуниду бо ақли солим дарк кард.

«ФАРАЖ»

P.S. Тавре дар суҳбат бо хабарнигори “Фараж” муҳтарам Раъно Ҳошимзода таъкид намуданд, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар оянда низ ҷиҳати таъмини иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегия ва Барномаҳои миллӣ тадбирҳои судмандро рӯи кор гирифта, дар ҳамбастагӣ бо фаъолони шаҳр баҳри таъмини зиндагии арзанда ба сокинон, ки яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, ҷаҳду талош хоҳад намуд. Ба муаллимаи гиромӣ дар ин ҷода муваффақиятҳои беназир орзумандем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here