Тавре хонанда огоҳ аст, дар байни зиёиёни мо имрӯзҳо ҷанги лафзие ба миён омадааст, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба гурӯҳҳо ҷудо намудааст. Бархе бар онанд, ки дар ҷомеа вуҷуд доштани чунин як ниҳод зарурате надорад. Гурӯҳи дигар мегӯянд, ки бояд ИНТ дар воқеъ аз шоирон ва нависандагони тасодуфӣ «пок» карда шавад ва рисолати аслии хешро анҷом диҳад.
Табиби маъруфи тоҷик Муллозуҳур Тоҳирӣ ҳатто аз Ҳукумати ҷумҳурӣ хост, ки раҳбарияти кунунии Иттифоқи нависандагонро «ҷавоб” диҳад ва дар «Соли ҷавонон» адибони ҷавонро дар ин созмони адабӣ рӯи кор биёрад. Ҷаноби Тоҳирӣ бар он аст, ки раҳбарияти ИНТ бояд аз вазифаашон барканор карда шаванд, зеро ба буҷаи давлат зиён ворид менамоянд: “Ҷавонони то 40-соларо ба кор бояд гирифт, то бо фурӯшу нашри китобҳо ба буҷаи давлат маблағ ворид кунанд”.
Доктор Тоҳирӣ, ки аз соли 1998 узви ИНТ буду имрӯз ӯро аз сафи ин ниҳод хориҷ кардаанд, мегӯяд, «иддаои муовини раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, ки дар сӯҳбат бо «Фараж» гуфта буд, «мо Тоҳириро 4 моҳ пеш огоҳ кардем, ки асарҳои публитсистиатонро ба иттифоқ биёред ва он кас наоварданд», дурӯғи маҳз аст: «Вақте Ато Мирхоҷа ба ман гуфт, ки асарҳоятро биёр, рӯзи 30-юми март 25 асарамро оварда, ба китобхонаи ИНТ супоридам. Китобҳои маро Дилбекова Ҷаннатой қабул намуданд. Санаи 30-юми март, яъне ҳамон рӯзе, ки ман асарҳоямро овардам, баъди супоридани китобҳоям ба китобхонаи Иттифоқ, ба назди Мансур Суруш — сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” даромадам ва гуфтам, ки шеърҳои маро нашр кунед, аммо ӯ дар ҷавоб гуфт, ки “мо танҳо бо иҷозати Низом Қосим шеър нашр мекунем”.
Муллозуҳур Тоҳирӣ дар сӯҳбат ба мо иброз намуд, ки «он протаколе, ки ҳукумати кишвар имзо кардааст, на иқдоми ҳукумат, балки пешниҳоди худи Иттифоқ мебошад ва ин ки Ато Мирхоҷа мегӯяд бо қарори ҳукумат аст, як дурӯғи хандаовар мебошад».
Ҳамчунин, ҷаноби Тоҳирӣ илова намуд, ки «банда бо асарҳои публитсистии “Навои дил” («Ирфон», 1990), “Олимақом” (Тошканд, 1995) ва “Асрори заношӯӣ” (“Орёно”, 1991) дар замони роҳбарии Аскар Ҳаким ба узвият пазируфта шуда будам. Вақте маро ба узвият қабул мекарданд, аз ҳар китоб сенусхагӣ ба китобхонаи ИНТ пешниҳод кардам. Суол ин аст, ки чаро китобҳо нест шуданд?».
Ато Мирхоҷа иброз намуда буд, ки осори Доктор Тоҳирӣ публитсистӣ нестанд, вале Тоҳирӣ бар он аст, ки асарҳои “Навои дил”, “Олимақом” ва “Асрори заношӯӣ” асарҳои адабӣ мебошанд, масалан, китоби “Олимақом”, ки дар жанри очерк навишта шудааст.
Як нафар, ки нахост номашро зикр кунем, дар сӯҳбат ба мо иброз намуд, ки «шахсияте чун Муллозуҳур Тоҳириро аз сафи ИНТ хориҷ кардан на ба манфиати кор аст. Муллозуҳур Тоҳирӣ шахсиятест, ки натанҳо дар дохили кишвар, балки берун аз кишвар ҳам нуфуз дорад ва номбардори миллати тоҷик аст. Хориҷ кардани чунин шахсият нахуст зарбае ба худи ИНТ аст».
Муллозуҳур Тохирӣ, табиби шинохта, равоншинос, дилшинос, гиёҳшиноси барҷастаи халки тоҷик ба шумор меравад. Ӯ дар ин марҳила риштаи гиёҳшиносиро густариш бахшидааст ва миллати тоҷикро дар ҷаҳон ҳамчун миллате, ки аз дорусозӣ ва гиёҳшиносӣ баҳраманд аст, ба тамаддуни башарӣ муаррифӣ намудааст. Яке аз вижагиҳои корҳои бузурги Муллозуҳур Тоҳирӣ дар даврони шӯравӣ ва ҳозира аз он иборат аст, ки дар ҳама ҳолат аз миллату кишвар ва манфиатҳои миллии тоҷикон ҳимоят мекунад ва ин кори хешро муқаддастарин хидмат барои Ватан ва миллати хеш меҳисобад. Соли 1991 аввалин маҷаллаи тиббии тоҷикии «Шифо»-ро таъсис дод, ки давоми 10 сол сардабирии онро худ ба ӯҳда дошта, ҳоло сарпарасти он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, ҷаноби Тоҳирӣ соли 1998 нашри рӯзномаи «Дарду дармон», соли 2006 чопи маҷаллаи байналхалқии «Тиб ва табобат»-ро, ки дар Россия бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашр мешавад, ба роҳ гузоштааст. Соли 2007 нашриёти «Тиб»-ро таъсис додааст. Дар маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Навсафар» (1985), «Чилқалам (1990) шеърҳояш чоп шудаанд. Китобҳои «Наҷво» (1992), «Дарду дармон» (1999) маҷмӯаи шеърҳои алоҳидаи ӯ мебошанд. Китоби илмӣ-оммавиаш: «Половое воспитание» ба забони русӣ («Тарбияи ҷинсӣ», соли 1988), «Асрори заношӯӣ» (1990, 1991, 2012), «Навои дил» (бо ҳаммуаллифии С. Акрамов, соли 1990), «Нашъамандӣ ва оқибати он» (бо ҳаммуаллифии профессор М. Ғ. Ғуломов, 1992), «Ҳар дардро давоест» (1993), «Некӣ бимонад човидон» (1995). Соли 2007 «Асрори заношӯӣ» бо иловаҳо, «Солимии тиб ва табобат», «Олимон ва табибон», китоби «Захмии якумра» (1999), «Вода дороже золото» («Об аз тилло қимат аст», 2010) ва китобҳои дигаре бо забони русӣ зери унвони «Востонавительная медицина таджиков от древности до наших дней» (2012), «Сто болезней — сто лечение» (2011), «Рак излечим» (2013), китоби «Сексотерапия» (2012, 2013), «Как прожить сто лет не болея» (2012), «Жемчужина среди гор» (оид ба истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм, 2005) дастраси хонандагон гардидааст. Дар Федератсияи Россия соли 2005 китобҳояш бо номи «Путиводитель народного целителя», «Мудрость Любви», «Бальзам души» ва солҳои 2006, 2008, 2012 китоби илмиаш бо номи «Ферула лечить опухли и омолаживает тела» ва «Замч с Памира лучшый лекарь мира» аз чоп баромадааст. Аз соли 2002 инҷониб мақолаҳояш дар маҷалла ва рӯзномаҳои Россия — «Аргументы и факты», «Здоровья», «Целебник», «Айболит», «Народный доктор», «Мир здоровья», «Реаблиталогия», «Уралская здоровья», «Зож», «Бабушкинские рецепты» ва «Вечерный Челябинск» чоп мешаванд.
Ҳамчунин, Доктор Тоҳирӣ узви Иттиҳоди «Пайванд»-и тоҷикони ҷаҳон, узви Иттиҳоди ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
— Рисолати адабиёт ва Иттифоқи нависандагон фақат дар ҷустуҷӯи камбуди вазну қофияи ашъори шоирон ё қиссаву ҳикояҳо нест. Балки муаррифӣ ва намояндагӣ аз халқу миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳам ҳаст,- мегӯяд ӯ дар робита ба “амалиётҳо”-и ИНТ.
Комрони АСЛОН