Ба таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ба таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илми ҶТ,

Ба таваҷҷуҳи Вазорати фарҳанги ҶТ,

Ба таваҷҷуҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ,

Ба таваҷҷуҳи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ

«Умри миллат ба умри забон вобаста аст».

Эмомалӣ Раҳмон

Зиндагӣ бо вуҷуди вонамуди хушиву шириниҳояш басо бераҳму хатопарвар аст. Лаҳзаҳои ширину гуворояш домест дар роҳи қасри басо пуршукуҳи зоҳиран оростаю дилрабо ва ботинан пурхавфу хато. Ғаразҳои дар оғоз шахсию баъдан гуруҳӣ фазои дохилу хориҷи ин қасри биҳиштнаморо он қадар пардаҳои рангоранги сиёсӣ печонидаанд, ки имрӯз башарияти дар шаклҳои миллату давлат, қавму қабила, ҳизбу ҳаракат, мазҳабу тариқат ва дигар оину суннатҳоро пайравӣ мекардаи сокинони он ба кадом доми макру бало афтодани худро пайхас накарда, қурбонии ваҳшату даҳшатҳои ҳаррӯза гардидаанд. Дар ҳамин замина бо қудрату хусусиятҳои хоси худ ду нерӯи муқобил — хайру шар дар муқовимати доимӣ бархоста, ҳар кадоме гоҳе аёну замони дигар ноаён нусратпеша будани худро собит намуда истодаанд. Ғалабаи комил ва ё нокомии пурраи ин ду нерӯ ба дараҷаю сифати донишу фаҳмиш, азму ирода ва гуфтору кирдори мо мардумон алоқаманд аст.

Бо дарназардошти паёмадҳои шоистаю накӯанҷоми иқдому андешаҳои мо панду ҳикмати беғаразона дар ҳар давру замон ҳамқадами рӯзгори мо буданд ва хоҳанд буд. Маслиҳату машварат низ руҳбахшу ҷонпарвар буда, ҳамеша саҳми арзандаи худро дар ислоҳ кардани иштибоҳот, камбудиву саҳланкорӣ ва бемасъулиятиву фориғболиҳои раванди зиндагӣ гузошта, ҳамзамон баҳри беҳдошт, сифат, самара ва равнақи зиндагии мо фаъолият доранд. Таассуфовару аламовар низ ҳаст, ки баъзан ё аксари вақт ба ҳикмату насиҳати замона аҳамият намедиҳем.

Қимату қудрати панди ниёгон, бузургони ҷаҳон ва судмандию зарурияти оятҳои китоби муқаддаси Қуръонро иқтибос оварда, дар ҳар баромаду суҳбатҳои худ бо мардум Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд ва худ низ суханони саршор аз ҳикмату мантиқро такрор ба такрор ироа мекунанд. Бо истифода аз таҷрибаи зиндагӣ ва хулосаю пешниҳодҳои Пешвои муаззами худ, моро зарур аст, ки сари вақт ва бо сифати беҳтару бештар камбудиҳои дар рӯзгорамон ҷойдоштаро бебозгашт бартараф намоем.

Вале, тавре гузашти моҳу солҳо собит месозанд, қисмате аз қонунҳои қабулгардида агар дар рӯи коғаз «иҷро» шаванд ҳам, дар амал гӯё буданд, ё набуданд. Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» вақту шароити басанда барои иҷроиши корҳои зиёде гузашта бошад ҳам, камбудию нуқсонҳои зиёди ислоҳшаванда ҳам дар гуфтори кӯчагӣ ва  забони васоити ахбори омма мушоҳида мешаванд. Мақсад аз қабули қонун рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ ва ҳимояи он аз ҳаргуна зуҳуроти ғаразноку ношоистаи ба решаю поя, шохаю барг, гулу муғҷа, инчунин самараю инкишофи ҳамешагии он халал мерасонида мебошад. Бо қабул ва имзо кардани ҳама гуна қонунҳо ҳеҷ кадоме аз он худ ба худ дар раванди зиндагӣ амалӣ намегарданд. Барои зина ба зина амалӣ гардидани ҳамаи бобу фаслҳои қонун масъулияти ҳамаи мо — соҳибзабонон, бахусус мақомоти дахлдор ҳамарӯза зарур мебошад.

Тавре дар боби 1-уми моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад». Оре, забони тоҷикӣ забони давлатист, на забони музофоту маҳал ва гуруҳу қавмҳои беватан. Забони давлатест, ки бо далелу арқоми аниқу дақиқ реша дар умқи таъриху тамаддуни башарӣ дорад. Забони халқу миллатест, ки тамаддуни ориёиро ба бор овардаю машҳури олам гардонидааст. Забони халқу миллатест, ки олимону донишмандони сатҳи ҷаҳониро чун намунаи ибрат ба хидматгузории аҳли башар ҳадя кардаасту аҳли башар дар навбати худ хизматҳои беназири абармардонаш — Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ, Умари Хайём ва Закриёи Розиро ба назар гирифта, барои хизматҳои шоиставу фавқулоддаашон дар тамаддуни башарӣ, берун аз зодгоҳу ватанашон дар маркази қитъаи Аврупо дар шаҳри Вена ҳайкалашонро гузоштаанд. Ин забон ҳамон забонест, ки бо лаҳни зебову дилнишинаш ҳамчун забони илму дониш замоне дар авҷи рушду нумуъ буду на танҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр, балки то Ҳинду Покистон ва Марву Қафқоз расида буд. Ин забон забони шеъри оламгирест, ки дар идомаи умри бобаракаташ аз падари шеъри аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда то навқаламону толибилмони нав ба остонаи дари мактаб қадам мегузошта розу ниёзи худро баён кардаанду мекунанд. Ва ниҳоят, ин забон ҳамон забонест, ки дар нимаи дуюми асри Х1Х, замоне, ки зарбаи ҳалокатбору навбатии таърих ба решаи фарҳангу адабиёт, таъриху тамаддун, шарафу номус ва марзу буми ин ватан заданӣ буд, фарзанди дилбандаш — Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бо навиштану собит кардани «Намунаи адабиёти тоҷик»-аш ҳамчун сипари ҳаётбахш онро наҷот дода буд. Ин забони муқаддас забони қаҳрамони дигари миллат, фарзанди арҷманду ватанпарвар, фарҳангшиносу таърихдон аълома Бобоҷон Ғафуров аст, ки давраи дар ҳайати давлати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) будани Тоҷикистон, замоне, ки забони беш аз 32 миллату халқиятҳои дар ҳайати ин империяи бузург буда аз байн рафта ва бархе аз гуруҳу шахсиятҳо ва созмону ташкилотҳои саркашу ғаразпеша забон, таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои халқи тоҷикро дар симо ва решаи аслиаш дидан намехостанд, асари арзишманду таърихии худ — «Тоҷикон»-ро навишта, пешкаши ҷаҳониён гардонид. Ин забони басо ширину хушнаво ва руҳнавозу ҷонфизо ҳамон забонест, ки Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузрои сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих. Аз Ориён то Сомониён» ва дигар китобу рисолаҳои таърихии худро бо ҳамин забон навишта карду мавриди баҳрабардории аҳли ватан ва фарҳангиёну хирадмандони ҷаҳон гардонид. Ин забон дар тӯли таърих аз зинаю монеаҳои зиёде гузашта, то ба имрӯзи умедвориҳои бузург расидааст. Бо паси сар намудани хорию зориҳои зиёде ин забон дар даврони гузашта аз дасти аҷнабиён намурдаву то ба даврони соҳибистиқлолӣ расид. Ҳамакнун, имрӯз ин забон забони давлатии Тоҷикистон асту забони илму хирад. Забони олимону адибони шуҳратёр ҳасту забони мардумони хоксору қаҳрамонпарвар. Забони модарони фариштахӯю парисимои миллати тамаддунофари тоҷик буда, «дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон сарҳади тоҷик» аст. Ва акнун вобастагии сарҳади тоҷик ба тозагиву рушди он алоқаманд аст. Имрӯз бо дарназардошти ҳамаи таърих ва бурду бохташ забони давлатии ин миллату давлати соҳибистиқлол пуштибон дорад. Ва пуштибони хирадманду зирак, оқилу фарзона, дурандешу дақиқназар ва миллатдӯсту ватанпарвараш, ки обрӯю эътибори сатҳи ҷаҳонӣ дорад, 4 маротиба аз минбари баландтарини ҷаҳон — Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди халқу давлат ва ташаббусҳои башардӯстонаи худро ба ҳамин забон қироат ва пешниҳод намуд, ки писанд ва боиси дастгирии давлатҳои саросари ҷаҳон гардид.

Мутаассифона, ҳамин гуна забони собиқадору арҷманд аз дасти «соҳибзабонон» — фарзандони худаш ранҷу хориҳо дида, на чун забони давлатӣ, балки чун лафзу лаҳҷаи маҳалу музофот, қабилаю қавмҳо ва чун забони кӯчагии таҳқиру дашном истифода мешавад. Вобаста ба ҳамин, банда дар бобати яке аз унсурҳои бемории сироятшудаи забон, ҷиҳати риоя нашудани талаффузи овоз ва ҳарфи ӯ дар ҷои худаш, дар шумораи №6-уми ҳафтаномаи «Минбари халқ» аз 1-уми феврали соли 2017 зери сарлавҳаи «Кӯшиш ё кушиш» мақолае навишта, дар баробари танқиду эродҳо, пешниҳодҳои мушаххасе оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта баён карда будам. Ин мавзуъ ба бисёре аз хонандагон, ҳамватанони соҳибзабон писанд омаду аз ноҳияву вилоятҳо ба ман занг зада, барои навиштани чунин як мақолаи саривақтӣ миннатдорӣ баён мекарданд. Баъд аз он дар шумораи навбатии ҳамин ҳафтанома (№07 (1091), аз 15.02.2017) вокунише бо номи «Камбудиҳои забон кай ислоҳ мешаванд?» ба қалами собиқадори матбуот, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Абдулмаҷиди Бобоҷониён чоп гардиду он кас низ бо мақсади ҳимояи забон аз унсурҳои номатлуб пешниҳодҳои дар мақолаи «Кӯшиш ё кушиш» омадаро тарафдорӣ кардаанд. Бо чоп шудани мақолаи «Кӯшиш ё кушиш» ва вокунишҳои телефонию матбуотӣ, гумон доштам, ки масъулони Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва дигар мақомоти дахлдор бо дарки масъулияти вазифа ва шаҳрвандии худ чораҷӯӣ ва тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд. Мутаассифона, тавре маълум шуду гузашти вақт нишон дод, дар ин бобат кӯшишу талоше мушоҳида нашуд. Ҳанӯз дар кӯчаю бозор, мактабу донишкада, донишгоҳу муассисаҳо, корхонаю ташкилотҳои шахсию давлатӣ талаботҳои забони адабии илму ахлоқ риоя намешавад.

Вобаста ба ҳамин дар шумораи №30 (1219), аз 24-уми июли соли гузаштаи ҳафтаномаи «Минбари халқ» дар саҳифаи 14 зери рубрикаи «Бозгашт ба мавзуъ» бо сарлавҳаи “Боз дар бораи як ҳарфи “саргардон”” мақолаи донишҷӯи бахши чоруми факултаи рӯзноманигории ДМТ Абдурозиқ Абӯнасрзода бо расмҳои тасдиқкунандаи навиштаҳояш чоп шуд. Пас аз мутолиаи ин мақола ба хулосае омадам, ки дар ин мавзуъ боз андешаю пешниҳодҳои худро бори дигар баён намоям.

Абӯнасрзода аз ҷумла менависад: «Тавре аз нигоштаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ дорем, баъзеҳо дар алифбои забони тоҷикӣ мавқеи ҳарфи “ӯ”-ро маҳдуд карда истодаанд. Аммо онҳо то чӣ андоза барои забони тоҷикӣ зарур будани ин ҳарфро хуб намедонанд. Бо рафтани ин ҳарф аз алифбои забони тоҷикӣ бисёр калимаҳои соф тоҷикӣ аз байн хоҳанд рафт. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чӣ зарурат пайдо гардид, ки ашхосе мехоҳанд ҳарфи “ӯ” аз алифбо гирифта шавад. Пеш аз ҳама, тарзи талаффуз аст, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар ин овозро талаффуз карда наметавонанд. Ин далели аз алифбо гирифтани ҳарфи “ӯ” шуда наметавонад».

Баъди хондани ин навиштаҳо ба ёдам як барномаи телевизионӣ расид, ки ба хулосаи рӯзноманигор, номҳои чанде аз деҳаҳои дараи зебоманзари Варзобро ба номҳои «зебо ва фаҳмо» иваз карданашонро пешниҳод мекард. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ин гуна номҳо нохушоянду дағал садо дода, маънояшон барои меҳмонону сайёҳон нофаҳмост.

Ман ба он рӯзноманигор ва кулли онҳое, ки ҳарфи “ӯ”-ро талаффуз карда наметавонанду бинобар ҳамин сабаб алифбои забони тоикиро бе ҳарфи “ӯ” дидан мехоҳанд, мегӯям, ки барои маънои калимаро сарфаҳм рафтан, ҷисму руҳи саршор аз муҳаббати омӯзиш дошта, кибру худписандии булҳавасона, разолату ҷаҳолати ботинию зоҳирии худро ба дуриҳо ронда, қалбу майнаи хирадпарвару ҷӯяндаи роҳу макони донишро то ба дараҷаи лаёқати мантиқшиносӣ расонида тавонистанашон шарт, зарур ва воҷиб аст. Зеро ҳар як ҳарфу ҳиҷо ва калимаю ибораҳои аз даврони санскрити ориёӣ то ба даврони мо омада (ба истиснои калимаҳои туркии баъди истилои Чингизу Темур, ки самараи ҷараёни пантуркизм аст) далелу рақамҳои собиткунандае аз саҳифаҳои таъриху тамаддуни куҳани мост. Сухан санъат ва фаннест, ки то ба дараҷаи қудрати ҳаққу ботилшиносӣ расониданаш соҳибсухан роҳи басо пурпечутоб, пасту баланд ва пурҳаводису муаммоҳоро бо нигоҳ, андеша, заҳмат ва тадқиқоту пажуҳишҳои пайдарҳам тай намуда, бо хотираю андешаҳои равшан то ба пойгоҳи дониш, ки майдони басо фарохи муъҷизаҳост, мерасад. Ва ин гавҳари душворёб, яъне дониши муъҷизаофарро осону ройгон наметавон ба даст овард. Барои дарки маънои баланд ва талаффузи ҳарфу ҳиҷоҳои забони аслу асили тоҷикӣ на ҳамаи соҳибони дипломи мактабҳои олию мансабҳои баланд лаёқатманданду на омӯзгорони унвондор. Агар, ки мо бо «ихтироъкории нодир»-и худ алифбои тоҷикиро аз «ҳайбату даҳшат»-и ҳарфи ӯ «озод» кунем, пас ин маънои онро дорад, ки рӯй аз баҳра ва ҳадяи таърихи худ мегардонем. Рӯй аз маънӣ, ашъор ва худи Абулмаъонӣ ҳазрати Бедил, Абуахлоқ шайх Саъдӣ, лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ, сипаҳсолори назми аҷам Рӯдакӣ, «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва аз «Тоҷикон дар оинаи таърих» то «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҳазорон нобиғагони адабиёти ҷаҳонию хазинаи ганҷинаи маънӣ мегардонем.

Ман ба ҳамаи омӯзгорон мактабҳои ибтидоӣ, боғчаҳои кӯдакон, мактабҳои асосию миёна, донишкадаю донишгоҳҳо, Академияи илмҳову пажуҳишгоҳҳои тадқиқотӣ ва вазирону дабироне, ки ҳарфу офози “ӯ”-ро талаффуз карда наметавонанд, муроҷиат карда, пешниҳод менамоям, ки хатои маънӣ ва «гуноҳи» ҳарфи “ӯ”-ро аз мисраҳои зер дарёфта, шарҳ диҳанд.

Ба ҷумла хоҳам як моҳа бӯса аз ту, буто,

Ба кич-кич нахоҳам, ки фоми ман тӯзӣ.

(Рӯдакӣ)

Надонӣ ҳаме ҷуз бад омӯхтан,

Буридан зи некӣ, бадӣ тӯхтан.

(Фирдавсӣ)

Пардаи номуси ҳастӣ буд оғӯши кафан,

Аз нафас оина танг омад, намадпӯшӣ гирифт.

(Бедил)

Нигаҳ мекард моҳ аз гӯшаи чашм,

Дилаш пур менагашт аз тӯшаи чашм.

(Х. Деҳлавӣ)

Шаби Юсуф чу бигзашт аз дарозӣ,

Тулӯи субҳ кардаш корсозӣ.

(Абдураҳмони Ҷомӣ)

Аҳвале дубин чу бебар шуд зи тӯш,

Аҳвале сад бинӣ, эй модарфурӯш.

(Ҷ. Балхӣ)

Сабо зи ҳоли дили танги мо чӣ шарҳ диҳад,

Ки чун шиканҷи варақҳои ғунча тӯ ба тӯст.

офиз)

Ҳарчанд сухан гӯяд тӯтӣ, нашиносад,

Онро, ки ҳамегӯяд ҳаргиз сару сомон.

(Н. Хусрав)

Онҳо, ки ба кори ақл дар мекӯшанд,

Ҳайҳот, ки ҷумла гови нар меҷӯшанд.

Он беҳ, ки либоси аблаҳӣ дарпӯшанд,

К-имрӯз ба ақл тарра менафрӯшанд.

(Хайём)

То чанд бигӯӣ сухане аз даҳони ӯ,

Бигзар ту аз ин дағдаға, кин қофия танг аст.

(Туғрал)

Охир, тӯтисифат ба ҷои «ӯ» у-ро талаффуз карда, осори беназири бузургони назму насри ниёгон ва муосири худро ба кадом ҷурму хато ва далелу бурҳон ношоиста шинохта, «ҳукм»-и қатлашро мебарорем? Магар ин «ташаббускорони навовар» аз ҳайати ҳамон «Комиссияи марзбандии миллӣ-ҳудудӣ»-и дар оғози моҳи августи соли 1924 таъсисдодаи КМ ҲК (б) ҳастанд, ки дар ҳайаташ аввал ягон тоҷик набуду тақдири халқи тоҷик ва марзҳои онро бе дарназардошти таъриху фарҳангаш ҳал карданӣ буданд? Дар саҳифаҳои таърих чунин ҳодисаю воқеаҳои бо далел тасдиқшуда на як бору ду бор рух додаанд, ки «душманони халқ»-ро ҳукми қатл додаю ба иҷро расонида, бо гузашти айём душманонро сафед карда, унвони Қаҳрамон додаанд. Дар таърих чунин халқкушию қаҳрамонкушиҳоро «репрессия» гуфтаанду боварӣ дорам, ки ҳарфҳои алифбо ва калимаю ибораҳои «шубҳанок»-и забони тоҷикӣ «шаҳд»-и репрессияро нахоҳанд чашид. Зеро имрӯз мо — ворисони Исмоили Сомонӣ, мардуми шарифи тоҷик бо сарварии Сомонии сонии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар дар банди андешаю ҷаҳонбинии асримиёнагӣ ва тарсу ҳароси замони истилои чингизӣ набуда, дар даворни соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо истифода аз шароиту имкониятҳои ба даст овардаамон иқтидору тавоноии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳагӣ, иҷтимоӣ, хоҷагидорӣ ва ҳуқуқии худро ҳимоя кардаву ривоҷ дода метавонем. Ман ба толибилмони азиз, хоҳару бародарони гиромӣ, наврасону ҷавонон, падару модарон, омӯзгорону мансабдорон ва бузургсолони арҷманд, ҳамватанон — соҳибзабононе, ки овоз ва ҳарфи «ӯ»-ро талаффуз карда наметавонанд, бо самимият ва аз заминаи меҳру муҳаббати ватанпарварию башардӯстӣ мегӯям, ки сабаби ҳарфи «ӯ»-и «гунаҳкор»-ро талаффуз карда натавонистанашон нахостан ва ҷаҳду талош накардани худашон асту бас. Ҳамон кибру ғурури ваҳдатшикану маҳалгароиии ба сони душмани ноаёни дар қалбу ботинашон ошён гузоштаро ғамхорона парвариш кардани худашон аст. Вагарна, ба лафзи модарии бузургворонамон, аз Рӯдакию Бедил сар карда то Хайёму Туғрал талаффуз кардани ҳарфи «ӯ» барояшон ҳеҷ душворие надорад. Барои иштибоҳи раванди кору зиндагиро ислоҳ кардан ҳанӯз дер нашудаасту ҳар кӣ мардонавор ба хатову иштибоҳи худ иқрор шуда, дар пайи ислоҳи он мешавад, бе шаку шубҳа хирадманди шарафмандест дар ҷодаи раъияту меҳанпарастӣ гоми устувор бардошта. Зеро ҳеҷ гоҳ оқилу фозил гуфтан нашояд онеро, ки ба ҷои иваз кардани кафши танг, кӯшиши буридан ё хурд сохтани ангуштони пойро дошта бошад.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи забон ва истилоҳот ва дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдорро зарур аст, ки дар асоси муҳокимаи маводҳои дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашру пахшгардида чорабиниҳои фавриро ба роҳ монда, тозагии забон, ҳусни баён ва рушду нумӯи забони давлатии Тоҷикистонро таъмин ва назорат намоянд. Вагарна, дар ҳолати пешгирӣ накардани раванди «кушиш»-ҳо сирояту суръати ин нигилизми манқуртпарвару ваҳдатшикан бо «кушиш»-ҳои пайваста тадриҷан аввал забон, баъд миллатро хоҳад кушт.

Имомалӣ ТАБАРӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here