Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба шаҳри Турсунзода сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони шаҳри Турсунзода дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ чораҳои зарурӣ андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҷамъбасти нимсолаи якум нишон медиҳад, ки ҳаҷми мол, кор ва хизматрасонӣ ба маблағи 1 млрд 180,4 млн сомонӣ истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62,9 млн сомонӣ зиёд мебошад. Соҳаи савдо 13,1 фоиз, соҳаи сохтмон 11,3 фоиз, кишоварзӣ 2,4 фоиз, саноат 1,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 78,8 фоиз иҷро гардида, 67,8 млн сомонӣ ворид шудааст. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр ба андозаи 81,1 фоиз иҷро гашта, барои пардохти музди меҳнат ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ равона шудааст.

Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ 14960 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор дошта, аз тарафи онҳо 382,3 млн сомонӣ маблағ интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 187,1 млн сомонӣ кам мебошад.

Ҷиҳати дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёна аз тарафи филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба 8664 нафар ба маблағи 88,3 млн сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо гардидааст.

Яке аз соҳаҳое, ки ба рушди иқтисодии шаҳр замина гузоштааст, ин соҳаи саноат, сохтмон, энергетика ва нақлиёт мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 419,1 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 млн сомонӣ (1,9%) зиёд аст.

Дар ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар ҳаҷми 227,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 млн сомонӣ (4,1%) зиёд мебошад.

Вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳр тибқи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ сохта, ба истифода додани 8 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 2 коргоҳи коркарди ангур ва истеҳсоли мавиз, коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои пластикӣ, ҶДММ “Акобир-2015” (коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ), ҶДММ “Утаган КА” (корхонаи истеҳсоли семент, гаҷ, оҳак ва сементи ранга), ҶДММ “Алюминпроф” (корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминӣ), коргоҳи истеҳсоли қуму шағал ва хишти сементӣ, ҶДММ “Сардор-2008” (истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ).

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани 367 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, дар давоми солҳои 2018, 2019 ва нимсолаи якуми соли 2020-ум 179 иншоот ба истифода дода шудааст.

Соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зиёда аз 25 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Тибқи нақша то охири сол беш аз 17 км таъмири асосӣ ва зиёда аз 160 км роҳ таъмири ҷорӣ карда мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 165,3 млн кВт/соат қувваи барқ қабул гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,5 млн кВт/соат зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр ба маблағи 2 млн 570 ҳазор сомонӣ хизматрасонӣ гардида, маблағи ҷамъоваришуда 2 млн 256 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Аз тарафи минтақаи истеҳсолии техникии шаҳр 1 млн 820 ҳазор метри кубӣ ба истеъмолкунандагон оби ошомиданӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128 ҳазор метри кубӣ зиёд мебошад. Маблағи ҷамъоварӣ аз ҳисоби истифодабарандагон 4 млн 385 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Шуруъ аз 1-уми июли соли ҷорӣ таъмини оби ошомиданӣ ба сокинони маркази шаҳр шабонарӯзӣ таъмин гардидааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 220,8 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 млн сомонӣ зиёд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони шаҳр дар майдони 21204 га кишти зироатҳо гузаронидаанд. Аз ҷумла 14433 га ғалладонагиҳо, 2961 га сабзавот, 827 га картошка, 1178 га пахта, 496 га зағир, 1126 га хӯроки чорво, 147 га полезиҳо ва 36 га дигар зироатҳо кишт гардидааст.

Дар хоҷагиҳои шаҳр 10800 сар барра гирифта шуда, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ чорвои калони шохдор 76667 сар, чорвои майда 188770 сар, асп 756 сар ва паранда162569 сар парвариш ёфта истодааст.

Бо мақсади гузаронидани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳр 19 ҳазору 182 бех ниҳол шинонида шудааст, ки аз ин ҳисоб 8 ҳазору 287 бех мевадиҳанда, 10 ҳазору 895 бех ороишию сояафканро дар бар гирифта, илова бар ин, 223 ҳазору 760 бех қаламчаи гули садбарг ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ, ки ба самти рушди ҷомеа, маориф, тандурустӣ, фаъолияти иҷтимоии ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона шудаанд, нақшаи чорабиниҳоро ба тасвиб расонида, бо мақсади амалӣ гардонидани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинон дар ҳамкорӣ бо бахшу сохторҳои дахлдор 131 суҳбату вохӯриву мулоқот баргузор гардидааст. Дар ҷараёни вохӯриҳо оид ба моҳияту муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро суханронӣ карда шудааст.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳр даври якум ва дуюми озмуни “Сайри гули лола” баргузор шуда, дар даври ҷумҳуриявии озмун шаҳри Турсунзода дар се номинатсия сазовори ҷои ифтихорӣ дониста шудааст. Даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои деҳот баргузор гардида, даври дуюми озмун идома дорад.

Дар шаҳр 126 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, ба таълиму тарбияи 63218 хонанда 4988 омӯзгор машғуланд. Соли ҷорӣ 3461 нафар хонандагони синфи 11 муассисаҳои таълимиро хатм намуда, 2427 нафари онҳо барои идомаи таҳсил ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Дар давраи ҳисоботӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 34 медал гардидаанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити таҳсил ва ҳалли масъалаҳои норасоии ҷойи нишаст бунёди 83 синфхонаи иловагӣ, 2 толори варзишӣ ва 1 маҷлисгоҳ дар назди 12 муассисаи таълимӣ ва Хонаи кӯдакони шаҳр идома дорад. Ҷиҳати таъмини хонандагон бо либосҳои ягонаи истеҳсоли ватанӣ дар шаҳр ҳамкории шуъбаи маориф бо 4 коргоҳи дӯзандагӣ ба роҳ монда шудааст.

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа диққати махсус зоҳир менамояд. Паҳншавии бемории сироятии коронавирус (СОVID-19) ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, 30-юми апрели соли ҷорӣ ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуд. Бо дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, дар ин замина амри раиси шаҳри Турсунзода «Дар бораи ташкил ва гузаронидани ситоди фаврии доимоамалкунанда дар шаҳри Турсунзода» ба тасвиб расида, дар шаҳр гуруҳҳои кории таблиғотӣ таъсис ёфтанд. Дар ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ аксияҳо ва гардиши хона ба хона баргузор ва аз ҷониби гуруҳҳои корӣ беш аз 90 ҳазор маводҳои таблиғотию варақаҳои иттилоотӣ, зиёда аз 10 ҳазор маводи безараргардонӣ ва 16 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ ба аҳолӣ тақсим карда шудааст. Бо мақсади расонидани кумаки аввалияи тиббӣ  аз ҳисоби кормандони шабаки кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар тамоми марказу бунгоҳҳои саломатӣ навбатдории шабонарӯзӣ ва гардиши хона ба хона ташкил гардидааст. Бо мақсади баргузории корҳои безараргардонӣ ва профилактикӣ 80 техникаи махсус, беш аз 900 таҷҳизоти дастии дорупошӣ ва беш аз 18500 нафар ҷалб гардидаанд.

Бинобар сабаби наздисарҳадӣ будани шаҳри Турсунзода, дар гузаргоҳи сарҳадӣ ва терминали «Дустӣ» шахсони масъул аз ҳисоби кормандони соҳаи тандурустӣ вобаста гардида, масъалаи ба карантин фаро гирифтани ронандагони воридшаванда ва безарар гардонидани воситаҳои нақлиёт зери назорати доимӣ қарор дорад.

Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии пандемияи COVID-19 барои харидорӣ намудани доруворӣ, либоси махсуси тиббӣ, маҳлулҳои зиддисироят, нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва дастгирии моддиву молиявии кормандони соҳаи тиб аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон ба маблағи зиёда 1 млн 200 ҳазор сомонӣ кумак расонида шудааст.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 3238 таваллуд, 1219 ақди никоҳ, 216 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ва 600 вафот ба қайд гирифта шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 44 қайди фавт зиёд, 263 таваллуд кам, ҳолати бекор кардани ақди никоҳ 27 адад кам мебошад.

Дар ҳудуди шаҳр 33 китобхона фаъолият дошта, дар онҳо 192486 нусха китоб маҳфуз буда, дар ин давра 163679 нусхаи он дар гардиш қарор гирифтааст. Бо мақсади таъмини китобхонаҳо бо адабиёти муосир аз нашриёти “Адиб” ба маблағи 68 ҳазор сомонӣ китобҳо харидорӣ шудаанд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар байни аҳолӣ 122 чорабинӣ, аз ҷумла 41 вохӯриву мулоқот, 38 чорабинии варзишӣ ва 8 чорабинии оммавӣ-фарҳангӣ баргузор намудааст. Дар ин давра варзишгарон аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 124 медал, аз ҷумла 30 медали тилло, 52 медали нуқра ва 42 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии сарфу хароҷоти барзиёд аз ҷониби бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо як қатор корҳо амалӣ гардидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави шаҳр 1272 тӯйи домодиву арусӣ, 64 маросими чил ва 56 маросими сол ба қайд гирифта шудааст, ки 1392 маъракаро ташкил медиҳад.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шуда, 5 озмун, 2 фестивал ва 70 чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардидаанд ва ин чорабиниҳо мунтазам то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома хоҳанд ёфт.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 7 фармон ва 8 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 фармоиш ва 34 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 78 банди супоришҳои протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 388 мактуби ҷумҳуриявӣ, 314 супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1044 мактуби шаҳрӣ (дохилӣ), 120 барқияҳо ва 3409 аризаи шаҳрвандон ворид гардидааст.

Оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон 755 қарор ва 80 амри раиси шаҳр ба имзо расидааст. Барои баррасии саривақтии муроҷиатҳо ва аризаҳо рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, муроҷиати 132 шаҳрванд ба таври мустақим ва 42 муроҷиати дигар, ки тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар умум 3409 арзу шикояти шаҳрвандон оид ба мавзуҳои гуногун баррасӣ гардидаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2020-ум 3 маротиба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор гардида, дар он 26 масъала баррасӣ ва 38 қарорҳои раиси шаҳр тасдиқ гардидаанд.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам, соли равон бо мақсади шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр 131 вохӯрӣ ва суҳбату мулоқотҳо бо аҳолӣ гузаронида шудааст.

— Боиси ифтихор ва хурсандии мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода аст, ки дар оғози соли 2020 аввалин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри мо доир гардид. Муҳтарам Пешвои миллат зимни сафари кориашон бо дастовардҳои соҳаи кишоварзии шаҳр шинос шуда, ба истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили дилхоҳи маҳсулоти барвақтӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати рушди соҳа ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ ба меҳнаткашон маслиҳатҳои муфид доданд,- гуфт раиси шаҳр.

Ба гуфтаи Парвиз Акрамзода, “шаҳри Турсунзода дар мамлакат яке аз шаҳрҳои калони саноатию аграрии пешрафта ба шумор рафта, маҳз дар шаҳри мо калонтарин корхонаи саноатии кишвар — Заводи арзизи тоҷик арзи ҳастӣ дорад, ки бо қарори Ҳукумати кишвар аллакай корҳои таҷдиду азнавсозии ин корхонаи нодир мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ оғоз шудааст”.

— Маҳз дастгириҳои доимии Пешвои муаззам буд, ки дар тамоми самтҳои фаъолияти соҳаи кишоварзии шаҳр ба натиҷаҳои беназир ноил гардидем ва имрӯз метавон гуфт, саҳми кишоварзони шаҳри Турсунзода дар амнияти озуқавориву таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ангур, полезиҳо, биринҷ, гӯшту шир ва мевагиҳо беназир арзёбӣ карда мешавад. Асоси ин ҳама пешравиҳо амнияти кулли кишвар ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар самти соҳибкорию хоҷагидориҳо дониста мешавад. Аллакай мо 25 км роҳҳоро аз таъмири асосӣ бароварда, то охири сол боз 17 км роҳҳоро таъмири асосӣ менамоем ва 160 км роҳҳоро таъмири ҷорӣ намуда, тамоми муассисаҳои тандурустӣ ва маорифро аз таъмири асосӣ бароварда, кулли шаҳри Турсунзодаро бо оби ошомиданӣ ба таври шабонарӯзӣ таъмин намуда истодаем. Дар тамоми ҳудудҳои шаҳр бо қарори дахлдор чароғонкунии доимиро эълон намудаем, ки дар ин кор ҳиссаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода (роҳбараш Ятимзода Тоҷиддин) басо калон мебошад. Маҳз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки дар 367 иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳо бо суръати басо баланд идома доранд ва аллакай зиёда аз 179 иншоот сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар шаҳри Турсунзода, метавон гуфт, ҷое як ваҷаб замини холӣ нест ва худи марум ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои худ аз як замин гирифтани 3-4 ҳосилро кайҳо касб кардаанд, ки ин мояи ифтихори мо буда, доимо сипосгузор аз Пешвои муаззами миллатем”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here