Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун баҳри пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон фаъолияти худро мутобиқи қонунгузориҳои ҷорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, масъалаҳои вазъи истеҳсолот, ҷобаҷогузории кадрҳо ва дигар масъалаҳои муҳими ноҳияро зери назорати доимӣ қарор дода, баҳри иҷрои нақшаҳои пешбинишуда ва сазовор пешвоз гирифтани чорабиниҳои сиёсию фарҳангии дар соли 2019 ба нақша гирифташуда кӯшиш намуда истодаанд.
Рафти омӯзиши фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шаҳодат аз он медиҳад, ки дар нуҳ моҳи соли равон раиси ноҳия дар доираи салоҳияти худ дар асоси талаботи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 732 қарор қабул намудааст. Дар баробари ин, назорату санҷиши қарорҳо такмил ёфта, барои иҷрои амалии дастуру супоришҳо, Амру Фармонҳои Президенти мамлакат ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин давра 36 машварати васеи назди раиси ноҳия, машваратҳои сайёру маҷлисҳои ситодҳои доимоамалкунанда ҷиҳати иҷрои нақшаҳои сохтмону ободонӣ, маъракаи киштукори баҳорӣ, таъмини кори мураттаби тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дар давраи тирамоҳу зимистон ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардидаанд.
Сиёсати кадрӣ
Таври маълум, яке аз бахшҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо ташкил медиҳад. Дар ин раванд шаклу услуби корӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун пайваста такмил дода шуда, фаъолияти тамоми соҳаҳо бо дарназардошти самаранокии истеҳсолот ҳаматарафа таҳлил гардида, ба салоҳиятнокии роҳбарон баҳо дода мешавад. Барои боз ҳам беҳтар намудани малакаи кордонии кормандон ва мутахассисони ҷавон дар дастгоҳи раиси ноҳия «Дарсҳои бозомӯзии сиёсӣ» ташкил карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби захираи кадрҳо 1 нафар ва инчунин, 2 нафар мутахассиси аз синни 30 то 45-сола ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин шудаанд.
Дар раванди кор бо кадрҳо ҳангоми гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ бештар ба масъалаҳои омӯзиши сатҳи дониши сиёсӣ ва касбию назариявӣ, муайян сохтани ҳисси масъулиятшиносӣ ва қобилияти кордонию маҳорати касбии кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кор ва таъмини мувофиқати онҳо ба мансаби ишғолнамуда диққати зарурӣ дода мешавад. Ҳисоби миёнаи синну соли хизматчиёни давлатии ноҳия 45 солро ташкил медиҳад.
Муроҷиати шаҳрвандон
Дар нуҳ моҳи соли 2019 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1706 шаҳрванд, аз ин 1405 нафар тариқи хаттӣ ва 301 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намудаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 20-то ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3-то ба воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ворид гардидааст. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 1394 муроҷиат (99,2 фоиз) ҷавоб гардонида шуда, 11 муроҷиат дар арафаи баррасӣ қарор доранд.
Самтҳои афзалиятноки фаъолият
Амалӣ гардонидани вазифаҳои муайяннамудаи стратегияи сиёсати давлатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидан ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ чун самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ қарор гирифта, оид ба амалисозии онҳо корҳои назаррас амалӣ гардида истодааст.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти савдо ва хизматрасонии пулакӣ дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 1 миллиарду 29 миллион сомониро ташкил додааст. Ҳамзамон, дар соҳаи кишоварзӣ 708 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, соҳаи саноат 77 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии пулакӣ 56 миллиону 900 ҳазор сомонӣ, гардиши молӣ 172 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии меҳмонхонаву тарабхонаҳо 3,5 миллион сомонӣ ва бакордарории фондҳои асосӣ 9 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Таъмини буҷет
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои буҷети давлатӣ ва маблағгузории саривақтии эҳтиёҷоти муассисаҳои иҷтимоӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Қисми даромади буҷети ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 93,0 фоиз таъмин шуда, нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 97,0 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин давра 3 намуди андоз иҷро нашудааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 2 миллиону 95 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.
Бақияпулиҳои андоз ба 01.10.2019-ум 3052,9 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба 01.01.2019 ба маблағи 95,2 ҳазор сомонӣ кам шудааст. Буҷети маҳаллии ноҳия хусусияти иҷтимоӣ дошта, 74 фоизи он барои пардохти музди маош ва 26 фоизи он барои дигар моддаҳои хароҷотӣ равона карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки 45,7 фоизи маблағгузории буҷети ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба тариқи субвенсия пардохт карда мешавад.
Лоиҳаҳои сармоягузорӣ
Дар ноҳия 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст. Ин ҳам бошад, «Барномаи фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураи ҷамоавӣ, марҳилаи 3-юм», «Лоиҳаи минтақавии хатҳои интиқоли барқ», «Лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим», «Лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот», “Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ”, “Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал”, “Лоиҳаи тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ” мебошанд, ки маблағи умумии онҳо 10,4 млн доллари амрикоиро дар бар мегирад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2016-2020-ум 195 лоиҳаро ба маблағи 163,9 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019-ум 51 лоиҳа ба маблағи 28,2 миллион сомонӣ (17,2 фоиз) ба иҷро расидааст.
Дастгирии соҳибкорон
Дар нуҳ моҳи соли 2019 соҳибкорони инфиродӣ бо патент 864 нафар ва шаҳодатномаи соҳибкории инфиродӣ 176 нафар фаъолият карда истодаанд.
Бонкҳои ноҳия дар нуҳмоҳи соли 2019 барои пешбурди соҳаи кишоварзӣ, тиҷорат ва дигар соҳаҳо 42,5 миллион сомонӣ қарз додаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 миллион ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба воситаи ҳамаи бонкҳо аз хориҷи кишвар 4 миллиону 27 ҳазор доллари амрикоӣ ва 1 миллиарду 748 миллион рубли русӣ ба аҳолӣ интиқол дода шудааст.
Доир ба афзун намудани маҳсулоти саноатӣ, ташкили корхонаҳои нав, беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд.
Саноат
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 77 миллиону 700 ҳазор сомонӣ расида, истихроҷи нафт ба 6086 тонна (101,3%), истеҳсоли битум ба 2145,5 тонна (109,4%), мазут ба 1028 тонна (88,6,%), хишт 306,8 ҳазор дона (152,4%), сангҳои ороишӣ 1105 метри мураббаъ (200,0%), гӯшт 767,4 тонна (105,5), нон ва маҳсулоти нонӣ 1310,1 тонна (102,7%), либоси мактабӣ 818,4 ҳазор сомонӣ (110,5%), маҳсулоти дӯзандагӣ 701,9 ҳазор сомонӣ (111,3%), коркарди чӯбу тахта 761,0 ҳазор сомонӣ (109,3%), конструксияи оҳану бетон 65,1 тонна ва орд ба 12061,8 тонна (110,1%) расонида шудааст.
Барои рушди соҳаи саноат, ташкили сехҳои дӯзандагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, иҷроиши онҳо таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.
Сохтмон ва беҳдошти замин
Дар соҳаи сохтмон азхудкунии фондҳои асосӣ ба маблағи 9 миллиону 427 ҳазор сомонӣ, ё ин ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,5 маротиба зиёд буда, маблағгузории асосӣ бошад, ба 17 миллиону 100 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки он нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,6 маротиба зиёд мебошад. Сокинони ноҳия дар ин давра 2628 метри муррабаъ манзили истиқоматӣ сохтаанд, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1458 метри муррабаъ зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти Кумитаи идораи замини ноҳия, аз тарафи нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин як қатор санҷишҳо гузаронида, 195 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории заминро дар майдони 29,52 гектар ошкор кардаанд. Барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани вайронкунандагони қонунгузории замин 188 протокол ва қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардида, 67,3 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудааст.
Бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасонӣ ба кишоварзон дар ноҳия 5 адад мағоза ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти тухмӣ фаъолият намуда истодаанд.
Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2019 нақшаи тоза кардани шабакаҳои обёрикунандаро ба ҷои 84 ҳазор метри кубӣ 84,5 ҳазор метри кубӣ, ё ин ки ба андозаи 100,6 фоиз тоза кардани заҳбуру заҳкашҳоро ба ҷои 55,0 ҳазор метри кубӣ ба ҳаҷми 55,3 ҳазор метри кубӣ, ё ин ки ба андозаи 100,5 фоиз, таъмири 28 иншооти гидротехникиро 100 фоиз иҷро намудааст. Бақияи қарзи хизмати обрасонӣ ба 1.10.2019 ба 5502,0 ҳазор сомонӣ расидааст, ки 21,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз рӯи дурнамо гардиши умумии мол аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо 173,2 миллион сомонӣ, ё ин ки назар ба ҳамин давраи соли 2018-ум 128,1 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Таъмини амнияти озуқаворӣ
Дар соли 2019 аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ноҳия дар майдони 8350 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки он 100,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳаи кишоварзии ноҳия ба 708,3 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 88,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз маҳсулоти истеҳсолкарда 661,1 миллион сомониаш ба соҳаи растанипарварӣ ва 47,2 миллион сомониаш ба соҳаи чорводорӣ тааллуқ дорад.
Дар хоҷагиҳои ноҳия саршумори чорвои калони шохдор 39715 сар, аз он ҷумла саршумори модаговҳо 17156 сар, саршумори гӯсфанду буз 57320 сар, асп 1500 сар, занбӯри асал 1334 оила ва саршумори паранда 62350 сарро ташкил медиҳад, ки нисбатан чорвои калони шохдор 755 сар, гӯсфанду буз 1190 сар ва паранда 235 сар афзоиш ёфтааст. Дар соҳаи чорводорӣ истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла гӯшт 1442 тонна, ё ин ки 101,1 фоиз, шир 6734 ё ин ки 100,8 фоиз, тухм 1495,8 ҳазор дона ё 103,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар нуҳ моҳи соли 2019-ум 32 ҳазору 164 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба беруни кишвар содирот карда шудааст.
Шуғли аҳолӣ
Баҳри амалӣ намудани «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2018-2019» дар самти касбомӯзӣ ва бозомӯзии сокинони корҷӯ ва бекор шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 712 нафар муроҷиаткунандагон барои касбомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои мавриди талаботи бозори меҳнат роҳхат додааст, ки нисбати пешгӯии солонаи барнома 87,0 фоизро ташкил медиҳад.
Ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии бозори меҳнат ва ба он ҷалб намудани шумораи ҳарчи бештари бекорон дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, дар асоси ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва рушди соҳибкорӣ 520 ҷойҳои нави корӣ дар давраи ҳисоботӣ таъсис дода шудааст.
Музди миёнаи меҳнат 1005 сомонию 69 дирам буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 129,9 фоизро ташкил додааст. Бо мақсади дастгирии шахсони бекор ҷиҳати ташкили корҳои фардӣ дар ин давра ба 105 нафар сокинони корҷӯ ба маблағи 52000 сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст.
Роҳу нақлиёт
Дарозии роҳҳои ноҳия 255,8 километрро ташкил медиҳанд, ки аз он дорои аҳамияти байналмилалӣ 65,8 километр, кӯпрукҳо 1 адад бо дарозии 336м, қубурҳо 25 адад бо дарозии 306 м.т., аҳамияти ҷумҳуриявӣ 8,4 километр, кӯпрукҳо 3 адад бо дарозии 34 метри тӯлонӣ, қубурҳо 11 адад бо дарозии 88 м.т. ва аҳамияти маҳаллӣ 181,6 километр, кӯпрукҳо 61 адад бо дарозии 648 метри тӯлонӣ, қубурҳо 224 адад бо дарозии 2312 м.т. мебошанд. Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо 188,3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои зимистонгузаронӣ 17,2 ҳазор сомонӣ ва барои таъмири ҷории роҳҳо 93,0 ҳазор сомонӣ, таъмири роҳ 61,8, таъмири пулҳо 9,6, таъмири қубурҳо 5,1 ҳазор сомонӣ ва кабудизоркунӣ 1,7 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.
Аз ҳисоби соҳибкорон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 63,6 километр роҳҳо ба маблағи 308,1 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ, ҷорӣ ва сангфарш карда шудааст.
Маориф ва тандурустӣ
Шумораи муассисаҳои таълимии ноҳия 48 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 44 мактаби миёнаи умумӣ, 2 мактаби асосӣ, 1 литсейи касбии техникӣ ва 1 гимназияи давлатӣ мебошанд. Шумораи умумии хонандагон дар соли хониши 2018-2019-ум 31792 (духтарон 14329) нафар, омӯзгорон 1700 (занҳо 707) нафарро ташкил медиҳанд. Маорифи ноҳия ба 11 нафар омӯзгор ниёз дорад.
Солимии ҷомеа яке аз ҳадафҳои стратегии давлат буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солим кӯшиш менамояд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ беҳтар шуда истодааст. Бемориҳои исҳоли амрози рӯда, лейшманиёзи пӯст, бемории сил ва тепкӣ нисбати соли гузашта кам гардида, ВНМО афзоиш ёфтааст. Фавти кӯдакони синни то 1-сола ва то 5-сола низ дар муқоиса бо соли гузашта кам шудааст.
Дар соҳаи тандурустии ноҳия 138 духтур, аз ин шумора 32 нафар бо категорияи олӣ, 16 нафар якум, 33 нафар дуюм ва 582 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин давра хизматрасонии пулакӣ ба 56,9 миллион сомонӣ (108,0%) расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 72 бемории сил ба қайд гирифта шудааст, ки 97 нафари он бистарӣ карда шудаанд. Ҳамагӣ дар қайди Маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия феълан 178 нафар бемори сили зери назорати диспансерӣ мебошанд. Дар ин давра 72 бемории сил ба қайд гирифта шудааст. Шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ 54 ва вируси норасоии масунияти одам 76 нафарро ташкил медиҳад.
Фарҳанг
Дар ноҳия 35 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 6 хонаи фарҳангӣ, 2 клуб (1 клуби сайёр), 1 театри мардумӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 22 китобхонаи деҳот, 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.
Ҳамзамон, 24 китобхона фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 118 ҳазору 655 нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 39 ҳазору 351 нусха китобҳо бо забони давлатӣ, 63 ҳазору 900 нусха китобҳо бо забонҳои русӣ ва 15 ҳазору 404 нусха китобҳо бо дигар забонҳо мебошанд.
Варзиш
Бо мақсади дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намудани ҷавонону наврасон тадриҷан силсилаи чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ ва оид ба дигар масоили мубрами рӯз, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа, алалхусус дар байни ҷавонон, мубориза алайҳи ифротгароӣ ва равияю мазҳабҳои бегона мулоқоту вохӯриҳо доир карда шудаанд.
Варзишгарони ноҳия дар дар нуҳ моҳи соли 2019 дар мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, дар ин муддат аз ҷониби варзишгарони ноҳия 11 медали тилло, 15 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ, ҷамъ 51 медал ба даст оварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 8 адад зиёд мебошад.
Дастгирии ниёзмандон
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кӯмакҳои моддӣ ба хона-интернатҳо, ятимон, бепарасторон, маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сарбозон ва оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои ниёзманд дар ин давра ба оилаҳои камбизоат аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия ба маблағи 12 ҳазору 690 сомонӣ ва бо дастгирии саҳибкорону шахсони саховатманд кӯмакҳои моддию молиявӣ ба маблағи 1293,3 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.
Шумораи ятимону бепарасторон 154 нафарро ташкил дода, соли 2019 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба онҳо ба маблағи умумии 67,7 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.
Нақши занон
Баҳри амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши фаъолияти бонувон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому маърифати онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Имрӯз аз ҳисоби занони лаёқатманд дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои мақомоти ноҳия 450 нафар, намояндагии занон дар сатҳи маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 32 нафарро ташкил медиҳад. Бо мақсади тарбияи кадрҳо ҳамасола аз ҳисоби духтарони лаёқатманди ноҳия дар асоси квотаи президентӣ 60 нафар ҷавондухтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил гашта, 107 нафар занони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда истодаанд.
Ҳамзамон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун барои фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии занон, аз ҷумла бо мақсади густариши фаъолияти соҳибкории онҳо шароити мусоид муҳайё кардааст, ки то 1-уми октябри соли ҷорӣ 450 нафар занон ба соҳибкорӣ ва 343 нафар зан ҳамчун роҳбари хоҷагии деҳқонӣ ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд. Бо мақсади таблиғи иштироки фаъолонаи духтарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идора намудани давлат, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷиҳати зиёд намудани шумораи занону духтарони соҳибихтисос, интихоб ва ҷобаҷогузории онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар нуҳмоҳаи соли 2019 дар маҷмуъ 57 мулоқоту вохӯрӣ ва семинар-машваратҳо бо иштироки занону духтарон дар мавзуҳои гуногуни рӯз баргузор гардидааст. Дар ҳудуди ноҳия 1 адад маркази адрасбофӣ мавҷуд мебошад, ки занону духтарон метавонанд нозукиҳои касби адрасбофиро омӯзанд.
Танзим ва дин
Бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот як қатор корҳоро ба сомон расонида, баҳри беҳбудии кор дар ин самт тадбирҳо андешида истодаанд.
Дар ин марҳила аз тарафи Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия 217 хатнасури хайриявӣ, 1270 адад тӯйи домодию арӯсӣ, 695 қайди ақди никоҳ, 26 маъракаи чил, 34 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст, ки теъдоди умумии маъракаҳо 1330 адад ва хароҷоти умумии онҳо бошад, 3 миллиону 724 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ба сари ҳар як маърака 2932 сомонӣ рост меояд. Шумораи чорвои дар чорабиниҳо забҳшуда 306 сарро ташкил додааст, ки аз он 106 сараш чорвои калон ва 200 сараш чорвои хурд мебошад.
Дар ноҳия 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 5 масҷиди ҷомеъ ва 64 масҷиди панҷвақта, 1 калисои масеҳии Евангелӣ ва 1 ҷамоатхонаи динии Исмоилия амал дошта, фаъолияти онҳо зери назорати сохтору мақомоти дахлдор қарор дорад.
Омодагӣ ба ҷашн
Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 294 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019-ум 112 иншоот ё 38,1 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шудаанд ва корҳои таъмиру сохтмонӣ дар дигар иншооти ҷашнӣ идома дорад.
Аз ҷумла, 3 сохтмони муассисаи таълимӣ, 85 синфхонаи иловагӣ, 4 кӯдакистон, 16 майдончаи варзишӣ, 16 толори варзишӣ, 12 бунгоҳи тиббӣ, 2 маркази тиббӣ, 8 дорухона, 4 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 2 меҳмонхона, 38 сартарошхона, 3 кошонаи ҳусн, 2 ҳаммом, 1 корхонаи истеҳсолӣ, 25 майдончаи варзишию бозии кӯдакон, 5 бинои маъмурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо пешниҳоди ин рақамҳои мушаххас ҷиҳати нишондодҳои муқоисавии рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун, Одиназода Абдулҳафиз Абдуфаттоҳ зикр намуд, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун аз дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯи тоза гирифта, минбаъд низ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет ва дар ин замина саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои иҷтимоию вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ равона менамояд”.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ