Шаҳри Ҳисор, ки дар гузашта номи Шумон ё Ҳисори Шодмонро низ дошт ва 27-уми октябри соли 2015-ум 3000-солагии онро ҷашн гирифтем, яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ба шумор рафта, дар тамаддуни миллати тоҷик, ки яке аз куҳантарин миллатҳои сайёра ба шумор меравад, нақши басо калон бозидааст. Ин шаҳр дар гузашта чандин дафъа аз даст ба даст гузаштаву вайрону валангор шуда бошад ҳам, вале боз аз сари нав сохта ё бозсозӣ карда шудааст.
Дар замони салтанати манғитиён ин шаҳр чун маркази маъмурии Бухорои Шарқӣ, ки сар карда аз Шаҳрисабзу Тирмиз, як қисми Афғонистони Шимолӣ ва қисми зиёди Тоҷикистони имрӯзаро дар бар мегирифт, тариқи беки Ҳисор идора карда мешуд. Дар шаҳр чандин мадраса, ҷойи нигоҳдории артиши бек ва қозихонаву дигар идораҳои маъмурӣ воқеъ буданду дар ҳудудҳои он боз чандин марказҳои маъмуриву бозорҳо амал мекарданд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи Роҳи абрешими бузургро ташкил намуда, номҳояшон то рӯзҳои мо расида омадааст. Номи рустоҳои Қаратоғ бо рустоҳои тиҷоратию косибони машҳураш, бозорҳои Душанбею Янгибозор, Хуталону Кӯлоб ва Қубодиёну Қаротегину Дарвоз то замони мо омада расидаанд, ки дар ҳама давру замон аз тамоми ин бозорҳою растаҳои косибону дӯкондорон ва кулли заминҳои заминдорони хурду миёна ва калон боҷҳои давлатӣ бо пули нақд ё маҳсулоти тайёру чорво барои нигаҳдории дастгоҳи беки Ҳисор ва як қисми дигараш ба аморати Бухоро барои хароҷот ва айши оилаи амир равона карда мешуд. Ин пардохтҳою ҷамъоварии боҷу ушрҳои ҳатмӣ тариқи амлок аз салоҳиятҳои басо калон иборат буданду ҷамъоварӣ карда мешуданд. Ҳатто қозихонаҳо ва урду низ барои итоат мутаваҷҷеҳ карда шуда буданд, то ки дар қисми хароҷоти молиётии бекигарию аморати Бухоро мушкилоте пеш наояд ва ин буд, ки ин ҳокимиятҳо то замони шӯравӣ, ки болшевикон сари қудрат омаданд, кори худро идома доданд.
Дар замони шӯравии бузург кори ҷамъоварии андозҳоро дар вазоратхонаҳои 15 ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тариқи вазоратҳои молия ё раёсатҳои онҳо, ки дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо мустақил буданд, идора мекарданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар давлати мустақил баҳри таъмини бехатарии молиёт ё буҷети худ мақомоти ваколатдор оид ба ҷамъоварии андозҳо ё дигар пардохтҳои давлатиро ташкил намуданд.
Маҳз ташкили Кумитаи андоз дар ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ қадаме буд басо устувору оқилона. 4-уми майи соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери фармоне имзо гузоштанд, ки Ҳукумати ҷумҳуриро муваззаф намуда буд, то Кумитаи андозро ташкил намояд. Маҳз бунёдгузор ё ташкилкунандаи мақомоти андоз чун дигар вазорату кумитаҳо, ки дар ҷои холӣ бунёд карда шуданд, Пешвои муаззами миллат ба шумор мераванд.
Имрӯз Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар яке аз ниҳодҳои басо муқтадиру устувори кишвар буда, маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар нозирот ва раёсатҳои андоз бо тамоми базаҳои моддиву техникияшон ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуда, аз ҷиҳати шаффофияти фаъолият ва дастгириҳои фаъолияти соҳибкорию хоҷагидорӣ Кумитаи андоз назир надорад. Маҳз Ҳукумати кишвар садҳо корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолиро аз супоридани боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод менамояд, то ки онҳо ояда дар самти фаъолияти худ саҳмгузор ба буҷаи кишвар ва амнияти озуқаворӣ гарданд. Яъне Ҳукумати кишвар бо ин иқдомҳои худ баҳри ривоҷу равнақи соҳаҳои мухталифи саноат ва кишоварзию саноати куҳкорӣ иқдом карда, маҳз ин сабукиҳо ояндаи наздик ҳазорон нафарро бо ҷои кори хуб ва маоши арзанда таъмин намуда, кишварро бо маводи аввалияи озуқаворӣ таъмин намуда, метавон гуфт, иловатан иқтидорҳои зиёди андозбандишаванда бунёд карда хоҳад шуд.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифт дар ин шумора оид ба фаъолияти хуби кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор ба хонандагон маълумот диҳад. Ин нозироти андоз яке аз парчамбардорони мақомоти андоз буда, новобаста аз буҳрони шадиди иқтисодии ҷаҳонӣ ва пандемияи КОВИД-19, ки ҷумҳурии азизи моро низ фаро гирифтааст, нақшаҳои наздаш гузошташударо сарбаландона ба иҷро расонида, дар гулгулшукуфоии кишвар ва шаҳри бостонии Ҳисори Шодмон ҳиссагузор мебошад.
Дар 11 моҳи соли 2020 Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Паёмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисорро роҳнамои кори худ қарор дода, кӯшиш кардааст боз ҳам самараноктар фаъолият намуда, вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо доир ба пурра ва барзиёд иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 11 моҳи соли 2020» таъмин созад ва барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои мушаххас андешад.
Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ҳисор ба андозаи 103,1 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷойи 14 миллиону 013,9 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷет 14 миллиону 922,8 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 908,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад, ба андозаи 111,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1 миллиону 771,4 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1 965,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ 192,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳо, ки ҷамъоварии он ба зиммаи нозироти андоз гузошта шудааст (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) ба андозаи 103,4 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 11 миллиону 030,7 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 11 миллиону 320,5 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 301,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳо ба андозаи 100,2 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 9 миллиону 361,8 ҳазор сомонии пешбинигардида ба буҷет 9 миллиону 355,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз ин ҳисоб ба андозаи 21,0 ҳазор сомонӣ зиёд ворид карда шудааст. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад, ба андозаи 117,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1 миллиону 689,9 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2 миллиону 008,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 319,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар 11 моҳи соли 2020 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ҳисор ба андозаи 102,3 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷойи 141 миллиону 944,6 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷет 145 миллиону 233,0 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 3,3 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳо ба андозаи 103,3 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 122 миллиону 016,3 ҳазор сомонии пешбинигардида 125 миллиону 233,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 3,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад, ба андозаи 101,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 19 миллиону 928,0 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (бо дарназардошти хароҷотҳо) 20 миллиону 010,2 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ 82,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳо, ки ҷамъоварии он ба зиммаи нозироти андоз гузошта шудааст (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) ба андозаи 101,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 112 миллиону 700,8 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 113 миллиону 461,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 761,0 ҳазор сомонӣ зиёд ворид карда шудааст.
Аз ин ҳисоб нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳо ба андозаи 100,2 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 93 миллиону 866,5 ҳазор сомонии пешбинигардида ба буҷет 93 миллиону 879,3 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз ин ҳисоб ба андозаи 30,0 ҳазор сомонӣ зиёд ворид карда шудааст.
Мувофиқи феҳристи ягона ба ҳолати 01.12.2020 дар Нозироти андози шаҳр 8801 адад андозсупорандагон ба қайд гирифта шудаанд, аз он ҷумла:
а) шумораи шахсони ҳуқуқӣ — 860 адад;
б) соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда — 1036 адад;
в) хоҷагиҳои деҳқонии (инфиродии) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ — 4000 адад;
г) соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда — 2905.
Бахши ситонидани қарзи андозҳои Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор дар 11-моҳаи соли 2020 фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти худ корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. Бақияи қарзи андоз дар шаҳр ба ҳолати 01.01.2020 маблағи 7 миллиону 693,9 ҳазор сомониро ташкил дода, ин нишондод ба ҳолати 01.11.2020 ба маблағи 7 миллиону 099,7 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 594,2 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андозҳо кам гардидааст.
Ба гуфтаи сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор муҳтарам Дилшод Ҳакимзода, “миллати тоҷик, ки яке аз миллатҳои тамаддунсози дунё ба шумор меравад, тӯли таърихи мавҷудияти худ ончунон қаҳрамону пешвоён дорад, ки номашон дар чандин китобу маҷаллаҳо намеғунҷад. Вале касе барои ин миллату давлат хизматҳои арзанда ва ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро накардааст ва нахоҳад кард. Маҳз Пешвои муаззам буданд, ки дар мудҳиштарин замон зимоми давлатдории давлати ҷавони тоҷиконро ба даст гирифта, бо хости худои бузург давлатро аз вартаи парокандагию нестшавӣ наҷот дода, тамоми институтҳои давлатдориро дар ҷои холӣ, аз сифр бунёд намуданду миллатро сарҷамъ карданд. Маҳз Пешвои муаззам буданд, ки баҳри рушду нумуи кишвар ва ҷиҳати таъминоти моливу бехатарии он Кумитаи андозро ташкил намуданд”.
— Имрӯз мо шоҳиди зиёд ободкориҳои беназири Пешвои муаззами худ мебошем. Як худи бунёди чанд силсиланерӯгоҳ дар дарёи Вахш, бунёди беш аз 2000 км роҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва нақлиётиву энергетикӣ, инчунин бехатарии озуқаворӣ гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд. Иловатан, ҳадафи чоруми стратегии ҳукумат эълон доштани саноатикунонии кишвар ва то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди ҳазорон корхонаву муассисаҳои хизматрасонӣ — ин оқиливу тавоноию дурандешии Пешвои муаззамро дар самти ободкориҳои беназир ва таъмини ҷойҳои нави кориву маоши арзанда нишон медиҳад. Дар ин радиф, барои ин пешрафтҳо хизмати арзандаи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар муҳтарам Давлатзода Н. М. басо калон мебошад. Чунки ман дар тамоми муваффақияту пешравиҳо хизмати арзандаю вафодории он касро ба Пешвои муаззам мебинам. Ҳамзамон, аз хизматҳои арзандаи раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Шарифҷон Ҷумазода ёдовар мешавам, ки дар самти ободкориҳо ва зиёд шудани ҷойҳои нави корию тиҷоратӣ хизматҳои арзанда доранд,- афзуд ӯ.
Ба гуфтаи мавсуф, кормандони фаъол зиёданд, ки бевосита дастуру супоришҳои роҳбари мақомот ва дигар уҳдадориҳои мансабии худро дар сатҳи дахлдор ва босифат таъмин менамоянд, аз он ҷумла Яқубов Фируз — муовини сардор, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, Худойқулов Набиҷон — сармутахассис, сармуҳосиб, Холов Парвиз — сардори шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, Шарипов Ғиёсиддин — сардори шуъбаи баҳисобгирии даромадҳо, Муминов Қаноат — сармутахассис, сардори гуруҳи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, Рӯзиев Насим — сармутахассис, сардори гуруҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунанд, Исматов Манзаршоҳ — сармутахассис, сардори гуруҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони тибқи патент фаъолияткунанда, Арабов Акбар — сармутахассиси гуруҳи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, Сафаров Фирдавс — мутахассиси гуруҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда, Бобоев Шомуддин — мутахассиси пешбари гуруҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони тибқи патент фаъолияткунанда, Абдуразоқов Беҳрӯз — мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии даромадҳо, Юсупов Зоҳиршоҳ — мутахассиси пешбари шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ.
Тавре иттилоъ дода шуд, андозсупорандагоне ҳастанд, ки бевосита уҳдадориҳои андозии худро иҷро менамоянд, дар иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр ва дигар нишондиҳандаҳои иқтисодӣ фаъолияти беназир доранд, аз он ҷумла ҶДММ «Ё-нахш», ҶДММ «Транс Сервис Сохтмон «, ҶДММ «Дилосо «, ҶДММ «Сино Таҷик Стар», ҶДММ «Сохтмон 2019 «, ҶДММ «Адам «, ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик», ҶДММ «Агротехстрой», ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Ҳисор.
Ҳамзамон, андозсупорандагоне ҳастанд, ки бевосита уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет иҷро наменамоянд ва инчунин бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд, аз он ҷумла ҶДММ «Иттиҳод 2018», ҶДММ «Юсуф 1990», ҶДММ «Ориён таъминот», ҶДММ «Роҳи байналмилалии Тоҷикистон», ҶДММ «Зулфиқор 2012», ҶДММ «Магдоналс», ҶДММ «Мезон», ҶДММ «Тоҷинвест Коттон».
— Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор барои бомуваффақият анҷом ёфтани нақшаҳои пешбинишуда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки иҷроиши нишондодҳои буҷети давлатиро хубтару бехтар ба роҳ монда, натиҷаҳои фаъолиятро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намояд,- афзуд сардори Нозироти андоз дар шаҳри Ҳисор муҳтарам Дилшод Ҳакимзода.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here