Ба муносибати 70-солагии нашрияи «Садои Сӯх», ки дар водии Фарғона ба забони тоҷикӣ нашр мешавад

Вақте ки дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон(ҳоло Донишгоҳи миллӣ шудааст) таҳсил мекардам, баъди супурдани имтиҳонҳои ҷории нимсолаи дуюм ба таътили тобистона баромадем. Дар деканати факултетамон гуфтанд, ки донишҷӯёни гурӯҳи журналистика зимни таътил бояд дар рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявии худ таҷриба омӯзанд ва мақолаҳои чопкардаашонро гирдоварӣ карда, ба деканат супоранд.

Ман ба деҳа омадам. Он вақт рӯзномаи “Садои Сӯх” ба номи “Ҳаёти нав” нашр мешуд ва мақоми рӯзномаи бисёртиражаро мегирифт. Ҳамон вақт Аваз Назарқулов масъулияти таълифи мақолаҳо ва интишори онро бар дӯш дошт. Шояд муҳаррири он Ғаниҷон Мӯъминҷонов он давра муддати рухсатии худро сипарӣ мекарданд.

— Ҳарду ба шӯъбаҳои совхоз рафта, факту рақам ва далелҳоро ҷамъоварӣ мекунем ва баъд шишта мақола менависем, — гуфт Аваз Назарқулов ба ман.

Аввал ба шӯъбаи Максим Горкий рафтем. Ҳамон солҳо навиштани як хабари танқидӣ воҳимаи калон дошт. Ҳама онро мехонданд ва байни худ муҳокима мекарданд. Ба фермаи шириву молӣ (аҷаб истилоҳе!), воқеъ дар деҳаи Демирсад ё шояд ҷои дигар буд, савораву пиёда расидем. Ин фермаро Саъдӣ-ако ном шахс сарварӣ мекард.

Вай моро хеле хуб истиқбол гирифт ва дар бораи ферма чанд маълумот бароямон тақдим кард. Акои Аваз ба вай саволҳое медод, ки оҳиста шӯри мудири фермаро барангехт. Саволҳо тахминан чунин буданд: Дар ферма боз моли киҳоро парвариш мекунанд? Ҳозир агар саршумори чорворо ҳисоб кунем, дуруст мебарояд, ё не? Чаро аз ҳисоби хошоку еми давлат чӯпонҳои ферма истифода мекунанд? Оё ин корашон хилофи қоидаву қонуни замон нест? Ва боз саволҳои дигаре матраҳ мешуданд, ки посух ба он дар ҳамон замон кори сода набуд.

Оқибат, аз он ҷо бо табъи озурда баргаштем. Аваз Назарқулов як мақола навишт, ки он бештар танқидӣ буд.

Марҳилаи таҷрибаомӯзии ман давом мекард. Рӯзе бо акои Аваз ба шӯъбаи “Ленинград” рафтем. Ин шӯъбае буд, ки замину майдонҳои кишт, боғу фермаҳои чорвопарварии деҳаҳои Ҳушёр ва Қизилқиёқро таҳти тасарруфи худ дошт. Ба чанд ҷо рафтем ва диду боздидҳои худро дар шакли як мақола дар саҳифаи навбатии “Ҳаёти нав” мунташир кардем. Ба назарам, сарлавҳаи умумии он “Бурду бохтҳои шӯъбаи “Ленинград” ном дошт.

Бадии кор дар ҳамин буд, ки дар яке аз зермақола фаъолияти боғчаи бачагонаи шӯъбаи “Ленинград”-ро танқид карда будем ва сардори шӯъбаро дар бемасъулиятӣ ва саҳлангорӣ муттаҳам мекардем. Ҳамон вақт сардори шӯъбаи “Ленинград” ба дӯши яке аз шахсиятҳои маъруфи соҳаи кишоварзии деҳаи Ҳушёр Қӯчқорамак Умаров (равонаш шод бод) вогузор шуда буд.

Вақте шумораи навбатии рӯзнома ба табъ расид, онро ба шӯъбаҳо тақсим карданд. Баъди ношто ба кӯча баромадам, ки ба маркази маъмурии совхози Сӯх деҳаи Ровон (ҳоло маркази ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона) равам ва кори таҷрибаомӯзиамро давом диҳам. Ҳавлии мо дар паҳлӯи идораи шӯъбаи “Ленинград” воқеъ буд.

— Ҳой, писари Домулло Аҳрорӣ. Канӣ, ин ҷо биё, — гуфт Қучқорамак Умаров ва маро бо нӯги ангушт ба сӯяш хонд.

Аз ҷасорати муқаддамотии худ бехабар, ягон кору гап доштагист гуфта, ба наздаш ҳозир шудам. Аз соқи мӯзааш рӯзномаи “Ҳаёти нав”-ро гирифт ва аз саҳифаи дуввуми он ҳамон мақоларо нишон дод, ки бо акои Аваз Назарқулов навишта будем.

-Ту аз кац танқид карданро ёд гирифтӣ? Ин чи аст, ки навиштаӣ? Шарм надоштӣ, ки ин кора кардӣ? — яке аз паси дигар маро саволборон ва дар айни ҳол мулзам карданӣ мешуд Қӯчқорамак.

Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, дар зермақола як ҷумлаи танқидӣ буду бас, ки кӯшиш мекунам бароятон онро айнан ёдовар шавам: “Дар натиҷаи бемасъулиятии маъмурияти шӯъба кӯдакони боғча як бор бе хӯроки гарм мондаанд”. Гумон намекардам, ки як ҷумла Қучқорамаки раисро ин қадар дилтангу озурда мекунад.

Росташро гӯям, раиси шӯъба ғайр аз имзо мондан дигар хату саводи казоӣ надошт. Маълум шуд, ки касе ин ҷумлаи мақоларо ба вай ба тарзи дигар ташреҳ намудааст. Гӯё тамоми муҳтавои мақолаи дар саҳифаи дуввум чопкардаи ману Авазака Назарқулов шеваи танқидӣ дорад ва барои паст задани шаъну шӯҳрати Қучқорамак Умаров равона шудааст.

Падару модарам (равонашон шод бод!) маро аз вартаи изтироб ва хиҷолат наҷот бахшиданд.  Онҳо шахсони боҳурмати деҳа буданд ва дар мактаб кор мекарданд. Диданд, ки сардори шӯъба маро якзайл таҳдид мекунад, ба вай фаҳмондаанд, ки ҳамон як ҷумлаи мақола ҳаргиз мӯъҷиби озурдашавии ӯро ҳадаф қарор надодааст. Дар омади гап мухбирҳо ин ҳарфҳоро ба қалам додаанд ва гуноҳкори асосӣ мудири боғча мебошад, на ӯ.

Ҳамин тариқ, ману Аваз Назарқулов аз чанголи сардори шӯъба раҷоӣ ёфтем. Авазака гуфта буд, ки чанд муддат агар гап дар бораи бурду бохти шӯъбаи “Ленинград” равад,  аз ҳарфҳои танқидӣ дар саҳифаҳои “Ҳаёти нав” ҳатман худдорӣ мекард.

Дар ин рӯзнома баъдан як силсиламақолаам таҳти унвони “Ҳушёр ва ҳушёриҳо” чоп шуда буд. Он се мақоларо дарбар мегирифт. Дар яке аз мақолаҳо таърихчаи аз дарё тавассути новаҳо ба канали деҳа баровардани об  тасвир меёфт. Бобои ман – Аҳрор маҳз ҳангоми баровардани об бо ҳафт тани дигар ба коми дарё фурӯ рафта буданд. Ҷасади онҳоро мардум аз ҳар куҷо пайдо карда, оварда ба хок супурдаанд. Он вақт падарам 12-сола ва бародари он кас Мирасрор 14-сола будааст. Баъд ҳарду ба ҷанг рафтаанду Мирасрор барнагаштааст ва падарам ба хотираи бародарашон номи ӯро ба ман мондаанд.

Ба таърихчаи “Ҳаёти нав”(Ҳоло “Садои Сӯх”) назар афканем, маълум мешавад, ки он бори нахуст соли 1951 ба нашр расидааст. Муҳарририи онро Исматуллоев ном сокини деҳаи Лоғон, воқеъ дар наздикии шаҳри Фарғона, бар дӯш доштааст. Баъд аз он шодравонҳо Ӯринбой Раҳимов, Гадойбой Назарқулов, Аюбҷон Нишонов, Ғаниҷон Мӯъминҷонов муҳаррирӣ кардаанд. Чанд сол ин вазифаро шоир ва журналист Масъуди Мирзо бар дӯш дошт. Аз соли 1997 то ҳол Содиқи Тоҳириён ин вазифаи мушкилу пурмасъулиятро бар дӯш дорад. Дар рушду ривоҷи корҳои табъу нашр домулло Мирзоҷон Хуҷамов низ, ки ҳоло аз куҳансолтарини ноҳияи Сӯх ба шумор меравад, саҳми бузург гузоштааст.

Ногуфта намонад, ки номи рӯзнома баъди касби истиқлоли Ӯзбекистон аз “Ҳаёти нав” ба “Садои Сӯх” табдил дода шуд. Он аввал ҳафтае се маротиба ба нашр мерасид. Ҳоло ҳафтае як маротиба чоп мешавад. “Садои Сӯх” ба ҳайси идомадиҳандаи анъанаҳои неки аҳли қаламу рӯзноманигорӣ ба фаъолияти худ давом медиҳад ва як гурӯҳ қаламкашони тоифаҳои гуногунро дар худ муттаҳид намудааст.

Мардуми шарифи Сӯх, хоссатан равшанфикрону равшанзамирон, онҳое, ки забону фарҳанги худро дӯст медоранду ҳифз мекунанд, бояд аз ин ҳафтаномаи тоҷикии худ мунтазам пуштибонӣ кунанд. Он моли ҳар як фарди сӯхӣ шумурда мешавад. Ҳар сатри он, ки ба каломи ноби форсии тоҷикӣ китобат шудааст, бояд мавриди таваҷҷӯҳи онҳо қарор гирад. Ҳатто дар шароити бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва сирояти коронавирус ҳақ надорад, ки ин нашрия аз чоп бозмонад, зеро табъу нашри он, ки тарғиби забони ноби моро бар дӯш дорад, боиси ифтихори тоҷикон аст. Агар ҳар соҳибдиле ин маъниро дарк кунад, бояд ҳам худ ва ҳам дигаронро даъват кунд, ки “Садои Сӯх” аз вартаи нестӣ наҷот ёбад. Дар акси ҳол наслҳои ояндаи Сӯх кулли мардум, хоссатан аҳли зиё, маорифатчиёну пизишкон ва равшандилонро дар бемасъулиятӣ ва хиёнат ба забону фарҳанги миллӣ муттаҳам хоҳанд кард!

Мирасрори Фарғонӣ,

журналист. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here