Файласуфи номӣ Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ, бино бар ҳама манобеъи илмӣ, тоҷик буд, на турк ё қазоқ.

Далел бар тоҷик буданаш бисёр аст, вале ҳамин дуто басанда аст:

Нахуст ин, ки зодбуми Форобӣ ҷойномҳои суғдӣ дорад: Форобӣ зодаи рустои Васиҷ аз шаҳри Форёб дар вилояти Утрор аст. Ин се ҷойном суғдӣ ҳастанд.

Чунончи, решаи ҷойноми «Васиҷ» (Wasīǰ) бо «васа» (wása «гӯсола») дар яғнобӣ ҳамреша аст: «watsa-» + «-īč» (пасванди нисбат, ки аз «-īk» ((i)ya-ka-) боз монда ва ҷойном месозад).

«Фороб» низ ҷойномест ба маънии «он сӯи рӯд»: «Pāryāp» = «pāra-» пор (дигар канора) + «āp» об, рӯд, яъне «пориоб» ё «он сӯи рӯд». Ин истилоҳи суғдӣ ҳануз ҳам корбурд дорад ва дар бисёре аз рустоҳои Тоҷикистон бахше аз деҳаро, ки дар он сӯи рӯде ҷой дошта бошад, «пориёб» меноманд. Суғдиён низ шаҳреро Фороб меномиданд, ки нисбат ба Суғд «дар он сӯи Сирдарё» ҷой дошт. Ин «pāra-» дар забони форсӣ «бор» гашта ва дар ҷойномҳое чун Рӯдбор, Дарёбор ва Зангибор (Zanzibar) ба ҳамон маънии «канора, карона, соҳил» то кунун ба кор меравад.

«Утрор» низ кӯтоҳшуда аз “Trārband” “Tārband” (Турорбанд — Торбанд) аст, ки дар номаҳои Девоштич ба гунаи «t’rβnt» навишта шудааст. (Ниг. Кляшторный С.Г. Кангюйская этнотопонимика в орхонских текстах // СЭ. 1951. №3. с. 54 сл.).

Дигар далел ин аст, ки Форобӣ дар рисолааш «Китобу-л-ҳуруф» се вожаи суғдиро дурусту дақиқ овардааст. (Ниг. Tafazzolī, Ahmad. Three Sogdian words in Kitab al-Huruf // Bulletin of Iranian Cultural Foundation. 1973 I/2).

Дар замоне, ки Форобӣ зода шуда буд, яъне дар поёни садаи 9 милодӣ, суғдиён дар он сарзамин дигар тоҷик гашта буданд. Аз инҷо буда, ки Форобӣ низ чун дигар тоҷикон форсизабон буда ва чун арабӣ ҳам дар он замон забони дину илм буд, арабӣ ҳам медонист.

Ҳарчанд туркҳо дар он замон бо тоҷикҳо ҳамсоя буданд, вале он туркҳо бо ин қазоқҳо инҳамон нестанд. Қазоқҳо пас аз муғултозии Чингизхон дар рӯи Замин пайдо шудаанд. Бино бар ин, Форобӣ ҳаргиз ва ҳечгуна наметавонист қазоқ буда бошад.

Умед Ҷайҳонӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here