Дар яке аз бузургтарин шаҳрҳои Сибир, дар маркази ҳудуди худмухтори Ханти-Манси, дар ҷашнвораи шашуми байналмилалии «Северные встречи» бори нахуст театре аз Тоҷикистон бо спектакли аҷиб ба қавли ҳунарманди  мардумии Тоҷикистон Қурбони Собир қиёме барпо кард. Тамошобинони рус, санъатшиносони сатҳи ҷаҳонӣ ҳеҷ чашмдор набуданд, ки як театри музофотӣ натанҳо санъати олиеро ба намоиш мегузорад, балки сазовори ҷоиза ҳам мешавад.

Ин панҷ нафар, ки се нафар аз онон иҷрогари нақшҳо буданд, ба барфистони Сибир гуё гармии дилҳоро армуғон бурданд. Спектакли «Қорӣ Ишкамба» аз беҳтарин намоишҳое буд, ки дар толори пуропур, зери қарсакҳои осмонкаф истиқбол ёфт. Гуруҳи ҳакамони ҷашнвора, ки дар ҳайаташон театршиносони варзидаи русу олмон буданд, ҷоиза «Барои беҳтарин таҷассуми анъанаҳои театри халқи»-ро барои ин намоиш тақдим карданд. Театрпарасти ашаддие, ки садҳо фарсахро ба хотири тамошо тай карда, ба Нижневартовск расидааст, бо ҳайрат ошкоро мегуфт, «ман «Марги судхӯр»-и Айниро борҳо хондаам ва қоил мешавам, ин се нафар як романи калонро бо чунин санъати бузург дар як намоиши як саҳнавӣ ҷой дода тавонистаанд».

Номзади илми санъатшиносӣ Татяна Тихонетс бошавқ мегӯяд, спектакли бачаҳои тоҷик як бомбае барои ин ҷашнвора буд. То чанд рӯз дар бораи ин намоиш мегуфтанду менавиштанд, ҳатто телевизиони марказии Русия ба ин спектакл таваҷҷуҳ намуд. Ин коршинос дар ҷавоб ба санъатшиноси дигар Елена Ковалёвская, ки хушҳолии худро аз ҷоиза гирифтани театри Конибодом изҳор кардааст, мегӯяд, ба ҳунари онҳо баҳои баланд надодан мумкин набуд, онҳоро ба ҳама шаҳрҳои Русия бурдан, ҳунарашонро ба намоиш гузоштан лозим. Дар шароите, ки онҳо дар Конибодом доранд, ба чунин поя расидан қаҳрамонист.

Ба чунин фестивалҳо ҳатто аз Маскав спектаклҳои ноарзандаеро меоранд, ки шарми кас меояд, — мегӯяд Татяна Тихонетс. Аммо ин се нафар бо мазҳакаи халқӣ дар забони хуби русӣ ҳамаро қоил карданд. Ҷоизадори ҷашнвораҳои зиёди байналмилалӣ Роман Феодор, коргардони шинохтае, ки дар баҳогузорӣ ҳамеша сухани охиринро мегӯяд навиштааст, ҳар яки ин бачаҳои боҳунарро ғоибона ба оғуш мекашам, онҳо ҳунармандони радаи авваланд. Хушнуди Додо, Фаррух Воҳидов, Фарҳоди Ғаффорпур, Ғайрат Қодиров ва Фарҳод Сиддиқов инак, аз ин сафар бо сари баланд баргаштанд, вале дар пеш сафарҳои зиёде ононро интизор аст. Аз Маскав, аз Финланд, аз Санкт-Петербург ба номашон дархостҳо мерасад.

Боз ба ёдам суханони Қурбони Собир мерасад, ки мегуфт, замоне театрҳои Тоҷикистон рашки театрҳои Осиёи Миёнаро меовард. Акнун театрҳои Қазоқистону Қирғизистону Ӯзбекистон хеле пеш рафтаанд, театрҳои мо ба хоби ғафлат рафтаанд. Вале боз ҳам бо хушбинӣ мегуфт, дар олами театрӣ бачаҳои Конибодом бо намоиши «Қорӣ Ишкамба» қиём кардаанд. Ман умед дорам, инҳо асло намегузоранд, дар кишварамон театр ва синамо хор шавад.

Ҳақ ба ҷониби устоди ин бачаҳои ҳунарвар аст! Онҳо бо «Қори Ишкамба» дар ҷашнвораи театрҳои хиёбонии Бишкек, дар майдони Ала-тау ба аҳсани ҳазорон тамошобин сазовор шуда буданд. Ҳамакнун дар дили Сибир ба ҳунарашон каф кӯфтанду аҷаб не, ин намоиши аҷибро ба Олмону Фаронсаву Финланд баранд, чун мунаққиди театр аз Олмон Нина Мазур ба ҳунарашон тасанно хонду мукофотро бо дастони худ супурд

Онҳо аз чунин ҷашнвора тариқи шабакаҳои интернетӣ бохабар шуданд. Дархост фиристоданд, намоишро ба русӣ сабт карда равон карданд. Ба чеҳраҳои аз азоби роҳ хаста, вале бахтёри онҳо менигараму ба ҳақ будани ҳикмати Сайидои Насафӣ бовар мекунам:

Рӯзӣ насиби кас бо нишастан намешавад,

Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт.

Аммо як чиз боиси малоли хотирам мешавад. Нижневартовск қадимӣ ва дуюмин шаҳри калонтарини Сибири ғарбист. Ин ҷо қатори миллатҳои дигар садҳо оилаҳои тоҷик сукунат доранд ва ҳатто маркази фарҳангии тоқикон — «Суғдиёна» дар ҳаёти фарҳангии шаҳр нақши бузурге дорад. Аз оғози ҷашнвора ва дар он ширкат намудани театре аз Тоҷикистон чаҳор шабакаи телевизион хабар медод. Мутаваҷҷеҳ шудам, оё қатори тамошобинон тоҷикон бисёр буданд, ҷавоб гирифтам:

— Наомаданд, аммо пешакӣ хабардорашон карда будем.

Ва боз як суол матраҳ мемонад: Ин ҷавонони ҳунарманд бо спектакли «Суди девонагон» дар ватани Шекспир басо дилҳоро ба шӯр оварданд, дар Шанхай, Ҳиндустон ва чанд кишвари дигар ба ҳунарашон каф кӯфтаанд, аммо дар Ватан аз рӯйи ҳикмати «оби дари хона тира» амал мекунанд. Чаро санъате, ки дар хориҷ эътироф мешавад, дар Ватан қадр намеёбад? Ин ҷавонони бо ҳунар кай дар Тоҷикистон соҳиби унвон ё мукофоте мешаванд? Чароҳо зиёданд, аммо бо ҳамин иктифоъ мекунам…

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here