Ҳар боре, ки ӯро мебинам, дилам равшан ва хотираҳоям варақгардон мешаванд. Ӯро мебинаму бо меҳр мегӯям:

-Салом, муаллим…

Дар ин ибораҳо меҳр, эътиқод ва садоқати ман ифода ёфтааст. 

Аввалин вохӯрии ман бо муаллим ҳеҷ аз ёдам намеравад. Ман дар ҳама кор ва дар ҳама ҷо дер мемондам. Ҳамон сол курси мо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буд. Вақте ба гурӯҳи журналистон шомил шудан хостам, ба ман гуфтанд, ки аллакай аз 25 нафар зиёд донишҷӯ номнавис шудааст, ба шумо ҷой нест. Ман ба назди роҳбари ин гурӯҳ, омӯзгори соҳибдил ва олим Воҳид Асрорӣ даромадам. Ин замон ӯ бо муаллим Иброҳим Усмонов сӯҳбат доштанд. Мақсадамро фаҳмонидам. Воҳид Асрорӣ дар аввал «ҷой надорем» гуфт. Аммо чун дид, ки ман аз наздашон намераваму ба умед нигаронам, гуфт:

-Иброҳимҷон, ҳамин ҷавон ба ман бо якравиаш писанд аст.

Ҳамин  як ҷумла  тақдири маро ба рӯзноманигорӣ пайваст. Ин воқеа соли 1977 рух дода буд. 

Муаллим…

Бо садоқат ва бо меҳр ин калимаро ба забон  мегирифтам…

Охир чунин шахсони оқилу доно ва ба касбу кори худ дилсӯз сазовори номи муаллим мегарданд. Муаллиме, ки умри худро дар роҳи илм сарф карда, ба дилу дидаи  донишҷӯён нуру зиё бахшидааст. На ҳар муаллим миёни донишҷӯён маъруфият пайдо мекунад. Вале чӣ гӯем, ки барои мо донишҷӯёни солҳои 70-80-ум Иброҳим Усмонов ҳамчун  омӯзгори  ҷавону донишманд  ва  соҳибмақом обрӯ  пайдо  карда буданд. Мо аз ӯ зиёд омӯхтем. Дарки мафҳумҳои эҷод, илм, вақт ва маърифатро Усмонов ба мо омӯзонида буданд. Оҳанги гуфтору рафтори ӯ савт ва низоми хосеро доро буд. Ба шарофати муаллим дарк кардем, ки худогоҳиву худшиносӣ чист. Муаллим доимо бо чеҳраи  гарм ва нигоҳи  ҷиддӣ ба мо  мегуфт, ки «дониш андар дил чароғи  равшан аст». Аз ин лиҳоз, ҳар дарси ӯро, вазифаҳои супоридаашро бо ҷону дил мехондем ва иҷро мекардем. Дарси муаллим зинда ва шавқовар мегузашт. Бо туфайли ӯ мо тавонистем, ки жанрҳои рӯзноманигориро аз худ  намуда, дар  ҳар жанр  мавод  навиштанро ёд гирем. Ӯ  моро  водор  мекард, ки  пеш аз ҳама,  худро  шиносем,  меҳану  миллати  хешро дӯст дорем ва инсони ҳақиқӣ бошем. Боре дар вақти дарс очерки дӯсти худ Ато Ҳамдамро таҳлил  намуда, баробари муваффақиятҳояш чанд камбудиашро низ хеле  ҷолиб баён карданд.

— Инсон  будан  шараф аст.  Қаҳрамони  очерк огаҳ мешавад, ки модараш бемор  шудааст. Аввал мехоҳад, зуд ба назди  модараш  равад, вале аз азмаш мегардаду мегӯяд, ки корамро, ба охир расонам, баъд меравам. Инҷо бояд инсон ба тамоми ҳастияш инсон бимонад. Барои ӯ пайвандонаш азиз бошанд ва модарашро болотар аз дигар муқаддасот донад. Қаҳрамони очерк дар ин ҷо ба одами сунъӣ ва сохта табдил ёфтааст, — гуфт норозиёна муаллим. 

Як сухани муаллим метавонист моро ба андеша  водор кунад.  Ёд дорам, ки пас аз ин суханони муаллим, чанд нафар ба ёди наздикони хеш афтоданду барои занг задану огаҳӣ пайдо кардан аз ҳолашон рафтанд. Муаллим дар дарсҳояшон аз ҳамон ҷумлае оғоз мекарданд, ки дар дарси қаблӣ нотамом монда буд. Ин бузургии ӯро нишон медиҳад. Намедонем, аз чӣ  бошад, мо ҳама мехостем ба муаллим  шабоҳат дошта  бошем.  Ӯ барои  мо — донишҷӯён идеал буд. Бурро ва  орӣ  аз ёвагӯӣ дарс гуфтан, хоси муаллим буд.  Мо зуд-зуд очерку  мақолаҳои  муаллимро  мехондем. Ҳар як  нигоштаи ӯро интизор мешудем. Меҳр ба ёру диёр ва  худогоҳию  худшиносӣ аз мавзӯъҳои аслии ӯ ба шумор мерафтанд. Ӯ камбудии ҷамъеаро бе ягон  тарсу  ҳарос гуфтан хос ӯ буду ҳаст. Моро дар роҳи  нотарсӣ ва ҷасурӣ  тарбия карда буданд. 

Дар як дарс ҳам аз вазъи ҷаҳон нақл мекарду ҳам мақолаҳои газетаю  намоишномаҳои оинаи ҷаҳоннаморо мавриди таҳлил қарор медод. Бо тарзи  саволу ҷавоб  ва баҳс  дарс  гуфтанро меписандиданд. Инсони равшанфикр ва навовар будани Иброҳим Усмоновро аз гуфтору рафтораш низ мушоҳида кардан мумкин буд. Аз устодони донишгоҳ ба Воҳид Асрорӣ эҳтироми хоса доштанд. Ин буд, ки мо ба касби рӯзноманигорӣ шавқи зиёд пайдо кардем. Махсусан, барои ман очерку мақолаҳо ва намоишномаҳое, ки аз рӯзгори ҳунармандон, раққосаҳо ва сарояндагон қисса мекарданд, писанд меомаданд. Ҳар яки мо роҳу равиши худро дар соҳаи эҷод пайдо мекардем. Аммо ҳангоми хатми донишгоҳ дархосту пешниҳоди ин шӯъбаро қабул накарданд. Дар дипломҳоямон ба ҷои ихтисоси журналист, омӯзгори забон ва адабиёт навишта буданд. Як рӯз Воҳид Асрорӣ  гуфт:

— Кори моро надида гирифтанд. Чаро онҳо  аз  журналистони мо  ҳарос  доранд. То кай онҳо об дар даҳон гирифта, аз тарс чизе намегӯянд? Чаро? 

— Аз тарсу журналисти ҳақиқӣ  намебарояд,- гуфтанд дар посух муаллим Усмонов. 

-Иброҳимҷон, Шумо ба ҷавонони боғайрат таваҷҷӯҳ кунеду онҳоро дастгирӣ намоед, боз маҳзунона гуфтанд Воҳид Асрорӣ.

Муаллим  Иброҳим  Усмонов доим таъқид мекарданд, ки «инсони ҳақиқӣ бояд  меҳанпараст ва ғурури миллӣ дошта бошад». Ҳамин рӯҳия моро ба арсаи журналистика овард. Мо ҳамсабақон ҳангоми вохӯриҳо пеш аз ҳама, аз муаллимамон Иброҳим Усмоновро ёд мекунем. Ӯ номи донишҷӯёнеро, ки дар курси рӯзноманигорӣ мехонданд, азёд медонист, аз он чи ки онҳо менавиштанд, огоҳӣ дошт. Боре  ҳангоми  сӯҳбат ба ман гуфт:

— Ба хотири  суруд  пуртаъсиртар шудан,  духтарчаро  гирёндан зарур набуд. Бояд  худи  суруд ба дил таъсир расонад. Санъат бераҳмиро талқин намекунад, балки ба сӯи зебоӣ мехонад.

Муаллим суруди «Нилуфари ман»-ро дар назар дошт. Ман эроди муаллимро қабул кардам, чун эрод аз рӯи адолат буд. Бояд гуфт, ки ман ба асарҳои офаридаи муаллим  бо меҳру бо ифтихор  рӯ  меовардам ва аз  ҳар яки онҳо як олам  маънӣ  мебардоштам. Аз «Материалҳо оид ба машғулиятҳои амали журналистика»  сар  карда, то «Рӯзномаро донистан мехоҳам», «Соли Набиев», «Рисолаи давлат», «Мулк бесиёсат пойдор намонад», «Асноди сулҳ», «Сулҳнома», «Тоҷикон» ва чанд китоби  дигар, ки дардхӯри  ҷомеа  ва  ҳамагон  аст, мехондаму ҳаловат мебарам. Махсусан, асари «Тоҷикон» барои худогоҳӣ ва ҳисси миллӣ пайдо кардани ҳар як тоҷик мусоидат мекунад. Муаллим дар барқарор кардани сулҳ дар кишвар низ нақши бориз доранд. Барои мисол метавон аз таъсиси барномаи «Хоки Ватан» зикр кард. Яке аз ташаббускорони ин барнома муаллим буд. Барномаи «Хоки Ватан» барои ба Ватан баргаштани фирориёни тоҷик нақши хеле муҳим бозид. Аммо бо вуҷуди ин ҳама муаллим асло худашонро таъриф намекарданд…

 …Ҳар гоҳ, ки бо ӯ вохӯрам, бо чеҳраи нуронию мӯйҳои печидаи сафедаш бо меҳр  менигараму  мегӯям.

— Салом  муаллим.

-Салом… Шодам, аз корҳоят…, -мегӯяд ӯ бо табассум.

Ӯ олим, донишманд ва нависанда аст. Вале барои  ман, ҳануз ҳам муаллим аст. Шодам,  ки  чунин  муаллим дорам. Ва ҳам аз он ифтихор мекунам, ки муаллим  маро  дар қатори шогирдони  худ мебинад…

Шаҳобиддини Ҳақназар

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here