Фазилати моҳи муҳаррам
Моҳи муҳаррам аввалин моҳи санаи ҳиҷрӣ ва яке аз моҳҳои “ҳаром” ба ҳисоб меравад. Ҳаром ё муҳаррам вожаҳои арабиянду андар забонамон ҳазм гаштаанд ва онҳоро ба таври васеъ дар гуфтугӯ истифода мебарем.
Худованд қабл аз он ки замину осмонро биофарад, баҳри муайян намудани гузашти замона солҳову моҳҳо, ҳафтаҳову рӯзҳо ва соатҳову дақиқаҳоро ба вуҷуд овард. Ҳисоби вақту гузашти замона унсури муҳими ҳаёти шахси оқил ба ҳисоб меравад, вақт неъмати бебаҳоест, ки боястӣ онро идора кард ва мавриди истифодаи босамар қарор дод. Агар вазъ баръакси ҳол табдил шавад, бе шак умри панҷоҳу садсолаи инсон ба ҷуз зарраҳои парешон дар шуъои офтоб, бештар арзиш надорад. Бо замона ва ё асрҳо савганд ёд намудани Худованд ва аз хасорату зиёни инсони ғофил хабар доданаш барои фарди оқил бояд як танбеҳи хатарнок дониста шавад.
Вобаста ба таъриху таъсиси дувоздаҳ моҳ ва авомили ҳаромияти чор моҳи аз онҳо Худо дар Қуръони карим чунин мефармояд: “Шумораи моҳҳо дар ҳукм ва тақдири Худо, дар китоби Худо, аз он рӯз, ки осмонҳову заминро биёфарида, дувоздаҳ аст. Чаҳор моҳ моҳҳои ҳароманд. Ин аст шеваи дуруст. Дар он моҳҳо бар хештан ситам макунед (аз фармони Худо сар мапечед)”, (Сураи Тавба, ояти 36). Яъне дар тақдироти хеш, дар “Лавҳулмаҳфуз” сабт намудааст, ки замона иборат аз сол ва чунин моҳҳо хоҳад буд. Дар ҳадис чунин зикр мегардад: “Аз рӯзе, ки Худо замину осмонро офаридааст, замона бо ҳайъати худ давр мезанад. Як сол иборат аз дувоздаҳ моҳ аст, аз он дувоздаҳ моҳ чортояш моҳҳои ҳароманд, сетои онҳо пайдарпаянд, зулқаъда, зулҳиҷҷа, муҳаррам, аммо моҳи раҷаб дар миёни ду ҷумод (ҷумодулаввалу ҷумодуссонӣ) ва шаъбон ҷой гирифтааст” (Ривояти Бухорӣ, №3167). Дар ҳадисе расули Худо (с) моҳи муҳаррамро ба лафзи бузурги Аллоҳ изофа намуда, “шаҳруллоҳ” гуфтаанд, яъне моҳи Худо, ки бино ба андешаи донишмандон, изофа кардани ин моҳ ба калимаи Аллоҳ азамат ва бузургии моҳи мазкурро баён мекунад.
Муфассири Қуръон Қатода дар атрофи оятҳои боло чунин андешаронӣ мекунад: “Худованд дар миёни махлуқоташ баргузидаҳо дорад. Аз байни малоикаҳо ва мардум паёмбарон, аз суханҳо зикри худаш, аз замин масҷидҳо, аз миёни моҳҳо рамазон ва моҳҳои ҳаром, аз рӯзҳо рӯзи ҷумъа ва аз шабҳо шаби қадрро баргузидааст. Пас он чиро, ки Худо бузург доштааст, шумо низ бузургаш доред, чунки ҳар он чизеро, ки Худо бузург медорад, он дар назди аҳли илму маърифат бояд бузург дошта шавад” (Тафсири Ибни Касир).
Абӯзар ривоят мекунад, ки “Аз расули Худо (с) пурсидам, беҳтарин шаб ва беҳтарин моҳ кадом аст? Паёмбар (с) дар ҷавоб гуфтанд: “Беҳтарин шаб мобайни он ва бофазилаттарин моҳ моҳи Худо аст, оне ки муҳаррамаш мехонед!”(Ривояти Нассоӣ).
Мавриди таъкид аст, ки беҳтар будани мобайни шаб ба истиснои шаби қадр ва афзалияти муҳаррам албатта баъд аз моҳи рамазон мебошад. Дар ин ҳадис истисно вуҷуд дорад.

Рӯзаи моҳи муҳаррам
Рӯзаи нафлӣ яке аз хусусиятҳои хоси моҳи муҳаррам гаштааст. Ин масъала низ ба ҳукму фармони соҳиби шариат тааллуқ дорад. Ислом “иттибоъ” (пайравӣ) аст, на “ибдоъ” (ихтироъ) гуфтани уламо таъкид бар он аст, ки он чӣ Худо амр намудааст, бе қилу қол пайравӣ мехоҳад ва он чиро манъ намудааст, аз он даст кашиданро мехоҳад. Он афроде, ки рӯзи ҷумъаро тоқу танҳо рӯза доштанду ҳазрати Умар онҳоро сарзаниш намуд ва водорашон кард, то рӯзаашонро бихӯранд, сабабаш он буд, ки шариат рӯза доштани рӯзи ҷумъаро ба танҳоӣ мамнуъ эълон намудааст. Чунки ҷумъа рӯзи ид аст ва хӯрдану нӯшидан хоси рӯзҳои ид мебошад. Чуноне, ки рӯзҳои идайн рӯза доштанро мамнуъ гардонидааст. Ин таъкидҳо аз он лиҳоз аст, ки баъзеҳо донистаю надониста баъзе моҳҳову рӯзҳоро махсуси рӯза доштан мепиндоранд, ки чунин амалкард пайравӣ аз Ислом не, балки Исломро пайрави худ кардан аст. Ба гунаи мисол, баъзе нафарон дар ҷомеаҳои исломӣ моҳи раҷабро хоси рӯза доштан таъйин мекунанд, ки дар ин маврид аз ҷониби шариат ҳеҷ ҳукму фармоне содир нагаштааст. Аммо вобаста ба фазилат ва рӯзаи моҳи муҳаррам ривоёти фаровон ворид гаштааст ва тарғибу ташвиқ. Мутаассифона, ноогоҳӣ аз ин фармоишоти дуруст боис гаштааст, ки амалҳои баъзеҳо баръакси ҳол шавад.
Ҷои таъкид аст, ки аз ҳар моҳ рӯзи душанбе ва панҷшанбе ва ҳаддалақал се рӯз рӯза доштан суннати расул аст, чӣ моҳи раҷаб бошаду чӣ ғайри он. Аммо моҳи муҳаррамро аз назарҳо дур сохтану моҳи раҷабро худсарона хоси рӯзаву зикру ибодот ва дигар амалҳо пиндоштан айни ҷаҳолат дониста мешавад. Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки мегӯяд паёмбари Худо (с) гуфтанд: “Бофазилаттарин рӯза баъди рӯзаи моҳи рамазон рӯзаи моҳи Худо, муҳаррам аст ва бофазилаттарин намоз баъд аз намозҳои фарз, намози шаб аст”(Ривояти Имом Муслим, №1163). Ҳадиси мазкур сароҳатан ва ошкоро фазлу бузургии рӯзаи моҳи мазкурро исбот мекунад, ки дар ин ҳукм шубҳаву ихтилоф роҳ намеёбад. Аммо як паҳлуи ин масъала уламоро дар зовияи ихтилоф қарор додааст. Оё ҳамаи моҳи муҳаррамро бояд рӯза дошт, ё аксари онро? Донишмандони соҳа гуфтаанд, ки он чӣ зоҳири ҳадиси мазкур далолат мекунад, фазли рӯза доштани ҳамаи моҳ аст. Қисмати дигари донишмандон мегӯянд, мутлақан зикр ёфтани ин ҳукм дар ҳадиси боло далолат ба тарғибу ташвиқи рӯзаи ин моҳ дорад, на рӯза доштани кулли моҳ. Онҳо барои исботи ин андеша ба ҳадисе, ки Оишаи модар ривоят кардааст, такя кардаанд. Ҳазрати Оиша мегӯяд: “Ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки расули Худо (с) ба ғайри моҳи рамазон моҳҳои дигарро ба таври пурра рӯза дошта бошанд ва ман ӯро надидаам, ки моҳеро аз моҳи шаъбон дида бештар рӯза дошта бошад” (Ривояти Муслим).
Албатта, ин ихтилофи назари уламо аст, дар умум ҳар қадаре, ки аз моҳи муҳаррам рӯза дошта шавад, муҷиби савоб мегардад.

Аҳамияти тақвими ҳиҷрӣ дар ҳаёти мусалмон
Дар олам тақвимҳо гуногунанд. Миллатҳову қавмҳо, подшоҳону фармонравоёни дунё мувофиқ ба муносибатҳои падидомада тақвимҳои хос тартиб додаанду тибқи он амал намудаанд, ки метавон садҳо намунаи онро зикр намуд. Чуноне аз мушоҳидаҳо бармеояд, вобаста ба таърихи тақвими мелодӣ таҳаввулоти зиёд ба амал омадааст. Тақвими мелодӣ ба рӯзи таваллуди ҳазрати Исо (а) рост меояд, аммо қабл аз он тақвими шамсӣ мавҷуд буд, ки мардум тибқи он амал менамуданд. Он тақвим иборат аз даҳ моҳ буд, пасон ба он ду моҳи дигар, январу февралро изофа намуданд. Ба ин ваҷҳ ададаи рӯзҳои сол ба 365 расид ва он иборат аз як бор давр хӯрдани замин дар атрофи офтоб мебошад. Румиҳо тақвими румии қадимро мавриди истифода қарор медоданд, ки он иборат аз даҳ моҳ буд. Баъдан онҳо ба тақвими шамсӣ-қамарӣ рӯ оварданд, ки он аз 12 моҳ ва 355 рӯз иборат буд ва ҳисоби он аз таъсиси шаҳри Румо соли 753 қабл аз мелод рост меояд. Баъд аз он ки Румон шаҳри Мисрро фатҳ намуд, Юлиюс Қайсар бо истифода аз таҷрибаи яке аз ситорашиносони мисрӣ тақвими румиро иваз намуд. Ҳамин тариқ, Юлиюс Қайсар ба моҳи ҳафтум номи худашро гузошт, ки он Июл аст ва ба моҳи ҳаштум номи Қайсарро ихтисос дод, ки он Август мебошад. Тақвими григорӣ низ вуҷуд дошт, ки ба Григориюс, сездаҳум попи Рим тааллуқ мегирифт. Уммати Ислом низ соҳиби тақвими хос аст, он ба воқеаи бузурги таърихӣ ва тақдирсоз иртибот мегирад ва он ҳиҷрати паёмбар (с) аст. Қабл аз биъсати паёмбар солшумории шамсӣ-қамарӣ вуҷуд дошт ва қабоили араб ба он амал менамуданд. Паёмбари Худо (с) дар соли 622 мелодӣ аз Маккаи мукаррама ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат намуданд ва аз ҳамон рӯз мусалмонон солшумории исломиро аз нав ба ҳисоб гирифтанд ва ҳисоби нав унвони солшумории ҳиҷриро ба худ касб намуд. Соли ҳиҷрӣ аз 12 моҳи қамарӣ иборат аст, ки он аз соли мелодӣ кӯтоҳтар мебошад. Моҳҳои ҳиҷрӣ 29 ва 30 рӯзро дар бар мегиранд ва он бо такя бо дидани моҳ муайян карда мешавад.
Дарвоқеъ, тақвими ҳиҷрӣ дар ҳаёти фарди муслим аҳамиятҳои гуногунҷанба дорад. Ишора шуд, ки маъниву мафҳум ва таъсиси моҳҳои мелодӣ ба фатҳи кадомин кишвару сарзамин ва номи кадом императору фармонраво вобастагӣ дорад, аммо моҳҳои ҳиҷрӣ чунин нест. Барои шахси мусалмон корбарии календари ҳиҷрӣ, ё исломӣ дар ҳаёт амри зарурӣ маҳсуб мегардад. Ин масъала ба ибодату бандагӣ боз мегардад. Чунки дар ин моҳҳо рӯзҳои ибодату фароизи мусалмонон муайян карда шудааст ва ҷаҳл нисбати он ҷаҳл аз анҷоми ибодат ба ҳисоб меравад. Масалан моҳи рамазон, шаби қадр, иди рамазон, иди қурбон, моҳи ҳаҷ, мавлуди паёмбар (с) ва дигар муносибатҳои исломӣ тавассути тақвими ҳиҷрӣ шинохта ва муайян карда мешаванд. Номгузории моҳҳои ҳиҷрӣ тасодуфӣ нестанд, балки онҳо дар асоси ҳикмати илоҳӣ ва маонии шомилу комил номгузорӣ шудаанд. Аксари сокинони кишвари мо мусалмонанд ва донистани тақвими ҳиҷрӣ унсури ҷудонашавандаи ҳаёти мардуми мусалмон ба ҳисоб меравад.
Як назарпурсии умумии мо нишон дод, ки бештари мардуми мо нисбати моҳҳои ҳиҷрӣ, тартиби онҳо ва таърихи маросими динӣ маълумоте надоранд.

Соли нав ва муҳосабаи нафс
Месазад, ки фарди мусалмон дар ибтидои соли нави ҳиҷрӣ, дар баробари нафсаш таваққуф намояд ва худро ба таври сареъ ва бо диққат ҳисобу китоб кунад. Ин як истгоҳи тарбиявие мебошад, ки қабл аз соли нав амалӣ карда мешавад ва он барои инсон роҳи наҷоту ҳидоятро фароҳам месозад. Чӣ басо бузург аст ҳикмати илоҳӣ, ки ибтидои солро бо моҳи ҳаром шуруъ намуда ва бо моҳи ҳаром хотимааш додааст. Худованд дар ҳама моҳҳои сол зулму ситам, ҷангу ҷидол, муноқиша ва умуман корҳои маъсияту гуноҳро ҳаром гардонидааст, аммо дар ин чор моҳ — зулқаъда, зулҳиҷҷа, муҳаррам ва раҷаб маъсиятро бадтару зишттар медонад. Аз ин дидгоҳ, ба ин чор моҳ исми ҳаромро унвон намуд.
Барои фарди худогоҳу бохирад тулӯи ҳар соли ҷадид танбеҳ ва огаҳӣ меорад, ки сулуку рафтори номатлубашро дар соли гузашта боқӣ гузораду дар соли ҷадид ва моҳи ҳаром ҳама аъмоли номатлубро бар худ ҳаром гардонида, зиндагии навро оғоз намояд. Саҳифаҳои сиёҳу тираи соли сипаригаштаро бипӯшад ва саҳифаи тозаи умрро варақ гардонад. Ба худ қабул намояд, ки дар соли ҷадид номаи аъмолаш поку сафед аст, аз гуноҳу маосӣ тоза аст ва кӯшиш намояд саҳифаи сафедашро бо хатоҳову гуноҳҳо тира нагардонад.
Инак, соли нави ҳиҷрӣ фаро расид. 21-уми сентябри соли ҷорӣ якуми моҳи муҳаррам ва соли 1439 ҳиҷрӣ ворид гардид. Тартиби моҳҳои ҳиҷрӣ: муҳаррам, сафар, рабиъулаввал, рабиъуссонӣ, ҷимодулаввал, ҷимодуссонӣ, раҷаб, шаъбон, рамазон, шаввол, зулқаъда ва зулҳиҷҷа.

Абдулваҳҳоби АБДУЛМАННОН

P. S. Фарорасии соли нави ҳиҷриро ба якояки мусалмонони рӯи замин ва хосатан ба мардуми шарафманду мусалмони Тоҷикистон табрику таҳният мегӯем. Орзуманди онем, ки дар соли ҷадид ва моҳи ҳаром ба миллати Ислом Худо сарбаландӣ, нусрату пирӯзӣ ва озодиро насиб гардонад. Махсусан ҳамдардии амиқи худро ба мусалмонони мустазъафи Мянмар иброз медорем ва аз қодири мутлақ, Алоҳи зулҷалол масъалат менамоем, ки душмани онҳоро дар соли нав бо азамат ва нерӯи бепоёнаш сарнагун созад. Омин!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here