12-уми декабр 25 сол мешавад, ки Муҳиддин Олимпур бо мо нест

Олимпурро надидаам…

Бо айби тақдир ман ду сол пас аз кушта шудани Муҳиддин Олимпур таваллуд шудам, яъне ҳатто ному нишонам набуда, ки ҷаллодон ӯро ба даҳонаш парронда, даруни ҷӯйбори маҳаллаи маъруф ба «Ҷазира» партофтанд.

Ман ҳатто ҷасади армонӣ, гӯё, пурғурур, ҳасратӣ ва хандони Муҳиддин Олимпурро надидам.

Ман боре ба ҳуҷраи кории ӯ, ба хонаи фарҳангиёни дунё, ба маконе, ки ба пайвангарии дилҳо мусоидат мекард, нарафтаам.

Ман натавонистам, ки телефонӣ ё ба воситаи почта ҳам бошад, бо Олимпур барои матбуот суҳбате дошта бошам, балки умуман суҳбат надоштам.

Ман боре дар сари қабри журналист, аккос ва фарҳангии асили тоҷик набудам.

Вале шукр, ки ман Муҳиддин Олимпурро то андозаи даркорӣ мешиносам, навиштаҳои мондагорашро батакрор мехонам, гуфтаҳои бисёр қимматашро батакрор мешунавам, барномаи овозадори «Ситораҳои Шарқ»-ашро батакрор мебинам, аксҳои гӯё ва зебояшро батакрор варақ мезанам ва ин ҳамаро дар хонаи иҷораам ҷамъ карда, таҳқиқ карда истодаам.

Вале шукр, ки ман дар бораи ҳодисаи куштори Олимпур аз чанд равзана нигаристам, фикрҳои мухталифро шунидам, навиштаҳову гуфторҳои зиёдро хондаву гӯш кардам ва ба хулосаи дақиқ омадам.

Вале шукр, ки ман ҳуҷраи кории Олимпурро дар аксҳо бисёр дидаам ва ҳоло ҳам, ки ин сатрҳоро менависам, ононро дида истодаам.

Вале шукр, ки мусоҳибаи нотамоми устодам Хуршед Атовуллоро бо Муҳиддин Олимпур пайваста мехонам ва тасаввур мекунам, ки ман ҳам он замон бо эшон будам.

Вале шукр, ки ман Олимпурро ҳамеша дар аксҳо мебинам. Ӯ дар яке ҷиддӣ, дар дигаре чеҳракушод, дар саввумӣ ба коре машғул, дар чаҳорумӣ ба сукут рафта, дар панҷумӣ лаҳзаи ба касе чизеро мефаҳмонад, дар шашумӣ мутолиа дорад…

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур, бархез, ки чашмони ту ба мисли чашмони мо намедиданд, онҳо ба қалб медиданд ва онҳоро ақл идора мекард.

Барҳақ Лоиқ Шералӣ бисёр зебо гуфтааст:

Дошт дар ойинаи чашмони худ

Аксҳои гуногуни гунаи мову шуморо,

Аксҳои зиндагии рӯсиёро,

К-андар он мезист навъе бо мадоро…

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур, бархез, ки дигар касеро мисли ту фарҳангдӯсту тарғибгари зебоӣ пайдо накардем. Дигар мо касеро пайдо накардем, ки бо шунидани сафаргуфтаҳояш ба Амрико сафар кунем. Дигар мо касеро пайдо накардем, ки “Ситораҳои Шарқ” дошта бошаду вақти пахши барномааш дар кӯчаҳои Душанбе одамон набошанд. Дигар мо касеро пайдо накардем, ки аз тоҷику Тоҷикистон ҳатто ба дӯкондорони Амрико қисса кунад. Дигар мо касеро пайдо накардем, ки фақат ва фақат аз зебоӣ, ҳунар, фарҳанг гӯяду чашмонаш ҳамеша паҳлуи мусбатро бинанд. Мо ҳоло фақат қарсакзанону балегӯёнро мебинем, ки бисёр бад аст. Муҳаммад Осимӣ бамаврид гуфтааст: “Ӯ шахси ватанпараст ва миллатдӯст буд, зебоиро парастиш мекард. Чашми Олимпур диди хос дошт. Зебоиро метавонист пайдо ва тарғиб кунад. Вай тоҷиконро ба ҷаҳониён ошно мекард ва форсизабононро ба тоҷикон”.

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур, бархез, ки туро ҷаҳониён пайвандгари дилҳо мегӯянд. Ту ҳоло бояд дар бари мо бошӣ, бо мо бошӣ, аз мо бигӯйиву иҷоза диҳӣ, ки мо ҳам аз ту бигӯем. Аскар Ҳаким ин ҳамаро дониста, гуфтааст: “Муҳиддин Олимпур барои интишори фарҳанги тоҷик хидмати бениҳоят бузурге кард. Ӯ ба ҳар кишваре, ки мерафт, ин фарҳангро бо бурд ва намунаи беҳтаринашро бурд”.

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур бархез, ки ҳоло ҳам мо ба набуданат бовар надорем. Дар ин росто чизе гуфта наметавон, зеро равоншод Гулназар Келдӣ ҷумлаҳое гуфтааст, ки беҳтарашро ёфтан номумкин аст: “Муҳиддин Олимпур — ин дӯсти навҷавонии ман, солҳост, ки бо мо нест. Ман ҳамеша хаёл мекунам, ки нисфи баданамро гум кардаам. Батакрор мегӯям, ки нишонаҳои ҳунараш ҳаст, нақши қаламаш ҳаст, ёдгори умраш — фарзандонаш ҳастанд. Аммо… худу ӯ бо мо нест, ки нест”.

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур, бархез, ки аз нопойдории замону мавсимӣ будани ин дунёи дун ҳамаамон хабардорем, аммо бояд шахсони муҳиму даркорӣ бимонанд. Ман, ки пеш аз вақти рахти сафар бастанат набудам, Қурбон Восеъ ишораи назаррасе кардааст: “Фикр мекунам, ки ӯ аз олами қудс овое дарёфта будааст, зеро тайи ду моҳи мулоқоти охиринамон аз нопойдории замону мавсимӣ будани макон ва некӯкории ҷовидон баҳс мекард”.

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур, бархез, ки барои тоҷикистониён ва посдорони фарҳангу замони тоҷик нахестанат ва набуданат бисёр душвор аст. Ҳамза Камол, яке аз посдорони осори ту бо дарду ҳасрат гуфтааст: “Дардовару ҳасратбор, ғамангезу андуҳовар аст, ки дар остонаи қарни бисту якум ихтирооту кашфиёт, қарни компютеру иттилоот, замони иртибототу барчидани марзҳои козиби сиёсӣ дар гӯшае аз ин дунё, ки таърихи тамаддуну фарҳанги башар мадюни он аст, даст ба куштори як ҳунарманд зананд”.

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур, бархез, ки туро ошиқи зиндагӣ мегӯянд ва аслан ошиқони зиндагӣ намемиранд. Вобаста ба ин ман аз миёни навиштаи Девид Мортон ин ҷумлаҳоро ёфтам: “Муҳиддин ошиқи зиндагӣ буд. Он зиндагие, ки ӯ дӯст медошт, зиндагие буд, ки дар Тоҷикистон шинохта буд”.

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур, бархез, ки Тоҷикистони мо, Душанбеи мо зеботарин кишвару шаҳри дунё шуданд. Медонам, ту Тоҷикистонро, Душанберо дӯст медоштӣ ва агар ҳоло инҷоро медидӣ, бовар намекардӣ. Ман танҳо инро намегӯям, балки Мирзо Насриддин ҳам ба Тоҷикистондӯстиву Душанбедӯстият ишораи хубе дорад: “Ӯ чӣ қадар Дӯшанберо дӯст медошт. Ҳар замоне ки аз сафаре бармегашт, батакрор мегуфт: Душанбе барин шаҳри зебо дар олам нест”.

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур, бархез, ки дар ҳоли ҳозир ҳунари аккосият, маҳорати мусоҳибаороият бисёр ба газетаву радиову телевизионҳои мо даркор аст. Баҳори Хуррамзод ишорае дорад, ки ба он сад дар сад розӣ нашудан ноҳақист: “Шахсан барои ман, беҳтарин акс аксҳоест, ки акои Муҳиддин бардоштааст ва беҳтарин мусоҳиба аз намоиши телевизионии “Ситораҳои Шарқ” мебошад, ки ба ёдбуди ҳунарманди мумтоз Маҳмуди Воҳид бахшида шуда буд”.

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур, бархез, ки ҳоло бештари аҳли илму адаби кишварҳои хориҷӣ дигар “як Олимпурро бинем” гуфта ба кишвари мо намеоянд, оянда ҳам дар меҳмонхонаҳо шабашонро рӯз мекунанд. Бархез, ки дар қабати аввали бинои Иттифоқи нависандагон дигар утоқи корие нест, ки аҳли илму фарҳанги кишварҳои хориҷӣ ҷамъ шуда, аз ину он гӯянд. Мансур Суруш гуфтааст: “Коргоҳи ӯ дар қабати аввали бинои Иттифоқи нависандагон зотан маънои зебоӣ ва ошёни ҳунар, макони нишасту мулоқотҳои меҳмонони эрониву афғонистонӣ, амрикоиву фаронсавӣ буд”.

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур, бархез, ки мо “Дилбанди ин диёр”-и Фарзонаро батакрор мехонем ва афсӯс мехӯрем:

Куҷост чашми ту, то волаи баҳор шавад,

Нигоҳи барқи руди тасмаи навор шавад.

Варақ-варақ бизанад куллиёти гулҳоро,

Ки нусхагари варақҳои зарнигор шавад.

Олимпур, бархез, ки…

Олимпур, бархез, ки Озарахш “Хез, Олимпур!” гуфтааст:

Хез, Олимпур!

Рӯи ҳавлиро нигар:

Чун рӯи олам пур, аз рӯи одам пур

Бори дигар хез,

Нусхае аз чеҳраҳои сӯгворон гир,

Чеҳрае гирёнтар аз абри баҳорон,

Чеҳрае шурида чун сели кӯҳистонӣ,

Сурати ҳайрон,

Сурати беёд,

Сурате ночор аз тақдири пешонӣ, аз пушаймонӣ

Декабри сиёҳ

То замони бо Муҳиддин Олимпур шинос шудан, ҳеҷ фаслу моҳи сиёҳро намешинохтам…

То замони бо Муҳиддин Олимпур шинос шудан, декабр бароям танҳо моҳи оғозшавии зимистон буд…

То замони бо Муҳиддин Олимпур шинос шудан, рақами «12» дар зеҳнам рақаме буд, ки баъд аз рақами «11» ва пеш аз рақами «13» дар тақвим ҷой дошт…

То замони бо Муҳиддин Олимпур шинос шудан, бегоҳирӯзӣ бароям танҳо миёни асру шом буд…

То замони бо Муҳиддин Олимпур шинос шудан, филмҳое, ки дар онҳо «пистолет» истифода мешуд, писандам буданд…

То замони бо Муҳиддин Олимпур шинос шудан, ҷӯйборҳои маҳаллаи «Ҷазира»-ро танҳо барои обгузарӣ медонистам…

Аммо ҳамакнун ҳам зимистон, ҳам декабр, ҳам рақами «12», ҳам бегоҳӣ, ҳам филмҳои ҷангӣ ва ҳам ҷӯйборҳои «Ҷазира»-ро бад мебинам.

Мо имсол ҳам ба декабри сиёҳ расидем. Муҳиддин Олимпур 25 сол шуд, ки декабри сиёҳро дар он дунё мегузаронад.

Олимпур, Худо раҳматат кунад, ором бихоб!

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

муҳаққиқи осори М. Олимпур

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here