Ё чи тавр як садамаи оддӣ аз омода набудани «Тоҷиктелеком» дар татбиқи «Маркази ягонаи коммутатсионӣ» хабар дод?

Оддитарин як садама дар хати интернет ва қатъи 5-соатаи он дар аксар манотиқи кишвар нишон дод, ки «Тоҷиктелеком» ҳанӯз аз ҷиҳати моддиву техникӣ омода нест Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тибқи он гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет тавассути Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқии ин ширкат ба роҳ монда шудааст, пурра дар амал татбиқ намояд ва амнияти мухобиротии кишварро кафолат диҳад. Садамаи мазкур бори дигар собит сохт, ки пешбинии олимону коршиносон ва таҳлилгарони соҳаи телекоммуникатсия дар мавриди хатари таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар базаи «Тоҷиктелеком» беасос набуда, аксар аллакай 5 соати беинтернетӣ ва беамалии масъулинро чун бохти нахустини «Тоҷиктелеком» дар татбиқи Маркази ягонаи коммутатсионӣ эътироф карданд. Суоли матраҳ ин аст, ки дар чунин ҳолатҳои садамавӣ ва тахриби хати интернет «Тоҷиктелеком» бояд аз кадом тадбирҳои эҳтиётӣ кор мегирифт ва чаро нагирифт?
Шоми 15-уми август, соати 17:00 дар аксари манотиқи кишвар Интернет қатъ шуд ва то соати 22:00 муштариён маҳдудияти интернетро сахт эҳсос карданд. Тадқиқ нишон дод, ки як мошини борбари «Дулан» дар маркази ноҳияи Айнӣ, 150-километрии шимоли пойтахт, ба сутуни торҳои нурии «Тоҷиктелеком» бархӯрда, ҳудуди 200 метр сими интернетро хароб кардааст. Тибқи хабарҳои дар ВАО нашршуда, гурӯҳи мутахассисони фаннии ширкати «Тоҷиктелеком» ва «Телеком Технолоҷӣ» фавран ба ҷои ҳодиса ташриф оварда, дар давоми 5 соат хати муҳими таъминкунандаи интернетро таъмир ва дубора пайваст кардаанд.
Сабаби тӯл кашидани пайвастнамоии хати Интернетро Сӯҳроб Шеров, як масъули ширкати «Телеком Технолоҷӣ» ба Радиои Озодӣ шарҳ дода, гуфтааст, ки «пас аз рух додани садама ва то замони мушаххас кардани нуқтаи садама, вақти зиёд сарф шуд. То расидан ба маркази ноҳияи Айнӣ роҳ дур буд, баъдан сими интернет 8 хат дорад ва кафшер намудани ҳар яке аз онҳо фурсат мехост. Вале хушбахтона, мутахассисон муваффақ шуданд дубора интернетро дар соати 10-и шаб барқарор кунанд».
Албатта рух додани чунин садамаҳо як кори тасодуфист ва ҳеҷ ширкат дар баробари чунин осебҳои фаннӣ эмин нест, вале вақте ки трафики Интернети ҳама ширкатҳо ба воситаи Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегузарад, чаро масъулини «Тоҷиктелеком», ки таъмини хати Интернетро ба дӯш гирифтаанд, аз андешидани тадбирҳои эҳтиётӣ кор нагирифтанд? Зеро масъулин бояд ҳанӯз пеш аз пиёда намудани маркази мазкур хатҳои захиравии худро ташкил мекарданду амнияти мухобиротии кишварро пурра таъмин месохтанд. Худ қазоват кунед, агар Интернет бегоҳ неву рӯзона қатъ мешуд ва тамоми ширкатҳову бонкҳо дар муддати 5 соат аз интернет маҳрум мешуданд, Тоҷикистонро чи қадар зиёне интизор буд?
Тибқи гузоришҳои намояндагони ширкати «Телеком-Технолоҷӣ», бо назардошти созишномае, ки миёни «Тоҷиктелеком» ва ширкатҳои дигари интернетрасон ба имзо расидааст, «Тоҷителеком» муваззаф шуда буд, ки дар ҳолати рух додани чунин садамаҳо, фавран интернетро ба хатҳои захиравӣ пайваст намояд ва имкон надиҳад, ки муштариён беинтернет монанд. Вале баъди ба амал омадани садамаи мазкур масъулини «Тоҷиктелеком» на танҳо масъулияти ба дӯш гирифтаашонро иҷро карда натавонистанд, балки посух додаанд, ки «имкони кӯмак карданро надоранд».
Пас суоле ба миён меояд, ки ширкате, ки чун идоракунандаи Маркази ягонаи коммутатсионӣ хизмат карда, ҳама трафикҳои интернет ба воситаи он мегузарад ва кафолати амнияти мухобиротии кишварро додааст, чаро имкони кӯмакро надорад ва дар бартаф кардани як садамаи оддӣ ин қадар оҷизӣ мекашад? Агар ширкат кафолати таъмини ҳаматарафаи Интернетро надорад, пас чаро бо вуҷуди надоштани шароитҳои фанниву техникӣ масъулияти таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ ва ба воситаи хатҳои худ гузаронидани трафикҳои интеренетии ҳама ширкатҳоро ба дӯш гирифтааст? Масъулини «Тоҷиктелеком» ҳатто ваъда карда буданд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани садама, ширкатҳоро фавран ба хати интернети Ӯзбекистон пайваст хоҳанд кард, вале дар рӯзи садама маълум шудааст, ки «Тоҷиктелеком» ҳанӯз бо Ӯзбекистон созишнома ба имзо нарасонидааст ва аз ин рӯ наметавонад ба ширкатҳои зарардида кӯмак расонад.
Аз ҳама аҷиб он аст, ки масъулини ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» дар робита ба иддаои ширкати «Телеком Технолоҷӣ» на танҳо назари худро баён накарданд, балки дар дафтари матбуоти Хадамоти алоқа дар робита бо садамаи охир ба «Озодӣ» изҳори бехабарӣ кардаанд, ки ба назар хеле хандаовар менамояд.

Як қадам ба пеш, се қадам ба қафо
Бояд ёдовар шуд, ки то соли 2011 Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешрафтаи Иттиҳоди давлатҳои маштаракулманофеъ дар соҳаи телекоммуникатсия эътироф шуда буд. Рушди назарраси базаи муштариёни алоқаи мобилӣ ва Интернет дар фазои ИДМ дар солҳои 2008, 2009 ва 2010 дар Ӯзбекистон, Арманистон ва Тоҷикистон мутобиқан ба 69,3%, 65,4% и 61,7% эътироф шуда буд. Инро тадқиқоти пешбурдаи ComNews Research зери унвони «Бозори алоқаи мобилии кишварҳои ИДМ» чоп карда буд. Ин маънои онро дорад, ки соҳаи телекоммуникатсия дар Тоҷикистон, дар он солҳо ҳатто аз Қазоқистон, Белорусия ва Россия, ки рушди соҳа дар ин кишварҳо 32,5%, 27,1% ва 10,6%-ро нишон медод, хеле пеш гузашта буд.
Дар натиҷаи рушди сесола 7 кишвар аз 12 кишвари ИДМ сатҳи таъмини алоқаи мобилӣ ва Интернетро 90 фоиз таъмин намуданд, ки ин имконият медиҳад 90 дар сади аҳолӣ пурра бо хизматрасониҳои гуногуни алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин карда шаванд. Тибқи ин гузориш, Тоҷикистон ва Молдова дар ин се сол дар ҷои аввал қарор гирифта буданд.
Коршиносон сабаби аз рушд бозмондани соҳаи телекоммуникатсияро, ки аз таъминкунандаи асосии буҷаи Тоҷикистон мерафт, дар солҳои баъдӣ пеш аз ҳама ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд рабт медиҳанд. Ба ин маҳдудиятҳо аз ҷумла ворид намудани аксиз, болоравии сатҳи андозбандӣ, бастани сайтҳову аз байн бурдани рақобати солим ва даҳхо омилҳои дигарро мисол меоранд, ки рушди соҳаи мазкурро дар кишвар чанд сол ба ақиб партофт ва бо ҷорӣ намудани Маркази ягонаи коммутатсионӣ ва додани бартарият ба «Тоҷиктелеком» таъмини амнияти иттилоотии кишвар низ зери суол рафт. Ин аст, ки Тоҷикистон дигар наметавонад дар ин соҳа пештоз бошад.
Қатъи панҷсоатаи Интернет нишон дод, ки Тоҷикистон барои таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ ҳанӯз омода нест. Бояд Ҳукумат садамаи мазкурро чун дарси нахустин қабул карда, масъалаи мондан ва ё муваққатан боздоштани фаъолияти Маркази ягонаи коммутатсиониро мавриди омӯзиши ҷиддӣ карор диҳад ва ба хотири дар оянда роҳ надодан ба чунин ҳолат, то дасрас кардани дастгоҳҳои техникии муосир ва омода намудани хатҳои захиравии Интернет фаъолияти Маркази ягонаи коммутатсиониро дар базаи «Тоҷиктелеком» боз дорад. Зеро садамаи мазкур бори дигар нишон дод, ки «Тоҷиктелеком» воқеан аз лиҳози иқтисодӣ, техникӣ ва тахассусӣ имконияти таъмини ҳаматарафаи амнияти мухобиротии кишварро надорад ва ин барои кишваре чун Тоҷикистон, ки ба рӯйхати кишварҳои рӯ ба рушд дохил мешавад, хеле зиён дорад.
Ҳангоми ҷорӣ намудани Маркази ягонаи коммутатсионӣ шояд ба ҳисоб гирифта нашуд, ки ҳанӯз соли 2006 маҳз ба он хотир, ки таъсиси ин марказ метавонад амнияти мухобиротии кишварро зери хатар гузорад, ин масъала мавриди таваҷҷӯҳ ва натиҷагирии Ҳукумати кишвар ва боиси ташвиши намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва нигаронии як зумра ширкатҳои мобилӣ, сафирони давлатҳои хориҷа ва васоити ахбори омммаи ватанию хориҷӣ гардида буд.
Соли 2006 лоиҳаи таъсиси «Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ»-ро маҳз ба он хотир қабул накарда буданд, ки лоиҳаи мазкур аз лиҳози ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, техникӣ, тахассусӣ ва мантиқӣ асоснок карда нашуда буд. Инчунин бо назардошти он, ки қарори мазкур метавонист фазои инвеститсиониро халалдор намуда, ба пешрафти ин соҳа дар кишвар монеа эҷод кунад, ташкили чунин марказро ҳукумати кишвар мувофиқи мақсад нашуморида, ба идомаи баҳс хотима гузошта буд.
Вале чаро баъдан бе омӯзиши дақиқ Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар амал татбиқ карда шуд, суолест, ки ҷавоби хеле ҷиддӣ мехоҳад. Зеро садамаи нахустин аллакай пешбиниҳои соли 2006-ро дар амал нишон дод ва собит сохт, ки таъсиси чунин марказ дар базаи «Тоҷиктелеком» ба манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд.
Раиси Хадамоти алоқа, ки Маркази ягонаи коммутатсиониро асосан бо мақсади тиҷорат ва наҷоти «Тоҷиктелеком» таъсис дод, бояд ҷиҳатҳои амниятии онро низ ба ҳисоб мегирифт. Дуруст аст, ки таъсиси чунин Марказ ба «Тоҷиктелеком» даромади зиёд меорад, вале ҳеҷ гоҳ амнияти иттилотии кишварро таъмин карда наметавонад ва инро мо аллакай дар таҷриба дучор омадем.
Ба назари банда, вақти он расидааст, ки масъалаи мазкур аз нав мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода шуда, пеш аз такрор шудани чунин ҳодисаҳо ё хатҳои захиравӣ ташкил карда шаванд ва ё то ҳаматарафа омода шудани «Тоҷиктелеком» Маркази ягонаи коммутатсионӣ боздошта шавад.

Самир МИРЗОЕВ, таҳлилгар 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here