Вақте нисбати як ҳунарманд андешаи худро менависӣ гумон мекуни, ки дарёи ӯ фурӯ рафтаиву аслан бо худи ӯ дар гуфтугӯ ҳастӣ. Бале, бетардид чунин аст. Наметавон шахсиятеро нашнохтаву надониста дар борааш ҳатто як ҳарфе навишт. Мардуми тоҷик аз азал то ба имрӯз бо мусиқӣ ва бо ромишгарон пайванди ногусастание дорад. Ҳунар ва санъати ромишгаронро бо як меҳри тамом арҷ мегузорад ва эшонро аз ҷумлаи пайвандони хеш медонанд. Зиҳӣ чунин миллатеро ҳунарманде аз табори эшон аст.
Ҳунарманди маҳбубу маъруф Садриддин Наҷмиддин, ки таҳи ду даҳа аст, дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад. Кам ҳунармандоне пайдо мешаванд, ки мисли Садриддин дар ҷодаи интихоб кардаашон муваффақ гардида бошанд. Мавсуф бо сабку услуби хос эҷод мекунад ва нерӯву қувваи эҷодии хешро баҳри боз ҳам вусъат ёфтани ҳунару санъаташ равона кардааст. Дар ҳар консерти худ, ӯ дар ҳунар як ҷилои тозае бозёфт намуда, ба мухлисонаш пешкаш менамояд. Аз ин рӯ суруду оҳангҳои меофаридаи Садриддин пуробуранг ва аз лиҳози касбият хеле баланд мебошанд. Эҷодиёти то имрӯз офаридаи ӯ баёнгари ин матлаб ҳастанд. Дар инкишофи эстрадаи навини тоҷик Садриддин нақши бориз дорад. Ва ҳам кӯшидааст, ки ҳунармандони ҷавонро дастгирӣ намояд, то онҳо низ муаррифгари санъати тоҷик бошанд.
Садриддин дар тӯли фаъолияти эҷодияш комёбиҳои бисёр беназирро ноил гардидааст. Аз ҷумла, ӯ тавонистааст, ки санъати худро ба ҷаҳониён хоса ба кулли форсигӯёни ҷаҳон муаррифӣ намояд. Албатта, ӯ тариқи ҳунараш миллати худ, кишвари худро ба андозаи кофи ба ҷаҳониён ошнову шиносонд. Қобили тазаккур аст, ки Садриддин дар бисёр кишварҳои ҷаҳон консерти худро баргузор кардааст ва мардум ҳунарашро пазируфтаанд. Дар тамоми ҷо ӯро ҳамчун ҳунарманди асил ва маъруф эътироф кардаанд. Худи Садриддин ҳам борҳо гуфтааст, ки ҷаҳду талоши ӯ барои халқ аст, ки то қонеъ бошанд аз ҳунари ҳунарманде, ки эътироф намудаанд. Садриддин дар андешаи он аст, ки завқу салиқаи мардум бояд ҳамеша баланд бошад ва ин ба мо тақозо менамоянд, ки ҳар чи бештар болои эҷодиёти хеш кор кунем, чизи арзандае мувофиқи табъи эшон пешниҳод намоем. Албатта бояд ҳар як ҳунарманд чунин андешаро дошта бошад, мутаассифона ҳастанд ҳунармандоне, ки баракс завқу салиқаи шунавандаро мекушанд ё кунду заиф мегардонанд.
Як хусусияти бартарии Садриддин аз дигар сарояндагон дар он аст, ки ӯ аксарияти барномаҳои ҳунарии хешро ба таври зинда (бе фонограмма) барпо менамояд. Ин амал аввалан содиқ будани сарояндаро дар ҷодаи овозхонӣ исбот намояд ва дуввум ба мардум наздиктар менамояд ҳунармандро. Садриддин дар ин марид изҳор медорад, ки ба таври зинда хондан дар навбати аввал вазифаи ҳар як сароянда мебошад ва дигар ин ки нисбати мухлисон эҳтиром гузоштан аст. Мо низ ба ин пиндору гуфтори сароянда мувофиқ ҳастем, албатта, дар асл бояд миёни сароянда ва бинанда ҳунарнамоии мустақиму тамошои он бошад. Мо худ дар чанд маҳфилҳову консертҳо шоҳид гардидаем, чи тавр зиндасароӣ кардааст ва баландгӯякро ба тарафи мардум гузоштану бо эшон якҷо сурудан корест муҳол. Дигар мардумон ҳам бештар ба ҳамин хусусияти вижааш дӯст доштаанд ҳунару санъаташро. Ҳатто дар як навор (ҳамагон онро дидаанд) тули се чор соат танҳо аз эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир месарояд. Ростӣ, аз ҳофизаи ӯ қоилем, ки чи тур ҳамаи он эҷодиёти Аҳмад Зоҳир, Қароматуллои Қурбон ва дигаронро ба ғайр аз эҷодиёти худ ҳифз кард.
Ҷои шакку шубҳа нест, ки Садриддинро яке аз ҳунармандони маъруфи натанҳо ватанӣ, балки ҷаҳонӣ ном бурд. Таманно дорем, ки руҳи бузурги ду ситораи шарқ А. Зоҳир ва К. Қурбон аз ин сароянда ҳамеша шод хоҳад буд, ки эҷодиёташонро бозхонӣ мекунад. Садриддин ҳам худро аз мактаби эшон таълим дида медонад ва бевосита мо гуфта метавонем, ки воқеан давомдиҳандаи сабку услуби эшон мебошад. Дар ҳама давру замон халқ барои худ фарзанди арзандаи худро барои худ меофарад. Садриддин тавониста аст, ки муҳаббат ва меҳри мардумро ба даст оварад ва дар ҷое изҳор медорад, дар касби худ талош мекунад, ки то заррае баҳри баланд бардоштани он ҳисса гузор бошад. Ва мегӯяд, доим ҷаҳд мекунад, ки шодиву нишоти мардумро бо ҳунараш афзунтар намояд. Албатта, фарзанди халқ будан ва ҳамдарду қарин будан, масъулиятест бағоят бузург, ки на ҳар кас ба он шарафманд мегардад ва ҳам на шоистаи он.
Зоҳири САЙФУЛЛО